Саҳифаи асоси
            Осор
            Зиндагинома
            Эҷодиёт
            Ёднома
            Аксҳо
            Наворҳо
            Сурудаҳо (.mp3)
Саидалй МАЪМУР
- Ман дар бораи дӯсти ғӯрамаргам Ҳабибулло Файзулло хотираҳои зиёде дорам. Вале хуб мешавад, ки шеър хонам. Шеър Армон ном дошта, ба хотираи Ҳабибулло Файзулло бахшида шудааст:
Надонистам, ки кӯтоҳ аст умрат,
Ту аз мо меравп айни ҷавонп.
Дилат пуршӯру исён буд доим,
Ту будп дар талоши зиндагонп.

Ба сони рӯдҳои
кӯҳсорон,
Ту тезу тунд будп, эй бародар,
Калону хурд баҳрат буд бефарқ,
Ба худ ҳар шахсро хондп баробар.

Агарчи зидагонп буд ширин,
Шикастп бо шароби талх армон.
Сабукроп агарчи доштп ту,
Набудп аз сабукборони даврон.

Бигуфтам ин қадар маштоб, маштоб,
Зи кӯҳ омӯз дарси сабру тамкин.
Раҳат ҳарчанд пурхавфу хатар буд,
Вале аз нав ба аспи худ задп зин.

Ба тӯи дӯстдорон рафта будп,
Бикарди бахти онҳоро таманно.
Вале рафтем мо бар мотами ту,
Чи армонҳо бимондп дар дили мо.

Равам бар Ховалинг ин бор бе ту,
Бигирам раҳ ба сӯи Чилчанораш.
Сари сабзат бубинам аз чанорон,
Садоят бишнавам аз чашмасораш.


дигар >>