Саҳифаи асоси
            Осор
            Зиндагинома
            Эҷодиёт
            Ёднома
            Аксҳо
            Наворҳо
            Сурудаҳо (.mp3)

АЛИФБОИ УМР


Дунё чу «Алифбо» буваду
Мо чу ҳуруфем,
Дар сафҳаи тақдир
Гаҳе хурду калонем.
Бинҳода қадам бо мадади ҳамдигарӣ боз,
Гаҳ сатри дуруштем,
Гаҳе сатри равонем.
Пайванду ҷудоист
Чу маънои ману ту,
Кӯтоҳу дарозем
Дар ин ҷодаи тақдир
Гаҳ ишқ,
Гаҳе марг,
Гаҳе ҷанг бикӯшад,
Дар дафтари умри ману ту аз паи таҳрир.
Гаҳ ҳарфи «алиф» арбада бар «дол» биҷӯяд,
Бар маснади «бе» рашк барад
Бо сари хам «зол».
Бо чашми ҳасад «айн» ба «о» менигарад боз.
Гӯяд, ки ба ӯ:
—Ҷои маро кардаӣ ишғол.
Мо зодаи асрори алифбои ҷаҳонем,
Аз шаклу садо
Гӯӣ ба худ ном гирифтем.
Мазмуни ҳаёт аст,
Ки мо хурду калонем,
Гаҳ ком бидодем,
Гаҳе ком гирифтем.
Инсониву ишқу хираду неку бади даҳр
Сарҷумлаи хосест,
Маонии тамомем.
Хушбахт касе хонда «Алифбои ҷаҳон»-ро
Гӯяд, ки чи ҳарфем?
Куҷо?
Дар чи мақомем?

<< аввала    дигар >>