ДАРДИ МАН БОЛО ГИРИФТБе ту танҳоӣ кашидам, дарди ман боло гирифт, Дид ранги ман табибу дар бари ман ҷо гирифт. Ёри бепарвои ман аз ман хабардорӣ накард, Гарчи дуди оҳи оташбори ман дунё гирифт. Аз шукуфтанҳои гулҳо боғҳо гулгун шуданд, Ғунчаи уммеди ман як гўшаи саҳро гирифт. Оншқӣ, эй дардмандон, дарди бедармон будаст, Оташи сўзони ҳиҷрон дар дилам маъво гирифт. Аз яке пурсон шудам, ки ёри ман бе ман чӣ кард, Гуфт бе ту бо дигарҳо соғару мино гирифт. Дил тапидан дошт аз тафси даруни синаам, Рафт ором аз насими соҳили дарё гирифт. |