Аслӣ

Ёднома

Наворҳо

    Тарҷумаи ҳол

    Шеърҳо

    Осорхона

      Санаҳои ҳаёт

      Аксҳо

      Алоқа бо мо
       Мероси адабӣ

       Cурудаҳо

       Китоби дархостҳо





Тарҷумаи ҳол

      Мирзо Турсунзода дар деҳаи хушманзараи Қаротоги водиӣ Ҳисор ба дунё омадааст, таваллуди Мирзо барои усто Турсун беҳад хурсандӣ овард. Ў писари ягонаи падар буд. Маҳаллаи онҳо Чармгарон ном дошт ва хонаи усто Турсун дар ҳамин мавзеъ, дар лаби рўд ҷой гирифта буд. Мирзо солҳои кўдакиашро ёд карда мегўяд: «Падарам бисёр мехост, ки ман босавод шавам». Аз ин хотир Мирзо аз 6 –солагиаш ба мактаби кўҳна меравад ва диққати ўро афз хурдӣ зебоии манзараҳои гирду атрофи кўҳсорон, бозиҳои ҳархелаи бачагони деҳa ба худ ҷалб мекард. Аз он ки Мирзо писари ягонаи падар буд, усто Турсун ўро баъди дарс ҳар ҷое, ки мерафт, ҳамроҳ мебурд. Ў бачаи зираку хушзеҳн буда, чизи шунидаашро дар хотираш нигоҳ медошт. Соли 1920 ба сари Мирзои хурдсол мусибати вазнине омад. Модараш аз касалии вабо вафот намуд: «Ин рўзи ҳамангез, мегўяд шоир, як умр дар лавҳаи хотирам наҳш баст».

Тифл мондам аз ту, модар, рӯйи ту дар ёд нест,
Қомати ту, чашми ту, абруйи ту дар ёд нест.
Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар,
Чунки то имрӯз модар кӯйи ту дар ёд нест...

Усто Турсун бошад, хонаашро «бехосият» гуфта, соли 1921 ба гузари Шўробдара кўчид. Бинобар ин то соли 1925 таҳсили минбаъдаи шоир дар масҷиди Ҳоҷӣ Юсуф, ки дар ҳамон гузар воқеъ буд, давом мекунад. Мирзо, ки аз мактаби кўҳна саводи хуб гирифта буд, пас аз барқарор шудани ҳукумати Шўравӣ ба мактаби нав дохил шуд ва бомуваффақият таҳсилашро давом дод. «Таҳсили ман дар мактаби нав дер давом накард, мегўяд ў. Ман ва ду рафиқи шарикдарсам хондан, навиштан ва ҳисоб карданро зуд азхуд намудем. Бинобар ин дигар нишастан ҳамроҳи онҳое, ки нав ба хондани алифбо шурўъ карда буданд, бароямон дилгиркунанда намуд. Ва мо қарор додем, ки ба Душанбе равем». Солҳои 1926-1927 таҳсили Мирзо дар интернат ва техникуми педагогии шаҳри Душанбе давом мекунад. Дар ин давра ҷаҳонбинии фикрию сиёсиаш баланд гардида, бо роҳхати Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба Дорулмуаллимини (Институти муаллимтайёркунӣ) шаҳри Тошканд фиристода мешавад.Мирзо Турсунзода солҳои 1927-1930 дар институт таҳсили илм намуда, соҳиби дониши пурраи омўзгорӣ мегардад.
      Соли 1930 Институти муаллимтайёркунии шаҳри Тошкандро хатм намуда, ба Душанбе меояд ва дар рўзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ба вазифаи мудири шўъбаи оммавӣ ва баъдтар котиби масъул кор мекунад. Рўзнома дар мукаммалшавии дониши адиби ҷавон кўмаки калон мерасонад.Аз соли 1935 дар вазифаҳои сардори мудирияти корҳои санъати Тоҷикистон ва аз соли 1946 то охири умраш вазифаи раиси правленияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро адо кардааст.
      Ў дар бадали сию як соли фаъолияти кориаш чун арбоби барқастаи давлатию ҷамъитӣ ба бисёр мамлакатҳо сафар намуда, доир ба дўстию рафоқат, муҳофизати сулҳ саъю кўшиши зиёде кардааст. Мирзо Турсунзода моҳи сентябри соли 1977 дар шаҳри Душанбе вафот кардааст. Дар маросими дафни ин марди бузург дўстон, ҳамкасбон аз ҳар гўшаю канори дунё иштирок карданд, ашки ҳасрат рехтанд.
      Ҷасади шоирро дар яке аз баландиҳои шаҳри Душанбе – теппаи Лучоб ба хок супориданд ва минбаъд ин теппа бо номи «Марқади Турсунзода» маъруф гардид.
      Мирзо Турсунзода ба чандин ордену медалҳои ҳукуматӣ кадр шудааст. академики АИ Тоҷикистон (1951), Шоири халқии Тоҷикистон (1961), Қахрамони меҳнати сотсиалистӣ (1967) ва барандаи ҷоизаҳои бисёри давлатию байналмилалӣ гардид. Ҳукумати давр баъди марг як ноҳияву як донишкада ва хиёбонеро ба номаш гузошт, ҳайкалҳо сохт, ҷоизаҳо ва идрорпулӣ таъсис дод. Моҳи майи соли 2001 ба муносибати 90–солагии зодруз ба шоир унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.

Башумо бештар кадом
шеъри Устод маҳкул аст?

Дустонро гум макун
Ошёнаи баланд
Дили мадар
Баҳория
Нонреза


Натиҷа
Дустонро гум макун- 4
Ошёнаи баланд- 5
Дили мадар- 3
Баҳория-
Нонреза- 5

Can't delete old sess