Аслӣ

Ёднома

Наворҳо

    Тарҷумаи ҳол

    Шеърҳо

    Осорхона

      Санаҳои ҳаёт

      Аксҳо

      Алоқа бо мо
       Мероси адабӣ

       Cурудаҳо

       Китоби дархостҳо

ЗАМИН


Дар фазо парвоз кардам гарчи аз рўи замин,
Чашмро аммо намекандам ман аз сўи замин.
Бо ситора ҳамнишин, бо моҳ гаштам ҳамнафас,
Лек будам сархушу сармаст аз бўи замин.
Бори аввал дар замии сар шуд тапиданҳои дил,
Бо умеди зиндагӣ заҳматкашиданҳои дил.
Тўшаи раҳро ба дўши хештан бардошта,
Сабру тоқатро дадониста давиданҳои дил.
Зинда кардам дар замин ман шўълаи хомўшро,
Бо сухан дар ҷўш овардам дили беҷўшро,
Ман ба ҳар як тифли аз модар ба дунё омада,
Боз кардам аз сари сидқу вафо оғўшро.
Бо замин, бигзор, ки пайванд бошад пои ман,
Дар замин, бигзор, ки бошад муҳаррар ҷои ман.
То абад, бигзор, бошад шўълафкан, шўълабор
Он чароғе, ки фурўзон гашт дар маъвои ман.

Башумо бештар кадом
шеъри Устод маҳкул аст?

Дустонро гум макун
Ошёнаи баланд
Дили мадар
Баҳория
Нонреза


Натиҷа
Дустонро гум макун- 4
Ошёнаи баланд- 5
Дили мадар- 3
Баҳория-
Нонреза- 5

Can't delete old sess