Аслӣ

Ёднома

Наворҳо

    Тарҷумаи ҳол

    Шеърҳо

    Осорхона

      Санаҳои ҳаёт

      Аксҳо

      Алоқа бо мо
       Мероси адабӣ

       Cурудаҳо

       Китоби дархостҳо

ШОИРО


Шоиро, аз сӯхтан дорӣ хабар,
Пас макун аз оташи сўзон ҳазар.
Сўхтан пўлоду одам офарад,
Аз шарора тоза гулхан офарад.
Пурҳарорат гар намешуд офтоб,
Зйндагӣ мегардад аз сармо хароб.
Бе ҳарорат санг буду дил, набуд,
Дилкушою пурсафо манзил набуд.
Бе ҳарорат не дамидан буд расм,
Не, шукуфтан, не расидан буд расм.
Бе ҳарорат дар лабонат ханда нест,
Хандаи чун машъали тобанда нест.
Шоиро, аз. сўхтан ҳаргиз манол,
Сўхтанро дўст медорад висол.
То насўзӣ, сохтан мушкил, бувад,
Дил ба ҷонон бохтан мушкил бувад.
Шеър ҳам бояд занад фавворае
Аз танўри дил чу оташпорае,
Сар занад аз дил, ба дил коре кунад,
Нармтар сангин дили ёре кунад.
Ёр донад, ки чӣ бошад, сўхтан,
Дар вафодорӣ сабаҳ омўхтан.
Шоиро , аз сўхтан дорӣ хабар,
Пас макун аз оташи сўзон ҳазар!

Башумо бештар кадом
шеъри Устод маҳкул аст?

Дустонро гум макун
Ошёнаи баланд
Дили мадар
Баҳория
Нонреза


Натиҷа
Дустонро гум макун- 4
Ошёнаи баланд- 5
Дили мадар- 3
Баҳория-
Нонреза- 5

Can't delete old sess