Аслӣ

Ёднома

Наворҳо

    Тарҷумаи ҳол

    Шеърҳо

    Осорхона

      Санаҳои ҳаёт

      Аксҳо

      Алоқа бо мо
       Мероси адабӣ

       Cурудаҳо

       Китоби дархостҳо

ОШЁНИ БАЛАНД


Ошён гар мегузорӣ, дар баландиҳо гузор,
Дар баландиҳои кўҳи сарбаланди мо гузор.
Осмон дар гунбади сабзаш агар ҷоят диҳад,
Ошёни фикри дурандеш дар он чо гузор.
Нестӣ ту булбули чўли, ки афғон сар кунӣ,
Чашмро бо камтарин ашки надомат тар кунй,
Бевафоии гули хори биёбон дидаву
Манзили худро нишемангоҳи ғору ҷар кунӣ,
Ошён гар паст бошад, бод вайронаш кунад,
Бачча ҳам бозичаи санги фалахмонаш кунад.
Гурбаи мискин, ки умре дар ғами болу пар аст,
Чўҷаҳои навпаратро роҳати ҷонаш кунад.
Дуртар парвоз кун аз лона — аз ҷои баланд,
То ки парвози ту ояд дўстдоронро писанд,
То ба сўят чашми ҳайрат дўхта, гўяд Ватан:
«Эй, хушо гаштаст фарзанди азизам арҷманд».
Гар кунӣ парвоз, парвоз аз уқобон ёд гир,
Аз давиданҳои аспи рўзгорон ёд гир,
Хоҳ гирйӣ, хоҳ хандқ, чун баҳорон сабз бош,
Чанги раҳро шустан аз борони найсон ёя гир.
Гар кунӣ парвоз бо ёди падар парвоз кун,
Бобҳои тозаро дар пеши рўят боз кун.
Гулханеро, ки падарҳо дар раҳат афрўхтанд,
Машъали тобандаи дастони пурэъҷоз кун.
Ошён гар мегузорӣ, дар дили инсон гузор,
Аз раҳи меҳру вафову аҳди бепоён гузор,
Нест чунки ҳеҷ чизе аз дили инсон баланд,
Ошёни меҳри худ дар маҳз-маҳзи ҷон гузор,

Башумо бештар кадом
шеъри Устод маҳкул аст?

Дустонро гум макун
Ошёнаи баланд
Дили мадар
Баҳория
Нонреза
Шумо баҳо додед!!!


Натиҷа
Дустонро гум макун- 4
Ошёнаи баланд- 5
Дили мадар- 3
Баҳория-
Нонреза- 5

Can't delete old sess