Саҳифаи асоси
            Осор
            Зиндагинома
            Эҷодиёт
            Ёднома
            Аксҳо
            Наворҳо
            Сурудаҳо (.mp3)

МОҲИ ОЛАМТОБ, ТАНҲО НЕСТӢ


Бо сукути кӯҳсорон зери чодар асрҳо,
Моҳи мотамдида дар хиргоҳи зулмат мегирист.
Гиряаш беашк буду ҳам нигоҳаш сард буд,
Аксаш андар обҳо дар чоҳи зулмат мегирист.
Гиряҳояш бесадо буданд—
Чун мавҷи нигоҳ,
Нақши ҳасрат монда бар рухсори он доғи сиёҳ.
Солҳо мекард гӯё рӯканиву мӯканӣ,
То ки бинад рӯи мардум,
Зиндагонӣ,
Равшанӣ.
Пардаҳои абр рӯяшро напӯшанд аз ҷаҳон,
Дар дили шабҳо намояд розҳояшро баён.
Ин нидо омад ба гӯши мардуми эъҷозкор,
Сохта мӯъҷизае ақли фалакпарвозашон.
Рафт он мӯъҷизаи дастони одам бар фазо,
Аршҳоро тай намуда,
ҳамнишини Моҳ шуд.
Дар дилаш биншаст,
Аз рози дилаш огоҳ шуд.
Бар замин ифшо намуд,
Пинҳони ӯ пайдо намуд.
Ханда бинмо,
Моҳи оламтоб,
танҳо нестӣ!
ҳамнишине ёфтӣ,
Ёри қарине ёфтӣ.
Бахт меҷустӣ зи роҳи Каҳкашон,
Баъди чандин асрҳо,
Бахти заминӣ ёфтӣ,
Моҳи оламтоб,
танҳо нестӣ!

<< аввала    дигар >>