|
|
ЗАБОНИ ИШҚ
ҳаво сарду нигоҳи ахтарон сард,
Ба ёди бӯсаҳо ларзад лабонам.
Зи мӯят бӯи борони баҳорӣ,
Мадоре медиҳад бар ҷисму ҷонам.
Ду чашмат ташна монанди биёбон,
Нигоҳат чун саробе шӯъла пошад.
Забони ишқ чун савти дуторест,
Ки бо гуфтан ба дил фаҳмо набошад.
Чу дарёест гӯё сарнавиштам,
Ки сар бар соҳили ишқи ту монда.
Диламро гаҳ навозиш мекунӣ ту,
Гаҳ онро аз канори хеш ронда.
Барам биншастаӣ хомӯш лекин,
Маро аз неку бад парво набошад.
Забони ишқ чун савти дуторест,
Ки бо гуфтан ба дил фаҳмо набошад.
<< аввала дигар >>
|
|
|
|
|