Саҳифаи асоси
            Осор
            Зиндагинома
            Эҷодиёт
            Ёднома
            Аксҳо
            Наворҳо
            Сурудаҳо (.mp3)
ПЕШ-ПЕШИ ХУРШЕД
Субхи зебову ором. Мурғон аз дуру наздик ба гӯши боғи хоболуд навои бедорӣ мехонанд. Сапеддорони булуртан, печида ба либосҳои ҳарири сабзфом, шабеҳи арӯси раҳпо хомӯшу андешаманд метобанд. Чашм ба роҳи боданд сапеддорон. Боде нарму шӯх мебояд, то зару зевар ва зулфаконк онҳоро шоназанон бинавозад, ба нафаси атрогин ба гӯшашон ҳадиси ишқ хонад. Дар ин лаҳза ^мебинед, ки чӣ хел дарахтон аз олами сукути пурроз якбора раҳида, бо карашмае хамёза мекашанд ва хар барг бо лаҳне гӯшнавоз суруди субҳи навро мехонад. Ва Ҳабибулло дилбохтаи ин лаҳзаи пурсафо, шефтаи ин манзараи ҳаловатбахш, борҳо аз сари шонаи Чилдухтарон бо шукӯҳу шаҳомат пеш-пеши хуршед мисли шир дамидани субҳро пешвоз мегирифт.
Ман ба умеди ҳамон рӯзам, ки боз
Аз гиребдни саҳар во мешавад.
Ман ба умеди ҳамон субҳам, ки боз
Орзуи тоза эҳё мешавад.

Шаббода тамоми шаб бо баргҳои дарахтон роз гуфту бозӣ карду рафт ва акнун тамоми мавҷудоти олам сар ба гиребони шакархоб ниҳода. Ва дил мехоҳад, ки оромии боғи дилкушоро чизе барҳам назанад. Аммо... бачаҳо як-як аз меҳмонхона берун меоянд; дар сар хумор ва ҳоли раҳмовар доранд, Сӯи дарахти шоҳтут мешитобанд, то тафси дилу ҷигар бо шираи тут бишинонанд. Мизбонон низ шитобон мерасанд ва моро меогоҳонанд, ки хони субхона дар зодгоҳи Восеъ - Дараи Мухтор омода аст. Ба ҳоли онҳо раҳми кас меояд. Охир. дар ин айём, ки мардум аз моҷарову кашмакашҳои харобиовар ҳануз ба худ наомадаанд, меҳмондорй чӣ қадар мушкилу ташвишовар аст. Ба Дараи Мухтор - зодгоҳи Восеи шуҷоъ, ки номаш чун марди озодихоҳ ва диловар кайҳо дар таърихи миллат сабт гардида, ҳуснбахши роман ва шеъру достонхои адибони забардаст аст, роҳ пеш мегирем. Ҳабибулло низ дар ашъораш борҳо бо ифтихор аз Восеъ ёд карда:
Ба Восеъ хонд аҳсанҳо
Чу он дасти тавоно дид...
Ва ё
Ба мардум, руҳи Фирдавси, мадори тоза бахшидп,
Ки Восеъ сарнагун бинмуд мири балҷувониро...

Сари кӯҳи Сурхсақова аз нурҳои офтоб бо маром зарҳалпӯш шуда. Омезиши шӯълаҳои хуршед бо рангҳои гулу гиёҳ. Пода аз пасаш чанги тунук бардошта, кад-қади сой ба чаро равон аст. Вале Дараи Мухтор ҳанӯз дар сояи кӯҳ ғунуда. Мошинҳо аз дарвоза ба бог ворид мешаванд. Ва боз биҳишти дигаре аз бағали дара пеши назар ба ҷилва меояд. Дарахтони гелос саросар алвонпӯшанд, ниҳолони тути рахшаку музаффарӣ ба қавле ана ман гӯён чашмак мезанад: шоху навдаҳои себ, ноку олу ва олучаву зардолу аз пурборӣ сар ба замин месоянд. Аммо ду чанори таҳамтани Восеъ, шоҳидони гирудор ва пирӯзиву нокомии соҳибашон, болотар аз ҷувозхона бо шукӯҳу азамате ба сукут рафта, гӯё аз чӣ қисса оғозидани сарнавкшти талхи мардумро таҳаммул мекунанд. Ба вусъати Дараи Мухтор назар афканда, тозакориву созандагиҳоеро дида шод мешавам. Роҳравҳои ду тарафашон гулзор, ҷувозхона, кундаи чувоз, санги осиёи дастй, кӯзаву дос, панҷшохаву юғу сипор, чахдегу чахчӯб.,. ҳама нишонаҳои гӯёи таърих. Нимаи аввали солҳои 70-уми асри гузашта се шабу рузро бо Соҳиб Табаров, Раҷаб Мардон ин ҷо бо набераи Восеъ бобои Камол (ҷояш ҷаннат бод!) гузаронида будем. Дарахтони ин боғ ҳама дастниҳолони он пирамарди ботамкин, хушфаросат ва накӯкоранд. Ман акси бобои Камол пеши назар аз таҳчои хонаи Восеъи қаҳрамон сӯи чашмаи Чир-чирак шитофтам. Ва аз дилам гузашт, ки ин замин, он ҷангалаки рӯ ба рӯ ва ин чашмаи Чир-чирак низ шоҳиди чӣ қадар воқеаҳои мудҳиши таърихианд: хомӯшанду розҳои ниҳон доранд. Дар сояи ин чанорон чӣ қадар ёғиёни шердил, ёрони бовафои Восеъ нишаста сирри дил гуфтаанд, Ҳабибулло аз ин макон ва сафарҳояш бо устод Сотим Улуғзода ба деҳаҳои атроф чӣ қадар аҷиб ва бо муҳаббат ҳарф мезад. Лаби чашма ҷо-ҷо кӯзаҳои кадима, офтоба, табақу косаҳои аз чӯби чормагз тарошидаро дида, дилам гум мезанад. Хайрият, - мегӯям дар дил, - ба қадри осори ҳунари дасти гузаштагон мерасем... Аз новадон бо ҳамон лаҳни пешину ширин оби чашма рехтан дорад. Чир-чир. чир-чир... Ҳама бо навбат дасту рӯ мешӯем ва коса-коса оби сардакак меошомем. Дӯстон ба ҳар тараф пароканда мешаванд: яке ба шохи гелос мечаспад, дигаре бо эҳтиёт тут мечинад. Ва саргарми гапу сӯҳбат, аз рӯҳи Ҳабибулло изҳори миннатдорӣ мекунанд, ки дар ин замони пурҳодиса ва фасли гарм аз ҳар водй онҳоро кашида ба ин ҷо овард, то ин гӯшаи хушманзари орому таърихиро бубинад. Дилам мехоҳад болу пар барорам ва дар як лаҳза сар то сари Дараи Мухторро сайр бикунам; бубинам, ки дарахтони пир - нишони дасти аҷдодон чӣ ҳоле доранд, гиёҳҳо мисли пеш зич, гулбасару дар сабзишанд, чашмасорону ҷӯйборҳоро барфу борон осебе нарасонда, лонаҳо барҷову мурғон фаровонанд. Гӯшу ҳуш ба атроф медиҳам, то чаҳ-чаҳи булбулро аз боғи бобои мулло Ятим бишнавам. Хомӯшӣ. Чаро намехонанд? Магар аз шӯру ғавғои одамон, ки аллакай сари шохи дарахтон баромада, гелос ё тут мехӯранд, булбулон ба харос афтодаанд? Ва ё фирор карда бошанд? Аз Шоҳмузаффар, ки шабро бо Ашӯр Сафар, Саидҷон Ҳакимзода ва Ҳақназару дигарон ин ҷо гузаронидаанд, мепурсам:
- Шаб булбулон хонданд?
-Нашунидам...
- Ҳеҷ мумкин не! - мегӯям ранчишомез. - Шояд эътибор надодай.
- Саҳар овози сочу майна гӯша кар мекард, - бо писханд ба сӯҳбат шарик шуд муаллим Ашӯр Сафар.
- Бандаҳои шикам... Туту гелоси фаровона биёбед, овози булбул ба гӯшатон намедарояд, - пичингомез наҳ мезанам.
- Э не, - мегӯяд Шоҳ - агар булбул хам дар ин замон омад-омади ин қадар сухандонро фаҳмида бошад, мегурезад. Аслан ин ҷо булбул дошт?
Ин ҳангом аз саргаҳи Дараи Мухтор аз назди буттаи гулпӯш хониши як каме хастаи булбул баланд мешавад. Ва ҳамоно аз дуртар чуфташ бо шӯру шавқ сари овозашро мегирад.
- Шунидед? Чаҳ-чахи булбул!. Эҳе, вақти гули хор мебуд, мастона мехонанд.
- Ҳаво гарму гули хор хушк шуд, булбули зор гунг шуд, - боз ҳозирҷавобӣ мекунад муаллим Ашӯр Сафар.
-Булбулаки шӯхи Давраи Мухторп,
Чаҳ- чаҳ бизанп бо нолаҳову зорп.
Дилхун зи нокомии Восеъ шудап,
Ё ҳасрате аз марги Ҳабибуто дорп?

Манзара ба ростӣ фараҳбахш аст. Ба гумонам ҳама дар сар як андеша доранд; дар муҳити пургулу сабза ва ободу хуррами Дараи Мухтор лаҳзае малулу дилшикаста будан савоб нест ва агар Ҳабибулло мебуд, аллакай ба чанд дарахти туту гелос баромада, каф-каф, ғуҷум-ғуҷум мева мехӯрду ба атрофиён бебокона нидо мекард:
- Бихурен сағираҳо, ки охир зиндагӣ мехуратон!...
Вай ин андешаи пурмуамморо ҳангоми базм, сари хони зиёфатҳо зиёд ба забон меовард. Ҳабибулло аз умри кӯтох бештар ком ситониданй будаасту мо намефаҳмидаем... Рафтору хислатҳояш ғайриқолибй ва ачиб буданд. Дар чунин маврид парвое надошт, ки сару либоси нав ва утукардаву оҳариаш аз шираи туту гелос пурдоғу ифлос мешаваду боз эродаш мегиранд. Хамеша дилаш дар кафи даст, ҳарфаш дар нуги забон, бе макру риё озод зист, озод гуфт ва муҳокимаи сағиру кабир подошаш шуд. Ин муамморо худи ӯ чунин иброз медорад;
Моро зи ҳақпарастп,
Бадному фитна гуфтанд.
Оинаи дили мо
Пурдоги кина гуфтанд.

Баъди таҳтул, вақти чошт ба зиёрати турбати Ҳабибулло ба мазори қадимаи Ховалинг, ки ба номи Хоча Аюби Ансорӣ ёд мешавад, рафтем, Дарахт намесабзад дар ин мазор; хокаш дар тӯли асрҳо аз хӯрдани нашъи зиёди одам таҳ ба таҳ равғанин шуда. Ва гунбад ё ба таъбири Ҳабибулло обилаи гӯрҳо дар ду-се сол дар ин водии хомӯшон ба синаи хок ФУРӮ рафта, ба замин яксон мешавад. Аз пайроҳаҳои борики байни гӯристон сӯи оромгоҳи Хдбибулло қадам мениҳем ва боз дар дил ӯро маломат мекунам: Э сагирае... Зану фарзандон ва хешону ҳамдиёрон бо ҷамъи меҳмонон атрофи оромгоҳ хомӯш меистанд. Баногоҳ садои ларзону пуралами ҳамсари Ҳабибулло - хонум София ба гӯш меояд: Ана, бачаҳо омаданд, калон шудаанд... Ту ба орзуят нарасиди... Кошкӣ ҳоло онҳоро медидӣ... Оят хонданд ба рӯҳи Ҳабибуллову падари раҳматияш мулло Файзулло, ки паҳлӯ ба паҳлӯ манзиди охират дораид. Ман дар дил ба Софиябону санохон, - охир чор ятимписарро дар ин замон хуб тарбия кард, хононд ва ба пову роҳи зиндагӣ рост монд, - сӯи чашмаи Хоча Аюб меравам. Кош ин чашмаи таърихӣ пуробу ҷӯшон бошад. Охир, овозаи хушкиданашро шунида будам. На, харобу хушку ҳузновар аст таҳҷои чашма. Ҳайф, сад ҳайф! Касофати дар гирду атроф кандани чоҳҳои беҳуда ба чашмаи таърихй, ки фавворасон ҷӯш заданаш ҳамаро дар ҳайрат мегузошт, расид, онро хушконд. Моро хонаи падарии Ҳабибулло бурданд. Аввалин чизи ҷолибе, ки дар ин манзил ба чашм расид, дарвозаи дутабақаи нисбатан хурду дасттароши қадимист. Ба гуфти бародари Ҳабибулло, махдуми Ҳадятулло, ин дарвоза мероси бобояшон буда. зиёда аз як аср умр доштааст. Дарвоза бузургу нафис нест ва рӯи тахтаҳои ғафси он ба ҷои кандакорӣ ё нақшҳо пайи дурушти потешаро мебинед. Бо вуҷуди ин дарвоза чун нишонаи дасти гузаштагон азизу гиромист. Ва хуб аст, ки сохиби манзил бародари дуюми Ҳабибулло - махдуми Саидхомид ба ҷояш дарвозаи наву пурҳашамат нашинонда... Ҳавлӣ обзадаву рӯфта, дарахтон бонизом, гулбуттаҳо шукуфон. Нигохам дару девор вабому бомгӯшахои хонаҳоро мепалмосад. Нишони Ҳабибуллоро, ки дар ин кулбаяк чашм ба олами ҳастӣ кушода, роҳгардиву сухангӯӣ омӯхта, аз нағмаи мурғону шукуфтани гулхо зебоиро дарк карда. аз шарори чашмон ва табассуми духтаракон оташи ишқ дар дил афрӯхта, бо ҳазорон орзу аз ин дарвоза ба шоҳрохи ҳунар қадам ниҳодааст, меҷӯям, Нахустин мушоҳидаҳои шоиронаи ӯ аз ҳамин кулба, аз ҳамин диёр сарчашма мегиранд.
Боз дар гушаи порисаи боми падарп,
Лола мерӯяду қумрп ба наво меояд.
Лона монанд зи нав достакони сафарп,
Иди Наврӯз ҳама хонаи мо меояд...,

Бӯи сабза, бӯи гул, бӯи замини падарп,
Сӯи худ мекашад ин лаҳза маро аз раҳи дур.
Ҷуям аз кӯчаи деҳ ҳамсабақонро ба умед,
Ҳамчу набзе, ки биҷӯяд ба тане одами кур

Ошён деҳаву мо ҳар сӯ ба парвоз шудем,
Ман ба дидори шумо гашта хумор омадаам.
Боз чун сели кабӯтар ба сафарҳои дароз,
Пешвози ҳаматон фасли баҳор омадаам.
Аҳли нишаст баъди расми дуову фотиҳа ба ҷо овардан ва ҳаққи намак шудан ба майдони назди қасри фарҳанги ноҳия барои пардабардорӣ аз рӯи нимпайкараи Ҳабибулло шитофтанд. Ва ман раҳораҳ аз ҳиммату дастархондорӣ ва ҳунари бемисли нонпазии занону модарони тоҷик, ки Ҳабибулло аз он илҳом гирифта, бо номи Нони Зидеҳ шеъри пурифтихоре навиштааст, меандешам.
Касе дидаст кӯҳистони тоҷик,
Шукуҳу файзи дастархони тоҷик.
Ба сони офтоби бомдоди,
Дурахшонрӯй рӯи нони тоҷик.

Фатиру кулчаву нони расида, Чапотп даври
Рӯяш қубба чида.
Ба шир молида нон, нони варақдор,
Ҳазорон накщи мухпар офарида.


Чамани ҳамешасабзи шаҳраки Ховалинг лабрези пиру барност. Духтаракону писаракон либосхои идона бар тан, бештар дар даст гулу гулдаста доранд ва дар лабонашон табассум, ханда ва шеър меҷӯшад. Раиси Ҳукумати ноҳия Тоҷиддини Рауф бо сухани кӯтоҳи пурмаънӣ маҷлисро ҳусни ифтитоҳ бахшид. Сипас С, Табаров, А. Ҳаким, Т. Дӯстов ва ҳамсари Ҳабибулло - Софиябону пораҳо аз хотирот дар бораи шоир гуфта, парда аз рӯйи нимпайкараи Ҳабибулло бардоштанд. Мавҷи чак-чак, гулгузорӣ. Дар як лахза пояи нимпайкара гулпӯш гардид. Эҳ, Ҳабибулло, нисфи ин меҳру муҳаббатро дар зиндагиаш медид..., - мегӯям дар дил. Амали пайкарасоз ба ман чандон намефорад. Ҳабибулло ҳаргиз ин хел карахт набуд, оромиро хуш надошт, ҷӯшу хӯруш ва бебокии ҷавонӣ ҳуснбахши шеъру шахсияти ӯ буданд. Додааст бар ман табиат бачагии ҷовидон, -гуфтааст худаш. Бисёр мехостам, ки дар хамин сурат ва сифатҳо бубинам ӯро. Бехрӯз нусхаи ӯст ва агар ҳайкалсоз андоми ӯро мекашид, беҳтар буд. Э ин андешаҳо дигар чӣ лозим?. Бубинед, Ҳабибулло дар чамани Ховалинг рӯ ба рӯи мардум сари андеша нишастааст. Даста-даста, шоха-шоха гул мениҳанд хурду бузург пешаш. Ӯ дона-дона. мушт-мушт ашкрезии пайвандонро таҳаммул дорад. Писаронаш Беҳрӯзу Беҳзод паҳлӯи нимпайкараи падар ба расми хидмат рост истодаанд. Э сағира, рӯҳат ин манзараро мебинад ё не? Чй хел ачибу самимй... Ту хушбахтӣ... лек... Чӣ чора, ки зиндагӣ ҳамин хел бозиҳо дорад...- мегӯям дар дил,
- Амак, падари ман одами маишатӣ буд, - мисли Ҳабибулло табассуми нарм ба лаб, гуфт Беҳрӯз. - Дар Ховалинг ёру дӯстони зиёд дорад, аз дастархони бисёриҳо нонхӯрдааст. Мо бояд ба онҳо як пиёла чой диҳем...
- Кори ҷавонмардона мекунй, додар, - посух додам ба ӯ ва афзудам, - умеди падарону модарон аз фарзандон хамеша поси хотир аст. Маҳфили ёдбуд ва зиёфату шабнишинии оростаи фарзандони Ҳабибулло дар оғӯши Дараи Мухтор хеле дилнишину муассир буд; ҳавои тоза, шаббодаи атрогин. хониши булбулон, мохи тобону чашмакзании ситорагон ва хотироти ёру дӯстон, шеъри Ҳабибулло бо савту садои ҳофизони беҳтарини Хатлон Бобоҷон, Сураё, Файзалӣ дар он айёми ҳанӯз пурташвиш, байтбараку маъракаороии Раҷабгули Назар ва Яъқуби Ҳикматуллоҳ низ афсона менамуданд,
Лаҳзаҳои аҷибу хотирмон дар рӯзҳои ҷашни Ҳабибулло сари ҳар қадам рух медоданд. Ҳазлу шӯхиҳои сархушона ва бофтани шеърҳои пуртанз низ. Гурез писари устод Ашӯр Сафар баъди нимпайкараро кушодан омада бехи гушам ҷиддӣ мегӯяд:
- Э ака. атам дар муддати ин ҷашн фақат оби чашм мерезад.
- Барои чи? - пурсидам ташвишомез.
- Аз кори бачаҳои акаи Ҳабибулло ба риққат омадааст, - ҷавоб дод Гурез ва боз афзуд. - Куллиёт-и Ҳабиб уллоро варақзанон ба акаи Шоҳҳайдар гуфт: Шоҳҳайдар, илохо то мурдани ман ту зинда бошӣ, агане шеърҳои парокандаи маро кй ҷамъ меорад? Ака, ту бигуяш, ки бисёр ғам нахӯрад,.. Мо дар зиндагиш ҳайкалаша мегузорем... Ба сурати Гурез чашм медавонам: ҷиддист ва бо панҷааш як даста мӯи нарми рӯи чашмонаш хамидаро боло мебардорад. Ва нигоҳам ба устод Ашӯр Сафар, ки дар ҷои соярӯшани таги дарахти гелос нишастааст, меафтад. Андешаманд аст. Эҳтимол мисли ман ва шояд дигарон нангу номус ва ҷавонмардии фарзандонро дар оянда пеши рӯ меорад. Оромиши рӯҳу ҷони инсон, балки армон ва орзуи ҳар падар ақлу заковат ва фаросату ҳиммати фарзанд аст. Аз ин ҷиҳат, рӯҳи дӯсти шоири мо, Ҳабибуллои ҷавонмарг, бешубҳа аз чавонмардии писарон ва эҳтироми ҳамдиёрон шоду қаноатманд хоҳад шуд. Оре, Ҳабибулло ҳамеша сарҷамъӣ, сидқу вафо, пайванд кардани дилҳо ва сӯҳбату маҳфилҳои зеборо мепарварид. Ҷашни ӯ, ба ростӣ, ба ҳамоиши дӯстиву бародарии фарзандони суханвари саросари Точикистон табдил ёфт, ки алҳол барои таҳкими сулҳу ободии Ватан хеле зарур аст.

дигар >>