Саҳифаи асоси
            Осор
            Зиндагинома
            Эҷодиёт
            Ёднома
            Аксҳо
            Наворҳо
            Сурудаҳо (.mp3)

ДИЛИ МАН ОШЁНИ ОРЗУҲОСТ


Дили ман орзуҳоро қафас шуд,
Ки буданд орзуҳо чӯҷаҳои кӯчаки навбол.
Накарда қудрати парвоз сӯи осмони дур,
Намуда неку бад бо хандаи тифлона истиқбол,
Надида печу хам, пасту баланди зиндагониро.
Даруни сина ҷавлон менамуданд,
Чу байти носуруда,
Дар дили шоир ниҳон буданд,
Ҷавон буданд,
Ҷавони нотавон буданд.
Магиред айб, охир,
орзуҳои ҷавониро.
Биёед, орзуҳо,
пар кушоед,
Гузашт он даври навболӣ, гузашт, мурғони
шоҳинбол.
Қафас набвад дили ман,
Ошён аст орзуҳоро.
Шуморо бо суруди зиндагӣ бинмояд истиқбол,
Шуморо бо суруди зиндагонӣ мегуселонад
Ба сӯи кишвари иқбол.
Қафас набвад дили ман,
Ошён аст орзуҳоро.

<< аввала    дигар >>