Саҳифаи асоси
            Осор
            Зиндагинома
            Эҷодиёт
            Ёднома
            Аксҳо
            Наворҳо
            Сурудаҳо (.mp3)

РАҚҚОСА


Ба С. Қодирова

Ба савти обшорон, нағмаи мурғони саҳрогард,
Ба оҳанги рубобу най бирақс, оҳунигоҳи ман.
Набинад қомати зебову дастони булӯрат дард,
Ба истиқболи ту чун рӯз оям, субҳгоҳӣ ман,
Ки афшонам ба поят ҳамчу шабнам гавҳари
дилро.
Ба чашмони назарбозат, ба мавҷи хандаи рӯят,
Нигаҳ дар доми ҳайронист, ақл афтода
мадҳуше.
Латофат хӯшачин бошад ба гирди қадди
дилҷӯят.
Малоҳат карда аз чашмони фаттони ту майнӯшӣ,
Ки оҳуи рамида ром гардад аз тамошоят.
Нигоҳи гарм-гарму ҷилваҳои қадди мавзунат,
Чу сӯзу сози шоир об гардонад дили хоро.
Зиҳӣ иқлимнамои ман, ҷаҳоне гашта мафтунат,
Ба фарқат осмон карда ситорарезапошиҳо,
Сари таъзим орад пеши поят моҳи оламтоб.

<< аввала    дигар >>