Мирсаид МиршакарДар давоми бист шабонарӯз ману Мирзо Турсунзода дар як касалхона бистарӣ будем. Се шабона рӯзе, ки аз ҷо хестани ман мумкин набуд, ҳар субҳдам садои пурташвиши Мирзоро мешунидам, ки аз навбатдор аҳволи саломатии маро мепурсид, ваҚт ба ваҚт назди ман омада, ҳолпурсӣ мекард ва соатҳои холӣ наздам менишаст, аз ҳар хусус суханронӣ мекардем. Дере нагузашта буд, ки ба ман ҳам аз ҷо хестану сайр кардан дар боғи касалхона иҷозат шуд. Дар соатҳои аз табобат холӣ дар боғи касалхона мегаштем, хаста, ки шудем менишастем ва сӯҳбат мекардем. Шояд аз таъсири беморӣ бошад, ки сӯҳбати мо хеле парешон ва гуногунмавзӯъ буд. Баъзан чунон мешуд, як мавзӯъро ба охир нарасонда аз домани дигаре мегирифтем, ки ба аввал ҳеҷ муносибате надошт. Чунин масъалаҳо, чун гузаронидани садсолагии рӯзи таваллуди устод Айнӣ, навадсолагии зодрӯзи устод Лоҳутӣ. Рӯзҳои адабиёти Советӣ дар Тоҷикистонро Мирзо Қариб ҳар рӯз ду–се бор ба хотир меовард ва бо ҳасрат мегуфт, ки аз афташ дар Рӯзҳои адабиёти Советӣ бевосита иштирок карда наметавонад, лекин дар чорабиниҳои дигар, ки дертар гузаронда мешаванд, фаъолона иштирок хоҳад кард. – Партияву ҳукумат, – мегуфт бо мамнуният Мирзо, – ба пешвози садсолагии Айнӣ чорабиниҳои калоне гузаронда истодаанд. Лекин ҳадяи беҳтарини мо ба падари адабиётамон ҷавонони соҳибистеъдод мебошанд, ки солҳои охир дар майдони адабиёт дохил шудаанд. Дар адабиёти мо соҳибистеъдодоне дохил шудаанд, ки барои устоди мо танҳо орзу буданд. ҳар боре, ки рӯзҳои ҷавониро ба ёд меовардем, Мирзо «чӣ рӯзҳои наҷибе дар кӯчаи Орҷоникидзе, хонаи раҚами 49 доштем», мегуфт. Баъд шарҳ медод, ки дар як хонаи чӯбини муҚаррарии дуошёна чун фарзандони як падару модар зиндагӣ мскардем. ҳар оила дегу табаҚи худро дошт, лекин аксар ваҚтҳо наҳорро якҷоя мехӯрдем. Беҳтарин асарҳои худро ҳам дар ҳамон ҷо ва дар ҳамон шароит эҷод кардаем. Гоҳо шабҳо нахуфта, машғули эҷод будем ва ҳамин, ки номаълум субҳ дамид, наҳорӣ карда, тозон, бо чашмони хоболуд, ба идора мерафтем. Дар чунин вазъият достони аввалинам «Баҳор ва хазон»-ро навишта будам. Мондашавиро ҳис намекардем. Чунки ҷавону саломат будем. – Ту он рӯзҳоро дар хотир дорӣ? – Магар он рӯзҳову солҳои пурҷӯшу хурӯшро фаромӯш кардан мумкин аст? – бо савол посух додам ман, – ҳатто он шабҳое, ки дар рӯзҳои ҷанги Бузурги Ватанӣ то соатҳои чору панҷ нишаста, достони «Писари Ватан»-ро менавиштӣ, дар ёдам ҳастанд. Он даҚиҚае, ки баъди шунидани ахбори Информбюро, назди тирезаам истода, шеъри нави худ «Гастелло»-ро ба ман мехондӣ ва ба ногаҳ гиря дар гулӯят гиреҳ баст ва ашк дар чашмонат чарх зад, фаромӯш нахоҳад шуд... – Рӯзу шабҳои афсонавии Кондара чӣ? – Оре, дар ҳаҚиҚат ҳам рӯзу шабҳои афсонавӣ буданд. Он рӯзҳову шабҳои ба Қавли Мирзо афсонавӣ аз пеши назари мо чун тасмаи кино гузаштан гирифтанд: ...Сафари Кондара барои ман тасодуфӣ буд. Дуюми май дар яке аз мактабҳои райони Сталинобод баромад карда, аз он ҷо бо хоҳиши худи Мирзо рост ба ҳавлии ӯ рафтем. – Чаро худатон танҳо? – пурсид бо ҳайрат модари фарзандони наҷиби Мирзо Сабоҳатхон. – Имрӯз рӯзи ид аст, ихтиёри ҳар кас ба худаш,. бачагони Миршакар бошанд, имрӯз ба меҳмонӣ рафтаанд. Ман ӯро бо худ ба ин ҷо овардам. Маслиҳат дорам. – Ба хона дароед. – Не, имрӯз ҳаво хеле ҳам форам аст, дар берун мешинем. Дар ҳавои софу офтобии моҳи май нишаста, зодрӯзи Мирзоро Қайд кардем. Мирзо хандида, гуфт: – Дар як сол ду рӯзи таваллуд дорам ва ҳар дуяш ҳам тахминӣ! Лекин соли таваллудам ҳаҚиҚист! ВоҚиаи рӯзи таваллуди дуюми Мирзо чунин аст. Боре аз нашриёт барои таҚвимномаи Тоҷикистон соли таваллуди нависандагонро пурсиданд. Мирзо рӯзи таваллуди маро пурсид. Ман 5 май гуфтам. «Набошад, – гуфт, – аз они ман 2 май нависед!» ва хандида илова кард, «Ман аз Миршакар ду рӯз пештар зоида шудаам». Аз ҳамон рӯз Мирзо, агар имконият медошту дар сафар намебуд, зодрӯзашро соле ду бор (2 маю 26 ноябр) Қайд мекард. Ба саломатии Мирзову аҳли оилааш Қадаҳ бардошта, ҳамаашонро ба хона даъват кардам. Мирзо даъватамро кабул кард: – Лекин, – гуфт ӯ, – рӯзи таваллудатро дар Кондара Қайд мекунем. ҳайрон нашав, ба Вера Ивановна Запрягаева, – директори боғи ботаникии АФ Тоҷикистон дар Кондара, – гапро пазондаам. Аллакай як ҳуҷраи олиҷанобе ҳам барои мо ҷудо кардаанд. – Гапи нав-ку? – пурсид Сабоҳатхон. – Мо бояд достонҳои худро ба охир расонем, дар шаҳр барои ин имконият надорем. Якчанд рӯз аз маҷлисҳову телефонҳо дуртар истодан лозим аст. – Мо бо Гулчеҳрахон халал намерасонем? – пурсид бо шӯхӣ Сабоҳатхон. – Рӯзҳои истироҳат дар ихтиёри шумоем... Рӯзи дигар кӯрпаву дегу табаҚро бар мошин бор карда, лаб–лаби дарёи шӯхи Варзоб ба Кондара раҳсупор шудем. Дар Кондара касе моро пешвоз нагирифт. Дурусттараш касе набуд. Дарҳо Қулф. Баъд аз чанде аз боло ду нафар–мӯйсафеду кампире, – намоён шуданд. Моро дида, бо ҳайрат истоданд, чизе ба якдигар гуфта, ба сӯи мо равон шуданд. Баъд аз салому алейк Мирзо пурсид: – Калонҳоятон дар куҷост? – Имрӯз рӯзи неки эҳёст. Дар ин рӯз кор кардан гуноҳ аст – ҷавоб дод, меҳрубонона, кампир. Ба ронандаи мо дядя Миша нафорид: – Аз афташ унсури бегонаӣ, момо? – Худоё, агар инҳо ранҷанд, айбе нест, аммо ту одами рус, исавимазҳаб ҳастӣ, хуб медонӣ, ки имрӯз рӯзи эҳёст ва дар ин рӯз кор карданро худо манъ кардааст... –Аммо хӯҷаинҳо, буржуҳо падарони моро рӯзу шаб кор мефармуданд, на рӯзи эҳёро риоя мекарданду на дигарашро. Революцияи Октябр ин рӯзро барои ҳамаи мо рӯзи истироҳат эълон кард!... Дядя Миша боз чизе гуфтанӣ буд, аммо Мирзо хоҳиш кард, ки мунозираро бас кунад... Баъд ба соҳибони боғ муроҷиат кард, ки калиди ҳуҷраро диҳанд. Мӯйсафед хандиду гуфт: – Вай ҳуҷраи нодаркор аст, на дар дораду на калид! Ба кампир нафорид: – Фармонбек, ту чиҳо гуфта истодаӣ! – Тётя Паша, бигузор пешакӣ фаҳманд, ки... – Шуд, шуд! – тётя Паша гапи ӯро бурида, ба мо муроҷиат кард... – Биёед, ҳучраатонро ба шумо нишон диҳам. Мирзо аҳволи ҳуҷраро дида: – Бому девору тиреза дорад, барои мо ҳаминаш бас ! – Тётя Паша ва амаки Фармонбек, шумо шанбегӣ барин гапҳоро медонед? – пурсидам ман. – На ин ки медонем, балки дар шанбегиҳои бисёре иштирок кардаем! – Набошад, ҷорӯбу меху болғаро оварда, даруну беруни ҳуҷраро рӯбем, катҳои чӯбинашу дарашро таъмир кунем! Мирзову Фармонбеку тётя Паша рӯфтани хонаву атрофро ба гардан гирифтанд. Таъмири кату дарро ба ману дядя Миша супурданд. ВаҚте ки ҳама ҷоро ба тартиб даровардем, тётя Паша фотеҳона ба Фармонбек рӯ оварда гуфт: – Ана, дидӣ! Он чиро, ки ту нодаркор гуфтӣ, даркор шуд. Қадами одам муборак аст агар ба чӯли харобазор расад, гулистон мешавад! – Ой кампире, корат фаҚат насиҳат кардан асту халос... Баъд аз наҳори шом, ки бо ёрии якдигар тайёр карда будем, дядя Миша баргашта ба шаҳр рафт, тёт Пашаву Фармонбек ба ҳуҷраҳои худ. Мирзо фахмиданӣ шуд, ки фикри ман дар бораи ҳуҷра чист. Ман «ба ҳамин ҳам шукр гӯй!» – гуфтам. Мирзо хандид. ...Дар ибтидои солҳои ҷиҳилум шоири халқии Тоҷикистон БоҚӣ Раҳимзода, ки он ваҚт шоири ҷавон буд, баъд аз хатми Институти педагогии шаҳри Душанбе ба Президиуми ИттифоҚи нависандагони Тоҷикистон ариза дод, ки ӯро бо ҷои хоб таъмин кунем. Ман, ки дар он солҳо котиби Правленияи ИттифоҚи нависандагон будам, илоҷи дигаре наёфта, дар правления таклиф кардам, ки диване, ки дар клуби Литфонд бекор истодааст, ба ихтиёри БоҚӣ дода шавад, бигузор онро гирифта, дар ҳавлии хобгоҳи мо, зери кадом дарахте, ки хоҳад, ба худ ҷои хоб интихоб кунад ва то зимистон дар ҳамон ҷо хобад. ВаҚте ки Мирзо аз сафар баргашт ва БоҚиро дар ҳамон ҷо дид, маро ҷеғ зада «Ту, чӣ кор кардӣ?» – гуфта пурсид. Ман оромона ҷавоб додам, ки вай ҷои хоб пурсида буд, ман ҷои хоб ба ӯ додам ва илова бар он дивани Литфондро ҳам ба ихтиёри ӯ додам. «Ин хуб нест, – гуфт Мирзо, – ман, беҳтараш пагоҳ ҳамроҳ ба идораҳои даркорӣ рафта хоҳиш кунем, ки ягон чорае бинанд». БоҚӣ, ки дар сӯҳбат иштирок дошт:– «Мирзоҷон, – гуфт, – ғам нахӯред, барои ман дар ҳамин ҷо хеле ҳам хуб аст. Дар ин вазъият ман меҳмони ҳамаи бошандагони ин хобгоҳ ҳастам. ҳамеша дасти ман дар равған!... Мо озуҚавории якҳафтаина оварда будем. Дар ин ҷо яхдон набуд. Бинобар он гӯштро дар як кӯза андохта, равғанро дар дигаре, даҳанҳояшонро маҳкам баста, ба даре гузоштем, ки вайрон нашавад. Мирзо хеле барваҚт бедор шуд ва маро ҳам бедор кард. – Дар ҳиндустон, – гуфт, – мегӯянд, ки баъд аз соати 7 танҳо сагҳо ва хориҷиҳо аз хоб мехезанд! – Дар яке аз маҷлисҳои интихоботии колхозӣ яке аз музокирачиён гуфтааст, ки «раиси мо худи намояндагони район барин то соатҳои 12 мехобад», – гуфта, сабукак аз ҷои хоб ҷаҳидам. Мирзо коғази ба девор овехташударо нишон дода: – Мана, – гуфт, – тартиботи рӯзгузарониро тахт карда овехтам, минбаъд аз рӯи он рафтор мекунем. Маълум мешавад, ки Мирзо кайҳо бедор шудааст Дар зери сигории вай 4 дона сигорета хобида буд ва сигори панҷум дар даҳон дошт. Ман қатъиян таклиф кардам: – Дар режими рӯз илова карда шавад, ки дар ҳеҷ мавриде пеш аз наҳори саҳарӣ папирос кашидан мумкин нест! Мирзо розӣ шуд. Вале, афсӯс, ки ин Қоидаро риоя кардан душвор буд. Гоҳо дар соатҳои панҷ бедор шуда ба навиштан сар мекард ва сигоретааш чун трубаи заводҳои кӯҳна муттасил дуд мекард. Боре ба Мирзо гуфтам: – Мирзо, шумо тартиботи муайянкардаи худатонро риоя накарда истодаед, ба ҷои соати ҳафт соати панҷ мехезед, пеш аз наҳории саҳарӣ сигорета мекашед... Ин коратон ба ман маъҚул не! – Нависанда бояд мушоҳидакор бошад, – гуфт Мирзо. – Магар дирӯз надида будӣ, ки ин дарёчаи хурд баъди борон чӣ Қадар сангҳои калонро чаппагардон кард, ҳосилро хароб ва дар баъзе ҷоҳо ҷараёнашро тағъир дод. – Гуноҳи рӯд чист? Гунаҳкор борон аст! – Гуноҳи ман чист? Гунаҳкор илҳом аст! Панҷуми май Мирзоро аз хоб ман бедор кардам. Даст ба тарафи Қуттии папирос дароз кард. Намондам. Мирзо хандиду ин сатри шеъри Носир ҳусравро замзама кард: «Гуфто зи кӣ нолем, ки аз мост, ки бар мост!» Дар соҳили дарё либосҳоро кашида, ҳар кас аз рӯи фаҳмидагии худ «тарбияи ҷисмонӣ» гуфта, дасту пову сарро ҷунбондан гирифт, хайрият, ки бегонае дар он ҷо набуд, ки ба ҳоли мо хандад. Об беандоза хунук буд. Лекин номус карда, оббозӣ ҳам кардем, хунук хӯрдем. Зуд либосро пӯшида, тозон рафтем. Баъд аз наҳори саҳарӣ Мирзо таклиф кард, ки соатҳои эҷодиро имрӯз дар лаби дарё гузаронем. Соябони мо дарахти бед ва намади мо реги мулоими соҳил буд. Мирзо ба сухан даромад: – Пеш аз оне, ки мавзӯи достонамро ҳикоя кунам, хоҳишмандам ба суоли ман ҷавоб деҳ... – Марҳамат. – Дар солҳои охир дар бораи Қаҳрамони мусбату манфӣ Қариб ҳар рӯз маҚола мебарояд. Ин хуб аст, лекин фикрҳо гуногун ва мухталифанд. Баъзеҳо ҳатто таклиф мекунанд, ки Қаҳрамонҳоро пешакӣ тарошидан лозим аст ва баъд аз рӯи афту башараи онҳо асар нависем... Фикри ту чист? – Ба ман аз газетаҳои марказӣ борҳо таклиф карда буданд, ки доир ба ин масъала фикрамро нависам, лекин ман нанавиштам. Росташро гӯям чи навиштанамро намедонам. Гап дар он аст, ки ман ягон боре Қаҳрамонҳои худро, ки мусбатанд ё манфӣ бар тарозуи танҚидӣ нагузоштаам, ҳатто бе ягон илова ва ҳамон тавре ки дар равиши кори эҷодӣ онҳоро тасаввур мекардам, ба онҳо дар асарҳои худ ҷо медодам. Ба фикрам Қаҳрамонон на бо хоҳиши асарнавис ба вуҷуд меоянд, балки ҳаёт онҳоро меофарад ва онҳо бо кору рафторҳои ба худ хос дар дили атрофиён, аз ҷумла дар дили нависанда, ба худ муҳаббат зоҳир мекунанд. Ин муҳаббат гоҳо чунон гарму ҷӯшон, ки нуҚсонҳои соҳибашро рупӯш мекунад. Бо ибораи дигаре гӯям, Қаҳрамони мусбате, ки маро барои навиштани асари нав рӯҳбаланд карда илҳом мебахшад, ба ман чун падару модари ман азиз аст ва ман дар назди он чун кӯдаки маъсуме, ки ғайр аз накӯиашон чизе намебинам. ҳасани аробакаш ҳам барои ман шахси тасодуфӣ нест, ман ӯро аз хурдӣ мешиносам ва барои ман як шахси муқаддас менамояд. Ман ҳеҷ чиз ба он илова кардан намехоҳам, мехоҳам ӯро ҳамон тавре ки ҳаст, шоирона тасвир кунам. – Сабаби ин аён аст. Нависандаи бузурги рус Достоевский дар яке аз мактубҳои худ ба Майков иҚрор мешавад, ки тасвири одами мусбату зебо хеле ҳам душвор аст. Чунки зебоӣ – идеал аст, аммо идеал на дар мо «ба таври бояду шояд кор карда шудаасту на дар Европаи мутамаддин». Лекин дар олами социалистии мо зебоиву идеалро худи одамони советӣ дар протсесси меҳнати диловаронаи худ ба таври бояду шояд кор карда баромадаанд. Қаҳрамонҳои асарҳои мо хаёлӣ нестанд, одамони воҚеианд, соҳиби зебоӣ ва идеали бузурганд ва мо агар онҳоро тавре, ки ҳастанд тасвир намоем, ба маҚсад мерасем! – Ба ту маълум аст, ки достоне, ки ба навиштанаш сар кардаам, дурусттараш сар карданиям, «ҳасани аробакаш» ном дорад. Қаҳрамонаш одами воҚеӣ. Ин ҳамон шахсест, ки соли 1927 моро, ки барои таҳсил ба Тошкент мерафтем, бо аробааш аз Душанбе то Термез бурда буд. Чӣ ҳодисаҳое бо аробакаш дар пеши назари мо рӯй дода буданд ва чӣ ҳикояҳои аҷибе дар бораи худаш аз забони ӯ шунидем. ҳоло ҳам дар ҳаёт аст. Ман ба наздикӣ ӯро дида будам. Якдигарро шинохтем. Дар чойхонаи боғи шаҳрӣ чой нӯшида, рӯзҳои гузаштаро ба хотир овардем. ВаҚте ки ба хона баргашта омадам ба худам суол додам, ки чаро ҳасани аробакашро тимсол карда, достон нанависам? – Мехоҳед чӣ тавр бо ароба аз Душанбе то Термез рафтанатонро тасвир намоед? « – Не, ман намехоҳам, ки достони ман ба «Мо аз Помир омадем» монанд шавад. Аз Душанбе то Термез рафтан баҳона. МаҚсади асосӣ дигар аст. Тасаввур кун, ки ҳасан то революция батрак буд. Дар революция фаъолона иштирок дошт. Командир аспи хуҷаини собиҚи ҳасанро ба ӯ ҳадя мекунад. ҳасан аввал соҳиби асп ва баъд соҳиби ароба мешавад. – Ин дар ҳамон рӯзҳое, ки дар республикаи ҷавон наҚлиёти асосӣ аспу хару ароба буд? – Дар ҳамон рӯзҳо! – Лекин бо мурури замон мошинҳои сабукраву боркашонӣ «майдони васеи» ӯро танг мекунанд ва ӯ аробаро партофта шофер мешавад? – Не! ҳама гап дар он аст, ки вай то охир аробаашро напартофта, барои пешҚадамӣ мубориза мебарад... ВаҚте ки кӯчаҳои Душанберо мошинҳо зер мекунанд, вай ба маркази вилоят меравад, аз он ҷо ба маркази район, аз маркази район ба колхоз ва аз колхоз ба бригадаи колхозӣ... – Ва ба ҳар ҷое, ки меравад, аз Қафояш мошинҳо меоянд ва майдони амалиёташро маҳдуд мекунанд? – ҳамин тавр. – Пас, дар охири кор ба ӯ порукаширо таклиф мекунанд?.. – Дар ин бора ба ягон фикри муайяне наомадаам ва барои ҳамин ҳам фикри туро гирифтанӣ будам. – Фикри ман ҳамин аст ва мантиҚан дуруст аст. – Дар ин бора фикр кардан лозим аст, – гуфт Мирзо ва аз ҷо хеста таклиф кард: – Беҳтараш биё оббозӣ кунем. Баъд аз наҳори нимарӯзӣ мебоист каме дам мегирифтем, лекин Мирзо таклиф кард, ки ба маркази район равем, барои моҳигирӣ шасту асбобҳои дигаре харидан лозим буд. Маркази район ягон панҷ километр дуртар ва пиёда рафтан ба он ҷо он Қадар мушкил набуд. Лекин ваҚте ки ба маркази район расидем, мардум гирду атрофи моро печонда гирифт. ...Мирзо Турсунзода фарзанди косиби ҳамин водист. Тарҷумаи ҳоли вай шарҳи ҳоли халҚи вай аст. Дар он солҳое, ки ҳанӯз садои тири зархаридони империалистӣ дар гӯшаҳои дури республика шунида мешуд, халҚ бо роҳбарии партия ба кори азнавсозии ҳаёти нав дар шаҳру ҚишлоҚҳо сар карда буд. Одами босавод кам буд ва лозим меомад, ки ҳар шахси босавод «ҳазорҳунар» бошад, ҳар чи аз дасташ ояд, барои Ватан дареғ надорад. Шоирон ва нависандагони ҷавон дар вазъияти шиддатноки муборизаи синфӣ ба деҳот рафта муовини раиси колхозҳои навташкилшуда, муаллими мактабҳои маҳви бесаводӣ, агитатор, котиби шӯрои ҷамоат, кор мекарданд. Ба сифати ходимони газета, коркунони ташкилотҳои пионериву комсомолӣ, ба районҳову сохтмонҳо рафта хизмат мекарданд ва ҳамаи ин барои онҳо мактаби ҳаёт буд. Яке аз шогирдони фаъоли ин мактаби бузурги ҳаёт Мирзо Турсунзода буд. Мактаби ҳаёт ба Мирзо Турсунзода Қудрату тавоноӣ, маҳорату ҷасорат бахшид. ӯ акнун ходими фаъоли давлатӣ ва шоирест, ки синааш аз шавҚи илҳом тангӣ мекунад, Қодир аст, ки зуҳуроти ҳаётро ба чашми хирад бинад, омӯзад, ҳарҷониба таҳлил намояд, навро аз кӯҳна ҷудо намуда, ба ғалабаи он ёрӣ расонад, аз ҳаёт назм ва аз назм ҳаёт созад. Ин аст, ваҚте ки ба маркази район дохил шудем, пиру ҷавон «Турсунзода!...» гӯён гирду атрофи моро гирифтанд, ба меҳмонӣ даъват мекарданд. Хайрият, ки муаллими мактаб омада, хоҳиш кард, ки бо бачагон вохӯрем. Илоҷи дигаре набуд, розӣ шудем. ...Бачаи бисёре ҷамъ омада, бодиҚҚат гӯш мекарданд. Мирзо саргузашти бачагиву навҷавонии худро ҳикоя кард, ки мазмуни он чунин буд: Дар ҚишлоҚ мактаби кӯҳнае буд, ки дар он бачагони ҚишлоҚ мехонданд. Падари Мирзо, устои дуредгар «ман ба писарам беҳуда Мирзо ном надодаам. Ман ният карда будам, ки вай одами босавод ва бообрӯи ҚишлоҚ шавад!» – гуфта, писарашро ба мактаби кӯҳна медиҳад. Дере нагузашта дар ҚишлоҚи онҳо мактаби нави советӣ ташкил мешавад. Мирзо бо ҷӯраҳояш ба мактаби нави советӣ дохил мешавад. Дар соли 1925 аз Қишлоқаш гурехта ба Душанбе меояд ва дар ин ҷо ӯро ба хонаи бачагон Қабул мекунанд. Дар соли 1927 як гурӯҳ бачагонро ба аробаи ҳасани аробакаш савор карда, барои таҳсил ба Тошкент мефиристонанд... Дар охир Мирзо гуфт, ки «баъд аз хатми дорулмуаллимини тоҷикон ба Душанбе омадем. ҳамроҳони ман яке мудир, дигаре раис, сеюмӣ муовини раис ё котиб ва ҳатто то ба мартабаи олитаре расид. Лекин ман бо майли худ кори газетаро интихоб кардам ва касби шоириро баргузидам. ҳар касе бояд аз рӯи тамоилаш кор кунад. Тамоили ман шоирӣ буд ва ман аз ин ҳунари худ розиям!». Баъд аз шеърхонӣ моро ба «як пиёла чой» даъват карданд. Бо ҳамин рӯз ба охир расид. Хайрият, ки ба магазин даромада шастро харида будем. ВаҚте ки ба ҳуҷраи худ дохил шудем, Қавл додем, ки дигар на танҳо ба маркази район намеравем, ҳатто ба касе худро нишон намедиҳем. Тётя Паша хабар дод, ки «ҳама тайёр аст!» – Офарин, тётя Паша, – гуфт Мирзо ва узрхоҳӣ намуд. – Мебахшед, ки бо гуноҳи дигарон каме дер кардем. Дар ошхонаи тобистонии боғдорон столи зиёфат оро дода шуда буд. Байни стол гулдастаи аз гулҳои гуногуни боғиву роғӣ басташуда меистод. Фармонбек чой нӯшида столро бонӣ мекард. Бо ҳайрат аз тётя Паша пурсидам: – Ба кадом муносибат? – Муносибаташро ҳозир мефаҳмӣ, азизам! – ба ҷои тётя Паша ҷавоб дод Мирзо ва ҳамаро ба нишастан таклиф кард. Маро назди гулдаста шинонданд. Мирзо Қадаҳ бардошта гуфт: – Мо дар ин ҷо чор нафар ҳастем, лекин худро танҳо намешуморем. Бо мо ин булбулони хушхон, ки гулҳои рангоранги боғиву роғӣ, гулҳои бостоние, ки аз будани онҳо то динаякак касе хабар надошт ва раҳмат ба олими машҳур ва дӯстдоштаи мо Вера Ивановна, ки ин гулҳои хеле зеборо кашф карда, аз чанголи марг халос намуда, ба онҳо ҳуҚуҚи зиндагй додааст, ин осмони пурситора, ин кӯҳҳои ноором ва муҳаббати ҷӯшони мо ба якдигар, – бо мо ҳастанд! Дӯстон, имрӯз рӯзи таваллуди дӯсти навҷавонии ман Мирсаид Миршакар аст... Ман ин Қадаҳро барои он мебардорам, ки дӯсти мо бо фарзандони наҷиби худ саломат бошад ва бо эҷодиёташ на танҳо Қуллаҳои кӯҳҳои Помир, на танхо Қуллаҳои кӯҳҳои Тоҷикистон, балки инчунин Қуллаҳои адабиёти сермиллати советии моро сарфароз намояд... ...Маро хоб намебурд. Ин меҳрубонии Мирзо хеле таъсир карда буд. Даврони ҷавонӣ аз пеши назарам мегузашт ва ҳар бор мегуфт: «Роҳҳои каҷукилебе тай кардаед, лекин фаромӯш накунед, ки дар пеш роҳҳои аз ин ҳам мураккабтару ноҳамвортаре интизори шумоянд». Дар байни ҳаммаҳфилони мо Мирзо серталаб, бераҳм, вале меҳрубон буд. Пеш аз ба район рафтанам барои ночизе шуда сахт ҷанг карда будем ва ман гумон кардам, ки агар баъд аз ин дучор шавем, аз якдигар рӯ мегардонем. Баъд аз як сол аз район баргашта омадам. Дар идораи нашриёт касе дӯстона дастамро гирифту фушурд. Нигоҳ кунам наздам Мирзо Турсунзода бо чеҳраи хандони ба худ хос истодааст. Пеш аз ҳама хабар дод, ки китобчае баромадааст, ки дар он шеърҳои ман дохил шудаанд... Хоҳиш кардам, ки он китобро ба ман нишон диҳад. «Ман барои ту, – гуфт Мирзо, – дар хонаам нигоҳ доштаам. Рафтем». Хонаи Мирзо аз нашриёт хеле дур буд ва илова бар он пиёда рафтан лозим меомад. Рафтем. Хона Қулф буд. Калид дар ҷояш набуд. Мирзо боғазаб: – «Ин Алӣ Хуш бачаи беаҚл будааст!» – гуфту бо зарби мушт тирезаро шикаста ба хона даромад ва аз он ҷо дуто китобча бароварда ба ман дод... Дар маҳфили адабии назди рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» дер наистодам. Маро ба районҳо ва дертар ба сохтмони Вахш фиристоданд. Аз дӯстонам ва маслиҳати оиҳо маҳрум шудам ва ваҚте ки дар соли 1937 аз нав ба Душанбе баргашта омадам, таъсири инро ба хубӣ ҳис кардам. Соли 1938 дар маҷлиси комсомолии назди Нашриёти давлатии Тоҷикистон ҳисоботи эҷодии маро шуниданд. Маҷлис дуру дароз давом кард. Қариб ҳамаи иштироккунандагон ба музокира баромаданд. ҳар чи дар дил доштанд гуфтанд. Бештар ва талхтар аз ҳама суханони Мирзо буданд. Маҷлис Қарор кард, ки маҷмӯаи аввалини шеърҳоям ба чоп тайёр карда шаванд. Ва барои ману дигарон ғайричашмдошт таҳрири маҷмӯаро Мирзо ба гардан гирифт... Худи ҳамин зиёфату Қайдкунии зодрӯзам ҳам ташаббуси Мирзо буд... Пагоҳӣ, дар соатҳои шаш–шашуним Мирзо маро бедор кард. ВаҚте ки ба соҳили дарё рафтем, Мирзо бар санге нишасту «бишин, – гуфт, – гап дорам!» – Пеш аз тарбияи ҷисмонӣ? – пурсидам ман. – Мо ба ин ҷо барои кори эҷодӣ омадаем, на барои тарбияи бадан! Гӯш кун, дар бораи Қисмати ҳасан ман ба фикри ту розӣ нестам. Намехоҳам, ки Қаҳрамони дӯстдоштаи ман порукаш шавад. Ман мехоҳам, ки вай дар Охир шофер шавад, аммо чӣ тавр? Дар равиши кор маълум мешавад! Умуман ман мехоҳам, ки дар шахси Қаҳрамони худ роҳи тайкардаи республикаамро нишон диҳам. – Ин тавр бошад ихтиёр ба дасти бахтиёр! – гуфтам нобоварона. Росташ, ман ҳатто тасаввур карда наметавонистам, ки дар шахси як аробакаш, ки ба артел даромадан намехоҳад, пайдо шудани мошинҳоро бадбахтй медонад, чӣ тавр Мирзо роҳи тайкардаи республикаро нишон медиҳад. Лекин дар чунин мавридҳо, ки илҳоми шоир ба ҷӯш меояд, агар кас тавонад ба ӯ ёрӣ диҳад, вале халал нарасонад, дар сари роҳи ӯ мамониа нашавад. Дар охир аз Мирзо пурсидам, – Мирзо, Қаҳрамони шумо маҳбубае, маъшуҚае, завҷае дорад? – Дар ин бора фикр ҳам накардаам! – ҷавоб дод Мирзо. – Бешубҳа, шумо Қаҳрамонатонро чун панҷ ангушт мешиносед, метавонед рафтор, кирдор, ахлоҚи онро таъриф кунед, ӯро ҳарҷониба ба хонанда шиносонед. Лекин боз як чизи сазовори диҚҚате ҳам ҳаст, ки асари бадеӣ бе он хирааст. Ман занро дар назар дорам. Зан, ки иҷрокунандаи наҚши маҳбуба аст ё маъшуҚа, зан ё хоҳар ё модар, мусбат аст ё манфӣ, лекин барои достон зарур аст, достонро рӯҳ мебахшад, дилнишин мекунад. – Инро ман дар назар дошта будам... Лекин ба фикрам воҚеаҳои достону Қаҳрамони хеле наҷиби он достонро оро медиҳанд, дилписанду завҚовар менамоянд. – Боварӣ доред? Баъд аз наҳори нимрӯзӣ дам нагирифта, ба дарё, барои моҳигирӣ рафтем. Шастҳоро ҷо ба ҷо карда,. ба сӯҳбати эҷодӣ сар кардем. – Гапи ту ҳаҚ! ҳасан бояд номзад дошта бошад. ИшҚи духтари соҳибҷамол ба ҳасан Қувваи тоза мебахшад. – Тимсоли он соҳибҷамоли «нест андар ҷаҳон»-ро ёфтед? – Ёфтам, ҳоло ҳам дар пеши назарам бо нозу нузи камбағалонааш намоён аст. Лекин навиштани бобҳои ишқӣ душвортар аст. – Барои шумо бояд осонтар бошад. Шумо чун муаллифи либреттои «Тоҳиру Зӯҳро» ҳар чи бошад таҷриба доред! – Замони вайҳо дигар буд... – Яъне дар замони мо ишҚ «бесӯзугудоз», «кампирҳо беоҷинг»? Мирзо хуб хандиду гуфт: – Ман он маҚолае, ки мунаҚҚид «Ёри шуғнонӣ»ро танҚид мекунад, хонда будам. – Вай маро айбдор мекунад, ки ман дар ҳаҷри ёр «шабҳо бехоб ва бо чашми пуроб» будам. – Агар мунаҚҚид ту барин дар ин ҷову номзадаш дар Помир мебуд ва аз он на хате мегирифту на хабаре... ин гуна даъво намекард. Лекин дар баробари ин мо набояд фаромӯш кунем, ки лирикаи сотсиалӣ, ё чи тавре ки мегӯянд, гражданӣ ҳама ваҚт ва махсусан ҳозир, ки халҚҳои мустамлика ба муҚобили мустамликадорон сар бардоштаанд, хеле ҳам зарур аст. ...Ба муборизони зиддимустамликадорӣ бо асарҳои худ ҳамкорӣ намудан раъй ва мароми Мирзо Турсунзода буд. Баъзеҳо гуфтанӣ мешаванд, ки гӯё сабабгори ҷаҳиши эҷодии Мирзо сафари ӯ ба ҳиндӯстон бошад. Ин фикри хатост. Дар кори эҷодӣ «ғалабаҳои» тасодуфи чун гули бемавридшукуфта бебаҳо ва зуд пажмурдашавандаанд. Мирзо чун шоири интернатсионалист ба ин сафар пешакӣ тайёр буд. ҳиндустони афсонавӣ. ҳангоме ки шоир ба он ҷо Қадам мегӯзорад, бештар аз он чизе, ки дар Ватанаш аз мӯйсафедон ва ҳиндуҳо дар бораи ин мамлакат шунида буд, бо чашми худ мебинад. Мафтуни дастони Қодири табиат мегардад. Дар пеши назараш осмони нилуфар лаълсифат ҷилва мекунад, об дар шуои офтоб чун симоб печутоб мехӯрад, рӯди Ганг дар шабҳои тор ҳамранги Коҳкашон мешавад ва дар шабҳои маҳтобӣ шамшери фотеҳонро ба хотир меорад, лолаву себарга ба вақти саҳар аз лӯълӯи тар ҳалҚабагӯшанд, дарахтон ба ҳавои чаман аз бадан бол мебароранд, дар як сӯ навои булбулон, дар сӯи дигаре фарёди филон, боғи муаллаҚи моҳу солҳо пур аз сайёҳҳони аҷнабӣ ки онро биҳишти рӯи замин меноманд, ҳамеша сабзу хуррам аст ва ранги он дар об чун шӯълаи маҳтоби сабзест, ранги гулҳои зебояш ба рӯи ёри соҳибҷамол мемонад, дар соҳили рӯди ҷамна Қасре истодааст, ки машъалосо нурафшон мебошад ва номи он Тоҷмаҳал аст... ҳамаи ин зебоиҳо шоирро ба ваҷд меоранд, лекин онҳо барои ӯ нав нестанд. Дар васфи онҳо асрҳо соҳибҚаламон Қаламронӣ карданд. Шоири дунёи нав мехоҳад ба гулхан то даме нигарад ва он чиро кобаду ёбад, ки диданаш кайҳо зарур буд, вале ҳанӯз касе надидаасту наёфтааст! Бо ин маҚсад шоир пардаро аз рухи ҳаҚиҚат мебардорад. Дар пеши назари ҷаҳониён ба ҷои ҳиндустони афсонавӣ ҳиндустони ғоратшуда намоён мешавад, ки пур аз бечорагону бенавоён аст, халҚи мазлумаш барои луҚмаи нон на рӯз роҳат дораду на шаб... Дар баробари ин шахсони сангдиле намудор мешаванд, ки аз мағрибзамин ба ҳиндустони дур омадаанд, худро ҳомиёни ин халҚи ба ҳалокат дучоршуда меноманд, вале дар амал на парвои оҳу нолаи кӯдакони гурусна доранду на парвои ашки хунолуди падарону модарони онҳо, дар кӯчаҳо гоҳ чун сипоҳ намоён мешаванду гоҳ чун гадо, гоҳ чун гурбаи пояндаи муше ва гоҳ чун аз гурба гурезанда муше... Шоир бо Қалами худ аз рӯи онҳо ниҚоб мебардорад ва онҳо дар пеши назари умум чун ғоратгарони молу ҷони ҳиндустон ва сабабгори ҳамаи бадбахтиҳо, бародаркушиҳо, низоъҳои Қабилавӣ, мазҳабӣ ва гуруснагиву гадоӣ фош мешаванд. Аз дидани ин манзара шоир маъюс намешавад ва як бори дигар ба чеҳраи халҚи ҷафодидаи ҳиндустон менигарад ва шод мегардад, ки «меҳмони» мағрибӣ, «гарчи дусад сол дар ин хона монд, лек бар ин оила бегона монд» ва ҳукми ӯ бебаҚост ва гарчи сари халҚ аз ғам сафед шуда бошад ҳам, вале дили ӯ ҷавон ва пур аз умед аст ва бозувони он барои мубориза Қавианд! Овози шоир дар фазои васеи ҳиндустон паҳн мешаванд, вай дар шахси Ганги муҚаддас ба халҚи озодихоҳи ҳиндустони кабир муроҷиат мекунад, ки эй рӯди бузурги Ганг – модари ҳиндустон, чун рӯдҳои кӯҳӣ зиндагӣ кун, ҷӯш зан, ҷавонӣ кун, ҳамаи мамониатҳоро бераҳмона аз роҳи худ дур андоз ва несту нобуд кун! Ин овози шоири советии тоҷик, ба Қавли шоири маъруфи ҳиндустон ғулом Тобони Рабонӣ, ба як чашм задан дар фазои кабири ҳиндустон паҳн шуда, дар дили миллионҳо муборизони зиддимустамликадорӣ ба худ ҷо ёфт ва тавоноии овози ӯ шояд аз он бошад, ки овози шоирони советӣ бо овози «Аврора» омехтааст. Силсилаи шеърҳои «Қиссаи ҳиндустон» тез паҳн шуда, писанди халҚи озодихоҳи ҳиндустон гардид. Мардуми ҳиндустон дар шахси Мирзо Турсунзода фарзанди азиз ва аҳли дарди худро дид. Бесабаб набуд, ки рӯзномаҳои прогрессивии ин мамлакат он рӯзҳо ӯро шоири миллии ҳинд эълон карданд. Дӯсти мардуми ШарҚ, нависандаи бузурги рус Николай Тихонов ҳикоя мекунад, ки боре бо сардории ӯ чанд нафар нависандагони советӣ, ки Мирзо Турсунзода ҳам дар байни онҳо будааст, ба Қарочӣ сафар мекунанд. ВаҚте ки ба сарҳад наздик меоянд, сардори посбонон марди тануманд ва ҷасуру диловаре, ки барои озодии ватанаш на яку на ду бор бо мустамликачиён дастбагиребон шуда хун рехтааст, ба назди онҳо меояд ва бо тамоми дастуру Қоидаҳои сарҳаддӣ ҳуҷҷатҳои онҳоро талаб мекунад. Онҳо ҳуҷҷатҳоро ба дасти ӯ медиҳанд. Сардор тасодуфан аввал ҳуҷҷати Мирзо Турсунзодаро мекушояд, якбора бар рухи ҷиддии ӯ табассум гул мекунанд, ҳуҷҷатҳои дигаронро ҳатто накушода, гардонда медиҳад ва меҳрубонона «Марҳамат як пиёла чой» гуфта, ба хонаи хурде, ки эҳтимол Қаровулхона буд, онҳоро даъват мекунад. ҳангоми сӯҳбати хеле самимона сардор гуфтааст, ки дидани дидори шоире, ки аз шеърҳои ӯ садои задани дили муборизони нимҷазираи ҳиндустон шунида мешавад, барои ӯ шарафи бузургест... Мавзӯи байналхалҚӣ аз ибтидо Қисми ҷудонашавандаи адабиёти советии тоҷик буд. Осори дар ин мавзӯъ навиштаи Мирзо Турсунзода пурҷозиба ва пурҳароратанд. Онҳо дар ибтидо ҳамсадои муборизони ҳиндустон, баъд бо равиши инкишофи ҳаракати зиддимустамликадорӣ садои муборизони озодихоҳи Осиёву Африқо ҳам гардиданд... Моҳиҳоро ба Фармонбек додем, ки доғ кунад. Тётя Паша онҳоро аз дасташ гирифта: – Вай аз ӯҳдаи чунин корҳо намебарояд, – гуфт-. Мирзо дар ҳайрат афтод. – Вай чӣ гуна мард будаст, ки моҳиро доғ карда наметавонад? – пурсид Мирзо. – Ман зиндаро беҷон кардан наметавонам. гуфт узрхоҳона Фармонбек. – Лекин;гӯшту шӯрбояшро то охир мехӯрад! – таъна зад тётя Паша. – Ту аз куҷоӣ? – пурсид Мирзо – Аз Вахонзамин.... – ҳамсояи ҳиндуҳо гӯй! – хандид Мирзо. – ҳунари ҳофизӣ надорӣ? – Ду се сол пеш камкам машҚ карда будам, бо ҳаваскорон дар клуби районӣ баромад ҳам карда будам... Аммо як бор як мардак аз роҳбарони район маро барои як ғазали Туғрал сарзаниш кард, аз ҳамон ваҚт суруд хонданро партофтам. – Ту худат Туғралро мешиносӣ? – Не, намешиносам. – Аз Қуҷо буданашро ҳам намедонӣ? – Аз афташ аз Вахонзамин бошад, шеърҳояшро дар ҳамон ҷо бисёр мехонанд ва ҳеҷ кас ҳам онҳоро манъ намекунад... Мирзо аз шунидани суханони Фармонбек бо завҚ хандид ва ба тётя Паша: – Моҳиро доғ кунед, – гуфт, – ҳар Қадар хоҳед хӯ ред, боҚимондаашро ба мо меоред. Тётя Пашаву Фармонбек рафтанд. Мирзо ба кат дароз кашида: – Бечора Туғрал, – гуфт. – Халқ ӯро дӯст медорад шоири худ мехонад, шеърҳояшро дар тӯйҳо месарояд… Лекин мо? Кайҳо лозим буд, ки масъалаи ба чоп тайёр кардани куллиёти ӯро ҳал намоем. – Барои куллиёт асар лозим аст. – ҳамшаҳриҳояш мегӯянд, ки дар дасти хешонаш шеърҳояш бисёр аст, барои панҷ ҷилд китоб мерасанд! Чӣ Қадар шеърҳои баъди революционии ӯ дар дасти Пӯлодов ном шахсе, ки як ваҚтҳо дар он район ӯ котиби крмитети партияви будаст, мебошад! – Метарсам, ки ҳамаи ин гапҳо ҳавоӣ набошанд. – Як ваҚтҳо ба наздам Шанбезода омада, хоҳиш кард, ки барои ба чоп расондани эҷодиёти шоири халҚии Помир Қудрат ба вай ёрӣ расонам. Баъд аз чанд рӯз бо ҳамин масъала Тилло Пӯлодӣ омад. Дар охир маълум шуд, ки на дар дасти ин чизе ҳасту на дар дасти он. – ҳамин тавр ҳам бо Муллоёри Дарвозӣ шуда буд. – Бо вуҷуди он масъалаи Туғралро ҳал кардан лозим аст. Агар лозим шавад барои ҷамъ кардани асарҳои парешонаш ба районҳои водии Зарафшон бригадаи нависандагонро мефиристонем. ...Аз рӯи маслиҳат субҳи барваҚт тӯшаи роҳ гирифта, барои ревоҷи тагисангӣ ба сӯи кӯҳ раҳсупор шудем. Мирзо дар роҳ аз нав масъалаи адабиётро бардошт. – Мирзо, – гуфтам, ман, – дар дунё ба ғайр аз адабиёт гапи дигаре нест? – Бародар, дар пеш анҷумани ИттифоҚи нависандагони Тоҷикистон истодааст. То он ваҚт бисёр масъалаҳои муҳимми адабиётро ҳал кардан лозим аст. Мана, дирӯз дар бораи лирика сухан кушодему онро ба охир нарасондем. Ба фикри ман яке аз нуҚсонҳои мо дар ин соҳа он аст, ки ба проблемаҳои муҳимми адабиёт яктарафа нигоҳ мекунем. Шоир, мунаҚҚид, нависанда... бояд таҚозои замони худро ба назар гирифта, асар нависад. Дар солҳои ҷанг асарҳое навиштем, ки барои муҳофизати Ватан аз фашизм даъват мекарданд, дар рӯзҳои аввали баъдиҷангӣ вазифа иборат аз он буд, ки асарҳои мо барои барҳам додани оҚибатҳои ҷанг халҚро сафарбар намоянд. Ман бояд гӯям, ки дар ин давра муваффаҚ гардидем, ки на танҳо аз доираҳои танги мавзӯи «дохилӣ» бароем, балки инчунин мавзӯъҳои умумииттифоҚӣ, байналхалҚй ва интернационалистиро дар назми тоҷик акс намоем, ба ин восита назми советии тоҷикро дар Қатори назми халҚҳои бародарӣ ба арсаи ҷаҳонӣ барорем. Лекин бо ин Қонеъ шудан ҷиноят аст. Бисёр рафиҚони мо дар солҳои охир ба «истироҳати эҷодӣ» баромадаанд. Мирзо дар Қатори дигарон ману БоҚӣ Раҳимзодаро барои он танҚид кард, ки дар давоми соли 1952 дар саҳифаҳои «ШарҚи Сурх» ҳатто номи моро надидааст... Роҳҳои каҷу килеб, пайраҳаҳои борику беохирро баҳскунон тай намудем. Ба доманаи кӯҳ ҳам расидем. Лекин ба ҷои ревоҷи такисангй танҳо сангҳои паҳлу гардондашуда ва ҷуҚуриҳое дидем, ки аз он ҷо ревоҷҳоро канда гирифтаанд. Маълум мешавад, ки пештар аз мо омада «шикор» кардаанд. – Насибашон будаст, – гуфт Мирзо. – Баргашта равем? – Агар монда нашуда бошӣ, – гуфт Мирзо, – боз каме болотар бароем. .. Хайр, болотар бошад, болотар! Акнун аз роҳу пайрахаҳо осоре набуд. Ба пеш нн гоҳкунон боло баромадан гирифтем. Торафт ба кӯҳи сиёҳдил наздик мешудем, Барф ҳам намоён шуд. Лекин аз ревоҷ осоре набуд. Дар тарафи дасти рост харсанги калоне намоён шуд. Мирзо «ҳозир меоям», гуфту ба тарафи он равон шуд. Дар ин асно уҚобе чунон тезу номаълум ба ӯ ҳамла овард, ки ман танҳо садои даҳшатноки париданашро, ки садои снарядро монанд буд, шунидам. Мирзо фарёд зад: «ҳушёр бош, аз афташ дар ин ҷо лонаи уҚоб аст!» ва таги буттаи калоне пинҳон шуд. – Мирзо, – гуфтам, – аз афташ лонаи уқоб дар наздикихои ҳамин харсанг аст. ҳарчи зудтар аз ин ҷо гурехтан лозим аст. ВаҚте ки ду–се километр поёнтар фаромадем ва бехатариро ҳис намудем, Мирзо «ваҚти наҳори нимирӯзӣ шуд!» гуфта, бар рӯи сабзаҳои кӯҳӣ нишаст ва фармон дод: – Тӯшаро барор, ки ба умеди ревоҷ шуда аз гушнагӣ ҳалок нашавем! – Ба умеди ревоҷ шуда, қариб буд, ки сайди уқобони кӯҳӣ шавем! Монда нашудаед? – Не! Ман фарзанди кӯҳам, ҳар қадар болотар бароям ҳамон кадар худро беҳтар ҳис мекунам! Дар хақиҚат Мирзо кӯҳбароиро дӯст медошт. ҳатто дар солҳои шастум, ки синну соли ӯ аз панҷоҳ гузашта буд, боре ба ману. БоҚӣ Раҳимзода изхор кард, ки мехоҳад он ҷоҳоеро, ки як ваҚтхо дар он ҷо чӯпонӣ мекард, як бори дигар бинад ва илтимос кард, ки мо ҳамроҳи ӯ бошем. Розӣ шудем. Рӯзи дигар то деҳаи Қаратоғ бо мошин ва аз он ҷо аспакиву харакӣ ба чарогохи мазкур раҳсупор шудем. Зиёда аз сӣ километр роҳро тай карда, дар нимаи шаб ба он ҷо расидем ва чунон монда шуда будем, ки чизе нахӯрда хоб кардем. Вақте ки пагоҳӣ бедор шудем, Мирзоро бар сари баландие дидем. Ба сӯи мо бо даст ишора карда: – Биёед, – гуфт, – бо чашмони ман манзараҳои зебои кӯҳистонро тамошо кунед! Вақте ки ба Кондара наздик омадем, як гурӯҳ духтарон дар либосҳои рангоранг салом дода аз паҳлӯи мо гузаштанд. Аз дур овозашонро мешунидем, ки МЕГУФТАНД: « – Инҳо ботаникҳо бошанд ё кӯҳканҳо?», «Худо ҷонта бигирад, наҳод ки нафаҳмӣ, инҳо шоирҳои номдори моанд, чанд ваҚт боз дар ҳамин ҷоянд!», «Шоирҳо дар ин дараи беодам чӣ кор доранд?», «Рӯз мегарданд, ҳар касе, ки дучорашон шавад, кунҷковона суол медиҳанд, шаб ки шуд, нишаста, шунидагиашонро рӯи коғаз навишта, ба шаҳр мебаранд ва ҷувол–ҷувол пул мегиранд...». Хостем духтараконро ҷеғ зада ҳакиҚатро ба онон гӯем, лекин дар ин асно тётя Пашаву Фармонбек бо дастурхони бастагӣ аз пеши мо баромаданд. Хуб гилагузорӣ карданд, ки чаро чизе нагуфта ба кӯҳ баромадем, агар ба хирсе ё паланге дучор мешудем, чӣ кор мекардем? Дастурхонро нишон дода: – Камтар таом овардем, – гуфтанд. Мирзо барои ин ғамхорӣ ва меҳрубонии самимонаашон онҳоро бӯсид ва изҳори ташаккур намуд. ВаҚте ки ба ҳуҷра дохил шудем, рӯи стол коғазе дидем, ки ба он навишта шудааст: «Мирзоҷон! МувофиҚи ваъдаам омада будам, дуру дароз интизор шудам, наомадед. Ноумед шуда рафтам. Пагоҳ ба ҳеҷ куҷо наравед, Бобоҷон ғафуров шуморо диданӣ. Бо саломи коммунистӣ Тоҳир Пӯлодов.» Дар он ваҚт Пӯлодов котиб ва Бобоҷон ғафуров котиби якуми Комитети Марказии Партияи Коммунистиа Тоҷикистон буданд. Пӯлодов дар ин муддати кӯтоҳ ду–се бор ба назди мо омада буд. Хабарҳои рӯз меовард, сурати моро мегирифту тайёр карда, тақдим мекард, порчаҳоро аз достон барояш мехондем, шунида мулоҳизаҳояшро мегуфт. Аз афти кор ба он ҷо омадани ғафуров ҳам бо ташаббуси ҳамон кас бошад, чунки ӯ аз омадани мо ба Кондара хабар надошт. Бобоҷон ғафуровро нависандагон дӯсти адабиёти тоҷик меноманд ва ин барои ҳурмат не, балки ҳаҚиҚат аст. ҳатто дар он солҳое ҳам, ки танҳо мудири шӯъбаи пропагандаи Комитети Марказӣ буд, роҳбарӣ ва ғамхорӣ ба адабиётро вазифаи навбати аввали худ медонист. Бо ташаббуси шахсии вай аз Москва ба Тоҷикистон беҳтарин тарҷумонҳо даъват шуда буданд, ки осори классикҳо ва шоирони муосири тоҷикро ба русӣ тарҷума кунанд. Ба ин восита дар Москва тазкираи комили назми классикиву муосири тоҷик ба чоп расид. Вақте ки дар соли 1946 котиби якуми Комитети Марказии ПК Тоҷикистон интихоб шуда буд, ёрӣ ва ғамхории ӯ дучанд афзуд. Ин аст, кн омадани ӯ ба назди мо шодиву хурсандии калоне буд... Бобоҷон ғафуров бо мо ҷанг кард, ки чаро ба ин ҷо омадем? Чаро ба ӯ чизе дар ин бора нагуфтем? Вай метавонист моро дар Харангон, ки истироҳатгоҳи коркунони масъул аст, ҷой диҳад, барои кори эҷодӣ шароит пайдо кунад... Мо узрхоҳӣ намуда, фаҳмондем, ки дар ин ҷо ҳам гул асту ҳам булбул ва аз ҳама муҳиммаш ин ҷо ҳам аз сари роҳу ҳам аз шаҳр дур аст ва телефон надорад... Баъд ғафуров ҳикоя кард, ки партия ҳозир барои бардоштани иҚтисодиёти мамлакат ва махсусан барои бардоштани иҚтидори хоҷагии деҳот чораҳои амалӣ дида истодааст. Партия кӯшиш карда истодааст, ки дӯстону душманон набудани Сталинро ҳис накунанд, боварӣ ҳосил кунанд, ки пешбарандаи халҚ шахсони алоҳрда не, балки Партияи Коммунистист. «Умуман, – гуфт, – шумо бояд аз материалҳои дар саҳифаҳои газетаҳои марказӣ чопшуда хулоса бароварда бошед, ки партия ба муҚобили шахспарастӣ ҷанг эълон кардааст! МувофиҚи хоҳишаш мазмуни достонҳои худро ба вай ҳикоя кардем. Вай хандида гуфт:, – Аз рӯи мавзӯъҳои интихобкардаи шумо хулоса баровардан мумкин аст, ки Қариб бист сол аз ҳаёт кафо мондаед! Республика бо суръати самолёт пеш меравад, шумо бошед ҳоло ҳам аробасавор! Аз хандаҳои завҚовари ӯ хулоса баровардем, ки вай шӯхӣ мекунад. Лекин мо хато кардем. Дар съезди нависандагони Тоҷикистон ҳам баромад карда ҳамин фикрашро такрор кард. Пас аз чанд сол ин достон бо достони «Садои Осиё» сазовори Мукофоти Ленинӣ гардид. ғафуров Мирзоро ба ин муносибат оғӯш карда бӯсид ва муборакбод намуд... Баъд аз рафтани Бобоҷон ғафуров Мирзо фикркунон гуфт: – Даъвои Бобоҷон ғафуров ҷон дорад. Мо худро нависандагони муосир меномем, лекин мавзӯъҳои мо таърихӣ... Дар яке аз маҷлисҳои ИттифоҚи нависандагон доир ба ин масъалаҳо баромад кардан лозим аст. Субҳи охирини мо дар Кондара. Машғули тарбияи ҷисмонӣ будем, ки аз поён чангу ғубор бархост.. Се мошин ба сӯи мо метохтанд. Яке аз онҳо мошини худамон буд. Дар он вақтҳо идораи мо як мошин дошт ва хизмати ҳамаро ба ҷо меовард. Дар мошинҳо модарони бачаҳои мо бо бачаҳо ва дугонаҳои худ буданд. Тозон ба пешвози онҳо рафтем... ...Бачагон бозӣ мекарданд, метохтанд, ба сӯи якдигар об мепошиданд, бо завҚ механдиданд. – Агар инҳо калон шаванд, моро бо бозиҳои бачагонаи худ кӣ хурсанд мекунад? – нохост пурсад Мирзо, – Набераҳо! – Наход ки набера ҳам то ба ин дараҷа ширин мешавад? * * * Чароғҳои палатаҳои беморхона як–як хомӯш шудан гирифтанд. Аз дур духтури мо СаидҚул Абдураҳмонович намоён шуд. Мирзо «рафтем!» гуфту бар кифтҳоям такя карда, аз ҷо хест. Ба беморхонаи мо аз Ленинобод барои муолиҷа Раҳим ҷалил омад. Бо хандаҳои ба худаш хос, моро оғӯш карда, бӯсид ва гуфт: «ЗиҚ нашавед!» – гуфта, ман ҳам омадам!.. Як саҳар Мирзо бо изтироб гуфт, ки Абдураҳими бечора тамоми шаб сулфид, азоб кашид, рафта аз ҳоли вай хабар гирифтан лозим аст. Дар ин асно худи Раҳим аз дур салом дода, бо чеҳраи хандон ба назди мо омада, аҳволпурсӣ кард. ҳар се нишастем. ҳангоми сӯҳбат, латифаҳои навбофтаву навёфтаи Раҳимро шунида, хуб хандидем. Боре, ба палатаи Мирзо даромадам, бинам хобидааст, нахостам, ки бедор шавад. ҳангоми касалӣ хоб беҳтарин доруст. Оҳистакак баромада, дар зери сояи маҷнунбед нишаста, машғули журналхонӣ шудам. Ба ногаҳ овози Раҳим ҷалил ба гӯшам расид: – Мири шакарҳо, чӣ хонда истодаӣ? Аз ҷо хеста, ӯро ба нишастан таклиф кардам. Нишаст, интизори ҷавоб нашуда, журналро аз дастам гирифта, нигарист ва замзама намуд: «Об–рӯшноӣ» баъд пурсид: – Чӣ тавр, бӯи умед ҳаст? – Аз он бӯи Норак меояд? – гуфтам бо ифтихор ва илова кардам, – ман аз муаллифи повест розиям. Вай бо таклифу маслиҳати дӯстонаш як сол дар сохтмон коргари оддӣ шуда кор кард, заҳмату лаззати меҳнатро санҷиду чашид... * * * Дуру дароз бо Раҳим дар берун гаштем. Байни сӯҳбат Раҳим бо ташвиш ба ман рӯ гардонда, гуфт: – Ба Мирзо чи шуд, ки на ҳалол таом мехӯрад, на берун ба ҳавои тоза мебарояд? Гард, як ба наздаш дароем! Мирзо бар оринҷҳояш такя карда, фикркунон назди стол нишаста буд. Моро дида аз ҷо хест ва оромона «марҳамат, дароед» гуфт ва ба нишастан таклиф кард. Нишастем. Раҳим пурсид: – Мирзоҷон ба ту чӣ шуд? На таомро ҳалол хӯрдиву на ба кӯча баромадӣ? Охир дирӯз ин тавр набудӣ–ку? – Айнӣ, – гуфт хаёломез Мирзо, – дар рӯзҳои охири умраш дар боғи ҳукуматӣ зиндагӣ мекард. Касал буд. ҳаррӯз ба диданаш мерафтам, дуру дароз нншаста сӯҳбат мекардем. Сӯҳбати мо аксар ваҚтҳо дар бораи адабиёт, нависандагон, махсусан дар бораи тарбияи эҷодии нависандагони ҷавон буд. Лекин рӯзе ӯро рангканда дидам ва ҳамин суоли туро ба вай додам. Устод бар асо такя карда, бо ҳасрат гуфт: «Он рӯзҳое, ки сангро ҳазм карда метавонистам, чизи барои хӯрдан надоштам, вале имрӯз, ки ҳама чиз дорам, ҳӯрдан наметавонам, ҳатто шӯрбо аз гулӯям намегузарад! Мо ки аз ҳоли Мирзо бохабар будам, хомӯш будам, вале Раҳим пурсид: – Аз он кас ку сурхрӯдааш касал буд, аммо ба ту чи шуд? – Лекин аз ман тамоми узвам касал аст, гуфт маъюсона Мирзо, – ҳатто чашмонам аз кор баромада истодаанд. – Мон, Мирзо, ин гапҳои намешудагиро. «Ранга бину ҳола пурс» мегӯянд. Рангу рӯи ту лаъл барин. Беҳуда худатро накоҳон, – гуфт насиҳатомез Раҳим ва илова кард, – ту беҳтараш як ду се рӯз дам гир, ин китобҳову Қоғазҳову Қаламҳоятро даруни шикоф маҳкам карда мон! Бигзор онҳо ҳам дам гиранд! Мирзо бо ришханд гуфт: – Устод Айнӣ ҳар бор ин суханони Камолӣ Хуҷандиро такрор мекард: «То ҳаст зи ҷонам рамаҚе кори ман ин аст!» Ман ҳам шогирди Айниям. * * * Даводавии духтурҳо зиёд шудан гирифт. Рӯзи дигар гурдаҳои Мирзо аз кор монданд. Барои ёрӣ ба Москва муроҷиат карданд. Духтур СаидҚул ба ману Раҳим гуфт, ки ҳамин бегоҳ бо самолёт аз Москва духтури гурда меояд. Аз нигоҳҳои маъюсонаи СаидҚул фаҳмидем, ки касалии Мирзо хеле ҳам вазнин аст ва умеди ягона ва охирин аз табобати духтури сертаҷрибае, ки аз Москва меояд. Фотеҳ Ниёзӣ омад. ҳамроҳ ба назди Мирзо даромадем. Баъд аз ҳолпурсӣ Фотеҳ гуфт, ки «масъалаи сохтани хонаи тобистона барои шумо ҳал шуд. Калонҳо фаҳмидан мехоҳанд, ки дар куҷо онро созем? Дар Варзоб ё Қаратоғ?» Мирзо даст афшонда «хонаи ман акнун, – гуфт, – мана ҳамин палата, аз ҳамин ҷо маро ба адам мебаранд». Он субҳе, ки ман интизор будам, дамид. Хабари хуше овард, аз шодӣ хоҳари шафҚатеро, ки ин муждаи хуш оварда буд, беихтиёр бӯсидам ва гиря сар додам. ҳамаи воҚеаи шабро ба Раҳим ҳикоя кардам. Вай гила кард, ки чаро ӯро бедор накардам. Шодӣ дароз накашид. Дар охири он рӯз, баъди мудохилаи дуюми ҷарроҳӣ дили беҚарори шоири бузург аз тапидан монд ва чашмони ӯ абадӣ аз дунё пӯшида шуданд. ҳамсафон ва шогидони Мирзо дар атрофи тобути ӯ ҷамъ омаданд ва дар нигоҳи ғамолуди ҳар яке хондан мумкин буд; – Дӯсти мо, бародари мо, устоди мо, Мирзои азиз! Мо суханони пандомези падаронаву бародаронаи туро ҳеҷ гоҳе фаромӯш намекунем, аз рӯи онҳо амал мекунем, кору анъанаҳои туро давом медиҳем ва барои он мекӯшем, ки ҳеҷ ваҚт ба фикри касе наояд, ки ту дар сафи мо ва бар сари мо нестӣ. Бигзор ҳама ва ҳамеша бо боварии комил гӯянд, ки шоир Мирзо Турсунзода зиндааст, ба адабиёти тоҷик роҳбарӣ мекунад, гулгулшукуфии ин адабиёт самараи меҳнат ва ғамхории ӯст! Хабари мудҳише, ки дар назарам Гӯиё кӯҳу даштро ларзонд, Паҳн шуд дар фазо чу абри сиёҳ, Ки дили шоир аз тапйдан монд. Он диле, ки дили ҷаҳоне буд. Шоири коммунисти мо Мирзо Гул парастиду чашмасоронаш, Сер асло нашуд тамоми умр Аз тамошои лолазоронаш, Дилхуш аз кишвари ҷавонӣ буд. Гоҳ аз зиндагонӣ назми баланд, Гоҳ аз назм зиндагонӣ сохт. Рӯдакивор дар диёри ШарҚ, Алами назми тозае афрохт, Сулҳро ёру пуштбоне буд. Ҷойгир аст дар дили халҚаш Меҳри пурҷӯши ӯ, каломи ӯ. Мешавад сабт бар ҷаридаи даҳр Бо хати зар давоми номи ӯ Зинда бо ишҙи ҷовидонӣ буд. |