|
ГУЛНАЗАР - Сурхоб ҷорй буд, аз боронҳои баҳор ҷон гирифта, мастӣ дошт. Ду соҳили дарё пурсабзаву лола буду атроф пур аз нағмаи мургон. Ҳамроҳо-ни ман Ҳабибул лою Ҳақназар ин ҷоро бисёр дидаанд. Устоди мӯътабар Ҷалол Икромӣ, ки сарвари гурӯҳи мо буданд, низ борҳо аз ин мавзеъ гузар кардаанд. Аммо ман бори аввал ба ин диёр омадаам, чашмам аз сабзаву гул серй надорад, мехоҳам ҳар чи бештар синаамро аз ҳавои муаттар лабрез гардонам, то чанд рӯз дар муҳити пурғубори Душанбе давои чонам бошад. Қад-қади дарё, бо роҳу бероҳа, аз миёни Дараи 06 равонем. Деҳае, ки дар саргаҳи дара воқеъ аст, замоне саҳнаи набардхои шадиди босмачиён бо аскарони сурх будааст. Мардуми таҷҳҷой мегӯянд, ки ҳангоми ҳамвор кардани замини болои деха дар охури огиле бисёр камон ёфтаанд, марбути йигитҳои Давлатманд будааст. Худи Давлатманд маҳз дар ҳамин ҷо асорат афтодааст.
- Аз ин ҷо то Ховалинг роҳи ноҳамворе ҳаст, - гуфт
Ҳабибулло, - биёед аз ҳамин роҳ ба зодгоҳи ман равем.
- Роҳи ноҳамвор на ба ҳама мусофиру шофир маъқул
аст.
- Не, •• исрор кард Ҳабибулло, - роҳи нависанда ҳамеша
ноҳамвор аст. Мо аз пасту баландй наметарсем.
- Шофир чй мегӯяд?
Шофири нависандагон бояд аз нависанда кам набошад.
Шофири мо Рустам табассум мекард ва равшан буд, ки ӯ дудила нест.
Дар воқеъ, роҳи нишеби печидаи ноҳамвор барои сафар бехавф набуд. Аммо Ҳабибулло раҳораҳ қиссаҳои аҷиб мегуфт, табъаш болида буд, кӯшиш мекард, ки меҳмонони озими зодгоҳаш хастагиро эхсос накунанд.
- Ана, чил чанори машҳури Ховалинг! - ногоҳ нидо кард
Ҳабибулло ва мо аз дур анбӯҳи дарахти чанорро дидем, ки
мисли мӯсафедони солхӯрдаи ҷаҳоншинохта давра ороста
буданд.
- Аз чашмаи Чилчанор як қулт об хӯрем, хастагй рафъ
мешавад.
- Мошин қарор гирифт. Сояи салқини чанорҳо зуд ба пайкари мо асар кард. Аз оби сард нӯшидан осон набуд, дандону забонро мезад. Аз боло ба сари мо нагмаҳои гуногуни хазорон мурғ мерехт. Сар боло кардаму бори аввал дидам, ки дар шохаҳои чанор ҳам мурғакон лона мебастаанд. Чанорони Душанбе белонаанд.
- - Хоката булапум! - дод зад Ҳабибуло,..
- Мо ба ин нидои Ҳабибулло хӯ гирифта будем, ки он маънои хокатро бибӯсаму билесам-ро дошт.
- - Акнун ба хонаи падариат меравем, - гуфтанд устод
Икромӣ.
- Ба ногоҳ чеҳраи Ҳабибулло хазин шуд, шодиву сурураш аз байн рафт. Ман ба таври худ дарёфтам, ки шояд бародаронаш интизори меҳмон нестанд, ё шояд ӯ гумон дорад, ки онҳо ба қадри меҳмононаш расида наметавонанд ва ғайра.
- Гуфтам:
- - Устод, мо дар меҳмонхона мемонем, бигузор худи
Ҳабибулло ба хонааш раваду аз ҳоли пайвандонаш хабар
гирад.
- - Не, - гуфт Ҳабибулло. - Ман намеравам. Рустам он
ҷо раваду аробачаро ба акоям ҳадья диҳад.
- Ба ёдам омад, ки Ҳабибулло дар Душанбе як аробачаи тифлон харида буд ва гуфта буд. ки бародараш писардор шудааст, барои ӯ тӯҳфа мебарад.
- Гуфтам:
- - Хуб нест. Худат бару табрик кун. Мо хам пагоҳ як
сари қадам медароем.
- Ҳамин вақт дӯсти замонк донишҷӯиямон Зафар пайдо шуд, ба ҳолу аҳволамон намонда, хонаашон бурд. Сӯҳбат гарм шуд, аз нав табъи Ҳабибулло болид, шеър мегуфт, баҳс мекард, аз як чо ба ҷои дигар менишаст. Ӯ ҳамин тавр буд, ба шавқ, ки меомад, дар як ҷо қарор гирифта наметавонист.
- Ҳабибулло, - гуфтанд устод Икромй, - акнун рав, аз
ҳоли бародарҳоят хабар гир. Агар фаҳманд, ки ту ин ҷо ҳастиву наздашон нарафтаи, меранҷанд.
Не, нашуд, Ҳабибулло не гуфт, фақат ваъда дод, ки саҳар ҳамроҳи мо меравад.
Саҳар, баъди нонушта, Ҳабибулло дилу нодилон ҳамроҳи мо ба хонаи бародаронаш рафт. Онҳо дар қисми шимолии деҳа иқомат доштаанд. Хеле хуб пазирой карданд, шодӣ карданд, бародари калонии шоир Ҳадя, ки занбӯрпарвар будааст, чанд навъи асалро рӯи хон гузошт.
Ҳабибулло оҳиста ба Рустам гуфт: - Аробачаро биёру ба Ҳадя деҳ.
Аммо чеҳрааш гирифта буд. Хомӯш даромаду нишаст, хомӯш аз дари хонаи падариаш баромад.
Хайр, гуфтам ба худ, шояд гапи бародарон гурехтааст. Ҳеҷ боке нест, хуб мешавад. Ҳабибулло дилкушод аст.
Баъди чанд рӯзи фавти фоҷиавии Ҳабибулло Файзулло ману Бозор Собир ба Ховалинг, ба хонаи акаи Ҳадя рафтем. Ғамзада буд, хомӯш пешвоз гирифту ба хона даровард,
Дар сари дастархон бо алам нақл кард, ки Ҳабибулло аз ӯ ранҷидахотир будааст.
Гуфт:
- Қариб бист сол бо зани аввалаам зиндагй кардам.
Фарзанд нашуд. Ба хулоса омадам, ки зани дигар бигирам.
Ҳабибуло фаҳмиду норозигӣ кард. Ман ӯро мефаҳмам. зани
аввалаам Ҳабибуллоро мисли модар калон карда буд. Вай
намехост, ки янгаи мушфиқаш хонавайрон шавад. Аммо ба
ман фарзанд даркор. Ҳамин тавр, зани дигар гирифтаму
фарзанддор шудам, меҳри модар-дия, тоқат накард, аробача
овард, аммо забонашро ба табрикам накушод. Дар дилаш
ду хел ҳис буд.
Ҳа, гуфтам ба худ, - Ману Ҳабибулло дӯсти наздик будем, ягон роз байни мо пинҳон намемонд. Ҳеҷ гумон намедоштам, ки дар дили бегами ӯ ҳамин хел дарди бедармон низ хона доштаааст.
Акнун, дӯстони азиз, бароятон як шеър қироат мекунам. Шеър Андар даргузашти Ҳабибулло ном дорад.
- Қарздори туст акнун зиндагп, Бас туп ҳақдори гулҳои баҳор. Балки монда қарзи ту пеши ҳаёт, Аз барои чанд рӯзи бегубор.
- Медамад аз пуштаи ту сабзае, Дар баҳори рӯзгори кӯтаҳат. Фасли гул аз хоки ту гул мекунад, Лолае ҳамранги қалби огаҳат.
- Ман натонам дид рӯи сарди ту, Бо ҷавонп ту намегунчп ба гӯр. Шармам ояд, ки ту мавҳи зулматп, Ман вале рӯи заминам гарқи нур,
- Баски будп ҳампару ҳамболи мап, Бе ту гум шуд ҳам пару ҳам боли ман. Гӯиё ту ҳамраҳи худ бурдап, Навҷавониҳои хушщболи ман.
- Дӯш фарқе байни мо пайдо набуд,
- Сад фигон з-ин фарқи ту, з-ин фарқи ман!
- Дар мазорат дар гирифтам му ба му -Санги гӯрат гашт опгашбарги ман,
- ... Ба шарафат нисфирӯзй дар таги Чилчанор бо роҳбарии Тоҷидцин Рауфов базми ҷамшедӣ ороста шуд. Ҳама дар гирди хон. Ҳама аз ту ёдоварй мекунанд, ҳама ба поси хотираи некат нӯшбод мегӯянд, ҳама туро пеши назар меоранд. Аз он таассуф мехӯранд, ки ту дар ҳалқаи онҳо, миёни онҳо нестӣ. Дигар аз ҷой намехезӣ, бо пеши бари кушода даст намеёзонӣ ва бо овози марғуладору шунавои худ намегӯй :
-
- Лаьлат, ки ба лаб омад, Ман мастаму мадҳушам. Аз хешу аз ин дунё Ин лаҳза фаромӯшам.
- Якбора нигоҳам гашт Побанди нигоҳи ту. Розам чу шарар бишкуфт Дар чашми сиёҳи ту.
- Ларзид қади зебот, Дар ҳалқаы дастонам, Лабрези ҳавас дилҳо, Ошуфтаву ҳайронам.
- Дар рӯтп ҳаё гул кард, Чун лола зи шавқи дил, Якзарб тапидан дошт Ду дил
- ду дили бисмил.
- Чашми ту бувад гӯё, Лоласт забони ман. Бигрифта ҷаҳонатро Огуш ҷаҳони ман.
- Лаълат,
- ки ба лаб омад, Ман мастаму мадҳушам. Аз хешу аз ин дунё Ин лаҳза фаромӯшам.
***
...Ба манзили хамӯшон омадаам, ба манзили тангу тори ту, барои дидани дидор-и ту. То пешвозам бигирӣ, ба истиқболам аз ҷой бархезӣ, огӯш кушой, дӯстатро ба канори сардат бигирӣ, То дилам сард гардад ба якборагӣ. Мепартоям ҷуссаамро болои мадфанат, онро ба ҷои ту оғӯш мекунам, ба хоки кӯйи ту ханҷол мекашам, фигон мебардорам, ашки фаъолият ва рузгори кутоҳу пурбаракатат ҷамъ овардаю чо ба ҷо гузоштааст, ки баҳо надорад. Афсӯс ки осорхона ба тамом тангу номувофиқ буда, ҷой камӣ мекунад...
Дастхатҳо, мақолаҳо, ки дар солҳои гуногун дар рӯзномаҳои даврй ба табъ расидаанд;
- айёми донишандӯзӣ дар Донишкадаи омӯзгории ба
номи Т. Г. Шевченко (ҳозира ба номи Қандил Ҷӯраев);
- дӯстон ва ҳамқаламон (мукотиба, ҷамъи асарҳояшон);
- аксҳои хешону наздикон;
- аксҳои устодон Сотим Улуғзода, Тилло Пӯлодӣ,
Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода;
- машқи шеърнависӣ (солҳои 1960-1961). Дар ин ҷо
дастхатҳоят ҷамъ оварда шудаанд;
- кор дар матбуоти даврӣ. Дар ин гӯша мақолахои
ҷолиби диққату хонданибоб ва ба дарди дили мардум
мехӯрдагӣ интихобан ҷамъ овардаю гузошта шудааст;
- Ҳабибулло Файзулло дар рӯзномаи ноҳиявии
Большевики Ховалинг (Ҳакиқати Ховалинг).
Тамошобин рӯзномаро варак зада мебинад, ки ҳанӯз солҳои
60-ум ту ба машқи шеър ҷиддан машғул гашта, чакидаҳои
хомаат рӯзномаи ноҳиявиро рангин ва хонданибоб
мегардондааст. Хонанда пай мебарад, ки ту аз як шеър то шеъри
дигар камол ёфтаӣ, таҷрибаи эҷодӣ андӯхтаӣ ва пеш рафтай;
- Маҷмӯаҳои шеърии Хдбибулло Файзулло. Дар ин
гӯша омӯзгор Ҳасан Ҷабборов китобҳоят: Қатраи борон,
Дунёи ҷавонӣ, Яблонька, Афсонаи дарё, Достони
роҳ, Дидори орзуҳо-ро, ки дар айёми дар қайди ҳаёт
буданат интишор гаштаю ба табъ расида ва дастраси
хонандагони сершуморат гардида буданд, гирд овардааст.
Баъд аз вафотат маҷмӯаҳоят таҳти унвони Обшори офтоб
(соли 1981), Чил чанор (соли 1982), Боль (соли 1990).
Зи нав зинда шавем...(соли 1985) ва Куллиётат (соли 1995)
рӯи чопро диданд. Ҳамаи ин асарҳоят дар маърази тамошо
гузошта шудаанд.
Дари осорхонаат мудом ба рӯи ҳаводорони шеъру шоири ва мухлисону ҳаводоронат боз аст. Бахусус хонандагони мактаб мудом баъди фориғ аз дарс ба осорхона омада аз он дидан мекунанд.Омӯзгор Ҳасан Ҷабборов ба хонандагон, ба шогирдон, ба меҳмонон аз кору эҷод, айёми наврасӣ, балогат, камолот ва ҳаёти фоҷиабори ту бо ҳарорат, бо иштиёқ, бо сӯзу гудоз ҳарф мезанад. Ҳаёти фоҷиабор гуфта, мо рӯзи 8-уми июни соли 1980-ро дар назар дорем, ки дар ин рӯзи шум ва нахс ту дар роҳи сафари аз Ховалинг ба Душанбе баргаштанат дар рӯ ба рӯи хоҷагии Москва-и ноҳияи Восеъ (ҳозира ба номи Лангарӣ Лангариев) дар мошини худат ба садамаи нақлиётй дучор гардида, ба таври фоҷиавӣ ҳалок шудӣ...
Дар осорхонаат ҳар чо-ҳар чо бандхои шеъриатро мехонем:
Барои он маро зоданд, Ки гуям бар ҳама розам, Барои ин ба ман доданд Забону шеъру овозам.
Ё дар ҷои дигар:
Аз соҳиле ба соҳиле танҳо гузаштаам, Оташ ба дил ман аз дили дарё гузаштаам.
Боз мехонем:
Баъди мо нерос дар рӯи #1207;аҳон, Одамиву қадрдопиҳои мост.
Бо ташаббус ва ҷидду ҷаҳди Ҳасан Ҷабборов кушода гардидану амал кардани осорхона - ин ҳам кори хайру наҷиб асту ҳам баъди маргат қадратро донистан.
То вақте ки дабистон вуҷуд дораду амал мекунад, осорхона ҳам побарҷост.
Ту, дӯстам, журналист Шоххайдар Ёдгориро хуб мешинохти. Ҳамоне, ки ҳангоми дар қайди ҳаёт буданат дар нашриёти Ирфон кор мекард. Ана ҳамон Шоҳҳайдар як кори хайру наҷиберо ба ҷо овард. Ба муносибати ҷашни 40-солагиат соли 1985 бо унвони Зи нав зинда шавем... ва баъди даҳ еол (1995) - ба шарафи 50-умин солгардат Кулиётатро, ки тамоми асарҳои назмӣ ва тарҷумавиатро дар бар гирифтаю он аз 512 саҳифа иборат аст, мураттаб сохтаю пешгуфтор навишта, аз чоп баровард. Дар китоби Зи нав зинда шавем...-ат ба муаллиф ва мураттиб шоир. дӯсти айёми донишандӯзиат Гулназар маслиҳату ёрии беғаразонаи хешро расондааст. Дар Куллиёт бошад, ҳамсарат Сафия ва фарзанди калониат Беҳрӯз дар мураттаб сохтани он ба мураттиб Шоҳҳайдар Ёдгорй ёрӣ ва кӯмаки хешро дареғ надоштаанд. Ту, дӯстам, бояд бифахрӣ ва ифтихор дошта бошӣ, ки чунин ҳамсару фарзандони барӯманду бонангу баномус доштӣ ва дорӣ ҳам.
Ҳанӯз дар зиндагиат, ҳоло хам, оҳангсозон ба шеърхоят оҳанг бастаанд ва мебанданд.
Ҳанӯз дар зиндагиат, ҳоло ҳам, ҳофизони номдори ҷумҳурӣ шеърхоятро бо воситаи телевизиюн ва яз тярики радио гаштаю баргашта тараннум менамоянд.
Бо шеърҳои ту ошиқон ба дилдодагоии хеш изхори муҳаббат менамоянд, рози дил мегӯянд, ба мулоқотгоҳ мешитобанд.
Ба қадрат мерасанд.
Дар мактабҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба шарафи 50-умин солгарди рӯзи мавлудат курс-конференсияхо, шабҳои адабӣ, ҷашнвораҳо баргузор гардидаанд. Дар ҳама ин ҷамъомадҳою махфилҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ номи ту, шеъри ту, каломи оташбори ту вирди забонҳо буд, павроз мекард, танин меандохт, ба дуриҳо рафта мерасид.
Ба қадрат мерасанд.
Дар музейи кишваршиносӣ, ки дар маркази ноҳияи Ховалинг кушода шуд, гӯшаеро ба ту бахшидаанд. Дар он гӯша нигора ва асарҳоятро ба маърази тамошо гузоштаанд.
Ба қадрат мерасанд.
Директори мактаби миёнаи рақами 6, ноҳияи Ховалинг, Аълочии маорифи халқи ҷумхурӣ Муҳаммадшариф Қараев туро мисли илоҳӣ мепарастад. Ин шахси адабиётдӯст қариб, ки аксарияти шеърҳои ошиқонаитуро аз бар намуда, онҳоро дар ҳама ҷо ба тариқи худ замзама менамояд. Дар хар ҷамъомаде, ки дар мактаб доир мегардад, Қараев суханашро бо шеъри ту оғоз менамояд. Чанд бор дар мактабаш ба шарафат ҷамъомадҳои тантанавй доир сохт ва китобҳоятро дастраси хонандагон гардонд. Китобҳоят дар мактаб аз даст ба даст мегузаранд. Шеърхоятро толибилмон рӯбардор ва хондаю азёд мекунанд.
Ба кадрат мерасанд.
Дар бисёр гӯшаву канори ҷумҳуриамон шабҳои эҷодии ба номи Ширу шакар баргузор мегарданд. Дар он баранда аз эҷодиётат (ба ҷои ту) шеърхо қироат мекунаду ҳофиз шеъратро мехонад. Дар чунин базмҳо толор аз тамошобинон пур мегардад. Ҳангоми қироати ашъорат оҳанги маҳзун ва дилхарош навохта мешавад, ки дилҳоро ба риқкат меорад, ғам гулӯгират меозад. Дар чунин холатҳо ин нидохо аз қалби пуртуғёни тамошогар беихтиёр садо медиҳанд худ ба худ: -Кош худаш дар қайди ҳаёт мебуду шеърашро мисли пештара ба самъи мо, шунавандагонаш, мухлисонаш мерасонд!
Анъанаи ҷорикардаи ту ба ҳукми конун даромадааст. Ҳар сол шоирону нависандагон меоянд ба шахру навоҳии кишвар. Вомехӯранд бо зиёиён, мактаббачагон, пахтакорон, чорводорон,сохтмончиён... Мехонанд шеърҳои эҷодкардаи худро.
Лекин дар ин вохӯриҳо, дар ҷашнвораҳо, дар минбарҳо, дар маҳфилҳо, дар шабҳои адабӣ ту нестй, ки нестӣ... Ҷойи ту холист. Ту намерасӣ.
Дӯстонат, ҳамкасбонат, ҳамқаламонат, ҳаммаслаконат ҳар лаҳза, дар ҳама ҷо, аз ту ёдовар мешаванд. номатро бо камоли эҳтиром ба забон меоранд, гапатро мезананд. Ту дар ҳама ҷои. Ту мудом бо мои, Ту зиндаи. Ту намирандаи. Охир, худ пешбинй кардаю гуфта будй-ку:
Гар дусад бор зи дунё гузарем,
Мо дусад бор зи нав зинда шавем...
... Аз сари қабрат мехезам, ашк дар чашмон ва сӯзиш дар банди дил. Ҳама ҷо хомӯш, ҳама ҷо сокит, ҳама ҷо ором. Ин оромиро гоҳ-гоҳе нағмахонии ҷулике халаддор месозад. Дилам бухс мекунад. Туро боз пеши назар меорам: хандон, шукуфон, болидарӯҳ, беқарор, нармрафтору ширингуфтор. Боз як бори дигар катибаи болои кабратро нимшунаво ҳиҷча мекунам:
Баъди мо мерос дар рӯи ҷаҳон, Одамиву қадрдониҳои мост,
Оре, ин қадрдониҳо, ин сипосгузориҳо, ин номгузориҳо нисбати ту ҳоло ҳам каманд, ки каманд. Оромгаҳат то ҷое, ки дили банда мехоҳад, ба тартиб дароварда наШудааст. Мехоҳам, ки пайи қадами одамй, чуноне ки инро ман дар мадфани шоири рус Сергей Есенин дидам, ихлосмандони шеър аз ин ҷо дар ҳама фасли сол каыда набошад. Биёянд туро зиёрат намоянд, дар ҳаққат як каф дуъо хонанд, рӯҳатро шод гардонанд, дар пояи мадфанат гулчанбар гузоранд...
Мехохам аз даромадгоҳи мазор то сари гӯрат пайроҳа ва ин пайроҳа ҳеҷ гоҳе беодам набошад. Ва, инак, 60-солагиатро ботантана ҷашн мегирему орзу мекунем, ки минбаъд ҳар сол дар мактабҳои ноҳияи Ховалинг (дар дигар шахру навоҳй низ) дар рӯзи мавлудат - 15 март, айёми бахор, Рӯзи поэзияи Ҳабибулло Файзулло эълон карда шавад,
Мехоҳам... Мехоҳ ам... Мехоҳам...
Аз манзили хамушон хиҷилу саркашол ва ашки сузон дар чашмон мебароям. Мебарояму мисраъҳои баландпарвози ту ба ёдам мерасанд, ки гуфта будй:
Афсус гаҳе зиндабузургон нашиносем, Он вакт шиносем, Ки пурсанд: Куҷо шуд..
Вақте, ки маҷаллси Садои Шарқ хотираҳои Мирзо Қосимро барои чоп ба матбаа месупорид, дар ин ҳангом эссеи бисёр ҷолибу хотирбарангези Нависандаи Халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад бо унвони Ҷавониро сароиду ҷавон рафт низ дастрас гардид.
Худи рӯҳи ҷашни Ҳабибулло Файзулло тақозо мекард, ки ин ду ёдвора тавъамон мунташир шаванд ва ба дасти ихлосмандони симову сирати Ҳабибулло бирасанд.
Ва худ ба худ тааҷчуб кардам, ки чп тавр ҳшпто рӯҳи Ҳабибулло ёдвораҳоро низ ба ҳам цамь меорад. Пас ёдҳо зиндаанд, садоҳо низ зиндаанд ва чун рӯҳи коинот гоҳ-гоҳе моро бо нерӯ ва мӯъҷизоти ҳайратоварашон дар хидмати ҳамдигар чазб мекунанд.
Ҳақиқат ин, кы тавоноп, биноп ва огоҳии инсон то ба охир идрокнашаванда аст, ва худи ҳамин нукта асли моҳияти ҳастист.
Ҷонибек АКОБИР дигар >> |
|