Саҳифаи асоси
            Осор
            Зиндагинома
            Эҷодиёт
            Ёднома
            Аксҳо
            Наворҳо
            Сурудаҳо (.mp3)
Он вохӯри ҳеҷ гоҳ аз ёди ман намеравад...
Соли 1980. Шунавандаи Мактаби олии Ҳизбии шахри Тошканд будам. Рӯзе ба утоқи хобам котиби дуюми ҳизби коммунисти нохияи Восеъ П. С. Храмов, ки ба курси якмоҳаи такмили ихтисос омада буд, даромад, То дер боз шиштем ва аз ҳар бобат гуфтугузор намудем. Баъди чанде Храмов гашта аз ман пурсид:
- Ту шоир Ҳабибулло Файзуллоро мешинохтӣ?
- Чӣ хел нашиносам, ки ӯ дӯсти ҷонии ман аст.
- гуфтам дар ҷавобу афзудам: - Мою Ҳабибулло ҳамшаҳрием, қариб ки ҳамсинну солем, бо ҳам доимо мукотиба дорем. Илова бар ин, ман мухлиси ашаддии ашъори лирикии ӯям. Мехонаму халозат мебарам. Храмов пиёлаи чой дар даст ба фикр фурӯ рафт. То чанд муддате ҳарф назад. Ман хам аз ӯ напурсидам, ки барои чӣ яку якбора аз Ҳабибулло Файзулло гап кушод. - Раҳмат барои чой, - гуфт Петр Самуилович ва аз ҷой бархост. - Рости гап, нахостам, ки табъатро хира созам. Бо вуҷуди он хоҳу нохоҳ дарак меёбй... - Чиро? - гашта пурсидам аз Храмов ва якбора банди дилам ларзид. Ҳис кардам, ки воқеаи нохуше рӯй додааст, набошад ҳеҷ гоҳ Храмов аз Ҳабибулло Файзулло гап намекушод.
- Ҳабибулло Файзулло,.. дар садамаи автомобилӣ.., ба ҳалокат расид...
- Чӣ-ӣ?
- гуфтаму дар ҷоям шиштам.
Храмов маро ба ҳоли худам гузошт ва дарро оҳиста аз қафояш пӯшид. Ҳой-хой гиристам. Сарамро ба девор мезадам. Симои нуронӣ, акси дилҷу, қомати алиф, хандаҳои беғаш ва оғӯшкушоихои гарму самимии дӯстам Ҳабибуллоро пеши назар оварда, мегиристаму мегиристам. Касе маро халал намерасонд. Касе аз холам огаҳ набуд. Касе аз бачаҳои тоҷикистонӣ аз ин фоҷиаи рухдода дарак надошт. Шаб рӯз шуд. Чашмонам аз гиряи бисёр ва аз бехобй суп-сурх шудаю варамида буданд, Маҷоли аз ҷой хестан надоштам. Мегуфтам. ки фарзанди падар-лахти ҷигарамро аз даст дода бошам. Ӯ барои ман ҳам фарзанди падар буду ҳам лахти ҷигар. Меҳри ӯ дар синаи ман буд. Ӯ ҷӯраи деринаи ман буд.
Он рӯз ба дарс нарафтам.
Бегоҳӣ сардори гурӯҳ Файзиддин Фозилов ба ҷои хобам омад. Маро дар ҳолати даҳшатбор дарёфт.
- Чӣ ҳодиса рӯй дод? Аз хона ягон хабари нохуш шунидӣ? - гуфта Фозилов маро ба худ оварданӣ мешуд.
- Як дусти шоир доштам, - баромад овозам хаста, - Ҳабибулло Файзулло.
- Медонам Ҳабибуллоро, шоири ховалингӣ. Чӣ шудааст?
- Аз олам даргузаштааст, - гуфтам ба зӯр ва инони ихтиёр аз даст додам, фиғон бардоштам ва ба ҷои Ҳабибулло Фозиловро ба оғӯш гирифтам. Файзиддин ҳам бисёрхо афсӯс хӯрд, маро дилбардорй кард ва аз Ҳабибулло ёдовар гашт:
- Дар Комсомолобод ман муҳаррири газета будам. Аз пойтахт омадагиҳо: шоирон, нависандагон, мухбирони махсуси газетаҳои умумииттифоқию чумҳуриявй ҳатман аз редаксия дидан мекарданд, Баъд ба райком мерафтанд. Ҳамин хел анъана буд. Ман, ки ба шеъру шоирӣ он кадар рағбат надоштам. рости гап шоиронро ҳам дуруст намешинохтаму аз эчодиёташон то ҷое огаҳ набудам ҳам.
Рӯзе ба редаксия чанд тани ба назари ман ношинос омаданд. Дар байнашон ҷавони сурхинарӯ, миёнақаду хушандому чеҳракушод ва шӯху беқарор ба ман бештар писанд афтод. Ҳамон ҷавон баъди вохӯрӣ ва аҳволпурсӣ ҳамроҳонашро шиносонд: Гулназар, Саидалӣ Маъмур, Раҳмат Назрӣ. - Ин кас роҳбари мо Ҳабибулло Файзулло, - гуфт дар навбати худ шоир Гулназар.
Баъд якҷоя ба идораи комитети ҳизбии ноҳия рафтем. Котиби райком шоиронро хуб пазироӣ намуд. Аз ташрифашон шод гашт.
Адибон ду рӯз дар Комсомолобод буданд. Мушоҳида намудам: Ҳабибулло Файзулло нисбати ҳамроҳонаш серҳаракат, беқарор, ҳозирҷавоб ва кунҷкоб метофт. То ҷое ман медонам, аҳли адаб одамони бениҳоят хоксоранд, оддианд, фурӯтананд, бомулоҳи-заанд. Аммо Ҳабибулло Файзулло дигар хел менамуд дар назар. Адибон бо мактаббачагон, колхозчиён, коркунони соҳаи чорводорӣ, зиёиёни маркази ноҳия, сохтмончиён ва кормандони беморхонаи марказӣ вохӯриҳо ташкил карданд. Дар ҳама ҷо онҳоро гарму ҷӯшон ва бо як самимияти хоса, меҳру муҳаббат пешвоз мегирифтанд, аз дидорашон шод мегаштанд. Дар ҳар вохӯрй аз ҳамроҳонаш дида бештар Ҳабибулло Файзулло шеър мехонд. Ӯро одамон аз назди баландгӯяк дур шудан намемонданд. Гаштаю баргашта ба саҳна мехонданд ӯро. Аз рӯйи вазифаи хизматиам ҳар гоҳ, ки ба сахроҳои колхозӣ ва ё ташкилоту муассисаҳо мерафтам, одамон ҳатман аз ман пурсон мешуданд: - Рафиқ Фозилов! Кай як бори дигар шоирон, бахусус Ҳабибулло Файзуллоро ба назди мо меорй, ки бароямон як бори дигар шеър бихонад... Ҳабибулло Файзулло нисбати ҳамроҳонаш ҷавон менамуд дар назар. Вале ӯро ҳурмат мекарданд, ба гапаш гӯш медоданд, ҳар маслиҳаташро мепазируфтанд. Ёдаш ба хайр!
.. .Рӯзи дигар ба идораи редаксияи газетаи ҷумҳуриявии Ҳақиқати Ӯзбекистон. назди мудири шӯъба, шоирҶонибек (Қувноқов) рафтам. Бо он кас шиноси дерина будам. Чанд шеърамро дар саҳифаи газета ҷой додаю чанд очерку маколаамро ба табъ расонда буд. Ҳамкории зич доштем. Аз чеҳраи махзуну ғамнок ва табъи гирифтаам Ҷонибек дарёфт, ки ман худро ноҷур хис мекунам. Сабаб пурсид. Хабари марги нобаҳангоми дӯстам Ҳабибуллоро ба Ҷонибек ёдовар гаштам. Ӯ аввал бовар накард. Ин ҳеҷ мумкин нест! гуфт. Баъде фаҳмондам, ки ин хабари шуму нохушро ман аз забони одами масъул - котиби райком шунидам, бовар кард. Ҷонибек чанд дақиқа ду чаккаи сарашро бо дастонаш дошта, дар чои нишасташ беҳаракат истод. Медидам, ки китфонаш пасто-баланд мешаванд. У, шоири тоҷикзабони узбекистонй - Ҷонибек мегирист бесадо ба марги Ҳабибуллои гӯрамарг. Баъд сар бардошт, Дидам, ки чашмонаш лиққи обанд.
- Ҳабибулло Файзулло шоири нотакрор буд, - оҳи сард аз дили пурдард кашида гуфт Ҷонибек. - Ман бо ӯ ҳамагй як бор шишта будам. Дар хамин як бори дидорбинй ӯ дар дили ман бо шӯхию мутоибагӯиҳояш, бо қоҳ-қоҳ зада хандиданҳояш, бо ду дасташро ба ду тараф ёзондану шеърхониҳояш, бо бепарда гапзаниҳояш, бо бебокию ғурури мардй доштанаш якумрй маъво гирифта. Баъд Ҷонибек ғалладонашро кашида, аз он китобчаи Ҳабибулло Файзулло Дидори орзухо-ро баровард. Муқоваи маҷмӯа кабудчатоб буд. Ҷонибек китобчаро варақгардон карда, ба акси Ҳабибулло дуру дароз дида дӯхт. Сипас се бор ба рӯйи акс бӯса заду дар дидаҳояш молид. Мо ҳар ду беовоз ашк мерехтем. Ҳар ду дар он лаҳзаҳо ба риққат омада будем, ғичова гӯлугирамон карда буд. Ҳар ду симои нуронию хандони Ҳабибуллоро пеши рӯ меовардем. Дар китоб акси Ҳабибулло гамангез менамуд дар назар. Ӯ ба мо нигоҳ намекард. Гӯиё қаҳри ва аз мо рӯ гардонда бошад. Ҷонибек китобро варақгардон кард ва шеъри Арчаҳои армон-ро ёфта, бо овози ларзон ва ашки сӯзон дар чашмон ба қироати он сар кард:
Чун арчаи худруй мо,
Дар қуллаҳо рӯидаем.
Бо шохаҳои сабзи худ,
Бар қулла ҷон бахшидаем.

Хуршедро ҳар субҳдст,
Бигрифтаем андар канор,
Сарбозҳои сабзпӯш,
Ҳастем андар кӯҳсор.

Борону барфу бодҳо, Ҳсшрози мо,
ҳамдӯши мо.
Туидар занад фарёдҳо,
Наврӯз шуд, бар гӯиш мо,

Гулҳои худрӯп гиреҳ
Аз зулфи худ во кардсшнд.
Базми баҳору лолаҳо
Согаркашиҳо кардаанд.

Чун арчаҳо бо қуллаҳо,
Пайванд ҷисму ҷони мост.
Умри дарози арчаҳо
-Сарсабзии армоии мост.

Дар базми наврӯзии умр,
Як лаҳза гул бӯидаем.
Аз ссшгҳои кӯҳсор,
Мо нармдил рӯидаем.
- Шеър сар то по образ аст, ташбех аст, тасвир аст, ҳиссиёт аст, - аз чой хестаю рӯ-рӯи фарши хона кадам зада истода, иброз дошт Ҷонибек. - Ман хамагӣ ду маҷмӯаи ашъори Ҳабибулло Файзулло Қатраи борон ва Дидори орзуҳо-хояшро дастрас намудааму саросар хондаам ҳам. Дарёфтам, ки Тоҷикистони дур аз чашму ба дил наздики ман боз соҳиби як шоири навгӯю навҷӯ гардида, иншооллоҳ дар ояндаи на чандон дур доди шеърро медиҳад. Ҳабибулло Файзулло аз як шеър то шеъри дигар пеш мерафт. Дар байни хамқаламонаш фарқ мекард, намоён мегашт. Ӯ ба ҷавонии худ нигоҳ накарда, баробари Ғаффор Мирзо, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир қадам мезад. Уро ояндаи дурахшон дар пеш буд. Ӯро, ба фикрам, чашм расид. Чанд бор орзу мекардам, бошад, ки як бори дигар бо Ҳабибулло бишинам, ба қавли худаш, согаршиканиҳо кунем, бигӯем, бихандем. хушҳолӣ намоем, дар атрофи шеъри имрӯзаи тоҷик баҳс намоем. Медонистам, ки ӯ нисбати банда чанд сару гардан афзалият дорад. фарк мекунад бо гуфтораш, бо рафтораш, бо пиндораш.
Ана гӯш бидех. Ҳабибулло Файзулло чй мегӯяд:
Согаршиканони базми умрем,
А з бодаи ишқу ошикп маст.
Пайдову ниҳони мо наҷӯед,
Дилҳо чу сабуст дар кафи даст.
Кадом шоири точик дар ҳамин синну сол чунин мисраъҳоро ба забон овардаасту ба қалам додааст? Туро намедонам, ман дучор наомадаам. Ҷонибек шеърҳои Ҳабибулло Файзуллоро мехонду мехонд. Ба хар қироати шеър сар меҷумбонд, бай-бай, ваҳ-ваҳ, аҷаб гуворое, гӯшнавозе. саламно, саламно мегуфт. Мо қариб се соат бо ёди Ҳабибуллои гӯрамарг шиштему ҳарф задем, гуфтему аз кору пайкор ва эҷодиёти ӯ ёдовар гаштем. Ҷонибек дар бораи ҳаёту фаъолияти Ҳабибулло кам огоҳ будааст. Ман он лаҳзаҳоро бо ҳарорат, дам ногирифта, он чи медонистам дар бораи дӯсти ҷавонмаргам Ҳабибулло ба Ҷонибек ҳарф мезадам. Ӯ гаштаю баргашта афсӯс мехӯрд, ҳай дареғ мегуфт...
Вақте ки ман утоқи кории шоир Ҷонибекро тарк мекардам, ақрабаки соати бари девор рӯи 6-и бегоҳро нишон медод,..
Баъди ду ҳафта Ҷонибек ба мактаби мо омад. Уро қариб ҳахмаи шунавандагоне, ки муқимии шаҳри Тошканд буданд. мешинохтанд. Бегоҳии баъди кор буд. Ман ӯро ба ҳуҷраи худ хондам ва дар атрофи Ҷонибек онҳоеро ҷамъ овардам, ки бо шеъру шоирӣ сарукор дошта, мухлиси адабиёт, каломи бадеъ буданд. Базми оншабаи мо танҳо аз эчодиёти пургановати шоири шаҳир Ҳабибулло Файзулло сарчашма мегирифт. Маҳфилоро шоир Ҷонибек буд.
Дарёфтам, ки Ҷонибек дар ду ҳафтаи охир шеърҳои зиёди Ҳабибулло Файзуллоро азёд кардааст. Ба ҳар боданӯшй ӯ аз ҷой хеста, шеърҳои ошиқонаи Ҳабибуллоро қироат менамуд ва ба базм шукӯҳу таровати тоза мебахшид, рӯҳи пурфутӯҳи дӯстам Ҳабибуллоро шод мегардонд. Шеърхонии Ҷонибек то соати 2-и шаб тӯл кашид. Ӯ ба хонааш нарафт. Бо мо монд то рӯзи дигар... Ман аз Ҷонибек бисёрхо миннатдор гаштам. Ба хар шеърхониаш аз ҷой хеста, ӯро ба огӯш мекашидам, чуноне ки ба ҳар дидорбинй Ҳабибуллоро ба канор мегирифтам.,. Ман, ки дар мактаби олии хпзбӣ дар факултаи журналистика мехондам, ба рӯзномаи ҷумҳуриявии Ҳақиқати Ӯзбекистон ҳамкории зич доштам. Ҳафтае набуд, ки ба идораи газета хабару макола набарам. Бо ҳамаи шаш шӯъба ҳамкорй мекардам. Шӯъбае, ки сарвариашро Ҷонибек бар дӯш дошт, бештар алоқа доштам. Ба ҳар рафтанам Ҷонибек ҳатман аз Ҳабибулло Файзулло ёдовар мегашт, аз эҷодиёти ӯ порчаҳои шеърӣ қироат менамуд. Шод мегаштам. Дар дилам нисбати Ҷонибек як гармие. меҳру муҳаббат, қадршиносӣ, ихлосмандие эҳсос мена^мудам. Ҷонибек Тоҷикистонро, мардуми озодфикру шеърдӯсти онро, гашту гузор кардан дар кӯчаҳои Душанберо бениҳоят дӯст медошт. Ӯро шунавандагони Мактаби олии ҳизбӣ бо эҳтиром сафири Тоҷикистон дар ҷумҳурии бародарии Ӯзбекистон меҳисобиданд. Аввалҳои моҳи июли соли 1981 буд. Баъди хатми Мактаб барои хайрухуш кардан ба назди Ҷонибек рафтам. У мисли пештара маро бо чеҳраи хандон ва табъи болида истиқбол фармуд. Ба чашмам китоби шеърии Ҳабибулло Файзулло Афсонаи дарё бархӯрд, ки он соли 1974 чоп шуда буд.
- Ин китобро аз куҷо дастрас намудед? - пурсидам аз Ҷонибек.
- Ҷӯянда ёбанда аст, дӯстам, - гӯён Ҷонибек китобро бо эҳтиёт ба даст гирифт ва ба он дуру дароз дида дӯхт. - Росташро гӯям, ман то соли 1980 шефтаи ашъори Лоиқ будам. Баъде, ки ту маро аз марги Ҳабибулло Файзулло огаҳ сохтй, ман ба қироати шеърҳои он кас ҷиддӣ машгул шудам ва дарёфтам. ки Ҳабибулло дар ҳақиқат шоир будаасту мо ба ашъораш сар-сарӣ менигаристем, муносибат менамудем. Ана аз хамон вакт инҷониб ашъори Ҳабибулло Файзулло китобҳои рӯимизии мананд...
Ман бо Ҷонибек худоҳофизӣ кардам.
- Алоқаро бо банда накан, - маро ба оғӯш кашидаю ба пуштам тап-тап зада истода таъкид кард Ҷонибек. - Дониста мон ва огах бош, ки минбаъд дар хобу дар бедорӣ, ҳама вақт илҳоми банда аз эҷодиёти шоири зиндаёд Ҳабибулло Файзулло сарчашма мегирад. Дар кучое бошам, аз ӯ ёд мекунам, рӯҳашро шод мегардонам, алокамандони шеъри тоҷикро аз эчодиёти Ҳабибулло огах месозам. Мо. тоҷикон, дар Ӯзбекистон он кадар кам нестем, шукри худо, теъдодамон базиёдааз 8 миллион расидааст... Ашк дар чашм аз дӯстам Ҷонибек ҷудо гаштам. У гаштаю баргашта дастафшонӣ мекард ва овозашро мешунидам, ки мегуфт: - Ба мардуми шаркфи Тоҷикистон, ба алоқамандони шеър, ба хешу табори шоир Ҳабибулло Файзулло саломи гарму ҷӯшони бандаро бирасон. Хайр, то боздид!.. Аввалҳои моҳи январи соли 1995 буд. Котиби масъули шӯъбаи дар Кӯлоббудаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоир Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ба Ховалинг, ба хонаи мо омад. Шаб истодем. Аз ҳар бобат сӯҳбат кардем. Рӯзи дигар ба ман гуфт, ки хез ҳукумати ноҳия назди раис меравем. Пурсиданро ба худ ҷоиз надонистам. Рафтем пешодумкол.
Раис моро хуш пазируфт.
Шоҳмузаффар сари мақсад омад:
- Имсол раҳматии Ҳабибулло Файзулло 50-сола мешавад...
- Медонам, - гуфт бо мулоиматй Тоҷиддин Рауфов. Ҳукумати ноҳия тасмим гирифтааст, ки ҷашни шоирро бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намояд, Дар ин бора ман бо шумо маслиҳат карданй будам, хуб шуд, ки бо пойи худатон омадед.
- Ниятҳо нек будааст-да, - афзуд Ёдгорй бо хушнуди ва аз раис иҷозат пурсида сигорашро даргиронду ба фикраш тақвият бахшид: - Рӯзи мавлуди Ҳабибулло 15 март аст. Лекин чӣ кунем, ки обу ҳавои мулки Ховалинг ба ин далолат намекунад, монеъгӣ мерасонад. Хубаш. ки онро дар фасли гармои тобистон таҷлил ыамоем.
- Гуфтам-ку, - Тоҷиддин Рауфов айнакашро дар чашм гузоштаю варақеро аз галладонаш гирифта, онро дар пеши Ёдгорй гузошту ба суханаш идома бахшид, - аллакай қарор баромадагй. Омодагихо рафта истодаанд. Фақат аз шумо пурсиданӣ будам, ки киҳоро ба ҷашн таклиф мекунем?
- Росташро гӯям, - иқрор шуд Ёдгорӣ, - ҳамаи шоирону нависандагон, бастакорону ҳофизон, мутрибон, ихлос- мандони Ҳабибулло Файзулло ба Ховалинг омаданианд. Як қисмаш то ҳол ин диёри зебоманзар ва биҳишт-осоро аз наздик надидаанд. Онҳое, ки ба ин мавзеъ чанд сол пеш бо ҳамроҳии худи Ҳабибулло омада буданд, бори дигар дидани онро орзу дораид.
- Ба хотири Ҳабибулло Файзулло шахсан ман ягон чизро дареғ намедорам, - гуфт бо қатъият Тоҷиддин Рауфов. - Ман эҷодиёти раҳматиро дӯст медорам ва меписандам ҳам. Бо ӯ ками дар кам шишта бошам ҳам, ин маънои онро надорад, ки мо ӯро аз мадди назари хеш дур гирифта бошем. Ҳабибулло ифтихори ин сарзамин, ин обу хок, ин мавзеъ аст. Ӯ зодгоҳашро дӯст медошт. Бо он мефахриду меболид. Борҳо шунидаам, ки хар боре Ҳабибулло ба Ховалинг меомадааст, баробари аз мошин фаромадан, ду дасташро ба ду тараф ёзондаю ба само чашм дӯхта, бо овози баланд мегуфтааст: Хокта булапум, ватан! Аҷаб ширинӣ! Мисли нигинй дар рӯи замин!...
Бо ташаббус ва ҷидду ҷаҳди ҳамсар ва фарзандони Файзулло то ҷое огохам, - шарх, дод раис, - аллакай нимпайкараашро ҳам фармудаанд. Он то рӯзи ҷашнаш, ки ният дорем онро аввалхои моҳи июл таҷлил намоем, тайёр мешавад. Тасмим гирифтем, ки нимпайкараи шоирро дар боғи шаҳрак, дари наздикии даромадгохи Хонаи фарҳанг гузорем. Ч,ояшро аллакай муайян кардаем.
Аз ин хабари хуш ману Шоҳмузаффар бениҳоят шод гаштем. Ин буд, ки ҳар ду баробар нисбати раиси ҳукумати нохия изҳори миннатдории хешро пешакӣ баён намудем.
Аз утоқи кории Тоҷиддин Рауфов бо табъи болида ва рӯҳияи баланд баромадем.
Раис хост, ки моро то хона бо мошини хизматиаш гусел кунад. Розӣ нашудем.
- Шумо аз пайи коратон шавед, - қаноатмандона изҳори сипос намуд Ёдгорй, - ташвиш накашед. Ҷомбахт он кадар дур нест. Бемалол бошанд...
Дар роҳи байни Ховалингу Ҷомбахт мо гӯё. ки зимистон набошад, бо пеши бари кушода, бебокона, озодона ва боҷуръатона қадам мениходем. Ба роҳгузарон илтифот намуда, салом медодем, алек мегирифтем. Аз он хурсанд будем, ки Тоҷиддин Рауфов ҷавонмарди бофархангу қабиладӯст асту барои гузаронидани рӯзи мавлуди Ҳабибулло Файзулло омодагиҳо мебинад ва ии санаи таърихиро бо тайёри таҷлил менамояд. Дар дил нисбати ин марди хайрхоҳу адабиётдӯст ва ба қадри аҳли қалам мерасидагй изҳори сипос менамудем.
- Чӣ хеле худат медонӣ. - рӯ овард ба ман Ёдгорӣ, - аз рӯи вазифаи хизматиам, ман рӯзноманигориамро дар назар дорам, дар аксар шаҳру навоҳиии ҷумҳурй будам ва бо роҳбаронаш борҳо вохӯрдаам, Лекин ягонтои он ба Тоҷиддин Рауфов баробар шуда наметавонад. Медони, аз кадом ҷихат? Ӯ маданияти бениҳоят баланд дорад. Фурӯтан, бомулохиза ва хирадманд буда, воқеъбинона гап мезанад. Гуфтааш ҳавойӣ нест. Як вақтҳо ман бо ӯ ҳамсӯҳбат гашта будам. Медонй чй гуфта буд? Гуфта буд, ки ...Шукри худо, сарзамини Ховалинги зархези мо шоиру нависандагони зиёде дорад. Ниятам ҳамин аст, ки соли 1995-ум 50-солагии шоири шаҳир Ҳабибулло Файзулло ва 70-солагии шоири халқ, гурӯғлисарои номӣ Қурбоналӣ Раҷаб, соли 1997-ум 50-умин солгарди нависандандаи забардаст Абдулҳамид Самад, соли 1999-ум 60-солагии шоир Яъқуби Ҳикматулло ва соли 2000-ум 100-солагии шоирк халқ. Ҳофизи мардумӣ Саидалй Вализодаро ҳаматарафа ҷашн бигирем. Ин корро ман мекунам... Ба қадри ин қабил роҳбарони халкчӣ ва фарҳангдӯсту раъиятпарвар нарасидан аз рӯи савоб нест. Кош сафи чунин сарварон дар шаҳру навоҳии ҷумҳуриамон мисли Тоҷиддин Рауфов бештар мегаштанд. Он гоҳ дар сарзаминамон аз ҷаҳолатпарастӣ, камхирадию камфитратӣ, нодонию мардумозорй ному нишоне намемонд. Он гоҳ шояд одамон боз ба китобхонӣ, ба фарҳанг, ба илм, ба мактаб, ба маънавиёт рӯ меоварданд.,.
Бояд ба хонандаи гиромиқадр арз намоям, ки Тоҷиддин Рауфов ба ваъдаи чанд сол аз ин пеш додааш ба Шоҳмузаффар Ёдгорй вафо намуд. На танҳо ин ҷашнвораҳоро дар сатҳи ҷумҷуриявӣ гузаронид. ҳатто 70-умин солгарди таъсисёбии ноҳияи Ховалинг ва 60-солагии шоираи дӯстдоштаамон Ҳадиса Курбоноваро низ бо тантана таҷлил намуд.
Аввалхои моҳи июли соли 1995, айёми бороварии дарахтон. ҳангоми пухта расидан ва мавҷ задану ба ҳар тараф ҳамоил гаштани хӯшахои пурбори ғаллазор, аснои марди дехкон тайёрӣ дидан ба ҷамъоварии ҳосил дар таги Чилчанори диёрат ҷашни 50-солагиатро ҳукумати ноҳияи Ховалинг бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи раиси ҳукумат. марди шарифу инсони латиф Точиддин Рауфов бо як дилгарми, шукӯху шахомати хоса, бо созу наво, шеърхонӣ, базми чамшедӣ тачлил намуданд, Медонн. дар чашни муборакат киҳо ташриф оварданд ва хотираи некатро гиромӣ доштаыд? Пеш аз ҳама, ҳамсари азизу мехрубонат Сафия, писарони баркамолат Беҳрӯз, Бехзод. Фаридун ва Фирдавс. Аз адибони шинохтаи тоҷик, дӯстони ба чон пайванду ба дил наздикат Аскар Ҳаким, Абдуҳамид Самад, Кароматулло Мирзо, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Гулназар, Саидалӣ Маъмур, Раҷаб Мардон, Абдураҳмони Абдуманнон, Ҷонибек Акобиров, Шоҳҳайдар Ёдгорӣ, Муҳаммад Ғойиб, Усмон Назир, Ашӯр Сафар, Саидҷон Ҳакимзода, Ҳақназар Ғойиб, Нозирҷон Ёдгорй, адиби ҷангноманавис Рахмон Сафар, устод Соҳиб Табаров, бастакор Фаттоҳ Одина ва чанде дигарон...
Ҷашни муборакат ду рӯз идома ёфт.
Рӯзи аввал толори маҷлисгоҳи идораи фарханги ноҳия моломоли одамон буд. Ба қавле, сӯзанро мепартофтӣ, ба замин намеафтид. Онҳое, ки ба минбар мебаромаданд, бе сӯзу гудоз. бе ашк дар чашмон ҳарф зада наметавонистанд. Туро ёдовар мегаштанд, симои нурониатро пеши рӯ меоварданд, васф менамуданд, дар чодаи шеъру шоирй таърифу тавсиф мекарданд, аз ҳамрадифонат боло мегузоштанд. Шеърҳоятро аз тани ту қироат мекарданд. Ба ту дар зиндагӣ нагуфта будам. Ҳанӯз шаби соли нави 1968 - бисту ҳафт сол муқаддам, Соҳиб Табаров дар хонаи домодаш, дар ғайбат, туро бисёрҳо таъриф карда, ба эҷодиётат баҳои баланд дода буд. Он вақт ту ҳамагӣ 22 сол доштй. Дар ҷашни 50-солагиат Соҳиб Табаров айнан ҳамон гуфтаҳоро такрор кард, вале ба тарзи дигар, бе ягон рӯйихотир, бочуръатона, бо боварии том. Ӯ туро, дӯстам, он қадар боло-боло бардошт, ки дили мо, ҳамшаҳриҳоят аз фараҳ лабрез гашт.
Баъд Соҳиб Шӯҳратович афзуд: - Ман лаънат мехонам ба оби дарёи Ёхсу ва ҳамин теппаю кӯҳҳо, ки моро аз ҳамдигар ҷудо намудаанд. Агар ҳамин обу кӯхҳо ва ҳамин теппаҳо намебуданд, шояд мардуми Мӯъминободу Ховалинг умре бо ҳам рафтуомад мекарданд, қарин мегаштанд, келин дода. келин меоварданд, хешу табор ва ғамшарику мурдашарики якдигар мегаштанд. Агар ҳамин дарёи Ёхсу моро аз ҳамдигар ҷудо намесохт, шояд мардуми шарифи Ховалинг 70-умин солгарди маро низ мисли ҷашни бародарам Ҳабибулло Файзулло бо як шукӯҳу шаҳомати хосатаҷлил менамуданд.
Раиси Правленияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аскар Ҳаким, муовини аввали он кас, нависандаи ширинбаён ва рангинхаёл Абдуҳамиди Самад. дустони айёми донишҷуй ва хаммаслаку ҳампаҳлӯят Кароматулло Мирзо, Гулназар. Саидалй Маъмур, Шоири халқии Точикистон Ашӯр Сафар ва бисёриҳо паи хам ба минбар баромада, васфи туро мекарданд, хотираҳои рангинашонро нисбатат ёдовар мешуданд, порчахои шеъриатро кироат менамуданд. Ҷоиз мешуморам, ки баромади чанде аз онҳоро ин ҷо рӯи коғаз биёрам,

дигар >>