ШЕЪРИ МАНШеъри ман! Хуни ҷигар, ё пораи дил гўямат, Ё шитоби корвон дар роҳи манзил гўямат, Ё хурўҷи мавӣ дар домони соҳил гўямат, Роҳатат аз ҳад зиёду заҳматат з-он бештар, Мухтасар сар то ба по савдои мушкил гўямат. Аз ту омад гар табассум дар лабе, таҳсин туро, Рафт хоб аз чашми муштоҳон шабе, таҳсин туро, Зистӣ бо мақсаде, бо матлабе, таҳсин туро, Гар нишастӣ соате дар сўҳбати ёри азиз, Шодмон кардӣ диле бо як гапе, таҳсин туро. Рўзу шабҳоро паси сар карда, хидмат мекунӣ, Ҷон фидои номи дилбар карда, хидмат мекунӣ, Аз арақ пушти лабат тар карда, хидмат мекунӣ, Гўш нандозад ба фарёдат агар бераҳм ёр, Аз фиқон гўши фалак кар карда, хидмат мекунӣ. Гар даме хомўш монӣ, шўру исён мекунам, Баҳрҳоро ман ба ҷўш оварда, тўфон мекунам, Кўҳро зеру забар аз зарби вулқон мекунам, Гар ту ёбӣ лоиҳи ҳусни нигорам як сухан, Кишвари дилҳои мардумро гулистон мекунам. Шеъри ман! Медонамат зебо саманди ман туӣ, смони беҳубори дилписанди ман туӣ, Рўзи майдон беамон тиру каманди ман туӣ, Дуртар, болотар аз арзу само парвоз кун, Чунки танҳо кавкаби бахти баланди ман туӣ. (Соли-1972) |