Чингиз АйтматовМан дар бораи Мирзо Турсунзода бо мамнунияти тамом ва дар айни замон бо дареғу афсӯси зиёд хотира мегӯям. Бо мамнуният мегӯям, чаро ки ба ёд овардани шахсе, ки барои кас хеле мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамият будааст, ёдоварадааро завқу хурсандии калон мебахшад. Бо дареғу афсӯс – барои ин ки ман дар ин маврид ҳаргиз хоҳиши хотирагӯй шуданро надорам. Ӯ дар синну соле ба ин ҷаҳон видоъ гуфт, ки ҳанӯз вақти дар бораи марг фикр кардан набуд. Ӯ боз даҳ–понздаҳ соли дигар, балки бештар аз ин умр дида, кор карда, дар байни мо буда метавонист. Вале чӣ бояд кард, ки зиндагӣ чунин сохта шудааст. Яке дер ва дигаре зудтар бо он видоъ мегӯяд ва фақат баъд аз рафтанаш мо ӯро аз даст додан ва аз ӯ ҷудо шудани худро ҳис мекунем. Ин то андозае як кӯшиши инсон аст дар мубориза кардан бо марг ва бар хилофи тақдир барои аз фаромӯшӣ боз доштан ва ба наслҳои оянда расонидани симо, афкор, афъоли касе, ки аз байн рафтааст ва ин ҳодисаи зиндагӣ ба силсилаи беинтиҳои ояндаву равандагон асос ёфтааст. Аввалан бояд бигӯям, ки ман дар бораи Мирзо Турсунзода як ришта тасаввурот ва таассуроти умумӣ ва шахсӣ дорам. Вай барои ман ҳамеша як намояндаи барҷастаи маданият ва адабиёти қадими тоҷик будааст ва ҳаст. Дар айни замон вай як симо ва шахсияти ба тамоми маъно муосир мебошад. Ӯ ин сифатҳоро дар шахсияти худ ба таври хеле мутаносибе тавъам муҷассам мекард. Ӯ намояндаи маданияти асли шарқӣ буд, ки ин дар эҷодиёташ, дар тарзи тафаккур ва тамоми тарзи зиндагиаш зоҳир мегашт. Ҷиҳати дигари хотироти ман ба муносибати шахсиам бо Мирзо Турсунзода дахл дорад, азбаски ба ман хушбахтии солҳои зиёд бо вай паҳлӯ ба паҳлӯ истода кор кардан насиб шудааст. Чунон ки ба шумо маълум аст, ӯ аввалин раиси Комитети якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африқо буд, ки ин комитет то ҳол вуҷуд дорад ва ман дар ин комитет ба сифати муовини вай кор кардаам. Ин ба ман барои гап задан дар бораи муносибатҳои шахсиам бо вай имкон медиҳад. Мирзо Турсунзода як шахсияти бе мислу назирест. Мушоҳида мешавад, ки ҳар як насли нав бо худ чизҳои ба худаш хос, хосиятҳои тозае меовард ва дар айни замон хислат ва хосиятҳои пештараро аз даст медиҳад. Чунон касеро ёфтан душвор аст, ки дар симо ва шахсияти худ анъанаҳои пештара ва проблемаҳои хоси имрӯзаро тавъам фаро гирифта бошад. Мирзо Турсунзода марди аз ҷиҳати сиёсӣ варзидаву пухта, коммунист, арбоби барҷастаи ҷамъият ва дар айни замон рӯҳан ва фикран бо тамоми халқи худ вобаста ва алоқаманд буд. Дар ин ҷо сухани худро аз хотираҳои шахсиям сар кардан мехоҳам. Ман ҳанӯз ҷавони наврас ва нависандаи навкоре будам. Аммо Мирзо шоири шӯҳратманд ва мавриди қабули умум буд. Ман қабл аз шахсан шинос шуданам дар борааш бисёр суханҳо шунида будам. Таърихи аввалин мулоқотам бо вай дар Тошкент, дар кадом як ҷамъомад, аниқ гуфта наметавонам, гӯё дар аввали солҳои шаст, вақти барҳаётии Ғафур Ғулом буд. Ман он вақтҳо ҳанӯз ин қадар тезгузар будани зиндагиро ва зарурати ба хотир супоридан ва дар ёд нигоҳ доштани ҳар як воқеаро дуруст дарк накарда будам. Боварӣ доштам, ки зиндагӣ бепоён аст ва мо ҳамеша бо ҳам ва дар як ҷо хоҳем буд. Дар наздикии Тошкент дар дарчаи Дурмен дар меҳмонхонае ба як ҷо афтода мондем, ба ғайри ин мо дар Кировобод ва ҷойҳои дигар низ ҳамсафар будем. Боре, бегоҳӣ дар хонаи Ғафур Ғулом ҷамъ омадем. Ман нависандагони номдори замони худро бори аввал буд, ки дар шароити муқаррарӣ, дар маҳфили дӯстона медидам. Аввал ин ки хонаводаи Ғафур Ғулом калон ва серфарзанд буд. Аз ин хонаи калон аз меҳмоннавозӣ ва меҳрубонии соҳибонаш ҳама хурсанд буданд. Дастархони пурнозу неъмат ороста буд. Дар нишасти дӯстон, ҳамкор ва ҳамфикронаш худро хеле хуб ҳис кардани Мирзо Турсунзодаро медидам ва дар айни замон ба вай чӣ навъ эҳтироми калон доштани ҳозиронро ҳис мекардам. Ҳар нутқкунанда кӯшиш мекард, ки ба Мирзо муроҷиат намояд ва Мирзо низ аз ҳар як нутқ, аз ҳар як фикру сухан мутаассир гардида, ҷавоби бамавқеъ мегуфт. Хурсандӣ, ҳозирҷавобӣ ва хушсӯҳбатии Мирзо ба дигар ҳамнишинонаш низ таъсир мекард. Афсӯс, ки ҳофизаи ман хуб нест ва шеърро дар ёд нигоҳ дошта наметавонам. Шеърро бисёр мехонам, аз шеър дониш фаро мегирам ва завқ мебарам, ба қадру арзиши шеър мерасам ва ба сухани шоирона баҳо дода метавонам, лекин шеърро дар хотир нигоҳ дошта наметавонам. Бинобар ин ба ман сӯҳбати оншаба хеле мароқовар буд. Мирзо Турсунзода ва Ғафур Ғулом дар донистани назми қадими форсӣ гӯё бо ҳамдигар мусобиқа доштанд. Онҳо мувофиқи ҳар маврид, дар сари ҳар як гап аз адабиёт мисол меёфтанд, ривояте, ҳикояте ё аз масале нақл мекарданд. Барои ман шабнишинии хеле аҷоибе буд, чунки дар ин нишаст ман бо ду нафар – бо Мирзо Турсунзода ва Ғафур Ғулом шинос шудам, ки бо дониш, бо истеъдоди худ шарорапошӣ мекарданд. Нақли хотироти худро аз ҳамин шабнишинӣ сар кардан мехоҳам, ки он баъд аз гузашти солҳо бо сӯҳбат дар хонаи ман хотима ёфтааст. Боз ба шабнишинии аввал бармегардам, ки то дер вақт давом кард, вале ман чӣ хел гузаштани вақтро нафаҳмида мондам. Соати се ё чори шаб, вале боз ҳам эҳтироси мусоҳибон дар атрофи назм ва илҳом ҷушу хурӯш дошт. Чӣ пинҳон кунам, ки машрубот низ ба тасфидани сӯҳбат ёрӣ медод. Бе ин намешавад. Мо медонем, ки шароб баъзан дар расидан ба моҳияти масъалаҳо ёрӣ медиҳад, аммо ба кас зарар ҳам оварда метавонад. Ин сӯҳбати хеле олӣ ва дилкаш метавон гуфт, ки маҳфили ҳамбастагӣ ва мусобиқаи хирадмандон буд. Ба хотир дорам, ки Мирзо Турсунзода он шаб чандин бор ба ман таваҷҷӯҳ ва илтифот карда, гуфт, ки дар байни мо нависандаи ҷавоне ҳузур дорад, ки аз он умедҳои калон чашм дошта метавонем. Ман бо Ғафур Ғулом низ аввалин бор дар ин шаб шинос шудам. Ҳоло ба ёд надорам, он шаб дар сари кадом масъалаҳо гуфтугӯ мерафт, лекин ҳамин қадарашро нағз ба хотир дорам, ки сӯҳбати хеле хуш ва гарму ҷӯшоне буд. Онҳо аз сӯфӣ ва дарвешоне сухан ба миён оварданд, сӯҳбат ба назми сӯфиёна ва ба фалсафа анҷомид. Онҳо бо ҳам шӯхиҳо мекарданд. Ҳофиз ва Хайёмро ба ёд меоварданд. Ман ва Мирзо Турсунзода бо ҳамдигар бо ду роҳ алоқаманд будем: кор дар Комитети якдилии халқҳои Осиё ва Африқо ва дар Комитети мукофотҳои Ленинӣ ва давлатӣ дар соҳаи адабиёт. Соле камша се–чор бор бо ҳам вомехӯрдем. Мирзо Турсунзода дар Комитети мукофотҳои Ленинӣ ва давлатӣ эҳтироми басо зиёде дошт, вале вай аз ин мавқеъи худ ҳаргиз сӯиистифода намекард, фикри худашро ба дигарон ҳатман қабул кунонданӣ намешуд. Аммо вақте ки баромада фикр баён кардан, ақидаи худро ба миён ниҳодан, ба таклифе ислоҳ дароварданро лозим медонист ва баҳо додан ба он ё ин асар, хусусан асарҳои манзум ва драмутургия лозим меомад, сухани вай вазни махсусе дошт. Ба ин муносибат ман мавқеъшиносӣ ва дар айни замон виқор ва матонати вайро махсусан қайд кардан мехоҳам. Ӯ ҳаргиз худашро аз он чӣ ки ҳаст ва шоистаи мавқеи ӯст, боло бардоштанӣ намешуд. Ин гуна худнамоӣ надошт. Дар айни замон табиати мулоим, лабхандаҳои ӯ ба ҳама маълумаст. Симои вай дар хотирам ҳамин хел нақш бастааст. Вай дар ҳар як мулоқот касро бо рӯи кушода ва табассум пешвоз мегирифт. Кас дар кадом ҷое, ки бо вай вохӯрад, чӣ дар кӯча, чӣ дар меҳмонхона ва чӣ дар ресторан, ӯ ба дили кас итминон ва оромии хотир илқо мекард. Шояд ман хато мекарда бошам, вале ба назарам чунон менамуд, ӯ марди ҳамеша ором, вазнин ва ботамкине буд, чунон ки баъзан ба мо рӯй медиҳад, дар сари масъалаҳои ҷузъӣ ва ночиз асабонӣ намешуд. Ба хотир дорам, боре дар бозгашт аз Африка, ки конфренция барпо шуда буд, бо ҳавопаймо роҳи дарозеро паймудан лозим омад. Дар нимаи роҳ ҳавопаймо хеле сахт ба таконхӯрӣ сар кард. Ман умуман дар сафарҳои ҳавоӣ худро бад ҳис мекунам, ҳоло ҳам вақти такон ва талотуми ҳаво асабонӣ шудан гирифтам. Дар ин ҷо Мирзо таклиф кард, ки шоҳмотбозӣ кунем. Ман ҳайрон мондам, шояд вай шӯхӣ мекунад, чӣ навъ дар чунин вазъият шоҳмотбозӣ кардан мумкин аст? Бо вуҷуди хеле пуризтироб будани вазъият Мирзо бо яке аз рафиқон ба шоҳмотбозӣ сар кард. Ин ҳолат дар хотири ман ҳамешагӣ нақш баст ва фаҳмидам, ки вай ба замми тамоми хислатҳои дигараш аз мардонагӣ низ баҳраманд мебошад. Ҳоло дар бораи вай ҳамчун шоир чанд сухан гуфтан мехоҳам. Албатта вай агар шоири бузурге намебуд, ҳоло шояд аз воқеаҳои муҳим ва дараҷаи дуюмини зиндагониаш ба чунин тафсилот гуфтугӯ ба миён намеомад. Барои қадрасӣ ба назми вай, барои баёни сифатҳои инсонии вай, барои мӯҷассам гардонидани симои вай ин ҳама корҳо карда намешуд. Албатта ман бо ашъори вай асосан ба воситаи тарҷумаҳои русии онҳо шинос шудаам. Ӯ дар мавридҳои шеър хондан аввал дар забоин модарӣ хонда, баъд ба русӣ тарҷума карда додани шеърҳои худро дӯст медошт. Ман калимаҳои алоҳида, термин ва баъзе суханҳои дар забонҳоямон умумиро мефаҳмидам ва шеър хондани вай ба ман завқи махсусе мебахшид ва дар бисёр мавридҳо ба ин фикр меомадам, ки шеърҳои вай на фақат ҳиссиётпарвар, балки ба ҳамон андоза хирадомӯз низ мебошанд. Як қисми эҷодиёти вай ҷанбаи публисистӣ дошт ва равияи гражданӣ ва сиёсӣ пайдо мекард, лекин шеърҳои соф лирикии инсониаш ҳам зиёд буданд, ки ба мавзӯъҳои ҳамеша ҷовиди зиндагӣ- ба ишқ, ба некию бадӣ, ба масъалаҳои ҳаёту марг дахл мекарданд. Дар бисёр мавридҳо дар аснои сӯҳбат Расул Ғазматов низ ба мо ҳамроҳ мешуд. Расул аз ҷиҳати хислати одами тамоми дигар – марди пурҷӯшу хурӯш, серҳаракат ва пурҳаёҳуест. Аммо бо вуҷуди ин Расул ва Мирзо бо ҳам дӯсти наздик буданд ва якдигарро дӯст медоштанд. Ман мавридеро ба хотир дорам, ки Расул воқеаро нақл мекард ва Мирзо механдид. Боре онҳо, равонаи Теҳрон будаанд ва Расул тарҷумон надоштааст, дар сафоратхона низ барои тарҷумонӣ каси муносибе набудааст. Дар ин ҷо роли тарҷумонии Расулро хоҳ нохоҳ Мирзо ба зимма гирифтааст. Мирзо, албатта, дар сӯҳбатҳои хусусӣ, дар мавридҳои маъмул суханони Расулро тарҷума карда метавонист, аммо ба онҳо дар маҷлисҳои калон бо зиёиён ва китобхонаи Теҳрон мулоқот ва сӯҳбатҳо кардан лозим будааст. Дар маҷлисҳо Расул аввал, албатта, ба забони русӣ баромад мекардааст. Ӯ дар бораи худаш, ватанаш Кавказ ва Доғистон, дар бораи Иттифоқи Советӣ, дар бораи назм гап мезадааст ва Мирзо гуфтаҳои вайро тарҷума мекардааст. Боре Расул хушҳолона ва ба оҳанги ифтихор гуфтааст: «Тарҷумони ман, ки дорандаи мукофоти Ленинӣ, академик, бузургтарин шоири тоҷик ва Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Мирзо Турсунзода бошад, аз ин кӣ будани маро ба хубӣ пай бурда метавонед. Агар тарҷумони ман ин хел одами номдор бошад, пас худӣ ман кӣ ҳастам?» Расул ин воқеаро дар назди Мирзо нақл мекард ва Мирзо албатта бо мамнуният ханда карда гуфт: «Дар он ҷо чӣ хел шарм накарда ин гапро гуфтӣ?» Ин ҳодиса боз боре такрор шуда ва шиносонаш аз Мирзо пурсидаанд, ки ба ростӣ ҳам вай ба Расул тарҷумон шуда омадааст? Баъд аз ин дар сафоратхона ба Расул тарҷумон ёфта дода Мирзо аз ин вазифа халос кардаанд. Мирзо Турсунзода ҳатто ҳамин хел воқеаҳоро ҳам бо мамнунияти тамом нақл мекард. Ӯ дӯстона, беозор шӯхӣ карданро, хусусан бо Расул Ғамзатов метавонист ва дар бораи вай бисёр воқеаҳои ғалатӣ нақл мекард. Боре дар аснои сафари Эрон онҳо дар шаҳри Нишонпур, ба сари мазори Хайём рафтаанд. Дар мошин Мирзо бо оринҷаш дар кисаи Расул будани чизи сахтеро ҳис кардааст. Бо диққат нигоҳ карда як шиша коньяк будани онро пай бурда: «Гӯш кун, айб аст, барои чӣ коняькро бо худ гирифтӣ? – гуфта пурсидааст. Расул дар ҷавоб: Ман ба зиёрати ҳампиёлаи бузургвори худ чӣ навъ бе дастовез рафта метавонам? – гуфта ҷавоб додаст.» Расул ва Мирзо дар бораи якдигар ин қабил ҳикояҳои ғалатиро бисёр ва бо шавқи тамом нақл мекарданд. Онҳо ба қадри ҳамдигар мерасиданд. Ман боз як сӯҳбати начандон шодмандонаи худро бо Мирзо Турсунзода дар арафаи шастсолагиаш ба хотир меоварам. Мо дар меҳмонхонаи «Москва» истиқомат доштем. Пагоҳон одатан дар як ҷо ноништа мекардем. Мо боре мунтазири овардани хӯрок менишастем. Ӯ ба гумонам сахт бемор будан ва нағз набудани вазъияти саломатиашро ҳис мекард, лекин инро зоҳир наменамуд. Ман пай бурдам, ки кайфияташ мисли пештара нест. Ба ӯ гуфтам: «Мирзо Турсунович, чаро шумо имрӯз ин хел ғамгин менамоед? Ҷашни 60-солагиатон дар пеш истодааст. Ҳамаи асбоби зиндагиятон муҳайё, қувваи ҷамъиятиии намоён мебошед, хурсанд буданатон даркор. Мо ба зудӣ барои гузаронидани ҷашни зодрӯзи шумо ҷамъ мешавем», ӯ дар ҷавоб гуфт : « Акнун ҳар як рӯзи зиндагиам барои ман ҷашнест». Ман он вақт ба чӣ маъно доштани ин ҷумла дурурст пай набурда будам. Ҳоло мефаҳмам, ки вай наздик расидани он чиро, ки вуқӯъаш ҳатмӣ ва ногузир мебошад, ҳис мекардааст. Мо борҳо дар хонаи дӯстони москвагиамон меҳмон будаем. Ман дар ин нишаст чӣ қадар мавриди ҳурмат ва муҳаббат будани Мирзоро дидаам. Ӯ ба ҳама ҷо табассуми меҳрангез ва шӯхиҳои диловезашро ҳамроҳ меовард. Ба фикрам рафиқони дигар ҳам ҳаминро ҳамеша ба ёд хоҳад овард. Дар рафтор ва кирдор чӣ қадар содда, бетакаллуф будани ӯро ҳама медонанд. Дар ин хел мавридҳо Мирзо барои дӯстони москвагиаш оши тоҷикӣ пухтанро дӯст медошт. Ман боз ду мавриди мулоқоти худро бо Мирзо ба ёд меорам. Яке дар рӯзҳои Деҳаи адабиёти қирғиз дар Тоҷикистон ва дигаре дар Деҳаи адабиёти тоҷик дар Қирғизистон. Мирзо дар фурудгоҳи Душанбе ҳайати вакилони моро пешвоз гирифт ва баъд аз дар меҳмонхона ҷо ба ҷо шуданамон ба аҳволпурсии мо омад. Баъд мо ба наҳорӣ хӯрдан ҷамъ шудем. Ӯ хеле хушсӯҳбат ва улфатпазир буд. Ин бори аввал ба Душанбе омадани ман буд. Ӯ хеле мехост, ки мо чӣ хел кишвари зебо будани ин сарзамин ва чӣ хел одамони дилкушод ва хуб будани ҳамдиёронашро ҳис карда бошем. Мо ҳар се – Мӯъмин Қаноат низ бо мо ҳамроҳ буд, – хеле вақт бо ҳам нишастем. Афсӯс, ҳоло, пас аз гузашти замон, ин мулоқотҳо ва ин сӯҳбатҳои ширини дуру дарозро ба тафсил ба хотир овардан ва нақл кардан имкон надорад. Ин рӯзҳо ба шарофати кӯшиш ва ғамхории Мирзо хеле пурмазмун гузаштанд. Ӯ хеле мехост, ки ман меҳру қаробати ӯро нисбат ба худам ҳис карда бошам. Ӯ дар симои худ тамоми ҳамдиёронашро манзури назари мо карданӣ мешуд. Моро бо муҳаббати зиёд, бо ғамхорӣ ва ифтихор бо ҳамдиёронаш шинос мекард, дар бораи намояндагони соҳаҳои гуногун ҳаёти халқи тоҷик гап мезад. Ба ҳамин вобаста ман бо Муҳаммад Осимӣ ва бо Мӯъмин ошноӣ пайдо кардам. Ӯ Мӯъминро хеле дӯст медошт ва ба истеъдоди вай баҳои баланд медод. Ӯ чӣ дар ҳузури касон ва чӣ дар танҳоӣ инро мегуфт. Боре ӯ дар Москва ба ман гуфт: «Агар ту ба гапи ман бовар дошта бошӣ, сухани маро ба инобат гирифтанат даркор. Ман беҳуда гап намезанам. Ин шоир ба гирифтани мукофоти давлатӣ сазовор аст». Мирзо Турсунзода марди доираи фаъолияташ васеъ ва ҳамаҷонибае буд. Ӯ ба шоира Гулрухсор Сафиева низ баҳои баланд медод. Ӯ боре Гулрухсорро бо ман шиносонд. Чунон ки ҳоло мебинам вай дар шахси шоирҳою олимони Тоҷикистон маро бо ҳамдиёрони сазовори худ шинос карда будааст. Ман бо Миршакар ҳам ба воситаи Мирзо шинос шудаам. Дар Душанбе маро ба аҳли маҷлис чӣ навъ шинос кардани вайро бояд ҳама ба хотир дошта бошанд. Ӯ дар бораи ду Чингиз гап зад: яке тахсиркунандаи олам бо шамшер ва дигаре бо қалам. Баъдтар, дар Қириғизистон, дар шаҳри Фурунзе вай фикре баён кард, ки он дар ҳақиқат дар эпоси Қирғиз «Манас» вуҷуд дорад. Коныке зани маҳбуба ва дӯстдоштаи Манас духтари хони Бухоро Қарахон будааст ва дар ҷое тоҷикдухтар будани вай низ зикр ёфтааст. Ӯ ин суханонро бо шеърияти ба худаш хосе, бо рӯҳи шоирона гуфт ва гуфтори худро бо обу ранги махсусе оро дод. Шунавандагон суханони ӯро бо садоҳои баланду пуршӯри таҳсин пешвоз гирифтанд ва ин мулоқотро то имрӯз ҳама ба хотир доранд. Ин рӯзҳо чӣ дар Душанбе ва чӣ дар Фурунзе барои ман ҷашни бузурге буданд. Ҳама дар ҳаяҷон будем, ки Мирзо Турсунзода, ки марди серкорест, ба Фурунзе меомада бошад ё не? Омадани коллективҳое, ки ин мулоқотҳоро бо рақсу сурудҳои худ оро медиҳанд, хеле хуш аст, лекин будани як лидер – пешвои маънавӣ низ албатта лозим аст. Дар он рӯзҳо Мирзо Турсунзода барои мо ҳамин хел як пешвои маънавӣ буд. Ин рӯзҳои хуше буданд. Мо қариб ду соат фурсат пайдо карда ба дачаи ман рафтем. Мо дар боғча чой нӯшида сӯҳбат кардем. Ман кинооператорро даъват кардам, ки сӯҳбати маро ба сурат гирад ва дар филми оид ба Даҳаи адабиёти тоҷик истифода намояд. Мирзо дасти хоҳарзодаи сесолаи маро гирифта, дар боғ сайр мекард, ки ин манзара ба сурат гирифта шудааст. Ин сурат – кадрҳо барои ман хеле ёдгории гаронбаҳое мебошанд. – Мирзо Турсунзода дар меҳмонии ман, дар доираи хонаводаи ман. Мирзо касе буд, ки шеърият, зебоии каломро хеле нозукона ҳис мекард ва ҳамеша ба ин нукта ҷалби диққат мекард, ки назм – поэзияи Шарқ фазилат ва шоистагиҳои хосе дорад. Инро ҳам бигӯям, ки ӯ бо адабиёти ҳинд низ нағз шиносоӣ дошт, ин хусусан дар аснои як сафари якҷояи мо ба Деҳлӣ ва дигар шаҳрҳои Ҳиндустон, ки ҳоло номи онҳоро ба хотир оварда наметавонам, ба хубӣ маълум шуд. Мирзо Турсунзода марди ба худ мутмаине, вале дар айни замон аз худнамоӣ ва худпарастӣ дуре буд. Агар барои худаш мароқовар набудани гуфтори сӯҳбаткунандаро ҳис кунад, кӯшиш мекард, ки номаълумона баромада равад. Раъй ва фикри худро ҳаргиз ба дигарон бор намекард. Гап задан дар бораи мавқеъ ва аҳамияти вай дар адабиёт ва назми тоҷик кори ман нест. Инро хонандагон хуб медонанд. Ман дар ин ҷо ҷиҳатҳои соф инсонии вай, муносибатҳоямонро гуфтан мехостам. Ӯ касонеро хеле дӯст медошт, ки онҳоро нозук ва олитабиат номидан мумкин аст. Вақти гап задан дар бораи яке аз мавзӯъҳои дӯстоштааш – дар бораи занон хеле бо назокат буд. Дар ин мавзӯъ бо назокати тамом ва бо фасоҳати шоирона гап мезад ва ба тарзи мароқангез фикр меронд. Ба назарам, ин ҷиҳати сазовори тақдире мебошад. Бисёр занон вайро барои ҳамин парастишкорона ҳурмат мекарданд, ки ӯ бо суханон, бо муомилаву рафтор ва бо маданияти ботинии худ дар дили онҳо роҳ меёфт ва шӯр меангехт. Ман баъзан ҷасорат карда, бо Мирзо оид ба воқеае шӯхиҳое мекардам. Инҳо шӯхиҳои дӯстона буданд, ӯ ҳаргиз аз ин шӯхиҳо озурда намешуд, балки бо як шӯхии хеле нозукона, хеле олӣ ва оқилонае ҷавоб мегардонд. Чунон ки ман медонам инҳо ҳама ҷиҳатҳои хеле олии табиати вай мебошад. Инсон мавҷуди хеле мураккабест. Шояд Мирзо ҳам ягон хислати манфие дошта бошад, ки дар зиндагии ҳаррӯза, дар оила зоҳир мешуда бошад. Инро ман намедонам, аммо дар ин ки ӯ тарғибкунандаи назми қадими тоҷику форс буд, ҳеҷ ҷои тардид нест. Ӯ намунаҳои зиёдеро аз назми зебои классикӣ аз ёд медонист, мехонд, нақл мекард ва ҳар бор маро бо ин дониши худ мутаҳайир ва мафтун менамуд, ба завқу ҳаяҷон меовард. Ӯ борҳо дар баромадҳояш, дар сӯҳбатҳояш бо ман гуфта буд, ки баъзе шоирони ҷавон дар бораи назми гузаштагон ё тасаввури мубҳам доранд, ё ин ки шаъшааи азамати онҳо пеши чашмонашонро гирифтааст ва бинобар ин ба классикон соф шогирдона тақлид мекунанд. Мирзо Турсунзода устоди бузург ва моҳире буд ва чӣ будани тақлиди кӯр–кӯронаро, ба тарз ва ба услуби гузаштагон мутобиқ кунонидани назми ҳозираро нағз медонист. Ин кор – ҳодисаи бесамар ва беоқибатест. Аз ҳама муҳиммаш ин ки ин тарзи шеър моҳияти ҳодисаҳои замони моро акс кунонда наметавонад. Ҳар як давр ва замон образҳои худро ва шаклу мазмуни ба худ хосе дорад. Ин табиист. Аз қарори маълум ҳақиқат дар ёфтани роҳи миёнаест: анаъна, яъне маҳорати анъанавии гузаштагонро аз пеши назар дур накарда, ба онҳо такья намуда, ба андухтаҳои онхо ҳиссаи наве зам карда, ба гуфтаи худ садо ва танини нав дода тавонистан лозим аст. Турсунзода инро хеле хуб мефаҳмид ва медонист. Вай тарафдори ҳамин хел фаъолона ва эҷодӣ наздик шудан ба анъана, тарафдори барои образҳо ва ҳодисаҳои замонӣ ёфтани чунон шаклҳои мувофиқе буд, ки аз ҷиҳати фасоҳат ва зебоӣ аз онҳо кам набошанд, ақаллан ба онҳо наздик истода тавонанд. Фақат ин гуна назм замони моро, одами даврони моро муҷассам карда метавонад. Маълум аст, ки тарҷума кардани шеър кори хеле душворест. Ин хеле хуб аст, ки дар мамалакати сермиллати мо бисёр асарҳо аз забонҳои гуногун тарҷума карда мешаванд. Ин дар шароити мо як кори муқаррарӣ ва ҳамарӯза шудааст, лекин дар мамалакатҳои дигар тарҷума кори тасодуфӣ мебошад. Дар бораи назми Мирзо Турсунзода гуфтан мехоҳам, ки на ҳамаи гуфтаҳои вай чунон, ки бояду шояд тарҷума карда шудаанд. Баъзан дар тарҷумонҳо воситаи ифода камӣ мекунад, онҳо маҳорати кофӣ ва қобилтияти даркориро надоранд. Баъзан мотивҳои хеле публицистӣ, соф гражданӣ диққати тарҷумонҳоро ҷалб мекунад. Аммо дар айни замон, тарҷумаҳои дар ҳақиқат хеле муваффақиятнок ҳам ҳастанд, ки шеърияти Мирзоро ба хонандагони соҳиби забонҳои дигар дастрас мегардонанд. Шеъри Мирзо Турсунзода ба лирикаи советӣ саҳми маълуме мегузорад. Дар ҳаёти эҷодии мо ба таври доимӣ як амалиёти мубодилаи шаклҳои поэтикӣ, мубодилаи тафаккури поэтикӣ давом дорад. Назми Мирзо Турсунзода ба воситаи забони русӣ бо тамоми забонҳои дигар алоқаманд шудааст ва ба воситаи забони русӣ амалиёти дигаре низ рӯй медиҳад, ки ин ғанитар шудани шеъри миллӣ мебошад. Он шаклҳое, ки Мирзо Турсунзода дар эҷодиёти худ ба кор бурдааст – рубоӣ ва дубайтӣ – ба шоирони дигар, аз ҷумла ба назми рус таъсири калоне расонидаанд. Он шакли шеърҳои вай, ки дар чанд мисраъ манзараи бузурге тасвир меёбад, мӯъҷазӣ ва дар айни замон фасоҳат ва зебоии беҳтарин намунаҳои назми шарқ, бешубҳа, назми моро ғанӣ мегардонад ва ба воситаи амалиёти мутақобил ба вазъи умумии адабиётҳо таъсир мерасонанд. Амалиёти ғанӣ гардидани адабиёт боиси ба майдон баромадани нависанда ва шоирони дузабона мегардад. Мирзо ҳам ин ҳодиса ва ин амалиётро инкор намекард. Барои ин ки назм аз чорчӯбаи миллӣ ба хориҷ қадам гузорад, пул – гузаргоҳҳо ва устодони махсусе бояд вуҷуд дошта бошанд, ки онҳо ин пулҳоро месозанд ва соҳилҳои муқобилро ба ҳам пайванд медиҳанд. Шояд ин идеяҳо ҳоло ҳам зид ва муқобилҳо дошта бошанд, вале Мирзо аз ин равиш хеле розӣ буд ва ба ин ҳодиса бо назари хеле мусбате менигарист. Ӯ доираи биниши васее дошт ва масъалаҳоро ҳамаҷониба иҳота карда, ба онҳо наздик мешуд. Ман ба нависандагон, зиёиёни тоҷик, ворисон ва давомдиҳандагони кори Мирзо Турсунзода некӣ ва муваффақият орзу мекунам. Ба ҷашни 70–солагии зодрӯзи Мирзо Турсунзода бо диққат ва қуватти тамом тайёрӣ дидан, ҳамаи имкониятҳоро ба назар гирифта, ба таври шоистае гуаронидани онро орзумандам. Коре кардан даркор, ки юбилей шакли маҷлиси суханороӣ ва мадҳу ситоиш, ё шакли ёдоварии ғамангезеро ба худ нагирад, ин ҳар дуро чунон бо ҳам тавофуқ додан лозим аст, ки Мирзо Турсунзода дар байни мо набошад ҳам, дар ҳар маврид ҳузураш ҳис карда шавад. |