Мирзо Турсунзода ҳам фарзанди замони худ буд. Ӯ солҳои сиюм ба майдони адабиёти тоҷик по ниҳод. Пеш аз ҳама, ҳунару истеъдоди баркамоли табиии шоирӣ дошт, вале тақрибааш ҳанўз хеле кам буд. Ӯ дар солҳои пасин ба асарҳои дар ин давра эқодкардааш аз назари танқид нигоҳ карда, чунин мегўяд: «Як ваҳтҳо шеър навиштан барои ман осон буд, имрўз бошад, он шеърҳои кўҳҳнаамро иш-тиёҳи хондан надорам. Чаро чунин ҳолат ба миён омадааст Барои он ки бисёр шеърҳои пешинаи ман самимона навишта шуда бошанд ҳам, лекин ман дар онҷо тақрибаи аз ҳаёт андўхтаи худро ошкор насохтаам. ҳаёти ҳақиқиро нишон надода, танҳо тасаввуроти умумиро дар бораи он ба калам додаам».
Суханҳои Мирзо Турсунзода ба маҷмўаи нахусти ӯ, ки «Байроҳи зафар» ном дошт ва соли 1934 ба табъ расида буд, тааллуқ доранд. Дар ин маҷмўа шеъру достон, ҳикояю очеркҳое, ки нависанда дар он солҳо эҷод карда буд, гирд оварда шуда буданд. Бо вуҷуди он ки асарҳои дар ин маҷмўа воридшуда навмашҳона буданд, дар онҷо рўи замон, мавзўъҳои муҳими ҳаёти халқ ва кишвар, аз қабили барқароркунии хоҷагии қишлок, озо дин занон, мактабу маориф ва бахусус тасвири зебоиҳои Ватан ва амсоли ин?о инъикос ёфта буданд. Бо камоли боварӣ метавон гуфт, ки ҳанўз аз ҳамон давра дар эҷодиёти шоир мавзўи Ватан ва ватандўстӣ мавқеи калон дошт.
Онҳо аз худшиносӣ ва ҳисси ифтихори миллии шоири ҷавон дарак медоданд. Ин мазмун дар шеъри «Чаманистон» хеле самимӣ, бо обуранги шоирона ба калам дода шудааст:
Боғу чаману баҳори ишқам.
Фазлу хунарам Ватан, туй, ту!,
Созу зафарам Ватан, туӣ, ту!
Эй хурраму сабз боғу бўстон,
Эй машъали Шарҳ-Тоқикистон!
Эҷодиёти адибони бузурги форсу тоҷик барои адиб мактаби омўзиш буданд. Шоир ин рўзҳоро ба ёд оварда баъдтар чунин ибрози назар кардааст: «Дар болои сухан меҳнат кардан кори хеле мураккаб аст. Дар ин маврид ба нависанда омўхтани забони зиндаи халқ ва асарҳои классикони мо кўмаки зиёд мерасонанд. Танҳо эҷодкорона омўхтан манфиатбахш аст, на нусхабардории кўркўрона. Образу фикрҳои дигаронро аз худ накарда сухандонӣ ва сухансанӯии ҳайратангез, бойгарӣ ва зебоии забон, образҳои равшану дурахшон ва талаботи эстетикиро, ки ҳама хоси классиконанд, бояд эҷодкорона омўзем».
Дар суханони устод Турсунзода илова бар он чизе, ки дар боло гуфтем, боз як масъалаи муҳими дигар зикр ёфтааст. Яъне шоир дар баробари омўхтани адабиёти классикӣ донистани забони зиндаи халқро барои эҷодкор зарур медонад. Ва худ аз пайи омўзиши он мешавад. Ҳамин тавр, омўзиши ин ду сарчашмаи муҳим барои шоир, ки сахт ниёз дошт, самар дод, қаламаш бурро ва фикраш расо гашт. Хонанда ин тағйироти куллиро дар эҷодиёти солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба хубӣ эҳсос карда метавонад.
Вале нишона?ои аввалини ин дигаргунӣ ҳангоми эҷоди достонҳои нахустини шоир «Офтоби мамлакат» ва «Хазон ва Баҳор» ба чашм мерасад. Мавзўи ҳар ду асар ба масъалаҳои рўзмарра - кору зиндагӣ, талошу ҷоннисории деҳқонону пахтакорон ба хотири сохтмони ҷомеаи нав бахшида шудаанд. Достони «Хазон ва Баҳор» ба тарзи маснавӣ дар вазни достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Низомӣ иншо шудааст. Санъати тазоду муқобала асоси асарро ташкил додааст. Яъне муқобилгузории ду сохт, ду замон мавзўи достон қарор ёфтааст. Шоир ҳаёти вазнини камбағалон, дар зери асорати ғуломӣ будани занонро нишон медиҳад. Дар анҷоми достон амиру саркардагони онҳо мағлуб шуда, қаҳрамони асосии достон - Саттор ҷолиб мебарояд. Дар достон адиб мубориза баҳри ҳаёти Фирӯз ва ишқи поки ду ҷавон - Раъно ва Сатторро хеле ҷолиб инъикос намудааст.