ДАСТИ МОДАРБо ҳамон дасте, ки чодар сўхтӣ, Гулхани шаъну шараф афрўхтӣ, Бо ҳамон дасте, ки боғ оростӣ, Кишвари гул-гул шукуфон хостӣ, Бо ҳамон дасте, ки манзил сохтӣ, Қасрҳову кўшкҳо андохтӣ, Бо ҳамон дасте, ки дар рўи замин Бахтро кардӣ ба фарзандат қарин, Бо ҳамон дасте, ки кардӣ интихоб Дилпурона давлати олиҷаноб, Бо ҳамон дасте, ки шабҳои дароз Чашми шаҳло карда во аз хоби ноз, Аллагўён тифлро хобондаӣ, То саҳар гаҳворааш ҷунбондаӣ. Бо ҳамон дасте, ки ширам додаӣ, Сўям оғўшат калон бикшодаӣ, Бо ҳамон дасте, ки дастам доштӣ, Дасти шафҳат бар сарам бигзоштӣ, Бо ҳамон дасте, ки шодам борҳо Пок кардӣ ашки чашмони маро, Бо ҳамон дасте, ки гул бў кардаӣ, Шонаро бар кокулу мў кардаӣ, Сўи фатҳи тоза кун аз сидҳи дил Кафзанон фарзандҳоятро гусел! |