Аслӣ

Ёднома

Наворҳо

    Тарҷумаи ҳол

    Шеърҳо

    Осорхона

      Санаҳои ҳаёт

      Аксҳо

      Алоқа бо мо
       Мероси адабӣ

       Cурудаҳо

       Китоби дархостҳо

БОЗГАШТ


Чун ниҳодам пои худро бар сари хоки Ватан,
Борҳо бўсидам аз рухсараи поки Ватан.
Муддате будам агарчи дур, аммо ёди он
Мевазонидам ба сар боди фараҳноки Ватан.
Хешро мебинам акнун боз дар оғўши ў,
Боз мехонам суруди тозае дар гўши ў,
Боз мегирам нафас ман аз ҳавои беғубор,
Боз менўшам ман об аз чашмаи пурҷўши ў.
Шодам, аммо мехўрам ғамҳои халқи дигаре,
Дар назар меоварам тароҷгашта кишваре,
Халқи Ҳиндуи ситамкашро расон аз мо салом,
Эй суруди ман, агар дорӣ ту ҳ0ам болу паре.
Ман аминам, мерасад ҳар як садои мо ба ў,
Ҳар як овози пур аз меҳру вафои мо ба ў,
Кўҳсорон ҳеҷ натвонанд садди раҳ шаванд,
Мебарад бўи муаттарро ҳавои мо ба ў.

Башумо бештар кадом
шеъри Устод маҳкул аст?

Дустонро гум макун
Ошёнаи баланд
Дили мадар
Баҳория
Нонреза


Натиҷа
Дустонро гум макун- 4
Ошёнаи баланд- 5
Дили мадар- 3
Баҳория-
Нонреза- 5

Can't delete old sess