Саҳифаи асоси
            Осор
            Зиндагинома
            Эҷодиёт
            Ёднома
            Аксҳо
            Наворҳо
            Сурудаҳо (.mp3)

ЧИЛ ЧАНОР


Дар миён деҳ, даври деҳа чил чанор,
Чил чанори сабзпӯши бовиқор,
Ёдгори даврҳо-
Асрҳои бешумор...
Сӯяшон ҳар гоҳ бинмоям нигоҳ
Бишнавам ин сон нидо
Аз забони навдаҳо:
Як замоне ҷанг буд!
Ин ҷо миёни корзор
Фавҷи душман ҳамчу селоби баҳор,
Рӯбарӯи фавҷи душман чил ҷавон,
Чил чанори пойдор
Истоданд устувор.
Баъди чандин рӯзу шаб,
Баъди чандин ҷонбозӣ,
ҳарбу зарби чил ҷавони родмард,
Андар набард
Деҳаро як субҳгоҳӣ душмани дун тарк кард.
Баъди чандин рӯзу шаб,
Баъди чандин ҷонбозӣ,
ҳарбу зарб,
Чил ҷавони паҳлавон бо як умед:
Бо умеди зиндагонӣ шуд шаҳид.
То ки аз онҳо бимонад ёдгор,
Дар ҳамон рӯзи баҳор,
Чил падар биншонд яктоӣ чанор.
Чил чанори ёдгор...
Аз ҳамон дам то кунун
Дар набарди асрҳо-
Асрҳои бешумор.
Чил ҷавони сабзпӯши бовиқор,
Чил чанор,
Деҳи моро соябонӣ мекунанд,
Навбаҳорон сабз гардида
Ҷавонӣ мекунанд.

<< аввала    дигар >>