|
Эссе
-Бо гурӯҳе аз аҳли адаб ва дӯстони Ҳабибулло Файзуллои равоншод дар ин моҳ (29.06.1995) ва фасле, ки ӯ бениҳоят хуш дошт меҳмононро дар зодгоҳаш бипазирад, ба Ховалинг равонам. Бо вуҷуди афзунии каму кост ва дарду доғи ҳаёт Ҳукумати ноҳияи Ховалинг 50-солагии Ҳабибуллои шоирро ҷашн мегирад. Ин фоли нек аз ба эътидол омадани рӯзгор башорат медиҳад. Дар оростани ин ҳамоиш завҷаи Ҳабибулло - Софиябону ва писаронаш ҳисса гузоштаанд. Ба ҳайат Соҳиб Табаров, Аскар Ҳаким, Гулназар, Ҳадиса, Шариф Шараф, Саидалӣ Маъмур, Абдураҳмон Абдуманнонов, Абдуфаттоҳ Одинаев, Усмон Назир. Шоҳҳайдар Ёдгорй ва аҳли байти Ҳабибулло шомиланд. Ба ростй, ман ба ҳайси ватандор ё соҳибхона дар дил як каме изтироб ҳам дорам. Аввалан, барои он ки бо ҳидояти пайвандони соҳибҷашн ва хоҳиши дӯстон (охир бар асари нобасомониҳо солҳо боз аз шаҳр берун нарафтаанд!) як рӯз пеш аз даъвати мизбонон ба роҳ баромадем. Мабодо дар пазироии азизон мушкилоте пеш ояд. Ва боз ҷашн чӣ хел мегузашта бошад?
Дертар расидем ба Ховалинг. Мошинҳо дар роҳ вайрон шуданд: чун аз Балҷувон гузаштем, дӯстон ҷо-ҷо лаби чашмаҳо сари по кадаҳ тоза ва ба гуфте чашм сурх карданд. Вале ман бисёр мехостам ҳангоми ғуруби офтоб аз фарози Пуштаи Шаҳид ҳамагон паҳнои сабзу шодоби қадоваи Ховалинг, талу теппаҳои гулпӯш ва сафи санавбарҳои чун арӯсон дилрабояшро тамошо бикунем. Зеботарин, марғубтарин манзара. Нозанинар-арҳо, ки аз вазиши шамоли навозишгар хамёза мекашанд, ҳусну шукӯҳи водиро даҳчанд меафзоянд ва шояд умре дар хотир бимонанд.
Усмон Назир, ки ба ин минтақа бори аввал сафар кардааст, дар фасли тобистон аз рангомезии ҳусни талу теппаҳо дар ҳар гардиш ба ваҷд омада мегуфт: нисфи ин алафзор дар Масчоҳи мо мебуд, ҳар оила камаш сад бузу гӯсфанд, бист-сӣ гову гӯсола мекард. Умуман, айб аст, ки бо чунин замини фаровони ҳосилхез, азоби нодориву гуруснагӣ бикашӣ.
Муаллим Соҳиб Табаров гӯё ба ҳамин ишора маътал буд, ки аз ин суханҳо ба хашму алам омада, ҳар кадар суръати мошин афзояд, ба ҳамон шиддат марду^ми ландаҳур, танбал, сарсаригарду меҳнатгурезро коҳиш медод.
- Шумо гумон накунед, ки ман ҳамдиёронамро дӯст намедорам, - таъкид мекард ӯ ба Аскар Ҳаким ва Усмон Назир. - Аз алам мегӯям ин гапҳоро. Сӣ-чил сол боз менолам, касе ба ҳарфам гӯш намедиҳад...
Аз пеши назари ман сурати марди донишманду соҳибҳунари замои, ба қавли Ҳочӣ Неъматуллоҳи Мӯҳтарам сухансанҷи волофитрату нуктараси нозуктабиат, дарёдили сонеъзамир, каламзани бадеъпардоз.,., оне, ки зодаи ин хоки пок аст ва бо фазилату истеъдодаш дар қораи Бухоро ғулғула андохта, баъди тавофи хонаи худо ва сайри нисфи чаҳон, ба зодгоҳ баргашта. манзили охиратро ин ҷо ёфтааст, Ҳоҷй Ҳусайн дур намешуд. Маҳз Ҳоҷӣ пас аз охирин ситораи тобноки назм дар Мовароуннаҳр Шамсиддин Махдуми Шоҳин аз ин қаламрав бархест ва парчами суханро бошарафона барафрошту дар адабиёт нақши устувор гузошт. Ҳазрати Ҳочӣ Ҳусайн баъди дидани биёбонҳои сӯхтаи араб диёр ва манзараҳои дилхурӯши онро бо ифтихори беандоза дар достони Комдӣ ва Мадан-аш ин зайл васф карда.
-
Рафти сухан бар сари Хатлон бувад,
Ҳубби ватан гӯшсш имон бувад.
Замин чун бар фалак н-ояд мубоҳи,
Ки Хатлон халқ кард аз вай илоҳп.
Чу Хатлон хиттае кам офарида,
Ки фирдавсе ба олам офарида.
Чу бинад дидае аз айни инсоф,
Риёзе сар зада аз дашти атлоф.
Насими файз бар хокаш вазида,
Ғубораш то бихезад, гул далшда.
Шамолаш гар бигардад, мушк резад,
Ҳавояш чун бихандад, атр безад.
Тамошояш бубинанд ҳуриён дӯш, Биҳишт аз ёдаиюн гардад фаромӯш.
Чу наҳри шир ширин обшораш
Лаби ширин канори ҷуйбораш...
-Пирони рӯзгор, ки ҳазрати Ҳоҷиро дида ва ё аз бобо, бибиву бобокалонашон дар сифоти ӯ шунида буданд, мегуфтанд: марди назарбаланд, шуҷоъ, боғурур будааст. Бемуросо рӯ ба рӯ сухан мегуфтааст. Аз ин ҷиҳат дар ҳама ҷо бадхоҳ пайдо мекардааст. Шояд аз ҳамин ҷиҳат, бо вуҷуди он ки ҳангоми барҳаёт будан китоби аапюраш дар Тошканд нашр шуд, ба ҷуз дар Тазкират-уш-шуаро-и Мӯҳтарам дар Намунаиадабиётитоҷиква Намунахо ...низномиҲоҷй ҷой наёфт. Худи ӯ низ ин ҳолати носозгорашро ҷо-чо ба қалам дода:
- Мани Ҳоҷи бо дили нотавон чи кунам шикояти ҳамгинон, Ки зи заҳри наштари афъиён ба гурез ҳам нараҳида ман.
- Ва Ҳабибулло низ тақрибан ҳамин хел хӯву хислат дошт. Ҳарфи дил дар нӯги забон, андешаашро, хоҳ талх бошад, хоҳ ширин, рӯйрост, ҷавонмардона мегуфт. Ва ин ба сараш моҷарову хархашаҳое ҳам меозард. Ана ҳамин Ҳабибулло баъди зиёрати хонаи деворҳояш кошикорӣ ва болору вассаҳояш бо намунаҳои нодири хат ва шоҳбайтҳо оро додаи Ҳоҷй, ки аз беаҳамиятӣ, балки аз бемаърифатии хамдиёрон харобу валангор шудааст, армону аламхои ӯро эҳсос кардла, бо номи Хонаи Ҳоҷихусайн шеъри ҷонгудозе гуфт. Магар ин фоҷиаи бемаърифатӣ ва ношукрӣ нест, ки як ёдгории нодир ва нақши дасти ҳунарманди беназиру шоирро ҳифз карда натавонистем?
- Дар ин деҳа
- Фақат як хона нақшин аст
Фақат як хонаро Деворҳо иӯшида кошин аст, Равоқу вассаҳояш Лавҳаи Беҳзоду Мочин аст. Ба меҳробаш чу дар авроқ Тарҳи панди дерин аап. Ба болораш хапхи бишкаапа, Бишкаапа назарҳоро. Дар ин ҷо санъапш хаттопг, Пинҳон карда пайдоро. Алиф бо крмати мавзун, Асо гашта Масеҳоро Ва Бедил фош бинмояд, Ба байте рози дунёро. Чаҳонгардида Ҳоҷи
Подомани калъаи Балҷувон даме истодем. Беҳрӯз -писари бузурги Ҳабибулло мошинро аз назар гузаронд. Се тан: ду мард ва як пиразан чанд қадам канортар лаби ҷуй нишастаанд. Муаллим Соҳиб Табаров, тасбеҳи каҳраборанг дар даст, аз мошин фуромада, асозанон ҷониби онҳо рафт. Ба ташвиш афтодам. Ҳоло муаллим корнамоие нишон медиҳад. - гуфтам ба дил. Фурсате пас вай хашмгин баргашта башорат дод:
- Гуфтам, ки ба ҷои нишастан ягон кор бикунед,
намешавад? Ин ҷо ғайри сангчинӣ коре нест, - ҷавоб
доданд. Ай мардуми ландаҳур, мехнатгурез...
- Муаллим, табиат ба инҳо ҳама чизро муфт додааст:
мева, алаф...
- Тарафашона нагир, сафедашон накун! Бадбахтиашон
ана дар ҳамин аст! - мегӯяд муаллим.
Ва бо ҳамин баҳсу мунозираҳо соати нӯҳи шаб ба Ховалинг - диёри чашмаҳок ҷӯшон, ҳавои хушу муаттар, богзорони нопайдоканор расидем. Меҳмонҳоро чи хел ҷо ба ҷо бикунем?
Ба бинои ҳукумати ноҳия сар мезанем. Хайрият ҳама интизоранд. Раиси ҳукумат, дӯсти деринаву қадрдонам Точиддини Рауф бо ҳамон тамкин ва чехраи кушоде, ки мероси падари бузургвораш бобои Абдурауф аст, моро гарму самимӣ пешвоз гирифт, Ва ба меҳмонсарои барҳавои боғ бурд. Дар оби зулоли чашма дасту рӯ шуста, яке ҳавои тозаву серун, дигаре ар-арҳои сар ба фалак ё осмони софу ситораҳои рахшонро бо ҳаяҷон меситоид.
- Чӣ қадар тавонед, нафас бикашед. Ҳавои ин ҷо доруст.
Чангу ғубори ифлоси шаҳрро аз шуш берун мекунад, - гуфт
Аскар Ҳаким.
- Осмона тамошо бикунеду ситораҳои рахшона! - ба гӯш
мерасид овози пурҳаяҷони Гулназар. - Эҳе, даст дарорз
бикуну ситора бигир...
Муаллим Соҳиб Табаров ҳанӯз дар идораи ҳукумати ноҳия дафтари ғафси 96 варака талаб карду хома. Кормандони сохаи савдо ба чор тараф давида, ниҳоят ду дафтар ва чанд хомаи худнавис ёфтанд. Муаллим дарҳол ба иншои сафарнома шурӯъ кард. Ман ба ғайрату заҳматписандии эшон аҳсан мехонам.
дигар >> |
|