ОҲАНРАБОI
Ин қадар дар дилписандӣ дилписандастӣ, Ватан, Дар сари тасвири ҳуснат кас намеёбад сухан, ҳеҷдар дунё надорад рангу бўятро чаман, Аз ту дар осоишу роҳат бувад ҷон дар бадан. Чунки инсонро фазои дилкушо гардидаӣ, Халқ чун оҳан ту чун оҳанрабо гардидаӣ. II Аз бароят ҷон диҳад инсон агар, арзанда?! Синаро созад ба ҳифзат гар сипар, арзанда?! Дар адои хизматат тозад ба сар, арзанда?! Аз сарат пошанд мардум симу зар, арзанда?! Чунки инсонро фазои дилкушо гардидаӣ, Халқ чун оҳан, ту чун оҳанрабо гардидаӣ. |