|
|
МУШТИ ХОК Ба Исмат Шариф
Аз он даште зи гандум сабзпӯше,
Аз он даште, ки як фасле, баҳоре,
Ту кардӣ хокпошӣ, ҷуфтронӣ,
Барам як мушти хокат ёдгорӣ.
Дар ин ҷо ҷуфти говат монда ҳайрон,
Миёни дашт ҷӯи нотамомат.
Ба фармони Ватан рафтӣ ба майдон,
Ки аз душман бигирӣ интиқомат.
Ба маргат ҷони садҳоро харидӣ,
Чу Рустам, достонӣ, достонӣ.
Дар он даште, ки ҳоло лола рӯяд,
Баҳорон менамудӣ ҷонфишонӣ.
Зиёратгар манам аз Тоҷикистон,
Бибӯсам хоки қабри лолазорат.
Бирезам мушти хоки ёдгорӣ,
Ба пои ҳайкали рӯи мазорат.
Ки шояд бар машоми ту расонад,
Шамими боди наврӯзи баҳорӣ.
Барам як мушти хок аз гӯрат имрӯз,
Барои Тоҷикистон ёдгорӣ.
<< аввала дигар >>
|
|
|
|
|