ИЛОҲАМ ЧИСТТ уро ман ёд кардам кӯҳсори ман, илоҳам чист, Шудам дур аз канори ту диёри ман, илоҳам чист. Дар атрофам замини регзори бесамар дидам, Гули ман, бӯстони ман, баҳори ман, илоҳам чист. Гузар доранд аз ҳар сўй одамҳои бегона, Куҳо монданд он хешу табори ман, илоҳам чист. Илоҳии ман ягона бозгаштан бар Ватан бошад, Шабу рўзе шуд ин мақсад шиори ман, илоҳам чист. Ватан бо ман набуду буд бо ман дар сафарҳоям Ғурури кишвари ман, ифтихори ман, илоҳам чист. Ватанро ёд кардам ҳар замон дар хеш печидам, Баромад оби чашми интизори ман, илоҳам чист. |