Аслӣ

Ёднома

Наворҳо

    Тарҷумаи ҳол

    Шеърҳо

    Осорхона

      Санаҳои ҳаёт

      Аксҳо

      Алоқа бо мо
       Мероси адабӣ

       Cурудаҳо

       Китоби дархостҳо





Ёдномаи Мирзо Турсунзода

Раҳим Ҷалил


Соли шонздаҳум дар шӯриши хуҷандиён, ки зидди мутлаҚияти подшоҳӣ бардошта шуд, як нафар зан иштирок карда, афсонаи мардум гардид. ЛаҚаби ӯ Ходими ҷамолак буда, номаш Бибисолиҳа Қобилова мебошад. Дар китоби «ИнҚилоб дар Туркистон», ки соли сиюм нашр ёфтааст, дар Қатори расмҳои камёби таърихӣ расми толори калони он ваҚт ягонаи Душанбе «Хонаи Аскарони Сурх» низ ҳаст, ки пури вакилони аксаран ҷомапӯшу салладори анҷумани нахустини шӯроҳои Тоҷикистон аст. Дар он ҳам як нафар зани маҳаллӣ иштирок кардааст, ки фаранҷӣ ва чашмбанд дорад, вале ному насаби ӯ то ҳоло маълум нест. Аз байн андак вақт гузашту бо вуҷуди муҚобилияти сахти девонавор, манъии шариату тариҚат, ки ҳанӯз ҳукмрони зиндагии одамон буд, занони аз чордеворҳо берун омада на фаҚат чодари нангро ба оташ меандохтанд, балки дар корхонаҳои ҷамъиятиву давлатӣ ба кор медаромаданд. Мактабрав, хатхону хатнавис мешуданд ва аз ҳама аҷоибтараш, ба театрҳои халҚӣ омада, ҳофизиву раҚҚосӣ мекарданд. НаҚши занону духтаронро акнун ҷавонписарон не, худи духтарон меофариданд. Ба чунин мӯъҷиза фаҚат Револютсияи Октябр Қодир буд.
Аз байни ҳаваскорони санъати дар шаҳру деҳоти Хуҷанд овоза шудаи комбинати абрешим як гурӯҳи духтарони ба маънои томи он сухан диловару бебок ба театри шаҳрӣ омад. Театри аз муаллимону хизматчиёни идораҳо ташкилёфта то он ваҚт духтарон надошт. Дар ин гурӯҳ пиллакашдухтарони комбинат Тоҷинисо Султонова, Мағфират Аҳмедова, Сабоҳатхон Низомиддинова ва Розия Арслонова буданд.
Сабоҳати миёнаҚад, сафедпӯст ва чашму абрувонаш сиёҳи соҳибҷамол кокулони дарози бешумор дошт. Ба фаранҷипартоӣ, мактабравӣ, пиллакаш шудани ӯ на фаҚат бародарони ноҳамтани ӯ, балки хешовандонаш ҳам розӣ набуданд. Дар кӯчаҳои хилват сари роҳашро мепоиданд, ки дастгир кунанду аз нав ба сараш фаранҷӣ партоянд. Хонанишин кунанд. Аммо ҳамаи ин макру ҳиял ва пӯписаҳо Сабоҳатро наметарсониданд. Духтаре, ки шарбати озодиро чашидааст, таъми онро магар якумр фаромӯш мекард?
Сабоҳат бебокона ба театр омад. Коллективи ҷавон «Маликаи Турандот»-ро ба саҳна мегузошт. Таҳиягари худрӯй бе фикру хаёли дуру дароз ба Сабоҳат фармуд, ки песаро хонда барояд ва аз он суханони Маликаро ёд кунад. Пиллакашдухтари аз мураккаббию душвории офариниши наҚши Малика бехабар таклифро Қабул кард. ҳарчанд матни суханони ӯ дар намоишнома калон набуд, Сабоҳат ба маънии ҳарфҳои он намерафт. Дар он калимаҳое буданд, ки забони ӯ ба талаффузашон намегашт. ӯ ба ваҳм афтод. Пушаймон мешуд. Ба таҳиягар рафта, аз ӯҳдаи чунин кор намебароям гуфтанӣ ҳам шуд. Вале зуд аз раъяш гашт. «Агар ман аз ӯҳдаи ин кор намебаромадам, ӯ ба ман намесупурд, – аз дил мегузаронд ӯ. – Модом ки ба ман супурд, пас метавонам. Аммо чӣ тавр? Оё шарманда намешавам?» ӯ ҳамаи калимаҳои барояш номафҳумро Қатор карда навишт ва назди таҳиягар бурд, ки бифаҳмонад. Лекин вай хандид.
– Рости гапро гӯям, духтар? Баъзе ин калимаҳоро худи ман ҳам намефаҳмам. Пагоҳ як каси мутасаддии забону каломи театр ин ҷо меояд. Ана вай маънии ҳамаи ин ҳарфҳои каллакафону дандоншиканро, албатта, хуб медонад. Аз вай илтимос мекунем, ки намедонистагиамонро маънидод ва суханони душворфаҳмро дигар кунад. Мегӯянд, ки ҷавон бошад ҳам, нависандаи зираку пурдон. Пас аз хатми дорулмуаллимини Тошкент дар газета кор кардааст.
Таҳиягар саволномаҳои Сабоҳатро баргашта, ба дасташ дод. Пагоҳии он рӯз, ваҚте ки аз рӯи намоишномаи «Маликаи Турандот» машҚи ҳунарпешагон давом дошт, директори театр муаллим ҳоҷихон Умаров ҷавонеро ҳамроҳ гирифта омаду ба ҳама рӯй оварда, гуфт:
– Дуоямон иҷобат шуда, охир раҳбари адабидор шудем. Шинос шавед: шоир ва нависандаи ҷавон Мирзо Турсунзода. – Умаров гӯё аз саҳнаи театр барои тамошобинони бисёре сухан мегуфта бошад, овозашро баланд карда, дар ҷои истодааш чарх зада, ҷавонро нишон дод.
Вале ин ҷавони бист–бистудусолаи миёнаҚад, газгӯшт, сурхина ва кулчарӯӣ, сияҳчашм ва ғуллимӯйро, ки болои абрӯи рост холи сиёҳи майдаи гӯштӣ дошт ва аз муаррифии ботантанаи директор хиҷил ва сурх шуда буд, аз ҳозирон касе намешинохт. Мирзо аз костюми васеъ ва нимдошт шарм медошт магар, ки араҚи рӯяшро пок карда, ҷузъгири коғазиро ба остонаи тиреза ниҳоду бо ҳа маи ҳозирон вохӯрдй кард. Ба ҷои нишондодаи таҳиягар нишаст. Директор вазифаашро ба ҷо оварда, рафт.
– Хуш омадед, шаҳрамон пешкаш, – таҳиягар даст ба китфи Мирзо гузошта, ӯро андак ба тарафи худ кашид. – ғайр аз се нафар муаллим, ки баъди дарс ба кори мо меоянд, дигар ҳама чӣ тавре ки мебинед, ҷавонҳо. Талабаю толибаи мактабу ФЗУ–и комбинати абрешим. Дар бобати забони адабӣ ҳамаамон пиёда. Ба театр омада истодани шуморо шунида, дина боз ман ба куртаам намеғунҷам. Рӯзи гузашта ана ин духтарамон – ба Сабоҳат ишора кард таҳиягар, – як саволномаи калон бардошта омад: рӯихати калимаҳое, ки аз песаи «Маликаи Турандот» ёфтаасту маъниашро нағз намефаҳмад. Ман муллоҳои пештара барин дар хона моидани айнакамро баҳона кардам. Аммо хушхабар додам, ки пагоҳ мушкилкушои мо – роҳбари Қисми адабӣ меоянд. Ана ҳамин тавр. Мирзоҷон, иҚрор мекунам, ки на фаҚат Сабоҳат, балки ҳамаамон ба тарбияву таълим мӯҳтоҷем. Канӣ, аз нӯги хамир фатир кунем. Саволномаатонро ин тараф диҳед.
Таҳиягари хуштакаллум Мирзоро, ки аз муҳити нав, аз тантанаи шиноскунӣ ҳанӯз ба худ наомада буд, ба гап гирифт, ки ӯ зуд дар байни одамон худро каси худӣ дарёфт ва рӯихатро гирифта, ба маънидоди калимаҳо шурӯъ кард.
Вай гӯё ҷӯшу хурӯши ҷавониро надошт. Калонсолона ва батамкин сухан мегуфт. Ниҳоят ба даст Қалам гирифту ба ҷои калимаҳои «дандоншикан» фаҳмояшонро ёфта гузошт. Як соати машғулияти ҳунарпешагони театр бо ҳамин анҷом ёфт. Чун таҳиягар ӯро барои таоми пешин ба хонааш даъват кард, Мирзо гуфт:
– Маъзур, ман ба идораи газета бояд равам.
Мирзо ба назди ман мебоист ояд. Дар хона барои ҳардуи мо таом тайёр мекарданд.
Се рӯз аз ин пеш, бегоҳирӯзӣ, дари кӯчаи мо кӯфта шуду баромада як ҷавони сарлучи нимпӯстинпӯшро дидам, ки ҷомадони фанерии лӯлаболиштшакли кӯҳнае дар даст дошт. Ӯ ба назарам гарм намуд. Вале ба ёдам намерасид, ки дар куҷо дида будам.
– Шумо, аз афти кор, маро нашинохтед. Ман Мирзо Турсунзода, гӯён даст дароз кард ӯ.
– Маро мебахшед, Мирзо, – узр хостам. – Ман сурати шуморо дидаам. Медонед дар куҷо? Дар алманах. Маҷмӯаи ҳикояҳоятон «БайраҚи Зафар»-ро ҳам хонда баромадам. Гапҳои мондагиро сонӣ мегӯем. Марҳамат, – аз дасти Мирзо ҷомадонашро гирифтаму пеш даромадам ва ба ҳавлӣ даровардам. Модарам, ки дар рӯи ҳавлӣ буд, бо лаби сарбанд рӯяшро пинҳон кардан хост, нагузоштам. – Ошнон сталинободии ман, шоир Мирзо Турсунзода, меҳмон шуда омадаанд.
Модарам ҳар касро ки шоиру нависанда номам, чӣ ғоиб ва чӣ ҳозир, иззату ҳурмат мекард. «Шоиронро пештар валиюлло мегуфтанд. Агар одам назаркарда набошад, шоир намешавад», – мегуфт ӯ. Аз ҳамон ваҚте ки шеърҳои навмашҚонаамро барояш хондам, маро шумо–шумо мегуфту ба «номам калимаи Абдуро илова намуд. Аз ҳамин ҷо буд, ки Мирзо Турсунзода то охири умр маро Абдураҳим меномид.
Модар номи шоирро шунидан замон омада, ҳоло аҳволи Мирзо ва таваккалан саломатии падару модар ва хешу аҚрабоёни ӯро пурсид. Хушомадӣ карда, ба меҳмонхоначаи рӯи ҳавлӣ даромада, зуд яккаандозҳо кушод, болиштҳоро ба девор такя кунонда монд ва баромада моро ба он ҷо даъват кард. Фурсате нагузашта, ҳамсарам чойники чой, пиёлаҳо ва модар дастархону лаълӣ бардошта даромаданд ва боз «хуш омадед!» гуфта рафтанд.
– Ман аввал ба меҳмонхонаи шаҳрӣ рафтам, – гуфт Мирзо, – медонистам, ки бе паспорту сафарнома ҷой намедиҳанд, аммо умед карда рафта будам. ҷой надоданд. Дар Хуҷанд ғайр аз шумо шиноси наздики ман ҳаким Карим аст. Суроғ карда, ба ҳавлиашон рафтам.. Падарашон гуфтанд, ки ба хона дароед, раво надидам. Ночор шуморо безобита кардам, ки узр мехоҳам. Шумо медонед ман дар идораи «Комсомоли Тоҷикистон» кор мекардам. Бо фалонӣ ошам напухта монд. Бинам, ҳар чизу ҳар гапро баҳона карда, айбу эродгирӣ мекунад, ариза дода, аз кор холӣ шудам. Гумонам ин буд, ки аз ягон газетаи дигар кор меёбам. Аммо вай дили газетаҳои дигарро аз ман беҳузур карда будааст. Ноилоҷ билет харидаму рост роҳи Хуҷандро гирифтам. Аммо набудани ҳаким Карим маро ғамгин кард.
– ҳаргиз ғам нахӯред. Барои шумо кор ёфтанро ман ба зиммаи худ мегирам, – Қавл додам. Ба ёдам мерасид, ки мудири маорифи шаҳр ва директори театр аз ман илтимос карда буданд, ки раҳбарии Қисми адабии театрро ба ӯҳда гирам. Аммо ман Қабул намекардам, ки ба кори газета халал мерасонад. – Истед, ки Мирзо, то аз газета ҷой ёфтан раҳбари Қисми адабии театр шудан намехоҳед? Агар шумо розӣ бошед, худи пагоҳ гапзанон мекунам. Ин ҷой холист ва каси муносиб пайдо карда наметавонистанд.
– Меравам, – дарҳол розӣ шуд Мирзо. – Маҳмудов ном як ошнои бухороии ман, ки дар театри Сталинобод режиссёр шуда кор мекард, ҳамин рӯзҳо директор ва режиссёри шумо шуда меояд. Одами хуб. Ба драматургҳои ҷавон то аз дасташ омадан ёрӣ мерасонад. Ман бо ёрии ӯ «ҳукм» ном песа навишта истодаам. Навишта тамом мекунаму Қабул шавад, Маҳмудов ба саҳнаи ин ҷо гузоштанӣ.
– Ин боз хубтар аст, – дили ӯро бардоштам ва пурсидам: – Бо ҳаким Карим чӣ гуна ва кай боз ошноӣ доред?
– Соли бисту ҳаштум дар ваҚти таътили тобистонӣ ман кор кофта ба Шаҳринав омадаму ба комиҷроияи район рафтам. ҳаким Карим дар он ҷо муовини раис буд. ӯ куҷоӣ ва дар куҷо хонда истоданамро пурсида ариза нависонд. Навишта ба дасташ додаму муносибаташ якбора гарм шуд.
– Монанди Хоҷаи Хизр пайдо шудӣ, Мирзо, – завҚ мекард ӯ. – Котиби масъуламон нозу нузҳои нав бароварда, як рӯз ба кор ояд, ду рӯз наомада, аз ҷонамон сер мекард. Ту ба пои худат даромада омадӣ. Дар куҷо истиҚомат мекунӣ? ҳамин рӯз омадӣ? Навишта мемонам, ки имрӯз рӯзи пурхосият аст. Ана ин коғазро мегирӣ. Ба меҳмонхонаи мо меравӣ. Одам ҳамроҳ мекунам. Туро мебарад. Аз он ҷо ҷой мегирӣ. Шустушӯ карда, худатро ба ифоҚа мебиёрӣ. Пагоҳ, бозоргир шуда меоӣ... Кистӣ? Котиби масъул! Магар ин шӯхист? – ҳаким Қоҳ–коҳ механдид. – ҳусни хати аҷоиб доштаӣ, Мирзо! – Аризаро боз ба даст гирифта хушҳолона аз назар мегузаронд ӯ. Ба ҳамин тариҚ ман ду моҳ вазифаи котиби масъулро иҷро карда, бо ҳаким Карим кор кардам. Вай ҳамон ваҚтҳо ҳам нависнавис мекард, ки ҚитирҚитир меномид. Вай аз наҚли одамони ба арзу дод омада ҳикоя менавишт. Қӯтоҳ-кӯтоҳ.
– Дар кӯтоҳнависӣ ӯ муаллими ҳамаи мост. ҷумҳадои ӯ мӯъҷазанд, – ба ҳарфи Мирзо ҳамроҳ шудам. – Лекин ӯ дар Шаҳринав кор карданашро нагуфта буд.
– Намедонам, дар он ҷо аз кай то кай кор кард. ҳамаи фаъолони районро нағз медонист. Бо аксар шиносоӣ ва рафту омад дошт. Аз ғарму Кӯлоб шиносонаш меомаданд. ӯ дар меҳмонхона онҳоро бо палави дастии худ зиёфат мекарду то саҳариҳо ба гапҳояшон гӯш медод. Баъди рафтани онҳо ба дафтари калони хотирааш, ки ба дафтари наҚду насияи дӯкондорон монанд буд, – Мирзо базеб хандид – бо хати хушрӯй ва хонои «настаълиҚ сабту Қайдҳо мекард. ҳаким Карим дар газетаи шумо чӣ кор мекарданд?
– ҷонишини муҳаррир. Лекин тамоми масъулияти газетабарорӣ дар зиммаи он кас буд, – ҷавоб додам ман. Дасти ҳамаи моро ба кори газета ҳаким рост кард. Ӯ кори газетаро бағоят дӯст медошт. ҳоло чанд ваҚт боз тарҷумони бюллетени Совети Комиссарони ХалҚӣ шуда кор мекунаду ба тоҷикони дар Москва мехондагию кор мекардагӣ маҚолаҳо нависонда, таҳриру тайёр карда мефиристад. ҳаким хушбахт аст. Ӯ ҳамроҳи Лоҳутӣ кор мекунад, ки муҳаррири тоҷикии ҳамон бюллетен аст.
– ҳаким Карим Лоҳутиро кӯҳна медонист, – гуфт Мирзо. – Эҳтимол ӯро ҳамон кас даъват карда, Маскав бурда бошанд. Лоҳутӣ боре дар Шаҳринав меҳмони ҳаким Карим шуданд. Одамон ба як ҳуҷра нағунҷиданд. ҳаво хеле салҚин бошад ҳам, дар берун нишаста, Лоҳутӣ шеърхонӣ карданд. Мардум беваҚтии шаб рафтанд. Баъди рафтани онҳо ҳам ин ду нахобиданд. Дар ёдам нест, аз кӣ буд, Ҳаким тарҷума кардааст. Тарҷумаашро ба Лоҳутӣ мехонд. Он кас пеш–пеш ислоҳ мекард. – Мирзо баъди таваҚҚуфе боз ба мавзӯи аввала баргашт. – Гирем, ки кор ёфт шуд. ҷои истиҚомат чӣ мешавад? Барои ман як кулбаи фаҚирона бас аст, ки як катчаю столу ду стул ғунҷад.
– Ҳазрати хоҷаи ҳофиз дар аввали ғазале як байт дорад:

РавоҚи манзари чашми ман ошёнаи туст
сатри дуюмро Мирзо хонд:
Карам намову фуруд о, ки хона хонаи туст!

– Ташаккур. Намедонам миннатдории худро ба шумо чӣ тавр изҳор кунам. Аммо меҳмон дуру дароз наравад, ба дили соҳиби хона мезанад. Дар ин боб байти аҷоибе хонда будам:

Меҳмон гарчи азиз аст ба монанди нафас,
Танг месозад агар ояду берун наравад...

– Шумо аз он меҳмонҳое нестед, ки танг созед. Саросема намешавед. Сонитар ҷой ҳам меёбем. То он дам ин хона дар ихтиёри шумо. ҳамеша дараш ба рӯи шумо кушода.
ҳамон шаб ӯ аз саргузашти худ шаммае наҚл кард. Модараш соли шонздаҳум вафот кардаасту симои вайро дар ёд надорад. ӯ то соли бисту панҷум дар тарбияи падари дуредгараш мешавад. Моҳи декабри ҳамон сол ба Душанбе омада, ба хонаи сағирон даромада, дар техникуми педагогӣ таҳсил мекунад. Соли бисту ҳафтум, баъди як соли вафоти падараш, ӯ хушбахтона дучори як одами маърифату маданиятдӯсте мешавад. Шояд ӯ аз Қобилияти Мирзо огоҳ шуда бошад, ки ҳамроҳи ҷамоае аз бачагони толибилм ба ароба савор карда, то Термез мебарад. Баъд ба поезд шинонида, ба Тошкент мефиристад. Мирзо дар дорулмуаллимини тоҷикон аъло хонда, соли сиюм онро хатм намуда, ба Сталинобод омада, ба кори газета медарояд. ҳамаи касбу ҳоли шоири ҷавон ҳамин буд.
Пагоҳи ҳамон рӯз ману Мирзо ба шӯъбаи маорифи халҚ рафтем, чун ман номи ӯро гирифта, ба мудири маориф шинос кардам, ӯ дасти Мирзоро аз нав фишурд.
– Муаллими шумо Маннофзода, ки мо ҳама ӯро ҳамчун зиёии ҳаҚиҚии шӯроӣ, тарбиятгари пурдон ва ғамхор ҳурмат мекунем, номи шуморо дар Қатори шогирдони нағзаш ба забон мегирифт. Шумо аз Қаратоғи ҳисор не, охир? – пурсид ӯ. – Дидед. ҳам ному ҳам насабатон дар хотирам мондааст. Назари рафиҚ Маннофзода ҳар касро ҳам намегирад. Ягон одами мувофиҚи табъи ба ин кор муносибро намеёфтем. Ин кас бошанд, серкориро баҳона мекарданд, – ба ман ишора намуд мудир. ӯ зуд ба номи директори театр хат навишта дод, ки ба кор Қабул кунад.
– ҳаракат мекунем бароятон истиҚоматҷо ёбем, – Қавл дод мудир.
Ману Мирзо бо сафои хотир аз назди ӯ берун омадем.
– Ман ҳеҷ гумон намекардам, ки мушкилоти ман ин тавр осон мешавад, – оҳ кашид Мирзо. – Хуҷанд чӣ Қадар хушрӯй! Кӯҳи баланд, дарёи калон, боғу роғи пури меваю шарбат.
– Магар шумо дар Хуҷанд аз ин пеш ҳам будед? – пурсидам.
– Ба алавгирӣ омада рафта будам. Дар гуфтугӯи мардуми ин ҷо ннз оё чунин ибора ҳаст?
– ҳаст. Агар меҳмон омадан замон монанди шумо ҳаракати рафтанро кунад, «магар ба алавгирӣ омадаӣ» мегӯянд. Кай омада, оташ гирифта рафта будед?
– Рӯзи ҳаштуми марти соли гузашта. Ба митинги ба кор даромадани комбинати абрешими шумо ба сифати мухбири махсуси газета омада будам. Худи ҳамон рӯз ба поезд савор шуда, ба Ховосу аз он ҷо ба Душанбе рафтам. Хабари дар вагон навишта тайёр кардаамро ба газета дода, таҳсину офарин шунидам. Файзулло Абдуллозода, ки аз ман як сол пеш дорулмуаллимини Тошкентро тамом карда буд, маро дар митинг дида, ба хонааш кашид. Узр хостам, ки фурсат надорам. Он гоҳ ӯ маро ба боғи шаҳрӣ бурда зиёфат кард ва наҚлиёт ёфта, то вокзал гуселонд. Он кас пештар шеър мегуфтанд. ҳоло ҳам менависанд?
– Солею моҳе. Лекин ба маҳфили адабии мо, ки ҳаким ташкил карда буд, бетарк иштирок мекунанд. Ба мо маслиҳатҳои хуб медиҳанд. Одами нуктасанҷ. Барои аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардани материалҳои муҳим ҳам он касро ба идора даъват мекунем. Хуб, акнун шуморо ба театр барам?
– Ба театр имрӯз намеравам. ҳаммом даромада, ба Қавли ҳаким Карим, худро ба ифоҚа оварда, бозоргир мешавам. – Ӯ хандакунон ангушт ба лаб бурд. Соида–соида пӯстеро аз он барканд. Боз ангушт ба лаб бурдаоварда дид, ки оё хун набаромадааст. ДарвоҚеъ ин одатро Мирзо то охири умраш тарк карда натавонист. Гоҳо лаби ӯ аз зарби пӯстканӣ хуншор мешуд.
– ҳар ҷо ки равед, аз соати як дер намонда, дар хона шавед, огоҳ кардам ӯро. – Чоштро дар хона мехӯрем.
ҳамин тавр, ману ӯ улфат шудему ба ҳам унс гирифтем. Мирзои улфатпазир ба ошноён ва.дӯстони ман Зариф Раҷабов, ки дар Москва мехонду тобистонро дар Ленинобод гузаронида, ба хонаи ман рафтуомади бисёр дошт ва бо дӯсти Қарину деринам Мирзоҷон Аюбҷонов, аъзоёни маҳфили адабиамон Ашӯрмат Назарови новӣ, Тоҷӣ Усмони унҷигӣ ва дигарон ошноӣ пайдо кард. Мо гаштак доштем. Ба навбат ҳафтае як бор ҷӯраҳо дар хонаҳояшон зиёфат меоростанд. Навбати зиёфатдиҳӣ ба Мирзо расад, ӯ ҳамаро ба хонаи ман хабар мекард.
...ҳомид Маҳмудов директор ва режиссёри театр шуда омад. Ӯ бо Мирзо дар ҳаҚиҚат дӯсти Қадрдон буда, дар симои ин ҷавони ботамкину хушодоб ва меҳнатдӯст истеъдодашро ба хубӣ медидааст. Рӯзе вай ҳамроҳи Мирзо ба идораи газетаи мо «Пролетари Хуҷанд» омад. ВаҚти ҷамъшавии маҳфили адабии моро пурсида, илтимос кард, ки «ҳукм»-и Турсунзодаро ба муҳокима гузорем. Толеи Турсунзода буд, ки ҳамон рӯзҳо Зариф Раҷабов ва ҳаким Карим дар Хуҷанд буданд. Муҳокимаи песа баъди кор ду рӯз давом кард. Адибон, санъаткорон ва муаллимон ба муаллиф маслиҳатҳои хуб медоданд.
– На дар ИттифоҚи нависандагони Тоҷикистон, на маҳфилҳои адабии назди газета ва донишкадаҳо ягон асарро ба ин дараҷа ҳарҷониба, дилсӯзона, ба назарам, муҳокима накарданд, – арзи миннатдорӣ мекард Мирзо. – Ман ҳамаи маслиҳатҳои хуби шумоёнро ба ҳисоб гирифта, асарро як бори дигар таҳрир мекунам ва барои ин боз ба шумо ташаккур мегӯям.
Баъди ду моҳ ду муждаи Мирзо дӯстонашро шод гардонд. Маҳмудов «ҳукм»-ро баъди таҳрири охирин ба Сталинобод бурда тасдиҚ кунонида, ба плани репертуари театр дохил намуд. Инчунин Мирзои мо ҷуфти худро ҳам ёфт. Киро? Сабоҳат Низомаддиноваро, ки ҳамон рӯзҳо дар песаи «Маликаи Тӯрандот» роли маликаро басе хуб иҷро кард ва тамошобинонро ба худ мафтун гардонд.
– ВаҚти ба алавгирӣ омаданат дар комбинат оё Сабоҳатро таги чашм накарда будӣ? – пурсидам аз Мирзо.
– Одам гуфтагӣ ин Қадар кунҷков намешавад... – хандид ӯ, аз ҷавоб сар кашида.
Хонандаи китоби аввали «Маъвои дил» Юсуф Раҳматзодаро дар хотир дорад, ки маъмури театр бошад ҳам, чун ҳунарпешаи ҳунарманде дар чунин песа, аз ҷумла «ҳалима»-и ғулом Зафарӣ наҚши бойро иҷро намуда, ба дасти саркардаи Қаландарон – Зоҳир Дӯстмуҳаммадови раҳматӣ афтода буду ӯ дар пеши назари тамошобин гӯшҳояшро тоб дода, гум–гум ба тахтапушташ зада, оҳиста талаб мекард, ки Қасам хӯраду ба пушти саҳна, ки гузашт, бунак диҳад.
...Юсуф Раҳматзода дар хамгашти кӯчаи Чорбоғ ҳоло кӯчаи ба номи Горкий як дар ҳавлӣ ва дар беруни он дӯконхоначаи торике дошт, ки равшаниаш аз равзана буд. Юсуф ҳамин хонаро ба Мирзо дод, ки занашро оварад. Тӯйро низ дар ҳавлии ӯ гузаронад. Тамоми театр, ҳамаи коркунони матбуот дар ташвишу такопуи ин тӯи хонадоршавӣ буданд. Тирамоҳи соли сию чорум тӯи нави дар ҳаҚиҚат комсомолиро дар ҳавлии Юсуф оростем. То посе аз шаб гузаштан дар ин ҳавлӣ шеърхонӣ, таронагӯӣ, раҚсҳои дилпазир шуданд. Касе намехост чунин хушҳолиро монда равад. Чор рӯз пеш аз тӯй «ҳукм»и Мирзо ба саҳна гузошта шуда буд, ки се шаб паиҳам онро намоиш доданд. Тамошогоҳ ҳар шаб аз одамон пур буд. НаҚши духтареро, ки Зевар ном дошт, Сабоҳат Низомаддинова офарида буд.
Аз ёдам набарояд. Дар Хуҷанд соли сию чорум МТС, шӯъбаи сиёсии он ва дар назди вай газета ташкил шуд. Ин газетаи «Бо роҳи ленинӣ» ном дошт, ки баъди барҳам ёфтани шӯъбаи сиёсӣ газетаи райони Хуҷанд шуд ва баъди хеле танаффус ҳоло боз дар ҳамон ҷо нашр мешуд. Нависанда Тоҷӣ Усмон муҳаррири ин газета шуду ман ба ӯ ҷонишин будам. Матбуотчии фаъол Мирмуҳаммад Нурматов, ки дар охири умраш директори нашриёти Тоҷикистон буд, котиби масъули ин газета, Маъруф Шариф, ки баъд коргари совети шаҳрӣ, комиссариати ҳарбӣ, милитсия ва сардори парки мошинҳо буд, инструктори ин газета шуда кор мекарданд. Ба ҳамин тариҚ, ҷои ман дар газетаи «Пролетари Хуҷанд», ки котиби масъулаш будам, холӣ шуда, онро Мирзо Турсунзода ишғол кард. Ва дар айни замон роҳбари Қисми адабии театр ҳам шуда кор мекард.
Дар ин ҷо ҷоиз мешуморам, ки аз газетаи «Бо роҳи ленинӣ» чанд сухан гӯям. Ба идораи ин газета тобистону ваҚтит аътил, ки шуд, чанд нафар хонандагони мактабҳои олӣ – аз ҷумла Бобоҷон ғафуров ва Зариф Раҷабов аз Москва, рафиҚони дигар аз Душанбею Тошкент ба таҷрибаомӯзӣ меомаданд. Дар ин газета асархои адибони на танҳо Хуҷанд, бисёр соҳибҚаламони Сталинобод низ чоп мешуданд. МӯътаҚидони ин газета дар шаҳрҳои Осиёи Миёна бисёр буданд. Чанд шеъри устод Лоҳутӣ, аз ҷумла «Эй Хуҷанд, эй болшевики паҳлавон»-и ӯ дар ҳамин газета чоп шудаанд.
Боре Бобоҷон ғафуров дар ваҚти котиби якуми Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон буданаш дар ҳузури Мирзо ва Миршакар ба ман рӯй оварда гуфт:
– Оё дар ёдат ҳаст, ки маро чӣ Қадар азоб медодӣ?
– Кай, чӣ азоб? – ҳайрон шуда пурсидам.
– Аз ёди ту шояд рафта бошад, – хандид Бобоҷон ғафуров хам шуда, ба девор нигаҳкунон. – Аммо аз хотири ман ҳаргиз намеравад, ки ту дар газетаи «Бо роҳи ленинӣ» хабарҳои маро чӣ Қадар бераҳмона кӯтоҳ мекардӣ. Мефармудӣ, ки аз нав нависам.
– Фоида бурдед, ё зарар кашидед аз он? – ҷуръат карда пурсидам.
– Рости гапро гӯям фоида бурдам, – эътироф намуд ӯ. То ҳамон ваҚт ман маҚолаҳоро калон–калон менавиштам. «Бо роҳи ленинӣ» мӯъҷазнависиро таълим дод. Ин ҳунари ҳар кас нест.
«Бо роҳи ленинӣ» ба донишҷӯёни дар Москва ва шаҳрҳои дигар буда имконият медод, ба зиндагияшон дарбеҳ кунанд.
Боз ба сари Мирзо Турсунзода бармегардем.
– Рӯзе дар идораи «Бо роҳи ленинӣ» менишастем, ки Мирзо даромада омад. Даме нишасту ба ту шахсан як гапам буд гӯён аввал ба роҳрав, баъд ба кӯча баромад.
– Сталннобод рафта истодаам, – хабар дод ӯ.
– Ягон маҷлис ё...
– Бо корҳои шахсии худам. Гашта омада, сонӣ ҳикоя мекунам. Пеши модар рафта, фотеҳаи сафарро гирифтам.
– Ана инаш боз аҷибтар! Худат меравӣ, ё Сабоҳатро ҳамроҳ мебарӣ?
– Ӯро ҳам мебарам. ҳамааш шуда як бор ба слёти пешҚадамони саноат вакил шуда рафтааст. Лекин мегуяд, ки байни меҳмонхонаю маҷлисгоҳро дидаасту халос. Биё, ки вай ҳам як чарх зада биёяд.
– Ба гусел бароям?
– Ташаккур Абдураҳим, барои ҳамаи некиҳоят, барои дастгирӣ ва одамгариҳоят...
– Баногоҳ тамоман намеравӣ?
– Не. Чаро тааҷҷуб мекунӣ? Барои некӣ магар миннатдорӣ намекунанд?
Мирзо дасти маро ба кафи майдаи нарму сергӯшт гирифта фишурду дасти дигарро ба гарданам андохта бӯсида, хотири маро парешонтар кард. Лекин ба саволҳои дигарам ҷавоби равшан надода рафт.
Дар хона модарам аз ман пурсид:
– Мирзоро дидӣ? ғамгин менамуд. Хайру хуш мекарду аз чашмаш ашк мерехт. ҳарчанд пурсидам, ки писарҷонаки азизам, оё аз ягон кас хафа шудед. Баногоҳ газета хатоку набаромадааст, не гуфт. ҳама тинҷй. Аз шумо як фотеҳа гирам гуфта, омадам... Тез баромада рафт. Сабоҳатхонашро ҳам мебурдааст. Нафаҳмидӣ, ки чаро вай ғамгин?
Сабаби ғамгинӣ ва сафари ногаҳонии ӯро фардои рафтанаш ва тафсили онро баъди як ҳафта шунидам. Шабе аз шабҳое навбатдорони газета Мирзо ва Маҳмуд Исмоилов будаанд. Исмоилов ба мактаби адлия аз кори ҳамин газета рафт ва дигар ба матбуот барнагашт. Теппаи саҳифаи аввали газета дар тарафи рости ном, бо ибораи матбуотчиён, «тиреза» ном дорад ва дар он одатан бо сарлавҳаи «Дар шумораи имрӯза» мундариҷаи мухтасари газета навишта мешуд. Мирзо чор саҳифаро хонда, ба Исмоилов месупорад, ки мундариҷа нависад ва худ меравад. Исмоилов онро навишта медиҳаду хонданашро ба мусаҳҳеҳ месупорад. Мусаҳҳеҳро хоб мебарад ва чопгар газетаи «тирезааш» холиро ба машин гирифта, пурра чоп мекунад.
ҳарифу ҳангоматалабон барои бадномкунии навбатдорон фурсат пайдо мекунанд ва ин хабарро ба котиби комитети шаҳрии партия мерасонанд. Котиб Додхудоев ном каси «аз поён болошудаи» камсаводе буд. ӯ барои исботи «сурхии» худ номи падарашро тағир дода фамилияи Бедодихудоевро мегирад. Мирзо пагоҳӣ омада ҳанӯз ба паси мизи кориаш нагузашта, аз кабинети котиб ӯро ба назди вай мехонанд. Мирзо ба рафтан мераваду сад пушаймон мешавад. Марди камсавод суханҳои носазо мегӯяд. Дареро накӯб, ки даратро накӯбанд. Мирзо ҳам паст намеояд. Суханҳои дастабиринҷӣ ёфта мегӯяд ва худи ҳамон рӯз меравад.
Баъди як ҳафта аз ӯ мактуб гирифтам. Ӯ воҚиаро батафсил навишта, хабар медод, ки аз газетаи «Тоҷикистони Сурх» коре барои худ пайдо кард. ҳамин ки хона ёфт, барои гирифта бурдани кӯчаш меояд. Айнан дар ҳамин ваҚт дар Душанбе бо ташаббуси фонди адабӣ, ки сардораш шоир Муҳаммадҷон Раҳимӣ буд, дар кӯчаи ба номи Орҷоникидзе барои нависандагон иморати дуошёнаи тахтагин месохтанд. Аз ошёнаи якуми он ба Мирзо хона доданд. ӯ кӯчида омад. Ин хона аз се ҳуҷра иборат буд ва дар яктои он шоир ҳамдӣ ва ду ҳуҷраи дигар оилаи Мирзо зиндагӣ мекард. Дар хонаи ҳамдӣ аз соли сиюҳашт то чил, ваҚте ки дар газетаи «Тоҷикистони Сурх» ва журнали «ШарҚи Сурх» кор мекардам ва ба Даҳрӯзаи санъати тоҷик дар Москва тайёрӣ медидем, ҳамсояи Мирзо шуда, ман ҳам зиндагонӣ мекардам.
Мирзо ба кадом кор равад, ба роҳбарии вилоятии ҳамон соҳа маро тавсия менамуд. Чун солҳои аввали ҷанг ӯро сардори управленияи республикавии санъат таъин карданд, мактуби ӯро гирифтам, – Ман сардори санъаткорони республика шудам. Партия супурд, Қабул кардам. Тавсия кардам, ки ту сардори шӯъбаи вилоятии санъат шавӣ. Илтимос, таклифи маро ба замин нагузор.
Аз миён як ҳафта нагузашта, маро ба комитети вилоятии партия даъват карданд. Ин корро бар иловаи кори газета ба ман супурданд.
Мирзо аз бозе, ки котиби ИттифоҚи нависандагони Тоҷикистон интихоб шуд, ба ташвиши дар Ленинобод ташкил намудани шӯъбаи вилоятии ин ташкилот афтод ва ниҳоят муваффаҚ шуд.
– Медонам, ки бе ҳамин ҳам соҳибҚаламони вилоят гирди ту ҷамъ омаданд ва солҳои сол боз мутасаддии тарбияи онҳо ҳастӣ. Лекин ташкилот бояд расмӣ карда шавад, – мегуфт ӯ, маро ба котибии шӯъбаи вилоятӣ пешбарӣ намуда. – Агарчӣ коми туро момо бо газета бардоштаасту мӯятро ба газета сойда, сафед караӣ, ба ҳар ҳол, вай ваҚти зиёди туро мегирад. Хоҳ–нохоҳ ба кори эҷодиат халал мерасонад. Аммо шӯъба имконият медиҳад, ки бо тарбияи адибони ҷавон зиёдтар машғул шавӣ ва дар айни замон, бародарам, худат ба кори эҷодӣ фурсат дошта бошӣ. Чӣ Қадар ваҚти мо ба корҳои дигар сарф мешаванд.
Оре, ваҚти бисёри худи Мирзо ҳам ба корҳои ҷамъиятиву давлатӣ сарф мешуданд. Ӯ гоҳе чун аз сафар, мулоҚотҳо, нутҚу баҳс ва мунозираҳо монда мешуд, ёди шаҳри Ленинободро мекард, ки барояш азиз буд. ӯ мехост дар лаби Сири соҳилоро дам гирад, бо дӯстони инҷоияш, ки дӯстони ҷавонианд, сӯҳбат орояд ва агар фурсат ёбад, яъне сафари ногаҳонӣ ба ягон Қитъаи олам зарур шуда намонад, асари саркардаашро дар ин ҷо нишаста, тамом кунад. Ё асареро сар кунад, ки дер боз дар хаёлу орзӯи навиштани он асту ваҚт пайдо карда наметавонад.
– Аммо омада аз хонаи дӯстон манзил мегираму онҳо на ба ин мемонанд, на ба он, – рози дил мегуфт Мирзо. – ҳавлӣ зиёратгоҳ мешавад. Омадан мегиранд. Ба меҳмонӣ мебаранд. Маҷбур мешавам, ки гурехта халос шавам.
– Чӣ мешуд, ки ба дачаамон равию дам гирӣ ва эҷод кунӣ? – машварат додам ба ӯ.
Ин ба ӯ писанд афтод. Ба назди котиби якуми онваҚтаи комитети партиявии шаҳр, ҳоло котиби якуми партиявии вилояти Ленинобод Рифъат Хоҷиев рафтем. Вай чунон хурсанд шуд, ки дар тааҷҷуб мондем.
– ҷон мегӯям, биёед, дар дача ҳамеша ҷой ҳаст. Хоҳед, хона ёфта медиҳам. Инҷоӣ ҳам бошед, мувофиҚи табъ баҳраманд мешавем, охир, – гуфт ӯ.
Маънии «баҳраманд»-и котибро фаҳмида, дар дил хандидам. Мирзо барои он ки аз кору бор ва ташвиши бисёри пойтахти республика фориғ бошад, худро чанде ба канор гирифтанию лекин гиребонаш ба дасти дигарӣ мефарояд.
Рифъат ҳоҷиевич, даме ки барои гуселонидани мо то дами дари кабинети худ меомад, гӯё чизе ба хотираш расидагӣ барин бозистода гуфт:
– Дар воҚеъ, Мирзои азиз, ҳоло шумо дар ҳамин ҷо-а? Агар фурсат ёбед, аз сафарҳои охирини хориҷа ба фаъолони партиявии Ленинобод ним соатакак ҳикоя карда медодед, нағз мешуд.
– Ба ҷонам, – даст ба рӯи дил ниҳод Турсунзода. – Рӯзу соаташро бо телефон хабар диҳед.
ҳамин тариҚ, баъди ду рӯз фаъолони шаҳр дар маҷлисгоҳи комитети партиявии шаҳр ҷамъ омаданд ва шоирро бо муҳаббат пешвоз гирифта, аз аввал то охири сӯҳбат, ки саҳл кам ду соат давом кард, сокит нишаста, ҳуш дода наҚли дилпазири ӯро шуниданд. Дар охир аз шоир хоҳиш карданд, ки шеъре хонад. Ӯ «ҳамин кофист»–ро чун давоми «ҷони ширин» аз ёд хонд. Аҷаб ки Мирзо, ба хаёлам, фаҚат ҳамин ғазали худро аз ёд медонист, ки бисёртар онро мехонд.

Туро сад бор гуфтам, ки ғуломат ман, ҳамин кофист,
Фидои як каломат, як саломат ман, ҳамин кофист.
Навиштам, пахш кардам мӯҳр мондам даст бегуфтор,
ҳаётамро, мамотамро ба номат ман, ҳамин кофист?

Аз ҷарангоси овози ин мубориз, расули бархаҚҚи адабиёти оламгири советӣ бонии ғайратманди амонӣ медидам, ки дар маҷлис одамон чӣ гуна ҳаловат мебурданд. Фахр мекарданд, ки шоир фарзанди дилбанди онҳост.
Чунон ки дар гузашта Камоли Хуҷандӣ, ҳофизи Шерозӣ ва Носири Хисрави Қубодиёнӣ тавассути асарҳояшон халҚ ва диёри худро машҳури замон ба оламиён карда буданд, Мирзо шӯҳрати халҚи ба шарафи Октябр аз нав зинда гардидаи тоҷик ва диёри шукуфони худро бо ашъори батаъсир, нутҚҳои оташбор, бо мубориза баҳри сулҳу амонӣ зиёдтар гардонд.
Мирзо тарбияи зумраҳои нав ба нави адибони ҷавонро нахустин вазифаи на фаҚат ташкилоти нависандагон, балки ҳар як нависандаи соҳибтаҷриба меҳисобид. ҳар шеър ва ҳикояи хуб навишташудаи ҷавонон ӯро шод ва ҳар асари сусти онҳо ӯро ғамгин мекард.
– Ин ҷавонҳо ин Қадар ба кӯҳ часпида гирифтаанд? – гуфт ӯ бо оҳанги шиква рӯзе.
– Боло баромадан мехоҳанд, – гуфтам дар ҷавоб.
– Ин тавр бошад, хуб. Аммо аз таърифи ҳашамати кӯҳу таровати чашмасор дур нараванд–чӣ? Дунё, охир, ғайр аз кӯҳсору обшор зебоӣ ва латофати бисёр дорад. Зебоӣ ҳамон ваҚт дилпазиртар аст, ки ба офарида шудану муҳофизати он саҳми ҳар яки мо бошад. – Ин ваҚт ӯ газетаи котиб ҳозир оварда рӯи мизи кориаш гузоштаро гирифта, зуд–зуд аз саҳифа ба саҳифа гузашту шеъреро ёфта айнак ба чашм гузошта хонд. Ман дар рӯи сурх ва зебои ӯ табассуми ба худи Мирзо хосро дидам. – Ба адабиёт, назму наср пай дар пай ҷавонҳое омада истодаанд, ки мехонию ҷонат ҳузур мекунад. Як зеҳн монда хон. Магар ҳамин шеър Қобили таваҷҷӯҳ нест? Бачаҳо навҷӯю навгӯянд. ҳамин гуна чанд нафар ҷавонони боистеъдод ҳастанд, ки мунтазири нашри маҷмӯаашон нашуда, ба аъзои ИттифоҚ Қабул кунем, ҳеҷ хато намешавад.
Рӯзе ману Мирзо аз шӯъбаи вилоятии ИттифоҚи нависандагон баромада, пиёда сӯи бозори машҳури шаҳрамон мерафтем. Дар роҳ салому алек ва багапгириҳо чандон бисёр шуд, ки ин роҳи кӯтоҳро дар тӯли Қариб як соат паймудем.
– Бо мошин меомадем, беҳтар мешудааст, – гуфтам ман.
– Шукр кун, дӯстам, ки одамон ману туро ба ин дараҷа дӯст медоранд. Ба Қадри ин расидан зарур, – таъкид кард Мирзо.
Оре, Мирзоро хонандагон дӯст медоштанд, медоранд ва то даме ки одамӣ ҳасту назм дӯст хоҳанд дошт. Ин бахти баланди шоир аст.
ӯ барои ҳисоботи депутат дар назди интихобкунандагон ба Ленинобод омаду хоҳиш кард, ки ҳамроҳаш ба сафар равам. Мо ҳар ду ба райони Ашт рафтем, ки пешакӣ на ба комитети районии партия ва на комиҷроияи районӣ хабар надода будем. Нисфирӯзӣ дар Қабули котиби комитети районии партия шудем.
– Ман мехостам, ки ба интихобкунандагонам ҳисобот диҳам, – гуфт Мирзо.
– Бисёр хуб. Худи ҳамин рӯз маҷлис гузаронем мешавад? Соатҳои ҳафти бегоҳ? – пурсид котиб.
– Хабар додану ҷамъ кардани одамон дар ин фурсати кам оё мушкил намешавад?
– Мирзоҷон номатонро шунаванд, шуд. ҳамаи район бехабар ҷамъ мешавад, – мегуфт котиб бе ҳеҷ муболиға.
Бегоҳон маҷлисгоҳ аз одам пур шуд. Дар паҳлӯи девори ҳар ду тараф ва Қафо одамони бисёре рост меистоданд. Маҷлис аз мулоҚоти депутат дида ба шаби – адабӣ зиёдтар шабоҳат дошт. Мирзо чанд шеър хонд ва ба ман ҳам фармуд, ки сухан гӯяму шеър хонам. ҷамъомад беваҚтии шаб тамом шуд, вале на танҳо мардон, балки духтарони биеёре низ рафтан намехостанд. Даҳҳо китоб сӯи Мирзо дароз мешуд, ки даст монда диҳанд, «Ин Қадар китоби Мирзоро аз куҷо ёфта бошанд? Наход онҳоро аз магазин ёфтан осон бошад?» – аз дил1 мегузарондам ва ногоҳ чашмам ба китобе афтод, ки ба қавле, туппа барин пухта буд. Маълум, ки бисёр даст ба даст гаштааст!
Дар Ашт мо ду рӯз будем. Аз маҷлисе ба маҳфиле,. аз сӯҳбате ба зиёфате мебурданд, ки бегоҳони рӯзи дуюм аз хастагӣ таби Мирзо баланд шуд. Дар шипанги колхозе менишастем. Шоири бетобро миёнагир карда будем. ӯ ҳам беҳолиро написандида, дурр месуфту латифаҳо мегуфт. Лекин медидам, ки дар сафедии чашмони шарорапоши ӯ сурхӣ пайдо шуда, рӯяш аз таб дар мегирифт. Духтур даъват кардем. Омаду хоҳиш кард, ки ӯро ором гузоранд. Шоирро хобонд. Доруҳо хӯронд. Аммо таб паст намешуд. Дар ин хангом аз дари боғ як зани пиронсоле дар тан куртаи васеи дароз, дар сар уребча ва дар пой кафши сарипоӣ даромада, ба ҳамаамон салом дод.
Дар ин беваҚтӣ барои чӣ омадӣ гуфта ҳайрон нашавед, – узрхоҳона ва бо изтироб аз як сар ба ҳамаамон нигоҳ кард зан. – Аз табъи баландатон гардам, Мирзоҷон. Дина гапҳои шуморо ҳузур карда шунидам. Дар ҳаҚҚатон дуо мекардам. ҳозир фарзанди хурдиам омада Турсунзода касал шудаанд, духтур омад, гуфт. Дилам туғён кард. ҳаво гарм, баногоҳ аз обҳои хунуки мо бисёр хӯрда бошед, зарар накарда бошад, гуфта ҳамин чанд анорро гирифта омадам. Анор, гардам, доруи муҷарраб. Табро даррав паст мекунад. Дона кардаю фишурда диҳанд, нӯшед, муллоҷон. Ба нияти шифо, гуфта хӯред. Байтҳои шуморо ҳам фарзандонам хонда медиҳанду айнак гирифта худам ҳам мехонам. Аз забони гӯёву Қалами бурроятон гардам. Як ҳамсояамон кампири ду кам навадсола, – зан ба мудири шӯъбаи пропагандаи комитети районии партия Нуруллоева маъзаратхоҳона нигарист, – шумо Санавбарҷон, он касро медонед. Модаркалони директори мактабамон-чӣ? ҳамон кас дар хона буданду инро шунида гуфтанд, ки «охир, ҳама муштоҚи дидану шунидани байтҳои он кас бошанд, чашм расидагист. Одамони инзамона киначиро намехоҳанд. ҳеч набошад, испанд дуд кунанд, ки дафъи бало шавад...»
Чашмони ҳамеша дурахшон ва тобони Мирзо тобонтар шуданд. Муҳаббати як нафар аз хонандагони оддӣ ӯро шод менамуд.
Мирзо ва ман аз ҷумлаи он адибонем, ки ба арсаи адабиёт солҳои сӣ Қадам гузоштаанд. Ин зумраро насли комсомол меноманд. Навиштаҷоти аввалини ин зумра шогирдона ва навмашҚона буду лекин васфи Ленин, партияи коммунистон, Октябр, дӯстиву бародарии халҚҳо, ситоиши зарбдорону тараннуми онҳо буд. Он ваҚтҳо дар аксари деҳу деҳкада дар равшании чароғи сиёҳ ва карасинй ба калонсолон алифбо таълим медоданд, бо каланду белу мисрон, занбару занбарғалтак анҳор мекофтанд, ба даштҳои ташналаб об баровардан мехостаанд. Аз дараю доманаи кӯҳҳои осмонхарош роҳҳои мошингард мекушоданд. Пулҳои сой ва дарёҳоро месохтанд, ки мардуми асрҳои аср инҷониб аз ҳам ҷудою ҳатто шеваашон дигарро пайваст намоянд. Мавзӯи асосии навиштаҷоти адибони комсомол ҳамин буд. Чанд нафар шоирони ба ном ба платформаи советӣ гузашта ҳам буданд, ки шеърҳои моро бо тамасхур мешуниданд, лаб бурма мекарданд. Дар ёд дорам. Ману Мирзо рӯзе ба назди муҳаррири газетаи «Тоҷикистони сурх» шеърҳои худро бурдем. Ӯ на лаб бурма кард ва на тамасхур. Хононд, шунид. ҳатто таҳсин гуфт. Ваъда кард, ки дар газета чоп мекунад. Мо бошем, ҳар рӯз газетаҳоро кушода, аз онҳо шеъри худро меҷустему дараке намеёфтем. Газета он шеърҳоро чоп накард. Мо бо маслиҳат онро ба журнали «Садои ШарҚ» фиристодем, ки дар як шумора ҳар дуяш чоп шуда буд. Маълум мешуд, ки муҳаррири газета корчаллонтар аз ҳамфикрони худ будааст, ки бо як ваъда ҷонашро халос карда буд.
Мирзо аз ҳикоя, шеър ва песаи нахустинаш сар карда, аз ҳамкасбони комсомолони худ фарҚ дошт. Боли ӯ баҚувват ва парвозаш аз ҳама баланд буд.
Дар сохтмони канали калони Фарғона аз аввал то ба охир ӯ дар гурӯҳи нависандагон буд. Штаби мо дар Қистакӯз ном деҳаи райони Хуҷанд, дар чойхонаи назди заводи консервабарорӣ воҚеъ буд. Мо ҳар рӯз одатан ба сари кори каналковон мерафтем, ки барои газетаи сохт- мон хабару маҚола ва очеркҳо нависем. Боре ҳаким Карим, Ҷалол Икромӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, мухбири газетаи республикавӣ Мӯсоев ва Мирзою ман пиёда аз Қистакӯз баромада дар ҳангоми танаффус ва бегоҳиҳо ба каналковон асарҳои нави худро хонда, сар–сари канал пиёда рӯзи дуюм ба Конибодом рафтем. Дар роҳ ба ҳар ҷое ки мерафтем гоҳо аз забони ҳофизони театру маҳфилҳо, гоҳо аз забони каналсозон «Омад канал» ном сурудеро мешунидем, ки ягон ҳафта пеш матни он бо имзои М. Турсунзода дар газетаи сохтмон чоп шуда буд. Шоирон аҳд бастему мусобиҚа кардем, ки ҳар кас монанди ҳамин суруд як шеъри таронабоб гӯяд ва ба санъаткорон диҳад. Ин силсилаи таронашудаи шеърҳо дар китобчаи «Хатти заррин», ки ба канали калони Фарғона бахшида шуда буд, гирд омадаанд.
Мирзо Турсунзода аз аввал то интиҳои роҳи Душанбеву Помир ҳамроҳи роҳкушоён буд, ки аз Қуллаҳои осмонхарошу абррас роҳи Бадахшони советиро мекушоданд. Мирзо ба роҳкушоён достони дилпазире бахшида буд. Ашъори ин шоир аз гули гуфтор, аз шираю шарбати эҷодиёти халҚ ибтидои худро мегирад. Ашъори ӯ зинапояҳо, маъниҳои муғлак, ибораву истиораҳои гиреҳдор ва калимаҳои тумтароҚ надоранд. Чун оби кӯҳсорон софу равон, дар айни замон ғулғулаандоз ва фараҳбахшанд. ӯ ғояҳои наҷиби сулҳдӯстӣ, бародарию баробарии халҚҳои советиро шахсан ба бисту шаш мамлакати ҷаҳон бурдааст. Аз минбари конгрессҳо онҳоеро, ки ба мо тӯҳмат мезаданд, расво ва шармсор мекард. Самимият ва ҳаҚиҚати нутҚи ӯ эътимодро ба гуфтаҳояш зиёд мекарданд.
Аввали моҳи сентябри соли ҳафтоду ҳафтум бетоб шуда, ба беморхонаи Душанбе рафтам. Гуфтанд, ки Мирзо дар он ҷост. Ӯ касалокасал аввал барои тайёрии садсолагии Айнӣ ба Москва, баъд ба Боку, сонӣ ба Булғория рафта, вазнинтар ба бемористон омадааст. Зоду роҳилаамро дар роҳрав мондаму ба палатаи ӯ даромадам. Дар лаби кат пойҳояшро овезон карда, тани курта менишаст. Бо вуҷуди чандон гарм набудани ҳаво ӯро араҚ зер карда буд.
– Хайрият омадӣ, – гуфт ӯ. – Баъди чанд рӯз иштироккунандагони рӯзҳои умумииттифоҚии назм ин ҷо меоянду ману Миршакар бетоб хобидаем. БоҚӣ Раҳимзода ҳам он Қадар саломат не. Намедонам чӣ мекунем. Ту чандрӯза омадӣ?
– Ман ҳам бетоб, барои муолиҷа омадам, – гуфтам дар ҷавоб.
Мирзо ба ташвиш афтод ва чашмони аз зӯрии таб сурхшудаашро ба ман дӯхт.
– Ба ман нигар, порина–ку заҳрадони туро бурида партофтанду хотири мо як навъ осуда шуда буд, боз чӣ дарди наве гиребони туро гирифтааст?
– Боре доктор Муҳаммадхоҷа Бобохоҷаев ба ман гуфта буд, ки дард зӯрӣ кунад, дарди дигар худро ба Қафо мекашад. Акнун дарди кӯҳнаам, дарди дил маро ором намегузорад.
– Э вой! Наход ҳамаи мо, Абдураҳим, азизам, чурук шуда истода бошем? – пурсид ӯ. – Хайр, даркор бошад, муолиҷа кардан лозим. – Сухани навакак гуфтааш ба ёди ӯ расид магар, ки чун узр дилбардорӣ кард. – Барои пешвозгирии меҳмонон одам ёфт мешавад. Фотеҳ Ниёзӣ ҳунарманди мулоҚоту гусел. Меҳмоннавозиро нағз медонад. Мӯъмин ҳаст, – ӯ каме ба андеша рафта, бо табассум ба ман нигарист. – Ба сарашон фарояд, аз ману ту хубтар ҳамаашро ҷобачо мекунанд. Фазлиддин Муҳаммадиев, ЛоиҚамон ва дигарон ҳастанд, Хайр, наранҷ, як гап мешавад.
Мирзо дар ҷавонӣ чӣ Қадар зебо бошад, пирӣ ҳам ба ӯ зебида буд. Ранги рӯи кулчааш ҳамеша сурх, холи сиёҳи болои абрӯяш, ки бо мурури замон калонтар шуда буд, мӯи Қариб тамоман сафедшудаву лекин ҳанӯз ҳам анбӯҳаш ҳама як шуда, ӯро ба назари мо наздиктару базебтар нишон медоданд. Вале азоби дарди сахт ӯро хеле нозук, пӯсти гулӯ ва ду бурҷи лабашро андак овезон карда буд.
Мирзо ба ошхонаи бемористон набаромада монд. Акнун духтурон ба раҳравию хеста нишастан ӯро намегузоштанд. Ба аёдат омадагонро бармегардониданд. Аз мо, ҳамсояпалатаҳо, хоҳиш мекарданд, ки даромада ӯро ба гап нагирем. Вале Мирзо шарфаи шиппаки маро ҳамин ки шунид, ё худаш ҷеғ мезад, ё Сабоҳатро мефармуд, ки маро даъват кунад. Дар воҚеъ Сабоҳат, ки дар давоми чанд соли охир Мирзоро парасторӣ менамуд, аз саҳар то шом дар палатаи Мирзо буд ва шабҳои бисёрро дар кресло нишаста, рӯз мекард.
– Терапевти аз Москва омадагӣ таклиф мекунад, ки маро ба он ҷо баранд, – гуфт ӯ рӯзе. – Аммо пои ман намекашад. Дар тирамоҳ намии ҳавои Москва зиёд мешавад. Андак сарамро бардорам, ба Ленинобод меравем, Абдураҳим. Абдуллоҷон чӣ тавр? Ман чойхонаи ӯро бо шаҳрҳои курортӣ ҳам иваз намекардам. Кӯҳи баланд, дарёи пуроб, боғу гулзор. Назди Абдуллоҷон меравем. Шӯрбочаи талху тунд мефармоему дар ошёнаи дуюм истироҳат мекунем. Агар дар ҳамон ҷо хобем, чӣ мешавад? Кӯрпаю болишт ёфт мешавад? ҳа, Абдуллоҷон аз ҷои набудагиаш ҳам ёфта мебиёрад. Ҳавои Ленинобод, ҳавои боғу чойхонаи Абдуллоҷон* бемонанд. Мазза аз Қайлаамон меравад, – хандид ӯ. – Ту хуб кардӣ, ки ба навиштани ёддоштҳоят сар кардӣ. Ман ҳам саргузашти худро навиштанӣ. Аз деҳкадаи Қаратоғу хонаи сағирон то имрӯз роҳи калонро тай кардам. Ин ба Қавли устод Айнӣ, ба чорчӯбаи назм намеғунҷад. Публитсистика ба кор меояд. Фаразан, дар Ленинобод худро сиҳат ёбам, корҳои дигарамро мемонаму қайду сабтҳоямро як–як аз назар мегузаронам:
Вале дареғо! Ин орзӯи ӯ чун омолҳои дигараш ҷомаи амал напӯшид. Ба гуфтан забон намегардад. Баъди як ҳафта чашм аз ҷаҳон пӯшид.

Чакра–чакра хуни дил аз дидагонам мечаканд,
Нолаю фарёдҳо аз сина берун меҷаҳанд.
Ҳеҷ андӯҳи гарон аз мотами модар набуд,
Мотами Мирзо барои ман гаронтар шуд дучанд!

Башумо бештар кадом
шеъри Устод маҳкул аст?

Дустонро гум макун
Ошёнаи баланд
Дили мадар
Баҳория
Нонреза


Натиҷа
Дустонро гум макун- 4
Ошёнаи баланд- 5
Дили мадар- 3
Баҳория-
Нонреза- 5

Can't delete old sess