Саҳифаи асоси
            Осор
            Зиндагинома
            Эҷодиёт
            Ёднома
            Аксҳо
            Наворҳо
            Сурудаҳо (.mp3)
Зафар МИРЗОЕВ
Раиси ҷамъияти сахҳомии Митра (Кӯлоб): - Меҳмонони гиромӣ, дӯстон, ҳамқаламон, ҳамдиёрон ва шефтагони шеъри Ҳабибулло Файзулло! Ман ба сифати ҳамдарсу рафиқи давраи наврасиву навҷавонии шодравон Ҳабибулло мехоҳам бо иҷозаи устодони сухан чанд хотираамро мухтасар арз бикунам. Ҳабибулло хеле барвақт ба навиштани шеър шурӯъ карда буд. Қабл аз чопи шеърхову мақолаҳо дар рӯзномаҳои вилоятиву ноҳиявӣ. ханӯз ҳангоми тахсил дар синфи 6-ум дар газетаи девории мактаб мақолаҳо менавишт. Ҳаргиз фаромушам нахоҳад шуд хине, ки дар шеъри аввалини худ дар газетаи деворӣ дарсгурезиву дугирии ҳамсифонамонро танқид карда буд, ҳама (аксаран бо тамасхур) ӯро адиби чавон номида буданд. Он шеъри синфи 6-умии шодравон дар зарфи ин 40 сол аз хотир фаромӯш шудааст, ба истиснои ин байт;
Булбул, бачаи Саймӯъмин,
Дар хона камгпар нишин...

Ҳабибуллоро ман ба масобаи ҳамсолу ҳамдарсам мисли як гулӯлаи энергия, мисли як дастаи оташ медонистам. Ӯ мехост дунёро ба оғӯш гирад, аз он оташе, ки дар дил дошт, ба ҳама тӯхфа кунад, мисле ки барои изҳор кардани умқи дилаш вожаҳо маҳдуд буданд. Ва гӯё медонист, ки барояш умри каму мухтасаре дода шудааст, ки фурсати изҳори як кунҷи дилашро надорад. Барои ҳамин ҳам одатан саросема буд. Ҳабибулло аз ҳама бештар Ховалингро дӯст медошт. Маъмулан ҳама шоирон зодгоҳи худро дӯст медоранд, Аммо дӯстдории Ҳаби-булло фарқе дошт, чун дӯстдории як ҷавони ощиқро мемонд, ки мехоҳад зебоии маъшуқаашро хама ҳис кунанд, мисли ӯ васфаш намоянд. Ба фикри ман, бад-ин хотир камтарин маҷолеро истифода мекард, ки ҳамкорони худ, шоирону нависандагони тавоноро ба зодгоҳаш ҳамроҳӣ карда, манзарахои нотакрору дилрабояшро намоиш диҳад. Боре, тақрибан тобистони соли 1979 ман, ки мудири Хонаи маорифи сиёсии мавзеи Ховалинг будам, маъракаи намоишй-истироҳатие бо унвони Дирӯз, имрӯз ва фардои Ховалинг гузарониданӣ шудем. Директори генералии Иттиҳодияи истеҳсоливу таҷрибавии Ховалинг Петров В. Н. ба ман тавсия дод, ки хама шахсиятхои маъруфу машхури зодаи Ховалингро ба ин маърака ба меҳмонӣ даъват кунем. Нақшаи ин чорабиниро мураттаб карданӣ будам, ки шодравон Ҳабибулло аз Душанбе омад. Вақте ки қазияро барояш изҳор кардам, гуфт: Когазу қалам бигиру навис... Ман чунин кардам. Ӯ гуфт: Навис, Ҷалол Икромӣ, Аслӣ Бурхонов, Майрам ва Сайрам Исоеваҳо, Ҳадиса Қурбонова, командири ҳавопаймои реактивй Мирзо Мастонгулов, Аҳмад Бобоқулов.... Ман аз навиштан бозмондам ва бо шӯхӣ гуфтам: Ҳабиб, фаромӯш накун, Брежнев. . Ӯгуфт: Наханд, авлодони Аҳмад Бобоқулов аз ҳамин мавзеъ кӯчида рафтаанд. Баъд исбот кард, ки бобои Ҷалол Икромӣ аз деҳаи Хоча Халил, падари Ҳадиса Қурбонова аз деҳаи Шурка, падари Майрам Исоева аз Сари Хосор ба шаҳрхо кӯч баста будаанд, лекин хамаашон бо хоку оби ин сарзамин вобастаанд. Он вакт ӯро гӯш карда, ба хулосае омада будам, ки ҳамаи одамони боистеъдод, ҳамаи некону поконро Ҳабибулло ҳамдеҳаи худ медонад. Имрӯз тайдис, яъне пайкараи мармарии ӯро хонум Сафия ва фарзандонаш бо иштироки мо дар назди Хонаи фарханги ноҳия насб кардаанд. Бо ин амр низ гӯё Ҳабибулло хоҳиш дорад дӯстонаш, адибону донишҷӯён ҳамвора ба зодгоҳаш ташриф биёранд, то ки ин мулк ҳамеша бо шоирону родмардонаш шӯхратер бимонад ва аз насли ҷавон дигаре чун ӯ ба воя расанд.

дигар >>