|
|
ДАР САРИ ҚАБРИ АННА АХМАТОВА
Дар паноҳи арчазорон дидаам,
Қабри ту рамзи ҷаҳони орзуст.
Сангҳо болои гӯрат гӯиё,
Сангбаста қатраҳои ашки туст.
Орзуҳоят кабӯтарбачаанд,
Дар мазорат ошён бинҳодаанд.
Чун сурудат гӯӣ парвозӣ шуда,
Сӯи дилҳо болу пар бикшодаанд.
Орзуҳоят кабӯтарбачаанд,
Дона мечинанд аз гулдонҳо,
Дар дили хок рӯҳи пуртуғёни ту,
Дар дили мо мекунад исёнҳо.
Нақш карда килки рассоме ба санг,
Бо ҳазорон соҳирӣ симои ту.
Гулхане афрӯхт бар болои санг,
Чашмҳои ташнаи дунёи ту.
Дар дили хокӣ, кафи хокистарӣ,
Худ намесӯзиву месӯзӣ маро.
Чашмҳо андӯҳгину пуралам,
Сангро сӯзанд гӯё бо нигоҳ.
Бар сари қабри ту ҳамчун посбон,
Арчаҳои бешумор истодаанд.
Хӯрда об аз чашмаи илҳоми ту,
Достонҳои қатор истодаанд.
<< аввала дигар >>
|
|
|
|
|