ДЎСТОНРО ГУМ МАКУНТо тавонӣ дӯстонро гум макун, Дўстони меҳрубонро гум макун, Дар ҷаҳон бедӯст будан мушкил аст, Мушкилосонкун касонро гум макун, Дўстро аз дӯст, ҷонам, фарқ кун, Дўсти пайванди ҷонро гум макун, Чашмаи илҳоми мо халқ асту бас, Халқи машҳури ҷаҳонро гум макун. Зинати боғ аз гули хандон бувад, Мисли гул хандонлабонро гум макун. Дўст ояд, гарм дар оғўш гир, Расми хуби тоҷиконро гум макун. Халқи олам дўст бо мо гаштааст, Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум.макун. |