СИТОРАИ МАНШаб надидам туро, Ситораи ман, Шўълавар дар ҳаво, Ситораи ман! Дар ҳисоби ситораҳои фазо Бе ту кардам хато, Ситораи ман. Саҳар омад, баро, Ситораи ман. Саҳари пурсафо, Ситораи ман! Бо умеди саҳар нишастам ман, Дида аз роҳи ту набастам ман, Гардани хобро шикастам ман, Дар вафо устувор ҳастам м ан. Саҳар омад, баро, Ситораи ман, Саҳари пурсафо, Ситораи ман! Пахта дар интизори чидани туст, Шавқманди гарав буридани туст, Ман ҳаводори эътибори туам, Дил ба уммеди сер дидани туст. Саҳар омад, баро, Ситораи ман, Саҳари пурсафо, Ситораи ман! |