Аслӣ

Ёднома

Наворҳо

    Тарҷумаи ҳол

    Шеърҳо

    Осорхона

      Санаҳои ҳаёт

      Аксҳо

      Алоқа бо мо
       Мероси адабӣ

       Cурудаҳо

       Китоби дархостҳо

ХОНАИ МО ОНҚАДАРҲАМ ДУР НЕСТ


I
Гуфта будӣ ин,
ки меҳмон мешавӣ,
Дар тани ҷонпарварон ҷон мешавӣ.
Рўзу шабҳо интизорам ман ҳанўз,
Бо дили уммедворам ман ҳанўз.
Канда шуд дар роҳи ту чашмони ман,
Кай ту меоӣ
Биё, ҷонони ман!
Хонаи мо он қадар ҳам дур нест,
Гарчи дар чашми шумо манзур нест.
II
Ҳар ду дар як шаҳри нав сабзидаем,
Ҳар ду онро ҷону дил бахшидаем.
Шаҳри мо монанди боғу гулшан аст,
Манзили сайру тамошо кардан аст.
Сўи мо гар бо суроғе меравӣ,
Аз миёни кўчабоғе меравӣ.
Хонаи мо он қадар ҳам дур нест,
Гарчи дар чашми шумо манзур нест.
III
Менамоям ёду меҷўям туро,
Бевафо, бераҳм мегўям туро.
Хуб мешуд, ки ту ҳам ёде кунӣ,
Ёд аз мо бо дили шоде кунӣ.
Гарчи то имрўз будӣ камнамо,
Баъд аз ин инсоф кун, ҷонам, биё!
Хонаи мо он қадар ҳам дур нест,
Гарчи дар чашми шумо манзур нест.
(Соли - 1948)

Башумо бештар кадом
шеъри Устод маҳкул аст?

Дустонро гум макун
Ошёнаи баланд
Дили мадар
Баҳория
Нонреза


Натиҷа
Дустонро гум макун- 4
Ошёнаи баланд- 5
Дили мадар- 3
Баҳория-
Нонреза- 5

Can't delete old sess