Аслӣ

Ёднома

Наворҳо

    Тарҷумаи ҳол

    Шеърҳо

    Осорхона

      Санаҳои ҳаёт

      Аксҳо

      Алоқа бо мо
       Мероси адабӣ

       Cурудаҳо

       Китоби дархостҳо

МОДАРАМ


Тифл мондам аз ту, модар, рўи ту дар ёд нест,
Қомати ту, чашми ту, абрўи ту дар ёд нест.
Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кўю дар,
Чунки то имрўз, модар, кўи ту дар ёд нест.
Рафтам, аз занҳои пири деҳа кардам ҷустуҷў,
Рафта бо санги мазори ту намудам гуфтугў,
Гўш кардам, рафта ҳар як ҷунбиши шохи дарахт,
Бо гиёҳу сабзаҳои дашт гаштам рў ба рў,
Рўд мегуфтам, ки ў оби маро нўшида буд,
Кўҳ мегуфтам, ки дар оғўши ман кўшида буд,
Ҳўза мегуфтам, ки карбоси маро пўшида буд,
Доя мегуфтам, ки бо ман шири гав дўшида буд.
Чашма мегуфтам,
ки омад кўза бар сар пеши ман,
Хор мегуфтам, ки пояш кард захмин неши ман,
Барқ мегуфтам, ки аз ман буд чашмаш дар гурез,
Абр мегуфтам, ки буд дар гиря кардан хеши ман.
Шаҳд дар комаш ҳамеша талхтар аз заҳр буд,
Ҳам шариат, ҳам тариқат сарвари бадқаҳр буд.
Модари бечораи ту мухтасар сар то ба по.
Як зани н-осудяю як муштипар дар даҳр буд.
Як зани дигар, Ки дар деҳ беш аз сад сол дошт,
-- Модарат , --мегуфт ў, --дар кунқи лаб як холл дошт.
Кулчарў , занҷирмў, дар қадду қомат чун ниҳол,
Гар саволе ояд аз мулло забони лол дошт.
Модарам, дар ёди ту гашту гузоре мекунам,
Баҳри меҳри ту дили худро мазоре мекунам,
Хизмати шоиста бар ёру диёре мекунам,
Назми худро бар сари қабрат шиоре мекунам.
Дўст дорам, модарам, бо ёди ту қишлоқро,
Рўдҳои нуқрагуну нилгун офоқро,
Ҷилвагар дар боми мактаб лолагун байроқро,
Ҳамзамон қишлоқиёни дар муҳаббат тоқро.
Шеър гўям, ояд аз шеърам садои модарам,
Деҳа гўям, бар сарам ояд ҳавои модарам,
Солхўрда гар зане рўзе дучор ояд ба ман,
Гўямаш, ки бош, то ҳастам, ба ҷои модарам.
(соли - 1966)

Башумо бештар кадом
шеъри Устод маҳкул аст?

Дустонро гум макун
Ошёнаи баланд
Дили мадар
Баҳория
Нонреза


Натиҷа
Дустонро гум макун- 4
Ошёнаи баланд- 5
Дили мадар- 3
Баҳория-
Нонреза- 5

Can't delete old sess