ЭЙ ТАБЪИ ОТАШБОР (Ба устод Айнӣ)Хома то фармонбарат, эй табъи оташбор, шуд, Рў ба зидди боргоҳу даҳшату дарбор шуд. Фош кард ў ҷилаву асрори макри душманон Хонумонсўзи адўву ҷуббаву дастор шуд. Ў ба дунёи куҳан монанди шер исён намуд Дасти мазлуми ситамкашро гирифту ёр шуд. Духтари тоҷик то бишнид арзи хомааш, Чеҷрааш хандону рахшон чун рухи Гулнор шуд. Гашт дармону давои дарди ҳар бечорае Лек теғе бар гулўи душмани маккор шуд. Ҳар нидои ў чунин парвоз дорад сўи Шарқ Ҳоли сайёдони Ҳинду Чин аз он душвор шуд. Бин, чи сон дар рўзҳои ҷашни устоди бузург Ранҷбар бо ў қарини сўҳбати дидор шуд. |