Саҳифаи асоси
            Осор
            Зиндагинома
            Эҷодиёт
            Ёднома
            Аксҳо
            Наворҳо
            Сурудаҳо (.mp3)
Кароматулло МИРЗОЕВ
- Аз Шӯрои тарғиби адабиёт дар назди Иттифоқи нависандагон ба идораи рӯзнома (он вақт дар рӯзномаи Тоҷикистони Советй, ҳоло Ҷумҳурият кор мекардам), сим зада гуфтанд, ки гурӯҳи адибон ба ноҳияи Ховалинг сафар мекардаанд ва банда ҳам бо онҳо ҳамроҳ. Розӣ шудам. Хурсанд будам. Аз он шод набудам, ки боз тамошои диёри ҳамешабаҳори Ховалинг насибам меояд. На. Аз он сабаб ба Ховалинг равона будам, ки андаке пеш риштаи ҳаёти яке аз дӯстонам Ҳабибулло Файзулло ба таври фоҷиавй канда гашта, дар ин ҷо дар хокдони аҷдодон манзили охират ёфта. Дар ҷанозааш набудам. Мадфанашро тавоф карданӣ будам. Ва аз ин рӯ чун он бегоҳирӯзии тирамоҳ ба Ховалинг расидем ва бароямон дар меҳмонхонаи хукуматии даруни боғ ҷой муайян карданд, Ҳабибулло Файзулло, дӯсти азизамонро ба ёдҳо овардам. Устод Убайд Раҷаб роҳбалади гурӯҳамон буданд, баъд нависандагон Абдулҳамид Самад, Баҳорӣ, шоирон Мастон Шералй, Низом Қосим ҳамроҳамон. Риштаи сӯҳбат ба ёди Ҳабибулло печид. Ӯ ҳамқалам, дӯст, рафиқи ҷонии ҳамаамон, аз зиндагиномааш лаҳзаҳо ба хотирҳо меомад, насибамон шуда, ки як мавриди кӯтоҳе ҳамроҳаш дар ин дунё ҳамнишинй, ҳамсуҳбатй, дӯстй дошта бошем. Бароямон аз Ҳабибулло Файзулло хотираҳо монда.
Аз ҷумла банда ва Ҳабибулло як донишгоҳ -Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанберо хатм кардаем. Соле, ки мо - шоири тавонои миллат Лоик, нависанда, драматург Меҳмон Бахтӣ ва банда соҳиби маълумоти олии донишгоҳ гаштем, Ҳабибулло дар курси дуюм тахсил дошт. Ҳабибулло ҳам шогирди донишгоҳи омӯзгорй. Чанде баъд ӯ дар рӯзномаи Комсомоли Тоҷикистон кор кард. Он солҳо , муаллим будам. Ҳикоя менавиштам, ҳикояҳоям дар рӯзномаҳо нашр мешуданд, вале аҳён-ахён. Ҳикоянависй ба назарам осон менамуду чопк он душвор. Рӯзномаҳо аз нашри асарҳои адибони ҷавон худдорӣ мекарданд. Анъана, расме буд, ки навиштаҳои ҷавонон бояд дар Иттифоқи нависандагон хонда шаванд, адибони маъруф ба онҳо тавсия нависанд, кафолат диҳанд ва боз монеаҳои дигар. Ва банда гоҳ-гохе ба идораи рӯзномаи Комсомоли Тоҷикистон назди Ҳабибулло мерафтам. Ҳикояҳоямро мехонд, хурсанд мешуд. Кароматулло, ба худо ҳикояҳои хуб менависй, ба ман маъқуланд. Лекин нигоҳи ҳамин мудири шӯъбаамон ба ту хуб нест. Ба худо касофат мепурсад. ки Кароматулло куҷой аст?- таассуф мехӯрд ӯ.
Ҳабибулло дар шӯъбаи пропаганда ва агитатсияи рӯзнома ходими адабй буд, навиштаҳои адибон ҳам дар ҳамин шӯъба хонда мешуданд. Аз ёдам намеравад. Ҳабибулло боре дар наздам аз мудири шӯъба хоҳиш карда буд, ки ба нашри хикояи банда иҷозат дихад, имзо монад. Вале ӯ маънидорона лаб ба табассум кушода ҷавоб нагардонд, Баъд Ҳабибулло боз бандаро тасаллй медод: Ба худо, Кароматулло, хикояҳоят ба ман маъқуланд, ба худо рост мегӯям, хиҷолатмандона то таги дари идора гуселам мекард.
Ҳамин тариқ, кадом вақте аз деҳа ба шаҳр меомадам, идораи рӯзнома медаромадам. Хабибулло Файзуллоро медидам. Ӯ бо ҳамон мудири шӯъба ҳамроҳ, дар як ҳуҷра. Ману Ҳабибулло дар гӯшае дергоҳ дар сӯхбат мешудем. Ба хаёлам ҳамгапии бардавоми мо ба ӯ хуш намеомад. Ҳанӯз вай донистан мехостааст, ки хамин Кароматуллои нависандашав куҷоӣ бошад.
Солҳои муаллимиам бештар аз паи эҷод будам. Менавиштам. Дар мактаб боз як аҳли эҷоди дигар буданд, муаллимам, шоир Изатуллоҳи Ҳусайнӣ. Ва он кас ҳам яке аз дӯстони Ҳабибулло. Гоҳо Ҳабибулло меҳмонаш мешуд. Изатуллоҳи Ҳусайнӣ аз ангури ҷавзи Роҳатӣ майи бисёр дараҷаи баланд тайёр мекарданд. Ва аксар ҳангоми меҳмондории Ҳабибулло Файзулло муаллим ба ақидаи худашон хуми майро ба миёни дастархон мегузоштанд. Албатта, устод Изатуллоҳ Ҳусайнӣ шахси калонсол буданд, аммо Ҳабибулло ба эшон ба мисли як ҳамсол, як рафиқи қаринаш муроҷиат мекард.
- Чӣ хелй, Изатуллоҳ, мегум, ҳамин сирри майсозита ба мо намегӣ, - сари дастархон нишаста ба гап сар мекард ва боз мегуфт: - биёр Изатуллоҳ, аз ҳамон солхӯрда, пиршудагиҳошбиёр...
Мавсими пахтачинй буд. Аз идораи колхоз касе ба мактаб омада гуфт, ки Изатуллоҳ Ҳусайнӣ ва Кароматуллоро раис меҷӯяд.
- Чӣ гап доштаанд? - пурсидем.
- Ҳабибулло Файзулло омадааст, - хабар расонданд.
- Ҳабибулло Файзулло ва як-ду нафар адибони дигар
дар саҳро бо пахтачинҳо вохӯрй мегузарониданд. Ману Изатуллоҳ Ҳусайнӣ ҳам ба онҳо ҳамроҳ шудем.
- Кароматулло, - баъди вохӯрй Ҳабибулло маро ба каноре чеғ зад, - дар боғут ангур дорй?
- Ангур лозим аст? Шофир қатй боғ рафта биорем?
Ангур ҳаст, - гуфтам.
- Ман худам ангур чидан мехоҳам, бо дасти худам, баъд боғта мебинем, тамошо мекунем. Розӣ ҳастй?
- Албатта.
Ҳамрохи Ҳабибулло Файзулло дар он рӯзи тирамоҳ боғи мо рафтем. Баъди борон хӯшаҳои ангури тоифй аз зери баргҳои зардщудаи ток суп-сурх, аргуво-нӣ менамуданд. лушахои ангури тоифии лола барин суп-сурхро чидан ва аз даст рӯи ҳам ба қуттиҳо гузоштан ҳаловате дошт. Рӯи ангурхо боронқагй, қатраҳои борон мисли марҷон, марҷонҳои болои ангур. Аз зебоии ангурҳои тоифӣ Ҳабибулло мафтун шуда. Он вақт ӯ дар Шӯрои тарғиби адабиёт дар назди Иттифоки нависандагон кор мекард. Ҳабибулло ба нашр расидани китобҳои авваламро дида буд. Ва баъд дар рӯзномаи Комсомоли Тоҷикистон солҳои зиёд кор карда будам. Тасодуфи аҷоибе. Вазифаам мудири шӯъбаи агитатсия ва пропаганда, вазифаи ҳамон мудир -шахсе, ки баҳри нашри ҳикояҳоям ризоият намедод ва куҷой буданамро пурсон гашта. Ҳуҷраи кор ҳам бароям ошно. ба ин ҷо назди Ҳабибулло омада мерафтам. Ва акнун Ҳабибулло гоҳе наздам меомад, шеър меовард.
- Ҳамин хел аст дунё, Кароматуло, ту худат акнун мудири шӯъба. Шеърхоро ба чоп роҳй кун, зудтар чоп шаванд, - хурсанд мегашт.
Ҳамон соли аввали ба рӯзномаи Тоҷикистони Советӣ ба кор омаданам. 8-уми июни соли 1980 хабари марги нобаҳангоми Ҳабибулло Файзуллоро шунидам. Баъди аз он рӯз чор моҳ гузаштан ба Ховалинг омадам. Аз мехмонхона берун гаштам. Ба ҷониби қабристон мерафтем. Он ҷо мадфани Ҳабибулло. Мо ҳамқаламон - дӯстонаш дастҳо пеши бар рӯ ба оромгоҳи ӯ меистодем. Ҳама сокит будем. Ғарқи хаёл, гарқи дарёи ғаму андӯх. Чӣ дунёе, дунёи гузаро. Он рӯз дидаи мо бастаи сабзаи хоки Ҳабибулло буда ва рубоии машҳури ҳаким Умари Хайём дар он лаҳза ба ёд омада, ки ӯ гуфта:

Абр омаду боз бар сари сабза гирист,
Бе бодаи аргувон намебояд зист.
Ин сабза, ки имрӯз тамошогаҳи мост,
То сабзаи хоки мо тамошогаҳи кист?!


дигар >>