Саҳифаи асоси
            Осор
            Зиндагинома
            Эҷодиёт
            Ёднома
            Аксҳо
            Наворҳо
            Сурудаҳо (.mp3)

ЧАНОРИСТОН


Дар домани кӯҳсор шаҳрам,
Бо ҳусни расо ягона бошад.
Шабҳо нигарӣ, чун аз баландӣ,
Як олами пурафсона бошад.

Чун шаддаи дурру гавҳари ноб,
Рахшанд чароғи кӯчаҳояш.
Бо шӯру ба нағма рӯди Варзоб
Дил об кунад ба ҳар навояш.

Чун пой ниҳӣ ба сӯи гулгашт,
Чашм об хӯрад зи ҳусни гулҳо.
Дар ҷилваи нарми беди Маҷнун
Ёд орӣ ту ҳофизу Мусалло.

Аз ҷониби кӯҳсор бар шаҳр,
Устоди суханварон биёмад.
По монд бар остони мармар,
Пире ба дили ҷавон биёмад.

Чун дид сафи чанорзорон,
Гуфто ки чи шаҳру чи биҳиште.
Тақдири туро қаламкаши давр
Бо килки накӯ, накӯ навиштӣ.

ҳар гаҳ гузарад кас аз хиёбон,
Гар пир бувад, мадор гирад.
Дар сояи он нишаста модар,
Тифлаш ба ҳавас канор гирад.

Бар тифлаки шӯхи навзабонаш,
Сарсабзӣ чу ин чанор хоҳад.
Дар зиндагӣ покӣ, сарбаландӣ,
Умри хушу пойдор хоҳад.

Бингар, ки чи сон назаррабоӣ,
Дар ҳусну ҷавонӣ, эй Душанбе.
Дар сояи ин чанорзорат,
Сарсабз бимонӣ, эй Душанбе...

<< аввала    дигар >>