БАҲОРИЯБаҳор омад, садои булбул омад, Насими фораму бўи гул омад. Либоси сабзро саҳро ба бар кард, Кулоҳи сап-сафед олу ба сар кард. Пас аз боридани борони найсон Чӣ зебоянд дашту кўҳсорон. Баҳор омад, чаман гулпўш омад, Дили мо баччагон дар ҷўш омад, Давидему ба сўи боғ рафтем, Ҳама монанди гул болида гуфтем: Дарахти нав ба боғи нав шинонем. Дарахти себу шафтолу расонем. Ба боғи мо дарахти нок рўяд, Анори лоларангу ток рўяд. Ҳамон соле, ки онҳо бор оранд, Ба мо хурсандии бисёр оранд. Мичуринвор бояд ҳар ҷавоне Намояд кашф сирри боғбонӣ. |