Аслӣ

Ёднома

Наворҳо

    Тарҷумаи ҳол

    Шеърҳо

    Осорхона

      Санаҳои ҳаёт

      Аксҳо

      Алоқа бо мо
       Мероси адабӣ

       Cурудаҳо

       Китоби дархостҳо





Ёдномаи Мирзо Турсунзода

Николай Тихонов


Имрӯз Тољикистони сотсиалистӣ рӯҳбаландона зиндагӣ дорад ва ҷустуҷӯҳои онро эҷодкориҳои гуногунранг хос аст. Республика соҳиби устодони пурҳунарест, ки дар шаҳру саҳрову кӯҳҳо корнамоиҳо нишон медиҳанд. Дар унверистети Душанбе бештар аз 30 ҳазор нафар студент таҳсил мекунад. Олимон дар ҳамаи соҳаҳои илм кори тадқиқотӣ мебаранд ва ба амалӣ гардидани револютсияи илмию техникӣ дар республика мусоидат карда меоянд.
Дар дараи Пулисангин, ки аз Душанбе чандон дур нест, дар дарьёи Вахш бузургтарин иншооти Осиёи Миёна ГЭС–и Норак сохта мешавад. Ҳамроҳи ин мӯъҷиза шаҳри нави Норак, шаҳри ҷавонӣ тавлид ёфтааст, зеро худи сохтмон зарбдор, сохтмони комсомолию ҷавонист.
Водиҳои аз заминҳои Мирзочӯли собиқ азхуд карда мешаванд. Обанбори Қайроққум, ки бо номи «Дӯстии халқҳо» маъруф аст ва аз Сирдарё пур мешавад, дар Шимоли Тоҷикистон васеъ доман паҳн кардааст.
Ва мисли он ки Қайроққум шаҳри ҷавонист, обанбори мазкур низ иншооти ҷавон аст. Шаҳрҳои наве бунёд карда мешаванд, роҳи оҳани бештар аз 300–километра Ёвон ва Қӯрғонтеппаро бо Тирмиз мепайвандад. Помири баландкӯҳ аз қувваи электрикӣ мунаввар аст, вай бо тамоми республика ба воситаи радио ва телефон робита дорад. Ба ҳазор нафар аҳолӣ 525 нафар касони маълумоти олидор, миёна ва миёнаи нопурра рост меояд.
Тоҷикистони имрӯза иштирокчии нақшаҳои азимест, ки дар қарорҳои съезди ХХV КПСС зеби рақам шудаанд.
Ҷӯстуҷӯҳои ҷасурона ва нав, корҳои бузурги навсозӣ дар пешанд. Зиндагӣ дар Тоҷикистон ба зинаҳои нави камолот рафта истодааст.
Халки тоҷик соҳиби истеъдодҳои мусиқӣ ва санъати театрие мебошад, ки берун аз Иттифоқи Советӣ ҳам маълуму машҳуранд. Ҳайкалтарошон ва рассомон бо илҳоми тоза асарҳои нав эҷод мекунанд, аммо дар ин ҷо бештар санъати баланди шеър ва сухани бадеиро меписанданд. Аз ин рӯ сатрҳои пурҳарорати Абдулқосим Лоҳутӣ, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, Мӯъмин Қаноат дар ин диёр басо машҳуранд ва ба дили мардум роҳ ёфтаанд. Як нафари ба доираҳои гуногуни мардум писанди ин тоифаи санъаткорони сухан Мирзо Турсунзода мебошад…
Роҳи ҳаётии Мирзо Турсунзода мураккаб ва душвор буд, аммо ӯ вайро шарафмандона тай кард. Шеърҳои офаридаи вай мисли дарёчаҳои кӯҳӣ шӯху барқосо ба ҳам омада, ба дарёи пуриқтидоре табдил ёфтанд ва ба водиҳои пурдомана расида, ҳамаи онҳоеро, ки ошиқи фасоҳат ва назокати шеъри ҳақиқӣ мебошанд, шодмонӣ бахшиданд.
Ман борҳо шоҳиди он будам, ки чи хел мардуми Шарки хориҷа шеърҳои ӯро ба ҳаяҷон ва аз самими дил мешуниданд ва офарандаашро барои хушнудии чунин мулоқот бо мамлакати дур ва дар айни замон наздики Советҳо ташаккур мегуфтанд.
Чун давомдиҳандаи анъанаҳои назми шӯҳратманди шоирони пешина Рӯдакӣ ва Ҷомӣ, ки вуҷуди эҷодҳояшонро мубориза барои инсон ташкил додааст, Турсунзода доираи мавзӯъҳоро васеътар карда, ҷустуҷӯҳои худро бо ғояҳои замон ғанӣ сохт, ба шеър образнокии баланде даровард. Шоири лирик назмро ба минбари публицистӣ бароварда, ба сифати адиби интернациолизм и пролетарӣ, ҳимоягари матини сулҳ маъруф шуд. Вай бо шеъри баланғояи худ пеши роҳи ҷангҳои нави хонумонсӯзро гирифта омад.
Аз овони бачагӣ Мирзо Турсунзода назми классикии тоҷикро меомӯхт. Боигарии шеърии сарояндагони асрҳои гузашта ӯро ба ваҷд меоварданд.
Инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябрь то Ватани ӯ– водии дурдасти Ҳисор омада расид. Ва аз ҳамон давра шоир роҳи шеърро интихобид. Ин роҳ аввал ӯро ба Душанбе, сонитар ба Институти тоҷикии маориф, ки дар Тошкент кор мекард, бурда расонд.
Бо ин роҳ Мирзо ба дунёи наву омӯхташудае, ки дилу рӯҳи ӯро мепарварид, касро ба ҳайрат ва тааҷҷуб меандохт. сафар кард. Вай бо ин роҳ ҳамеша ба кӯҳи баландтаре мебаромад ва пас аз ҳар қадами нав дар пеш қуллаи наверо дида, ба фатҳи он мешитофт. Солҳои бисёр гузаштанд ва мо акнун Мирзо Турсунзодаи узви комсомолро чун корманди рӯзномаи ҷавонон медидем. Дар ин чо аввалин маҷмӯаи шеърҳои вай бо номи «Байрақи зафар» чоп шуда баромад. Дар маҷмӯа шеърҳо дар васфи ҳаёти халқ ва тақдири таърихии он ҷой гирифтаанд.
Истеъдоди шоири ҷавон такомул меёфт ва ӯ ҳамоно пеш мерафт. Чун натиҷа вай ҳамроҳи А. Деҳотӣ драмаи манзуми «Хисрав ва Ширин»–ро офарид, аз рӯи либреттои ин ду адиби бо ҳам дӯст оҳангсоз А. Баласанян аввалин операи тоҷикии «Шӯриши Восеъ»–ро ба вуҷуд овард, ки дар Москва рӯзҳои Даҳаи санъати тоҷик намоиш дода шуд.
Ба рӯи Мирзо дари олами эҷодиёт васеъ кушода мешавад. Вай шеърҳои замонӣ менависад ва дар мавзӯъҳои таърихиву замонӣ достонҳо ба вуҷуд меоварад, ба вусъату сайқали истеъдоди вай мулоқот ва дӯстӣ бо нависандагони номӣ, сафарҳои ӯ дар мамалакат ва берун аз он мусоидат мекунанд.
Соли 1947 Мирзо Турсунзода бори нахуст ба Ҳиндустон сафар кард. Мамлакате, ки бо Тоҷикистон ҳамсоя аст, ба шоир то андозае маълуму шинос буд. Вай доир ба ин мамлакат бисёр асар хонда, сурудҳои халқии ҳиндуро, ки ҳиндуёни аз доманаҳои Ҳимолой омада месуруданд, шунида буд. Шоир силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон»–ро навишт, ки соли 1948 бо мукофоти Давлатии СССР сарфароз карда шуд.
Баъдтар китоби шеърҳо ва достонҳои ӯ дар бораи Осиё ба вуҷуд омад. Дар он шоири Шарқи Советӣ ба муқобили мустамликадорӣ ва истисмори халқҳо аз ҷониби импералистон баромад кард.
Мирзо Турсунзода дар тарҷумаи ҳоли худ навишта буд: «Ман дар мавзӯи Шарқ бисёр кор мекунам ва менависам. Махсусан ҳоли ҳозир, ки халқҳои Осиё ва Африка бо боварии қатъӣ ба роҳи озодихоҳӣ ва рафъи мустамаликдорӣ рафта, яке аз паси дигар истиқлолияти худро нигоҳ медоранд, ин мавзӯъ бештар диққати маро ба худ мекашад».
Дар шеърҳои бахшида ба Осиё офаридаи шоир ҳақиқати талхи дар давоми асрҳо истисмору шиканҷа кашидани ин халқҳо инъикос шудаст; шоир аз орзуву омоли онҳо ҳикоят мекунад, дар бораи ҳуқуқи халқҳои қитъа ба озодӣ ва пешрафти истеъдодҳо, қадр кардани обидаҳои санъате, ки дар давоми асрҳо бунёд кардаанд, кашфиётҳои бузурги илмӣ, ки ба беҳбудии тамоми инсоният нигаронида шудаанд, сухан меронад.
Дар замини Осиёи куҳан шоир ба сифати сайёҳи туфайлие қадам назадааст, балки вай ба ин ҷо чун фарзанди мамлакати озоде омада буд, ки дасти ёрӣ ба халқҳои ҳамсоя дароз мекунад, тақдири драмавии онҳоро бо тамоми амиқиаш мефаҳмад.
Дар шеъри барҷаста ва дилчаспи лирикии худ,ки ба раққосаи ба таври афсонавӣ зебову беҳамтои ҳинду Тара–Чандри бахшидааст, шоири мафтун ба санъати ин нобиғаи ҳунар чунин хитоб мекунад:

Ман аз рақси ту мафтунам,
Зи ҳолат лек маҳзунам.
Тара-Чандри,
Тара –Чандри
Макун ин қадр афсунам!
Аммо дар айни замон шоир ба ӯ мегӯяд:

Матарс аз шӯълаҳои аввалини субҳи озодӣ,
Маларз аз боди даҳшатноки тӯфон
мисли шамшоде
Умеду орзуи халқи худро дар дилат
ҷо кун,
Дили пурҳасрати онро ба мисли ғунчае
во кун.
Ту, эй фарзанди маҳбуби диёру кишвари бебахт,
Сияҳчашму сияҳабрӯ,
сияҳмӯ, духтари сарсахт!


Дар Ҳиндустон низ субҳи озодӣ дамида, мамлакати куҳан аз нав ҷон гирифт. Ва дар шеърҳои Мирзо Турсунзода образи зани озоди Осиё пайдо шуд, ки он ҳам зани хушбахту комилҳуқуқи Шарқи Советӣ буда, дар маишат ва зиндагӣ, дар меҳнат ва санъати Тоҷикистони азиз ҷои муносиби худро ишғол кардааст.
Мубориза барои озодии занон аз бузургтарин мавзӯъҳои эҷодиёти Турсунзода мебошад. Ин аст, ки мо ба ҳамаи суханҳои Мирзо Турсунзода, ки дар сари қабри модари оддию деҳқонаш гуфтааст, сидқан бовар мекунем, амиқӣ ва самимияти онҳоро равшан идрок менамоем:

Шеър гӯям, ояд аз шеърам садои
модарам,
Деҳа гӯям, бар сарам ояд ҳавои модарам.
Солхӯрда гар зане рӯзе дучор ояд ба ман,
Гӯямаш, ки бош, то ҳастам, ба ҷои
модарам!
Ҷун идомаи вассофиҳои шоирони асрҳои гузашта, ки зебоии ҳамсарони худро сурудаанд, Мирзо Турсунзода бисёр шеърҳои худро ба занони даврони мо бахшид, ақлу хирад ва назокату истеъдоди онҳоро васф кард:
Зан ба ман маълум шуд, ки офтобӣ будааст,
Кори ӯ ҳам дилбарӣ, ҳам дилхаробӣ
будааст.
Пас ҳама гӯянд, ки: «бигзор, зан бошад мудом,
Зиндагӣ бо зан хуш асту умр бо зан бардавом».

Инқилоб ба рӯи занон роҳи сӯи алами равшани меҳнат ва бахтро кушуд, роҳеро мунаввар сохт, ки бо он ҳамаи мардуми оддӣ, мардуми дар ҷаҳолат ва беҳуқуқӣ зиндагӣ карда раҳсипор шуд.
Ҳасани аробакашро аз достони ҳамноми Мирзо Турсунзода Инқилоби Октябр ба қатори инсон овард, тақдири ӯро муайян намуд ва роҳи ояндаашро нишон дод. Орзуи ҳамтақдиронаи вай, нияти шахсии ӯ ҷомаи амал пӯшиданд:

Чӯбу семент мекашонид он,
Ба бинокори сохтмони Вахш.
То канал сохта равон созанд
Обро сӯи ташнагони Вахш

Дар достонҳои Мирзо Турсунзода мисли «Духтари муқаддас», «Садои Осиё», «Чароғи абадӣ», «Ҷони ширин» истеъдоди шоир пурра тазоҳур кард. Вай образнокии зинда барин боигарии назми классикиро нигоҳ дошта, дар айни замон шеърро бо тасвирҳои реалӣ бой кард. Ташбеҳу истиораҳои нав ёфт, киноя ва юморро моҳирона истифода бурда, онро ба минбар баровард. Вай аз воситаҳои патетикӣ ва қувваи нишонраси памфлет истифода намуд.
Ба достони ӯ «Аз Ганг то Кремль» таваҷҷӯҳи махсусе мебояд.

Ман ҳасад мебарам ба марди Ҳинд,
Ки ба Ленин бигуфт дарди Ҳинд.

Роҳе, ки қаҳрамони достон– фарзанди Ҳиндустон Пратап тай кардааст, роҳи онҳоест, ки ба муқобили истисмор ва ҷаҳолат, каҷравиҳо ва нодонӣ бархостаанд, роҳест, ки охири охирон ҷӯяндаи ҳақиқатро ба Кремль, ба мулоқоти Ленин овардааст. Шоир ба ваъдаи худ вафо кардааст.

Ваъда кардам, ки достон нависам,
Васфи Ленини меҳрубон нависам.
Ман ба он ваъдаам вафо кардам,
Хуб ё бад, вале адо кардам.

Достони мазкур гӯё ба бисёр мавзӯъҳои шоир ҷамъбаст меофарад, ӯро дар либоси нави ҳимоятгари монданашавандаи сулҳ пеш меоварад. Мавзӯи сулҳ моҳияти асли назми ӯро ташкил медиҳад. Вай дар тасвири меҳнати осоиштаи бинокорони коммунизм, васфи рӯзгори тоҷикон дар замони мо, дар ашъори ишқӣ ва таҳқиқи муносибати нав ба маъшуқа, дар сатрҳои оиди замини модарӣ, ки аз нав тавлид шудаасту тухми ояндаи орому осоиштаро ба ҷаҳон мепошад, арзи андом кардааст:




Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил,
Бо тапиданҳои беорому рӯзафзуни дил,
То яроқи тез гардида ба дасти дӯстон,
Ҷангҷӯёнро кунад шармандаи рӯи ҷаҳон.

Ин мавзӯъ ва мавзӯи дӯстии халқҳо мағзи ратсионалии эҷодиёти Турсунзодаро ташкил медиҳанд. Беҳуда нест, ки дар сарҳади Покистон делегатсияи нависандагони советиро, ки ба Лоҳур барои иштирок ба конфренсияи нависандагони тараққихоҳ, раҳсипор буд, аввалин сарҳадбон бо шеърҳои шоири барҷастаи Осиё Иқбол пешвоз гирифт ва Мирзо Турсунзодаро чун шоири бузурги Шарқ, чун дӯсти кайҳо шинос ва ба дили халқҳо азиз хайра мақдам гуфт.
Мирзо Турсунзода нотиқи шӯълаваре буд. Овози ӯ дар бисёр шаҳрҳои Осиё, Европа ва Африка танинандоз гардидааст. Ӯро дар минбари конгрессу конференмияҳои байналхалқӣ, дар хаймаи бодиянишинон ва қасри роҷаҳо, дар кулбаи бамбукӣ ва хонаи гилин, дар сӯҳбати деҳқонони хориҷа ва дар саҳроҳои колхозии мамалакат дидаанд. Шоири академик Мирзо Турсунзода Раиси Комитети Советии якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африка буд. Вай яке аз аввалинҳо шуда сазовори мукофоти ба номи Ҷавоҳирлол Неҳру гардид.
Роҳбари ташкилоти нависандагони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода хитоб карда буд: « Мо, коммунистон, маданияти худро маданияти аз ҳама интернатсионалӣ мешуморем, ки аз рӯи васиятҳои Ленин ба омӯхтан ва таҳлил намудани он чи ки адабиёти ҷаҳон андӯхтааст, кӯшиш мекунем. Ҳар як нависанда бояд нағз фаҳмад, ки танҳо барои худ, барои қишлоқ ё шаҳри худ не, балки барои ҳамаи мамлакат, барои ҳамаи инсоният эҷод мекунад ва тақдири мамлакату инсоният бо худи санъаткор, бо қишлоқу шаҳри ӯ алоқаи диалетикӣ дорад. Мо набояд дар бораи ҳар гуна мулоҳизарониҳо доир ба мумтозӣ сарфи назар кунем. Мо шоҳиди онем, ки ҳар гуна «фавқулинсон» ва «фавқулхалқҳо» ба сари оламиён чӣ офатҳо оварда буданд ва меоваранд».
Мирзо Турсунзода устоди барӯманд ва серталаби қобилиятҳои наве буд. Халқи советӣ дар шахси ӯ намунат олии хизмат кардан ба назм, садоқат ба партия ва обарази коммунисти матиниродаро дидааст.
Мо, шоирони советӣ, Мирзо Турсунзодаро нағз мешинохтем ва самимона дӯст медоштем. Шоирони мутарҷим хеле меҳнат ба сарф оварданд, то ки ба хонандаи рус асарҳои ӯро пурра ва ҳаққонӣ дастрас намоянд.

Башумо бештар кадом
шеъри Устод маҳкул аст?

Дустонро гум макун
Ошёнаи баланд
Дили мадар
Баҳория
Нонреза


Натиҷа
Дустонро гум макун- 4
Ошёнаи баланд- 5
Дили мадар- 3
Баҳория-
Нонреза- 5

Can't delete old sess