Тошлӣ ҚурбоновВаҚте ки вориди бинои ИттифоҚи нависандагони Туркманистон мешавед, шабеҳаҳои хеле калони шоирони номвари советӣ Николай Тихонов, Бердӣ Карбобоев ва Мирзо Турсунзода ба сӯи кас бо назари равшан менигаранд. Аз назди ин се марди санъатгари шаҳиру тавонои адабиёти советӣ гузаштан осон нест. Онҳо ҳамчун паямбар гӯё бо назари борикбини худ покии ахлоҚ ва садоҚати ба ҳаёт доштаи ҳар шахси ба остонаи Хонаи адибон воридшударо муҚоиса мекунанд. Оре, ҳамин тавр аст. Дар асл, инсофи нависандагӣ ва граждании мо ба нопокиҳо ғӯтавар мешуд, агар мо номи ононе, ки адабиёти советӣ аз бузургиву поктинатиашон ифтихорманд аст, ба фаромӯш гузорем. Охир, маҳз онҳо нахустин огарди майдони нави адабиётамонро кашидаанд. ФаҚат онҳо дар муборизаҳои бардавом тариҚи инсонпарваронаи адабиётамонро устувор ва дифо карданд. Ва дар бораи рӯзгори ҳар якеи онҳо китоби бузург иншо кардан ҷоиз аст. Аммо ҳоло хоҳони онам, ки дар хусуси фарзанди шарафманди халҚи бародари тоҷик Мирзо Турсунзода сухан бигӯям. Боғи бе булбул боғ нест, халҚи бе шоири бузург халҚи камбағал аст. Барои хушбахтии ҳамагон, халҚи тоҷик метавонад ифтихор кунад, ки вай дар симои Мирзо Турсунзода чунин шоири бузург дошт. Мирзо Турсунзода дар зери ситораи бахт ба дунё омад. ӯ шоири сираташ зебо буд ва сураташ инчунин. Ман аз хурдсолиам ӯро дӯст медоштам. ӯ фариштаи ҷони ман буд. Барои Мирзо назм нерӯи афсонавиро мемонд, ки ҳаёти мардумро боз ҳам зеботару боназокаттар мекард. Вай дар тӯли ҳаёти пурҷӯшу хурӯшаш шодию алами халҚи худро ҳамвора дар дил дошт. Мирзо Турсунзода дили халҚи худ буд. Ба халҚ меҳри ҷунунадое дошт. Ин мисоли нодирест ваҚте, ки фироҚу умеди халҚ дар дили фард ғунҷоиш меёбад. Мирзо Турсунзода барин шоирон ҳамвора ва ҳама умр аз дарду аламҳо ба ҳастӣ арзи вуҷуд мекунанд. Бинобар ин, дар Қафаси синаи худ чунин дили бузург доштан ва нерӯи тавонои онро ҳар соату ҳар даҚиҚа сарфи маҚсади арзандаву наҷиб сохтан чандон осон набуд. Ман Турсунзодаро кай барои хештан кашф кардам? Шиносоиям ба эҷоди ин марди бузург кайҳо сурат гирифта буд. ҳиндустон, мамлакати пурасрору афсонавӣ пардадар шуд, ки ин бозсозии асрор тавассути шеърҳои ҳассоси Мирзо дар боби ҳиндустон ва мардуми ин мамолик ба вуҚӯъ пайваст. Мо он ваҚт ҷавонони навҚалами рӯҳи романтикӣ дошта шеърҳои ӯро бо иштиёҚ ҳифз карда, азёд мехондем. Дар пеши назари мо бӯстони асосии назм ҷилвагар мешуд, ки дар он мамлакати бузург бо ҳама гуна рангҳои нотакрор ва тазоди иҷтимоияш падидор буд. Мирзо Турсунзода бо тамоми рӯҳи гражданияш, боз ҳамчун шоири лирики нозукбаён монд. ӯ ба онҳое, ки бесуд дар ҷустани шаклҳои нави шеър омода мегарданд, равшан собит намуд, ки чӣ тавр шаклҳои адабии адабиёти классикиамонро бо забони шоирона ба риштаи тасвир мебояд кашид. Ва инчунин ӯ комилан исбот кард, ки рӯ гардонидан аз шаклҳои шеъри адабиёти ШарҚ кори нангин ва беэътиборест. Эҷодиёти Мирзо Турсунзода давоми анъанаи Қонунии забарҚудратони назм – Рӯдакӣ, Саъдӣ, ҳофиз, Хайём аст. Дар айни замон Мирзо навовар ва ислоҳотгари бузург мебошад. Зеро ӯ беҳтар аз дигарон анъанаҳои Қадимаю хубтарини назми ШарҚро идома дод, дар ҳамон шаклҳои атиҚаи адабӣ мазмунҳои бикру обуранги бадеии тоза, оҳанги хоссаи ҳаҚиҚати ҳаёти сотсиалистиро ғунҷоиш дод. Мирзо Турсунзода ҳамчун интернатсионалисти бузург дар Комитети якдилии нависандагони Осиё ва АфриҚо наҚши бегазанде боҚӣ гузошт. Овози шунавои ӯ ҳамчун мунодии ҳаҚиҚат ва гуманизм дар бисёр маҷлисгоҳҳо ва толорҳои калони мамлакатҳои ҷаҳон баланд садо дод, ин овозро фаллоҳони Миср, барзгарони ҳиндустон, киштисозони Марсел ва моҳидорони Аден шунидаанд. Онҳо ӯро медонистанд, асарҳояшро мехонданду дӯсташ медоштанд. Хушбахтона, ба ман муяссар гардид, ки борҳо дар пленуми правленияи ИттифоҚи нависандагони СССР, дар маҷлисҳо ва умуман дар сари як пиёла чой бо вай нишаста сӯҳбаташро шунавам. Вай бо соддагӣ, фарохии назар бисёр масъалаҳои ҷиддиро, ки ба назари ман хеле мураккаб метофтанд, ба осонӣ ҳал мекард ва ин хислати ӯ маро ба ҳайрат меовард. Ман ҳеҷ гоҳ надидаам, ки Мирзо ба ҳамсӯҳбаташ сухани баланд гуфта, одоби муоширатро бурида бошад. Мо медонистем, ки Мирзо Турсунзода солҳои охир бемори вазнин буд, вале ӯ дар ҳама гуна ҳолатҳо ба касе аз дарди худ лаб накушодааст. Баръакс, ӯ моро батафсил аз бардамиамон ва кору эҷодамон мепурсид. Мирзо борҳо ба ман гуфта буд, ки мероси «бародарам»-ро омӯзед, ӯ Бердӣ Карбобоевро ҳамин тавр меномид, таҷрибаи бузург ва ғании оҚсаҚоли адабиётамонро Қадршиносӣ кунед. ҳамин гуна одамон, монанди устод Мирзо Турсунзода ҳеҷ гаҳ намемиранд. Онҳо монанди абадият ҳамеша ҳамроҳи моанд. |