Аслӣ

Ёднома

Наворҳо

    Тарҷумаи ҳол

    Шеърҳо

    Осорхона

      Санаҳои ҳаёт

      Аксҳо

      Алоқа бо мо
       Мероси адабӣ

       Cурудаҳо

       Китоби дархостҳо

ҲАМИН КОФИСТ


Туро сад бор гуфтам, ки ғуломат ман, ҳамин кофист,
Фидои як каломат, як саломат ман, ҳамин кофист.
Навиштам, пахш кардам мўҳр, мондам даст бе гуфтор
Ҳаётамро, мамотамро ба номат ман, ҳамин кофист.
Ту донӣ феълу атвори ғуломон шўру исён аст,
Шикастан, пора кардан кундаву занғири зиндон аст,
Чу рўди кўҳ ҷўшида, хурўшида бурун рафтан
Зи қаъри тангно омоли озодипарастон аст.
Вале ман он ғуломам, ки на исён мекунам, на шўр,
На бо ту мекунам ҷангу на аз ту мешавам ман дур.
Ҳамеша бо ту механдам, Ҳамеша бо ту мегирям,
Агар хоҲӣ ту ман ҳечу агар хоҳ ту ман машҳур.
Вафо кун, гуфта будӣ, ман вафо кардам, ҳамин кофист.
Диламро дар вафо обу адо кардам, ҳамин кофист.
Агарчи ибтидои ошиқон дар ишқ ҳар ранг аст,
Вале бо номи ту ман ибтидо кардам ҳамин кофист,

Башумо бештар кадом
шеъри Устод маҳкул аст?

Дустонро гум макун
Ошёнаи баланд
Дили мадар
Баҳория
Нонреза


Натиҷа
Дустонро гум макун- 4
Ошёнаи баланд- 5
Дили мадар- 3
Баҳория-
Нонреза- 5

Can't delete old sess