НОНРЕЗААз замин нонрезаҳоро чида мемолам ба чашм, Нони гарми меҳнатиро дида мемолам ба чашм. Чунки ман ҳам дар замони худ даравгар будаам, Хўшачину боғбанду дос дар бар будаам. Гўш мекардам суруди марди хирманкўбро, Мешунидам зарбҳои говрона—чўбро Побараҳна, дилгурусна сар-сари кўҳу адир, Хўрҷин дар китф мегаштам чу як марди фақир, Рўзу шаб чун коҳҳои монда дар саҳро будам, Дар парешонӣ чу боди бесару бепо будам. Нонвои шаҳр меояд кунун дар пушти дар, Нони гарми хешро бардошта вақти саҳар, Кўчаҳоро пур кунанд аз бўи нони ширмол, Пур кунад хони арўсон дар шаби тўи висол. Хўшаҳо дар киштаҳо вақте ки сар хам мекунанд, Шодию хурсандии хурду калон зам мекунанд. Аз замин нонрезаҳоро чида мемолам ба чашм, Дидаву санҷидаву болида мемолам ба чашм. |