Аслӣ

Ёднома

Наворҳо

    Тарҷумаи ҳол

    Шеърҳо

    Осорхона

      Санаҳои ҳаёт

      Аксҳо

      Алоқа бо мо
       Мероси адабӣ

       Cурудаҳо

       Китоби дархостҳо





Ёдномаи Мирзо Турсунзода

Серо Хонзодян


Дӯсти азиз, Мӯъмин Қаноат! Чунин воҚеъ шуд, ки тамоми ин моҳ фикру ёди ман ба дӯстони тоҷикам банд буд. Ва ман аз ин хеле ифтихор дорам. Қабл аз ин дӯсти меҳрубонам Сергей Баруздин ба ман номае фиристода хоҳиш мекард: «Чун анъана нусхаи романи «Мҳитар Спарапет»-ро бо хоҳишу дархостҳои нек барои Норак, ки мо ҳам вобастагӣ дорем, фиристонед». Ман ҳамоно китобро бо соядасти зер равон кардам: «Ба китобхонаи интернатсионалии Баруздин – «Дружба народов» дар Нораки шӯҳратёр, аз ҳамкори деринаи...». Ба фикрам китоб аллакай ба Норак расидааст. Лекин ману Норак шиносони деринаем.
Бинобар ин, дӯсти азиз, ман хотираҳоямро дар бораи Мирзо Турсунзодаи меҳрубон бо камоли мамнуният мефиристам.
Эҳтимол ин хотираҳо чандон анъанавӣ набошанд, аммо чӣ илоҷ, баъзан аз анъанаҳо ҳам гузашт кардан лозим меояд. Зеро хотираҳои ғайриоддӣ ҳам хотираанд.
Ман дафтари хотиротамро вараҚ гардондам ва маълум шуд, ки як Қисмати он ба Тоҷикистон бахшида шудааст.
Ман ба диёри нозанини шумо бори нахуст соли 1954 меҳмон шуда будам ва ифтихор доштам, ки аз минбари анҷуман нависандагони тоҷикро аз номи адибони Арманистон табрик гӯям.
Аз ин рӯ тамоми ин моҳ фикру ёдам ҳамроҳи Тоҷикистон буд ва гуё худам низ тоҷик шудам (чӣ ҷои тааҷҷуб, охир авлодони Қадимии мо хешу таборанд). Ва инак, ман аз сеюми моҳи июл аз номи шумо мактуб гирифтам: «Мо огаҳ ҳастем, ки шумо бо Мирзо Турсунзода ҳам дар ҷабҳаи эҷодӣ ва ҳам дар зиндагӣ дӯстони ҷониед». Барои ин суханон ҳазорон ташаккур, дӯстони азиз. Оре, мо бо Мирзо Турсунзода дӯстони ҷонӣ будем. Ва бисёр афсӯс мехӯрам, ки ҳоло ӯ ҳамроҳи мо нест. Марг боз як марди фозилро аз сафҳои мо даррабуд. Ва ҳоло ман дар бораи ӯ хотираҳоямро менависам, ҳарчанд ки аз ӯ ҳамагӣ чор сол хурдтар ҳастам (соли таваллуди ман 1915). ғамангез аст. Аммо ғаму андӯҳ ҳам ифтихор дорад. Ман аз он ифтихор дорам, ки ҳозир ҳам Мирзо Турсуновичро дар паҳлӯям мебинам.
Мӯъминҷон! ВаҚте ки ман соли 1954 меҳмони Тоҷикистон будам, ба фикрам, шумо донишҷӯ будед. Мирзо Турсунович ба ман гуфт:
– Ба ин ҷавон зеҳн мон, ояндаи дурахшон дорад.
– Вай куҷоист! – пурсидам ман. – Аз кӯҳистони Бадахшон.
Дар ин ваҚт ман суханони Сайёди Наворо ёдовар шудам, ки вай маҳбубаашро «Ту лаъли Бадахшони ман» гуфтааст. Мирзо аз ман шарҳи маънӣ пурсид. Ман ҷавоб додам, ки Сайёди Наво, донишманди ҳусну зебоӣ маҳбубаашро ба лаъли Бадахшон мушобеҳ кардааст.
Бори дуюм ба Душанбе соли 1974 омадам. Албатта ман ҳамоно ба назди дӯсти меҳрубонам Мирзо Турсунович равон шудам. Маълум шуд, ки вай саҳл нотоб будааст. ҳа, нотоб, хаёлам, ки дар шахси ӯ назми ШарҚ бемор буд. Чӣ хел ғамангез... Ман ба Мирзо Турсунович гуфтам, ки бисёр шеърҳояш ба забони арманй тарҷума шудаанд.
– Кӣ тарҷума кард?
– Силва Капутикян, Вааган Карени, Сергей Умарян.
– Тарҷума чӣ хел?
– Ба фикрам бад не, – ҷавоб додам ман. Албатта агар шоирони мо забони форсиро медонистанд, тарҷума боз ҳам хубтар мебаромад. Ман дубайтиеро ёдовар шудам, ки Мирзо Турсунович онро дар яке аз шеърҳояш ҳамчун эпиграф овардааст ва Умарян ба забони арманӣ гардонидааст. Дубайтӣ чунон саҳеҳ тарҷума шуда буд, ки ман онро бо забони буррои худам хондам. Ана он дубайтӣ:
Сари сарчашма рафтам ман ба ваҚте
Ба оби дида биншондам дарахте.
Шамол омад дарахтам решакан шуд,
Мани мискин надорам ҳеҷ бахте.
Мирзо Турсунзода ба ин дубайтӣ ва давоми шеърхонии ман гӯш дода, баъд гуфт:
– ҳа, ин овози ман, аз оҳангаш эҳсос мекунам. Охир, забони шумо ҳам ба дили ман наздик аст.
Назм ва гражданият – дӯстони деринаанд ва яке бе дигаре мисли гул бе гулбарг зиста наметавонад. Дар назми Турсунзода ман ин ҳамбастагии сурурбахшро кайҳо дарк карда будам. Дар назари аввал гӯё онҳо бо ҳамдигар ҳеҷ ҳамбастагӣ надоранд. Аммо ин нодуруст аст. ҳаёту мамоти ин ду мафҳум ба ҳамдигар сахт марбутанд.
Ман дили Мирзо Турсунзодаро ба тапишҳои беҚарори дили ШарҚ нисбат медиҳам. Бале, маҳз ба ШарҚи бузурги риёзаткаш ва офаридгори назми бузург. Дар ҳастии Мирзо тапиши дили ваҚтро мебинам.
Ӯ тамоми дунёро на фаҚат ҳамчун сайёҳ, балки ҳамчун шоир давр зада баромад. Овози ӯро дар ҳама ҷо, ҳам дар кулбаи ҳиндй ва ҳам дар завраҚи моҳигири испонӣ мешунаванд.,
ҳар бори ба Тоҷикистон омаданам маро назм истиҚбол мегирад. Ва дар ин лаҳзаҳо гумон мебарам, ки бо ман аҷаб ҳолате рӯй медиҳад. Сабаби ба ин ҳол гирифтор шуданам эҳтимол ё аз гармои тоҚатшикан ё худ аз тобишҳои Қадимии ин сарзамин бошад.
Мо бо Мирзо Турсунзода дар Москва, Ленинград, Ереван ва дар Тошкент бисёрҳо вохӯрдаем. Боре Мирзо ба ман гуфта буд, ки замоне забони ӯ дарӣ ё худ форсӣ будааст. ҳамон ваҚт ман ба ӯ наҚл кардам, ки ашугҳои кӯҳистони мо забони форсиро бисёр дӯст медоштанд ва соҳибистеъдод будани онон аз забони форсиро хуб донистанашон маълум карда мешуд.
Мирзо Турсунович ба ман гуфт, ки дар байни фолклори забони тоҷикӣ ва арманӣ Қаробати маънавӣ ҳаст. Ман ҷавоб додам, ки назарияи шеъргӯии шумо шарҚӣ эронист, аз они мо бошад соф ба забони арманӣ, ҳарчанд, ки он ба забони ғарбии эронӣ ҳамбастагӣ дорад ва сарчашмаи ин ҳамбастагии тарафайнро аз асрҳои миёна не, балки аз умҚи асрҳо, яъне ҳазор сол Қабл аз аҳди нав ҷустан лозим аст.
Мо дар бораи он харобиҳое, ки Чингизхон ва Темури Ланг ба сари халҚҳои мо оварданд ва дар хусуси муборизаи якҷояи халҚҳоямон зидди арабҳои истилогар сӯҳбат мекардем. Махсусан тохту тороҷи туркҳо ба Тоҷикистон, Эрон ва Озарбойҷон, ки ҳанӯз ҳам мо «шарбати» онро мечашем, даҳшатовар буд.
ВаҚте ки ҳар дуи мо дар байни Қаҳрамони афсонавии тоҷик Каюмарс ва Қаҳрамони арманй Мгер, ки орзуяшон ба инсон озодӣ ва равшанӣ бахшидан буд, алоҚамандии маънавӣ меёфтем, ниҳоят хурсанд мешудем. Дар Авесто гуфта мешавад, ки замин–модар, осмон–падар аст. Сайёди Наво ҳам дар шеърҳояш ҳамин тавр гуфтааст. Аҳмади Девбанди шумо ва Вишапакан – Вааги мо ба ҳам бародаранд. Олиҷаноб!
Мо ҳамроҳи Мирзо Турсунзода ҷаҳд мекардем, ки дар забон низ калимаҳои ба ҳам монанд ёбем. Масалан: намак–намэ, матин-матян, ҳикоят-хекят... ВаҚте мо чунин калимаҳои монандро пайдо мекардем, ниҳоят хурсанд мешудем. Бисёр хурсанд мешудем. Боре Мирзо ба ман гуфт:
– Фамилияи ту ҳам Қариб тоҷикист.
– Албатта, охир мо бо ҳам бародарем.
Ман боз аз он хушнуд будам, ки Мирзо–ака бо шоири дигари тоҷик Мирсаид Миршакар дӯстони бисёр хуб буданд.
Соли 1954 ман ҳамроҳи Мирзо Турсунзода ва дигар дӯстони тоҷик маҚбараи Садриддин Айниро, ки чанд моҳ Қабл аз олам чашм пӯшида буд, зиёрат кардем. Мирзо гуфт:
– Мо бе падар мондем.
Ман хушбахтам, ки дар тарҷумаи китоби-бисёр аҷиби Айнӣ «Бухоро» ба ҳамдиёронам кӯмак кардаам.
Мирзо ба ман гуфт, ки худаш ҳам шеърҳои чандин шоирони моро тарҷума кардааст.
Мирзо-ака дар бораи ячейкаҳои комсомолӣ, ки онҳоро нависандагони советии тоҷик Деҳотӣ, Улуғзода ва Миршакар ташкил кардаанд, ҳикоят мекард...
– Он ваҚт ман ҳамаги нуздаҳ-бистсола будам ва мо барои ҳаёти нав на танҳо бо шеър мубориза мебурдем...
На танҳо бо шеър...
Боре Фотеҳ Ниёзӣ ба ман гуфт:
– Ман медонам, ки шумо дар ҷанг будед. Ман ҳам
будам. ЁД доред, он ваҚт шеърҳои Мирзои мо чи сон баланд садо медоданд?
Ман достони Турсунзода «Писари Ватан»-ро ёдовар шудаам, ки порчаҳои алоҳидаи онро бори нахуст дар хандақҳо хонда будам. Хаёлам, ки ба сафҳои мо Қувваҳои нав фиристода бошанд.
Турсунзода мӯи ғулии мавҷнок дошт, ки ба ӯ на танҳо мезебид, балки ба чеҳраи нуронии вай тобиши махсус мебахшид. Вай муҷассамаи афкор ва шеър буд... ҳамеша ман ӯро барои ба депутати Совети Олии СССР интихоб шуданаш, сазовори Мукофоти Ленинӣ ва Мукофоти ба номи Неҳру гаштанаш ва барои Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ шуданаш бо шодмонӣ табрик мегуфтам.
Боре ӯ аз ман пурсид:
– Падари ту кӣ буд?
– Хаткашони деҳа.
– Бисёр нағз. Падари ман дуредгар буд. ҳар ду ҳам ҳунари хубанд.
Назми Мирзо Турсунзода ҳам назми классикии ШарҚ ва ҳам эҷодиёти халҚро таҷассум кардааст. Барои ҳамин ҳам вай бисёр баланд ва инсондӯстона садо медиҳад.
– «Хусрав ва Ширин»-ро ёд дорӣ? – пурсид ӯ аз ман.
– Албатта. ҳоли Хусрав бе ин арманидухтари соҳибҷамол табоҳ мебуд.
– Бе зебоӣ ҳаёт чӣ маънӣ дорад?
Вай донишманди бузурги ШарҚ буд. ӯ як по дар ШарҚ, пои дигар дар замини Аврупо меистод. Ин бисёр олиҷаноб аст.
Бори нахуст ба Тоҷикистон парвоз мекардам. Моҳи август, ҳавои Ереван ниҳоят гарм буд. ҳамроҳи ман дӯстам Абиг Авакян парвоз мекард ва мо ба худ мегуфтем:
«Дар Душанбе ҳаво чӣ хел гарм бошад!» ҳангоме ки мо дар фазои биёбонҳои назди баҳри Каспий парвоз мекардем, ба даҳшат афтодем. Дар Душанбе гармои тоҚатшикан буд. Мирзо–ака гуфт:
– Бештар чои кабуд нӯшед, бе Қанд, оби ин ҷо оби Ереван барин не.
– Ман чойро дӯст намедорам, – гуфтам ман, – шояд барои шикастани ташнагӣ тарбуз хӯрем?
– Тарбуз ҳам бад не.
Ман пурсидам.
– Помирро тамошо кардан имкон дорад?
– ҳозир не. ҳаво бисёр ғуборолуд аст, ягон самолёт ба он ҷо парвоз намекунад.
ҳамин тавр ман Боми ҷаҳон – Помирро надидам. Мирзо-ака маро бо як арманӣ шинос кард.
– Ин кас худои сохтмони моянд.
Дар назди ман марди Қадпасти деҳҚоннамо Вагаршак ҷаводович Карамяни арманӣ, вазири сохтмон меистод. ӯ аввалин роҳи оҳани Тошкент – Ленинобод ва то Боми ҷаҳон роҳи мошингард сохтааст.
– Мо ҳамаашро аз нав сар кардем, – гуфт Турсунзода, – Вагаршак ҷаводович ба мо бисер ёрӣ дод.
ВаҚте ман фаҳмидам, ки Карамян ҳамдиёри ман, аз деҳаи Ходзор аст, дар Тоҷикистон камол ёфта бошад ҳам, бисёр ифтихор доштам. Чанд сол баъд Турсунзода бо андӯҳ ба ман хабар дод, ки он одами хуб аз олам даргузаштааст.
Дар Тоҷикистон Мирзо ҳар гоҳ мепурсид:
– Хайр, ташнагй азоб намедиҳад?
– Эҳ напурсед.
– Имрӯз ман бароятон тарбузҳои махсус мефиристам.
– ФаҚат хурд бошанд, илтимос ака, хурди хурд бошанд.
– Барои чӣ хурд? – хандид Турсунзода.
Ман чӣ гуфтанамро надониста, фаҚат якравӣ карда мегуфтам, ки «аз ҳама хурдаш» бошад.
Бегоҳӣ Турсунзода тарбузҳои ваъдагиашро фиристод, онҳо чунон хурд буданд, ки ман яктоашро ҳам бардошта натавонистам. Дар тарозу кашидам, ки ҳар кадоме 18 килограммӣ вазн дошт.
Як бегоҳӣ Мирзо маро даъват кард, ки чойро дар «кӯча» менӯшем. ҳамон ваҚт Душанбе, агар хато накунам, як кӯчаи дарозе дошт, ки аз ду канораш дарахтони сарбафалак Қад кашида буданд, (ба ҳар ҳол дар хотири ман ҳамин хел мондааст). Мо дар чойхонае болои Қолинҳо менишастем ва чӣ аҷаб, ки ман ва Абиг ба одамони таҳҷой монанд будан мехостем. Дар болои кати дигаре даҳ-понздаҳ тоҷик нишаста, ба майли хотир сӯҳбат мекарданд. Чи одамони наҷибе буданд онҳо! Чеҳраҳояшон тозаю меҳрубон ва нигоҳашон тамом осуда буд. Онҳо ба дунё хушнудона ва бе ҳеҷ гуна кину адоват, ки замоне хонзодаҳо доштанд, дида медӯхтанд.
Рафтору кирдори онҳо бисёр самимӣ, меҳрубонона ва ба дилу дида наздик аст, дар ниҳодашон заррае ғаразу такаббур нест. ҳамроҳи онҳо бачаи ёздаҳ-дувоздаҳсолае низ нишаста буд. Вай ҳам мисли калонсолон дар тан ҷомаимиллӣ дошт. Ин маро бисёр мутаассир кард. Яке аз калонсолон ҳарф мезад. Дигарон бо диҚҚат ва эҳтироми зиёд гӯш мекарданд. Баъд бача ҳам ба суҳбат ҳамроҳ шуд. Ва ман аз дил гузарондам, ки ба сӯҳбати калонсолон ҳамроҳ шудани ӯ аз рӯи одоб набуд.Не, не! ВаҚте дидам, ки калонсолон чи гуна бо диҚҚат ӯро гӯш мекунанд, ба тамом ҳайрон шудам. Олиҷаноб!
Абиг Авакян як шеъри ҳофизро ба забони форсӣ хонд. ҳама бо хушнудӣ сар меҷунбонданд ва ҳайрон мешуданд, ки ин арманй забони моро медонад.
ҳамон ваҚтҳо ИттифоҚи нависандагони Тоҷикистон сию як нафар аъзо ва даҳ нафар номзад ба аъзогӣ дошт. Раиси он албатта Мирзо-ака буд. Платон Воронкои украин худро ба оғӯши Карамян партофта гуфт:
– Устоди ман!
Мирзо-ака ба ман фаҳмонд, ки Воронко дар сохтмони роҳи Помир дар таҳи дасти Карамян кор мекардааст. Сонӣ илова кард.
– Воронко ҳаёти моро хуб медонад...
Рӯзе як марди тоҷик назди мо омада, боодоб таъзим кард ва ману Абигро ба меҳмонӣ хонд:
– Ман ғаффорӣ, устои заргарам, ҳамсарам ҳамдиёри шумост, илтимос, рад накунед....
Мо розӣ шудем ва аз Мирзо-ака хоҳиш кардем, ки ҳамроҳи мо бошед.
– Ман ғаффориро мешиносам, вай ҷони одам аст. Аммо рафта наметавонам. Имрӯз кори муҳим дорам, – гуфт Мирзо.
ҳавлии ғаффорӣ серуну барҳаво буд ва ҳавзи хурдакаке дошт. Моро ҳамсари ӯ пешвоз мегирад ва бо забони... арманӣ:
– Марҳамат, дароед, – мегӯяд.
– Шумо аз куҷо мешавед? – мепурсам ман.
– Аз Зангезур.
– Наход? Аз кадом деҳа?
– Аз Хидзор.
– Бовар намекунам! Аз кадом авлод?
Инро бинед, ки ман боз дар миёни ҳамдиёрони худ афтодам. Моро бисёр хуб меҳмондорӣ карданд. писарони ғаффорӣ ва ҳамсараш Ануш ба мо шеърҳои Мирзо-акаро хонданд.
* * *

Болотар Қайд кардам, ки баъди бист сол ман боз ба Душанбе омадам. ҳа, хамон ваҚт ба Мирзо Турсунзода душвор буд, вай беморӣ мекашид. Устод ба мо шаҳрро тамошо дод, ки тамом шукӯҳу равнаҚи шинохтанашаванда ёфтааст. Вай Душанберо ба ҷон баробар дӯст медошт. Деҳаи замоне нообод акнун ба як шаҳри калони ҳозиразамон табдил ёфта буд. Борҳо дар чашмоии Мирзо ашк ҳалҚа задааст.
– Мо ҳамаашро аз дигар сохтем.
Ва ман шеъри ӯро дар васфи Тоҷикистон ба ёд овардам.

Аз оби ту ҳар касе ки нӯшид,
Дар роҳи ту содиҚона кӯшид...

Оҳ, чӣ Қадар ҳаҚиҚат аст дар ин суханон! Замини Тоҷикистон бисёр зебост, вале назм онро зиёда зебою азизтар медорад!
Мирзо-ака борҳо номи ҳамдиёрони маро, ки дар мубориза барои барҚарор намудани ҳокимияти Советй дар Тоҷикистон иштирок кардаанд, ёдовар шудааст. Инҳо лашкаркашони машҳури Армияи Сурх Мелкумян, Саакян, Абрамян, Саруханян, Тониян, Қаҳрамони ИттифоҚи Советӣ Персегян (Парсегов) ва дигарон мебошанд.
Инак, ваҚте ман ба Норак омадам, ба ин сохтмони азамати мамлакат, ки бо хуну араҚи ҷабини авлодонамон ва дӯстони имрӯзаамон бунёд шудааст, бо ифтихор менигарам. Ва ба ман чунин менамояд, ки садои рӯҳпарвари Норак садои назм, садои абадзиндаи дӯсти ҷонию ҷовидонии ман Мирзо Турсунзода аст.
Зеро ба ҳама маълум аст, ки садои назм ва дарёҳо асрҳои аср Қатъ нахоҳанд гашт.

Башумо бештар кадом
шеъри Устод маҳкул аст?

Дустонро гум макун
Ошёнаи баланд
Дили мадар
Баҳория
Нонреза


Натиҷа
Дустонро гум макун- 4
Ошёнаи баланд- 5
Дили мадар- 3
Баҳория-
Нонреза- 5

Can't delete old sess