Аслӣ

Ёднома

Наворҳо

    Тарҷумаи ҳол

    Шеърҳо

    Осорхона

      Санаҳои ҳаёт

      Аксҳо

      Алоқа бо мо
       Мероси адабӣ

       Cурудаҳо

       Китоби дархостҳо





Ёдномаи Мирзо Турсунзода

Антонина Коптяева


Ин суханонро Мирзо Турсунзодаи шодравон, шоири шаҳири тоҷик дар тавсифи раққосаи ҳинду Тара–Чандри гуфтааст. ҳар гоҳе ки аз ашъори ҳаҷман на чандон бузург, аммо пуриқтидори Мирзо Турсунзода ёдовар мешавам, мебинам, ки чи сон ашъори ӯ чун рӯҳи бузургвораш дар каломи бадеъ ҷон ёфтааст, эҳсоси шоири коммунист бо эҳтироси баланд ва самимияти кашанда дар сатрҳои шеъри олиҷаноби ҷовидонааш нақш бастааст.
Силсилаи «Қиссаи ҳиндустон»–и ӯро дар тарҷумаи олиҷаноби шоир Владимир Державин ман ба зудӣ ва гармӣ қабул доштам. ҳиндустони пурасрору пурмӯъҷизаро, ки аз овони ҷавонӣ тавассути афсонаҳо, шеърҳо ва филмҳои солҳои пешин чун сарзамини ганҷҳо ва аҷоибот, наботот ва ҳайвоноти ҳайратангез, русуми аҷоибу ғароиб, рақсҳои рӯҳафзо, қасру маҚбараҳои бошукӯҳи афсонавӣ мешинохтам, банохост дар назарам бо тасвири ҳаёти реалӣ, мардуми заҳматкаши ранҷдида, ки дар кишвари худ барои англисҳои истилогар ва роҷаҳои ба онҳо фурӯхташудаи ҳиндустон боигариҳо офарида худ бепаноҳу гушна дасти ҷуръате надоштанд, ки як пора нони ҳалоли музди кори худро талаб кунанд, рӯ намуд.
Чӣ истеъдодӣ пурҚудрате дошт ин шоир, ки ҳамаи тасаввуротҳои пешинаи моро чун кӯҳнаколаҳои нолозим ба якборагӣ аз байн бардошт. Ин ҳодиса чанде нагузашта, пас аз анҷоми ҷанги Бузурги Ватанӣ ба вуҚӯъ пайваст.
Он «таркише», ки тасаввуроти пас аз тамошои филми «Оворагард» бо ҳунарнамоии Радж Капур ба амал омад, то чи андоза якранг ва нодуруст будани тасаввуроти моро оид ба ҳиндустон маълум кард. Пеш аз ҳама он чиз маро ба ҳайрат овард, ки ҳиндуҳои Қафомонда бо вуҷуди чунин нависандагон мисли Робиндронат Такур доштан ва бунёдгузори меъмории бемисли Қадима буданашон тавонистанд чунин филми реалистӣ ва шоиронаеро офаранд, ки характери Қаҳрамонон дар ҳолатҳои рӯҳии драматикӣ бо дарки нозуки психологӣ кушода мешавад.
Мо Қаҳрамони ин филмро дӯст доштем ва на танҳо аз таҚдири онҳо, балки ҳамчунин аз бунёди чунин филм дар кишваре, ки дар зери бори экзотикаи худ ва ғуломии дусадсола зери чанголи Британияи Кабир буд, ба ҳаяҷон омадем.
ТаҚрибан дар ҳамон солҳо шоири тоҷик Мирзо Турсунзода барои силсилаи шеърҳои «Қиссаи ҳиндустон» сазовори ҷоизаи Давлатӣ гардид (1948).
Мо Мирзоро тавассути музокираҳои ӯ дар пленуму съездҳои нависандагон (ӯ раиси Правленияи ИттифоҚи нависандагони Тоҷикистон буд) мешинохтем. Бо ӯ дар роҳравҳои ин ҷамъомадгоҳҳо низ рӯ ба рӯ шудан иттифоҚ афтодааст. Овози форами лаҳни тоҷикӣ доштаи ӯ ва нигоҳи кушоду пурнавозиши чашмони калону мешиаш, ки хусусан дар ҳузури Николай Семёнович Тихонов ба худ гармии бештаре мегирифтанд, дар ёд мондааст. Дар ҳол ба чашм мерасид, ки онҳо бо ҳам дӯстанд. Мо инро ҳамчунин аз рӯи ба конгрессҳои муҳо физони сулҳ ҳамроҳ рафтани онҳо низ медонистем. Аммо бидуни ин ҳама Мирзо ба назари ман шахси нармдил ва меҳрубон менамуд ва аз ҷиҳати зоҳир Қомати на чандон баланд, ҳаракатҳои ором ва бамаънӣ, тарҳи рӯи мудаввари хоси ҷавонӣ шахси аз ҷиҳати ҷисмонӣ баҚувват ва марди пуриродаро вонамуд намекард. Дар ҳаракатҳои ӯ ҳеҷ як ҷӯшу хурӯш, ҳаяҷонҳои равшани зоҳирӣ, ки хоси бисёре аз шоирону нависандагон аст ва рационалистони бюрократмонанд шаъни додани ин сифатҳоро дар мо дӯст медоранд, ба назар намерасид. Аз афташ шеърҳои лирикию ишҚӣ менависад, Қарор додам ман худ ба худ ба ин марди хушнамуди шарҚӣ нигариста. ӯ як одами бовиҷдон, росткор ва бомулоҳиза, аммо шармгин, ба шоири минбарӣ монанд набуд.
Аммо ба нохост чунин шеърҳо...
Маҷмӯаи шеърҳои ба ҳиндустон бахшидаи ӯро нашриёти ГИХЛ–и Москва соли 1949 аз чоп баровард. Дар омади сухан худи ҳамон сол барои достонҳои «ҚишлоҚи тиллоӣ» дар тарҷумаи А. Адалис ва «Панҷи ноором» дар тарҷумаи Державин дӯсти наздики Мирзо, низ шоири тоҷик ва одами зебо Мирсаид Миршакари помирӣ сазовори ҷоизаи Давлатӣ гардид. Бо ҳамдигар дӯстони наздик будани онҳоро мо баъдтар фаҳмидем, аммо наздикии рӯҳии онҳо ҳамон замон дар баробари шиносоӣ бо эҷодиёташон маълумамон шуд.
Онҳо ҳар ду бо истеъдоди хосаи худ, шоирони амиҚ миллӣ бо ҷуръат ва ҷасорат дар хидмати халҚи худ буданд, табиати кишвари ҷонии худро ҳунармандона ба рӯи олам мекушоданд, бо ҳар сатрашон аз худ чун аз фидоии ҳаҚиҚии кишвари советӣ, чун аз шоироне, ки ғами таҚдири халҚҳои на танҳо Осиё, балки ҳамаи ҷаҳонро мехӯранд, дарак доданд. Ва ин оҳанг дар назми онҳо хеле хуш садо медиҳад, зеро бо суханбозии тарғиботӣ ҳеҷ муносибате надорад.
Шеърҳои ҳиндустонии Мирзо Турсунзода таассуроти ҳайратангезе дар ман ангехтанд. Ман онҳоро бо эҳсоси таҳайюр, ҳаяҷон, мафтунӣ аз образҳои шоирона, миннатдорӣ ва эҳтироми бузург ба муаллифи онҳо, ки дар назари ман аз одами хоксору меҳрубон якбора ба нотиҚи оташинсухан, муборизи тавонои роҳи сулҳу адолат табдил ёфта буд, мехондам. Муҳаббати Николай Тихонов ба ӯ бе асос набуд.
Инак он «Қиссаи ҳиндустон», ки ба шаст миллион ҳиндуҳои кастаи «нафратзадагон» бахшида шудааст. Шоир ҳикояти бобои худро ба ёд меорад:
«Замоне буд берун аз СамарҚанд,
Ба чашми кас намоён кулбае чанд
Дар он манзил, ки дур аз дигарон буд,
Махавҳоро ҷудоӣ як макон буд.
Намеафтод онҳоро гузоре,
На аз ёре на аз хешу таборе.

Ва агар касе аз ин табаҚа ба дарвозаи шаҳр ворид шавад, одамонро ба даҳшат меовард:

...Ки, эй ҷӯра!
Ба атрофат назар кун,
Махав омад, махав омад, ҳазар кун.

Кунун дар СамарҚанд аз ин деҳа нишоне намондааст, аммо чун шойр сафари ҳиндустон кард, дар он ҷо аз Қисмати кастаи «нафратзадагон» дар изтироб ва таҳайюр монд.

...Агарчи ганҷҳояш пурбаҳоянд,
Валекин мардумони он гадоянд.
Ва аз байни ин гадоён миллионҳо ҳанӯз нозода аз модар ба чунин таҚдири пасту ҷовидона пурнафрат гирифторанд:

Магар ин каста авлоди башар нест,
Ки аз ӯ дидагонро ҷуз ҳазар нест.
Магар ин расм як расми Қадим аст,
Магар чуҳра гунаҳкори азим аст?!
… ҳазорон сол боз ин турфа мардум,
Зи ҳаҚҚи зиндагонӣ гашта маҳрум,
Ба ин оину ин расми ҳабисӣ,
Чаро розист лорди англисӣ
...Барояд бо табассум гар зи хиргоҳ,
Хиёнаткори ҷамъият чу рӯбоҳ.
Бирав халҚи ситамкашро хабар кун,
«Махав омад, махав омад, ҳазар кун!»

Шеъри «Меҳмони мағрибӣ» аз оташи нафрат алайҳи истилогарон ва муҳаббат ба халҚи ҳиндустон саршор аст. Боигарии ҷангалзори Бангола, шӯкӯҳи боғҳои домани Ганг, ҳашамати Қасру мадрасаву обидаҳои Деҳлӣ чи санъаткорона ва ранги ба ранг тасвир шудаанд. Ва дар баробари ин:

Кӯчаю бозор пур аз морбоз,
Фолбину мардуми маймуннавоз.
Дар талаби нон шуда ҷамъе ҳалок,
Хастаю афтода гурӯҳе ба хок.
Дида ман, инро ҷигарам пора шуд,
Ашк равон аз бари рухсора шуд.

ҳамин махсусияти хосаи Мирзои азиз, эҳсоси нозуки дили меҳрубони худро ба алангаи Қаҳру ғазаб бадал карда тавонистани ӯ сатрҳои пурэҳтироси олиҷаноб, пур аз Қаҳру адоватеро ба вуҷуд меовард, ки хонандаро низ ба зудӣ фаро мегиранд. Зеро ҳамдардии самимонаи шоир, олиҳимматию ҷавонмардии ахлоҚии ӯ, садои даъватии ӯ чун зангӯлаи тӯфонӣ, чун даъват ба муборизаи зидди беадолатии диданашуда баланд мешавад.

...Мегузарад дуртар аз издиҳом.
Бе назари диққату бе эҳтиром.
...ҳарчи ки мехост дар ин сарзамин
Пурра даровард ба зери нигин.
Пӯсти рӯбоҳу палангон гирифт,
ҳосили сарпанҷаи деҳҚон гирифт.
НуҚраву тилло зи дили кон гирифт,
ТоҚату ороми фаҚирон гирифт.
...Фурсати он аст, ки ин «меҳмон»,
Тарк кунад кишвари ҳиндустон.

Шеъри олиҷаноби «Рӯди Ганг» фаромӯшношуданист. Муроҷиат ба дарёе, ки табиат онро бо муҳаббат иҳота кардааст ва ӯ шоҳиди безабони дуздии аҷнабиёнест, ки бо корвони Қатораҳо аз пули оҳанин ҳосили зархези соҳилҳои ӯро мекашонанд – Қобилияти бузурги эҷодии истеъдоди нависандаро мекушояд ва пеш аз ҳама бо образнокии бадеият, ҳаҚиҚати амиҚи худ, ҳамдардии самимонаи шоире, ки на танҳо аз бадбахтии халҚи заҳматкаши ҳиндустон ғам мехӯрад, балки ҳамчунин ӯро ба озодии худ даъват менамояд, мутаассир мекунад. Агар ин шеърҳо ба хонандагони мо ин Қадар ғизои эмоционалӣ бахшида бошанд, пас ба худи ҳиндуҳо даҳчанд таъсир расонидаанд.
Ин аст он аслиҳаи идеологияи сулҳҷӯёна барои ояндаи инсоният, ки рафиҚ Леонид Илич Брежнев аз минбари съезди XXVI КПСС гуфта буд. Ва дӯсти некхоҳи мо Мирзо Турсунзода шахсе, ки устокорона ин аслиҳаро ба кор бурда метавонист, барои мо Қимати бебаҳо дошт. ВаҚте ки сатрҳои зеринро кас мехонад, вуҷуди ӯро ҳиссиёту ҳаяҷон ба ларза меорад:

Дар шаби тор оби рӯди Ганг
Буд бо акси Каҳкашон ҳамранг.
Ё ба чашми ту ҷилвагар мешуд
Мисли шамшерҳои занголуд.
...Меравад сӯи баҳр бо сари хам,
Гӯӣ дорад ба дӯш кӯҳи алам.
Гуфтам, эй Ганг, аз чӣ хомӯшӣ,
Аз чӣ дарёсифат намеҷӯшӣ?
...Дар гумонам, ки гаштаӣ ҷорӣ,
Ту на аз чашмаҳои кӯҳсорӣ,
Балки аз оби чашми гирёнӣ,
АраҚу ашкҳои деҳҚонӣ.
...ҳар чӣ бошад бузург рӯдастӣ,
ҳиссаи баҳри беҳудуд астӣ,
Рӯдворона зиндагонӣ кун,
Ҷӯш зан,
ҷӯш зан,
ҷавонӣ кун.
ҳамчунон ваҚте ки Мирзо Турсунзода аз раҚси мафтункунандаи Тара Чандри сухан карда ӯро бо Комде, ки Бедил ишҚи поки ӯро ба Мадан «ба обу ранги нав» сурудааст, шабоҳат медиҳад, дар ин ҷо низ суханони сеҳрноке меёбад, ки чашмҳои касро ба таҚдири каҳрамон ва оянда мекушоянд.

Ман аз раҚси ту мафтунам,
зи ҳолат лек маҳзунам,
ТараЧандри... Тара Чандри...
макун ин Қадр афсунам!
...Ба ҷунбиш мавҷи дарёӣ,
ба лағзиш реги саҳроӣ,
ҳунарманду ҳунарпеша
зи сар то нохуни поӣ!
Сабук чун парниёнӣ ту,
беҳ аз оби равонӣ ту
Ба каф дурри гаронӣ ту,
ба тан ҷонӣ ту, ҷонӣ ту!
Матарс аз шӯълаҳои
аввалини субҳи озодӣ,
Маларз аз боди даҳшатноки тӯфон
мисли шамшоде.
Умеду орзуи халҚи худро
дар дилат ҷо кун,
Дили пурҳасрати онро
ба мисли ғунчае во кун

Аз хондани ин шеърҳо эҳсоси шодиомез ва сарбаландие касро фаро мегирад. Мо медонем, ки дар замонҳои Қадимтарин Тоҷикистони имрӯза аз шуои ҷовидонаи шеър ва илм равшан гашта буд, аммо минбаъда дар тӯли садсолаҳо сарвати маънавии халҚи тоҷик ва маданияти ӯ гирифтори талаву тороҷи Қабилаҳои истилогар гардида буд. Шеъри дигари ӯро аз силсилаи «Қиссаи ҳиндустон» бо унвони «Дар ёди кас» мисол овардан мехоҳам:

...З–ин сабаб ҷо кардаам дар ёди худ
Манзари шаҳрею дарёи кабуд.
ҳалҚаи майдони он аэродром.
Дидаҳои пурумеди издиҳом.
Қарнҳо гар зинда монам дар ҷаҳон.
Ман ба ёди худ нигаҳ дорам аён;
...Дастафшону ҳаросон дӯстро,
ҳайкали аз устухону пӯстро.
Дар хазони тира овози ҷавон.
Рафт то авҷи сурайё барҚсон:
Мо ба монанди шумо хоҳем шуд,
Дур аз ҷавру ҷафо хоҳем шуд!..

Чӣ манзараи ҳаяҷонангез ва аламнок. Пас аз «Қиссаи ҳиндустон» Мирзо Турсунзода мисли Мустай Карим дар БошҚирдистон, мисли фотеҳи фикр шоираи ӯзбек Зулфия, ки дар шеърҳои пурэҳтироси лирикии худ мардонагии граждании одами советиро суруда тавонист, чун шоири шӯҳратманди доғистонии мо Расул ғамзатов одами самимӣ ва сиёсатмадори амиҚ, чун шоири файласуф Довид Кугулдинов, чунфарзанди меҳрубон, поквиҷдон ва ҷасури кӯҳҳои Қабардину БолҚар Қайсын Қулиев, мисли сарояндаи боистеъдоди якут Семён Данилов ситораи роҳнамое дар осмони назми сермиллати мо гардид.
Оё ин аз комёбиҳои барҷаставу равшани сиёсати миллии ленинии мо нест?
Охир дар паси ҳар яки ин ситораҳои дурахшони назм дар адабиёти миллатҳои мо дастаҳои бутуни шоирону нависандагони боистеъдод меистанд. Кадом кишвари дигар чун кишвари мо бо чунин эҳёи афсонавии миллатҳои худ метавонад фахр кунад?!
Акнун ин миллатҳо халҚиятҳои хурд не, балки халҚҳое мебошанд, ки миллатҳои аз ҳама «покнажод» ҳам аз онҳо омӯхта метавонанд.
Ин аст, ки соли 1960 барои достонҳои «ҳасани аробакаш», «Садои Осиё» ва «Чароғи абадӣ» сазовори ҷоизаи ленинӣ гардидани Мирзо Турсунзодаро мо чун комёбии худ истиҚбол намудем ва аз шодӣ болидем.
Боз чунин рӯй дод, ки аввал мо аз ҷоизаи баланд гирифтани шоир хабар ёфтем, пас достонҳои ба мукофоти аз ҳама баландтарин ноил шударо хонда дучанд сарфарозӣ мекардем:
Шоири маҳбуб баҳои ба худ сазовор гирифт. Он ваҚтҳо ман ҳанӯз Державини тарҷумонро намешинохтам, аммо «ҳасани аробакаш»–и Мирзо ба шарҳе эҳтиёҷ надошт.
Қаҳрамони асосии асар, Қаҳрамони ҳаҚиҚии рӯз ҳасан ҷавони чобуку зебо, ошиҚи касби дар замони худ боэътибору лозим буд. ҳанӯз худ аз эҳсоси ошиҚӣ бехабар ва ба хушбахтии одамони зандор нобовар, чун насими доманаҳои Помир озоду пок ӯ дар аробаи дучархаи баланди худ арӯсонро ба хонаи нисбатҳояшон мебурд, дар тӯйҳо арғушт мерафт, барои сохтмонҳо санг мекашонд ва бештар аз ҳама дар дунё дилбастаи аспи вафодори худ, аспи парвардаи худ буд, ки аз чанголи бои мумсик ва гурӯҳи босмачиҳо ӯро раҳонида буд (асп худ ҳасанро суроғ карда омад). Аммо маҳбубаи ҳасан Садаф аз баҳри таълим дар Душанбе гузашта, аробаро хонаи худ кардан нахост, гарчанде ки ӯро дӯст медошт ва ба кинояҳои дугонаҳояш ҷавобҳои тунд мегардонд:

Саввумӣ гуфт, ки
– дар ин бора
Садафи мо намекунад парво,
Чунки ишҚи аробакаш кардаст
Дили онро асири худ кайҳо.
Ин кас акнун ба пеши ӯ рафта
Бар ароба савор мегардад,
Аз паси дӯстдори хонабадӯш
ҳамадам соявор мегардад.
Садаф андак ба Қаҳр омаду гуфт:
ҷон дугона, кинояро бас кун,
Бадзабонӣ туро намезебад,
ҳурмати нафсу иззати кас кун.

Дар характери ҳасани аробакаш махсусиятҳои хоси инсоне ниҳон аст, ки таҚдири мураккаб дорад ва ин хусусиятҳоро ба як рӯ ба рӯ омадан дарк кардан маҳол аст. ӯро дӯст надоштан мумкин нест. ӯ аз охирин яккадастонест, ки ҳангоми аз душвориҳо нолиданаш (баъд аз пайдо шудани машинаҳо) раҚибаш ба ӯ мегӯяд:

Ба азобат худат гунаҳкорӣ!
Гар нагарданд ҷӯйҳо дарё,
Дар дили дашт мешаванд адо,
Мисли ҷӯй аст одами танҳо!

ҳама гап ҳам дар сари он аст, ки ҳасани аробакаш дар байни табиати зебои кишвари Қӯҳистонаш худро танҳо ҳис накард. То даме ки мошин аспро танг карда набаровард, ӯ чун усто ва шогирди кори худ ба пешаи дар гузашта маъруфаш ошиҚ буд.
Аробакаши ҷавони тавоно дар сари аспи ҳузарбаш худро фотеҳи роҳҳои ҳавфнок, фарзанди сарбаланд меҳисобид.
Достони мазкурро гаштаю баргашта хондаи кас меояд. Дар ин достон ҳама чиз аълосифат аст: ҳам оҳанг, ҳам ҳаҷм, ҳам образҳои бадеӣ ва аз ҳама муҳимаш одами зинда ҳаҚиҚатнигорона ва равшан, бо ҳама эҳсос, афкор ва зиддиятҳои худ нишон дода щудааст.
ҳам обу ранги миллии достон, ҳам такомули характери Қаҳрамон, ҳам гулгулшукуфии кишвари азизи ӯ хеле барҷаста ба Қалам омадааст. Боз як шохобаи дигаре ба маҷрои умумии достон хеле хуб ворид мешавад, ки таҚдири худи муаллиф аст. Табиб Иван Кузмич низ на аз шахсиятҳои тасодуфист. ӯ симои комилан ҳатмист барои кушодани рӯҳи романтикӣ ва пуртуғёни ҳасан дар гузаргоҳи таҚдири ӯ.
Ман имкон надорам аз либреттои хеле хуби драматикии Мирзо Турсунзода «Тоҳир ва Зӯҳро», ки Яков Козловский устокорона тарҷума кардааст, аз достонҳои олиҷаноби «Писари Ватан», «Садои Осиё», «Чароғи абадӣ» ва «ҷони ширин»–и пур аз самимияти кашанда ва эҳсосоти лирикӣ, андешаҳои амиҚ ва рӯҳияи баланди гражданӣ сухан кунам. Ин худи ҳаёт аст, ки ба лирикаю эпика ҷудо намешавад, балки бо ҳама рангҳои зиндагиву эҳсосот ҷилва мекунад.
ҳамин тариҚ, ба доираи ихлосмандӣ ва дилбастагии мани хонанда ва гражданин, ба олами рӯҳонии мани нависанда шоире аз водии ҳисор, вориси Рӯдакиву Сино, устоди адабиёти тоҷик Мирзо Турсунзода ворид шуд. Ман аз такдир миннатдорам, ки дар водии ҳисор будам ва Тоҷикистони барои зиндагии нав эҳёгардида, табиати беназири он, тоҷикони меҳнатдӯст ва худи Мирзоро дар сарзамини шукуфонаш дидам.
Соли 1966 ман барои ширкат дар анҷумани нависандагони тоҷик ба Душанбе омадам. Дар шеърӣ «Водии ҳисор» Мирзо Турсунзода навишта буд:

Хонамон буд дар ҳисори қадим,
Дар ҳисори харобаи пурбим.
Қалъае байни деҳа меистод
Даҳшатовар чу ҳайкали ҷаллод.
ҷониби кулбаҳои вайрона
Чашм медӯхт худписандона...
Дашту саҳро агарчи зебо буд,
Лек берӯҳ мурдаосо буд.

Аммо акнун ба ҷои он деҳаи хароби Душанбе шаҳри пур аз мӯъҷизаи Душанбе пойтахти Тоҷикистон Қомат афрохт. Пас аз гузаронидани канали ҳисор ин водӣ биҳишти шукуфон гардид. Ман бесаброна интизори лаҳзаи рӯ ба рӯ омадан бо ин замине будам, ки Мирзо Турсунзода оид ба гузаштаи он чӣ Қадар сатрҳои маҳзуне навишта, баъзе шоирони пешинаро барои он мазаммат карда буд, ки аз паи манфиати худ шуда, дар назми дурӯғинашон онро ба гулзори ирам бадал карда буданд, ҳол он ки замин аз ғуломӣ ва нодории чандинасра ба ҳалокат расида буд.
ВаҚте ки аз тохтутозҳои тороҷгаронаи душманон ва низоъҳои феодалони маҳаллӣ шаҳрҳои нирӯманду Қадима ҳама рӯ ба таназзул ниҳоданд, дар Осиёи Миёна замони пурдаҳшати касодӣ ва сукут расид. Низоми кадимаи обёри Мурғобу Хоразм вайрон гардид, Қалъаи Қарокол дар Хева, боғҳои Урганҷ, ки Темур ба тороҷ расонида буд, шаҳри афсонавии Марв зери реги равон монданд, МароҚанди Суғдиён, ки аз боғҳои шукуфонаш, Искандари Македонӣ ба ҳайрат омада буд, хароб гардиданд.
Дар натиҷаи ҷангҳои доимӣ, беҳуҚуҚию ғуломӣ, бесаводии умумӣ ва зулми бойҳову амирону шайхҳо ин сарзамин асрҳо бенумӯву ҚашшоҚ буд.
Нависандаи хеле хуб Садриддин Айнӣ на барои он асосгузори адабиёти советии тоҷику ӯзбек гардид, ки ба ин ду забон менавишт, балки барои он ки ӯ роҳи вазнини муборизаро барои бахту саодати халҚҳо паси сар кард ва эҳёи пас аз инҚилобии ин сарзаминро дарк ва эҳсос кард. Мирзо низ шоҳиди ин воҚеаҳо буд. Таваҷҷӯҳ кунед ба сатрҳои шеъри «Савганд»–и ӯ:

Кистӣ шоир?
Агар пурсанд гӯям: коммунист
ҳар нафас,
ҳар Қатра хун,
ҳар тори мӯям коммунист.

Ин эътироф, ки аз замири поки шоир рӯ задааст бо самимияти пурэҳтироси худ касро мафтун мекунад. ВаҚте ки Мирзо дар достони «Чароғи абадӣ» хурсандии худро аз ду вохӯрӣ, вохӯрӣ бо фарзанди навзод ва «адиби пир» устоди шоирони тоҷик Айнӣ баён мекунад, ин ҷо низ сатрҳои ӯ бо тозагии эҳсос ва нерӯи амиҚи патриотизми лирикӣ касро ба ҳаяҷон меоранд.
Мирзо дар дили худ дарди ранҷҳои тамоми Осиёи бузург ва «хоҳари сиёҳ»и худ АфриҚоро ҷо дода буд. Аз ин рӯ ӯ чун шоири мо Николай Тихонов, ки дар достони «ҷони ширин»чун ба васфи устоди худ Айнӣ ба васфи ӯ низ сатрҳои самимона бахшидааст, мубсризи ҳаҚиҚии роҳи сулҳ гардид. ӯ ба ҳамсари худ мегӯяд.

Он ки бо ёрони худ масрур буд,
Дӯсти ман, шоири машҳур буд.
Тихонов бо мӯйҳои сап–сафед,
Кард табдил сӯҳбати моро ба ид.
Дӯстиро ман аз ӯ омӯхтам,
Кишвари дилро аз ӯ афрӯхтам.
ҳамин тавр барои Мирзо замони сафарҳои хориҷа фаро расид: конгрессҳои байналхалҚӣ, вохӯриҳо, баромадҳо, маърӯзаҳо, маҚолаҳо, шеърҳо – аслиҳаи хаҚиҚии ӯ дар мубориза барои сулҳ, дӯстй ва озодии башарият гардиданд.
* * *

Анҷумани нависандагони тоҷик дар толори барҳавою равшане мегузашт. РафиҚон дар баромадҳои худ ба забонҳои гуногун сухан мекарданд. Намояндагони дигар иттифоҚҳои нависандагии мамлакат, меҳмонон аз роҳҳои дур ҳузур доштанд, аммо ҳамаи баромадҳо ба русӣ тарҷума мешуданд. Масъалаҳои муҳимтарини адабиёти ҳозираи тоҷик мавриди муҳокима буданд. Дар танаффусҳо вохӯриҳои фаромӯшнашуданӣ ва лаҳзаҳои шиносшавӣ фаро мерасид.
Мирсаид Миршакар солҳои охир шеъру достонҳои хубе навишта буд ва анҷуманро дар айни камолоти эҷодӣ пешвоз гирифт.
Ба адабиёт шоирон ва нависандагони ҷавон ворид шуданд. ТанҚид Қувват гирифт. Мирзо Турсунзода низ соли 1966 ҳанӯз ҷавон буд. Бо зиндадилӣ, тавоноӣ, сабзинаву дидавар – ӯ фавран ба кас бо эҳсоси гарми хайрхоҳона ва рағбати калон ба ҳама корҳо ҷавоб медод. Эътирофи ҷамъиятӣ ва шӯҳрат хоксории ӯро нашикастанд: ӯ чуноне ки дар ҷавонӣ буд, ҳамон хел хоксор, кушодарӯ, бе кибру ҳавобаландӣ монда буд. ҳам дастфишории гарми ӯ, ҳам тарзи шеърхонӣ, ҳам хандаҳояш дер боз дар ёд мемонд.
Ин ҳам рамзист, ки бо шоир ва тарҷумон Владимир Василевич Державин дар анҷумани нависандагони тоҷик шинос шудам. Номбурда тамоми истеъдоди фавҚулоддаи шоиронаашро ба тарҷумаи русии асарҳои шоирони гуногунзабони ИттифоҚи Советӣ бахшидаасг. Хусусан хизмати ӯ барои шиносонидани хонандаи рус бо ситораҳои назми шарҚ «Шоҳнома»и АбулҚосим Фирдавсӣ, рубоиётӣ машҳури шоири файласуф ва олим Умари Хайём, ашъори Абӯабдуллои Рӯдакӣ, лирики мӯъҷизакор ҷалолиддини Румӣ (аз «Маснавӣ» ва «Девони кабир») ашъори Саъдии Шерозӣ «Бӯстон», Қасидаҳо, ғазал ва Қитъаҳо), ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони ҷоми, Низомии Ганҷавӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ бузург аст.
Бо шоирони номдори имрӯзаи тоҷик бошад, Державин ҳамкории бевосита дорад. Тарҷумаи достонҳои олиҷаноби Турсунзода ва силсилаи шеърҳои «Қиссаи ҳиндустон»–и ӯ, ҳамчунон тарҷумаи достони Мирсоид Миршакар «Панҷи ноором» ба Қалами ӯ мансуб аст. Шубҳае нест, ки Державин дар анҷуман меҳмони ба ҳама маълум ва маъруф буд. Ба замми ин ӯ порчае аз кӯдакии худро дар Туркистон гузаронидаасг ва дар Тоҷикистон худро чун дар хонаи худ ҳис мекард.
* * *

Анҷуман кори худро идома медод: соҳибхона ва мехмонон ба музокира мебаромаданд. Комёбиҳои адабиёти имрӯзаи тоҷик моро шод мекард. Баромадҳо хайрхоҳона ва ба нафъи кор буданд.
Барои шинос кардан бо ҳаёти халҚи худ нависандагони тоҷик чун соҳибхонаҳои меҳмоннавоз моро ба сайру тамошои шаҳру районҳои республика таклиф карданд. Баҳори дар зери шуои офтоби меҳрбор нуронии шарҚ моро бо домани сарсабзу лолапӯши кӯҳҳо мафтун намуд. Дар деҳот дар ҳама ҷо серию пурии колхозчиён ҳис карда мешуд. Мо бисёр ҷавонон ва кӯдакони ботамкину ба ҳам дӯстро дидем.
Духтарон дар либосҳои рангин монанди гулҳо, наврасони офтобии сабзинарӯ ва ҳатто занҳо дар саҳроҳои колхозӣ, ки низ либосҳои равшани идона ва рӯймолҳои зебо ба сар доштанд, дар ҳангоми меҳнати вазнини худ хеле зебо менамуданд.
Дар бари ҳавз, дар сояи дарахтони бузург оҚсаҚолон – мӯйсафедони ришсафед шишта буданд, байни онҳо сӯҳбати гарме мерафт.
– Мардуми мо ба мӯйсафедон эҳтироми зиёде доранд, – гуфт Мирзо ва дар чашмони дурахшони ӯ барҚи шодӣ дурахшид. Дар байни онҳо бисёр фаъолонн хоҷагидорӣ ҳастанд, ки ба боғдорӣ, кабудизоркунонии деҳаҳо машғул мешаванд ва ҳама ғами ҳосил ва ғунучини пахтаро мехӯранд. ХалҚ не тилло, онҳо аз зиндагии осоиштаи баъди ҷанг, аз сериву пурии мардум шоданд. Албатта, захмҳои гузоштаи ҷанг дармоннопазиранд. Охир бисёриҳо аз ҷанг барнагаштанд. Аммо онҳо дарди худро сарбаландона аз сар мегузаронанд: – аз ҳама муҳиммаш ғолиб омадем. Дастовардҳои беназири инҚилобро ҳифз кардем, – мегӯянд. – Сағираҳо ҳам дар кӯча намонданд, ташвишҳои падарони дар ҷанг ҳалокгардидаро бародарону дӯстонашон ба дӯши худ гирифтанд. Кӯдакон дарди бепарасториро нафаҳмида калон шуданд, ҳарчанд, ки ҳар хонае худ на камтар аз шаш фарзанд дошт. Серфарзандӣ дар деҳоти мо ҳодисаи муҚаррарист. Одамон то ҳашт – нӯҳ – дувоздаҳ фарзанд доранд ва ҳама аз ин Қаноатманду розиянд. Республика рӯзмарра доротар мегардад. ҳоло соҳиби саноати пуриҚтидор аст, ки пеш набуд. Хоҷагии ҚишлоҚ аз ҳисоби заминҳои навкорам тараҚҚӣ мекунад. Қувваи корӣ бошад, дар деҳот меафзояд. Фарзандон оилаҳои Қавӣ месозанд ва онҳо боигарии ҷамъиятианд. Мардони мо ба тарбияи онҳо чун ба кори давлатӣ менигаранд. Аз ин рӯ барои падарон ҳам ҷоизаҳое чун барои Қаҳрамонмодарон таъсис бояд кард. Чӣ гуфтед?
– Мирзо хандид ва фавран ҷиддӣ илова кард:
– Мардон на танҳо муттакои моддии оилаанд, балки инчунин ба занон дар тарбияи кӯдакон ёрӣ мерасонанд, зеро муносибати хуби шавҳар ба оила, шарти аввалини серфарзандию хушбахтист.
Зане, ки муҳаббати кӯдакону ғамхории доимии шавҳарашро нисбат ба худ ва онҳо ҳис мекунад, барои иҷрои корҳои ҷамъиятӣ ва кор дар истеҳсолот низ ваҚт меёбад. ВаҚте ки кӯдакон калон мешаванд, корҳо хеле беҳтар мешаванд. Ана аз чӣ сабаб мо ба кӯдакон чунин муносибати гарм дорем. Ва на танҳо ба кӯдакони худ.
Мирзо ҳаҚ аст: Чӣ Қадар хурдсолони гурезаро Осиёи Миёнаи мо аз оташи ҷанг раҳонид, ба оғӯши гарми худ гирифт, фарзанд хонд. Ба чандин сағираҳо ӯ модари ҳаҚҚонӣ шуд.
Заминҳо ҳунармандона шудгор шудаанд: Дар баландкӯҳҳо ҷое, ки обёрӣ мушкилтар аст, ғалладона кишт шудааст, дар водиҳо ниҳолони навсабзи пахта кабудӣ мекунанд. Ва албатта хизмати дарғотҳо бузург аст, бе онҳо офтоби пурсаховати ШарҚ наметавонад ба он замине, ки рӯзҳои тафсони тобистон ҳатто алафҳо аз беобӣ месӯхтанд, ҳаёт бахшад. Он гоҳ водиҳои шукуфон ба биёбон табдил хоҳанд ёфт. ҳоло бошад, ин ҷо боғҳо, токзорҳо, рамаи гӯсфандон, полезу киштукор...
Дар ҳама ҷо дастони саховатманди одамон ва мошинаҳое, ки омадаанд ин замини пирро ҷавон кунанд, кор мекунанд. Ба ин манзараҳо нигариста, ман гӯё достонҳои Мирзо Турсунзода ва Мирсаид Миршакарро гаштаю баргашта мехонам.
Ин аст адабиёте, ки зодаи ҳаёти мардуми меҳнатист. Ягонагии олиҷаноб ва ҷудонашаванда! Чӣ гувороянд он деҳаҳои аз нав ҷавонгардида, ки дар онҳо ҳама чиз: Қасрҳои маданият, мактабҳо, шифохонаҳо, кӯдакистону ширхоргоҳҳо ҳама барои мардуми меҳнаткаш аст. Мо ба ҳама ҷо менигаристем ва ба бисёр чизҳо ба хубӣ ҳасад мебурдем. Аммо бояд чунин бошад, чун ин одамони заҳматкаш боигарии бадастовардаи худро ба беҳудагӣ масраф намекунанд ва ҳаёти худро аз ҳисоби он ғанитар ва зеботар мегардонанд.
Аммо ҳанӯз мавзеъҳое ҳастанд, ки мутеи инсон нестанд. Онҳо ҳаёт мебахшанд, аммо марг низ меоранд ва дар он ҷо мардонагии махсус ва чашмони тезбину зираке лозиманд, ки Қадри ҳол хатарро пешбинӣ кунанд ва нигоҳ доранд – инҳо дараҳои кӯҳианд, ки аз Қуллаҳои осмонбӯс тавассути онҳо обҳои сард – асоси ҳосили заминҳои ин кишвар ҷорӣ мешаванд.
Чунин аст дараи рӯди Варзоб, ки рост ба сӯи Душанбе парвоз мекунад, аниҚтараш ҳоло тавассути дарғоти зидди селҳо сохта шуда ҷорист.
Ин аст он рӯди ҷонбахшу пуртаҳдид, ки девонавор аз байни харсангҳо мешитобад. Акнун бо хоҳиши мо Мирзо ба ин ҷо саёҳати моро ташкил кард. Хостем ба он роҳҳое нигарем, ки як замоне ҳасани аробакаш аробаи худро дар онҳо меронд. ҳар Қадар роҳ болотар рафтан гирад, он Қадар Варзоб тезутундтар мегардад. ҷо–ҷо дара васеътар мегардад ва филҳол сабзазорон дар доманаҳои кӯҳҳо ба назар мерасанд. Ба ногаҳ дар болои маҷрои дарё чун мӯъҷиза пулҳои сафеду кабудранг – яхҳо намудор мешаванд, ки аз оббурдаҳои онҳо мавҷи ҷараёнҳои аз кафк чун риши сафед фаввора зада мебароянд. Чӣ мӯъҷиза? Аммо чун чашм ба боло бардоред, назари кас ба кулоҳҳои барфине мерасид, ки Қуллаҳо ба сар кардаанд – дар баландиҳо на танҳо баҳорон, балки дар гармои тобистон низ сардӣ ҳукмфармост. Ва аз ҳамин баландиҳо селҳову тармаҳои барфин ва обхезиҳо ҳангоми заминҷунбиҳо ба мардум таҳдид мекунанд. Заминҷунбӣ бошад, дар ин ҷо шуда меистад. Хушбахтона, аксари онҳо сабук мегузаранд
Пас аз сафари кишвари Қуллаҳои сангину пурғурур Душанбе ба назари мо боз ҳам зеботар намуд. Заминҳои аз ҳосили навхез сабзпӯш ва боғҳои шукуфони беохири водии ҳисор моро бо сабзии афсонавии худ ҷодуконон ба сӯи худ мекашиданд.
* * *

Саҳар ваҚте ки ба ҳамаи меҳмонон билетҳои бозгаштро оварданд, ман фаҳмидам, ки аз Тошкент ба Оренбург рейси самолёт вуҷуд надорад ва нияти ман, ки ҳамроҳи Державин ба Тошкент рафта, дар он ҷо як–ду рӯз монда, баъд ба Оренбург барои ҷамъ кардани материали тоза барои романи нав рафтанӣ будам, дигар шуд. Дар Москва моро корҳо интизор буданд ва ман Қарор додам, ки аввал ба хона, ба Москва равам ва баъд аз он ҷо ба Оренбург. Ба худ билет таъин кардаму ба саёҳати шаҳр баромадам. Барои ман ин сайру гашт хеле аҷоиб буд!
Пас аз таассуроти аҷиб аз тамошои музей ва китобхона дар кӯчаҳо Қадам зада, роҳгузарон, кӯчаҳо ва мағозаҳоро тамошо кардам. Ташна мондам ва дилам нӯшокӣ хост. Албатта, чои кабуд. Пиёла, чойникҳо, Қолинҳои овезон... Ин ҳама дар бозор. Тамошогоҳи аҷиб аст бозори шарҚӣ, ҳатто баҳорон. Инак, дар рӯ ба рӯи ман: кӯҳи мавизу, ҚоҚи зардолу, биринҷи сап–сафеди «хонӣ», нонҳои гарми нав аз танӯр канда, Қатори чиниворӣ, намунаҳои олиҷаноби кулолиҳои ҳунармандони маҳаллӣ, растаи гулҳои рангоранг. ҳадяи баҳор.
ОҚибат дар гӯшаи кати чойхона, ҳампаҳлуи оилаи калони тоҷикӣ нишастам. Онҳо аз рӯи анъана чор зону карда нишастанд. ҷавони мавзун, чаҚҚон ва зебое аз самовори ҷӯшон барои мо чои кабуд дам карда меорад, менӯшем. ҳатто бе Қанд. Чои кабуд барои ҳалҚи хушк тароватбахшу гуворост. Дар пиёла чой зуд сард мешавад, вале ҳама гап ҳам дар сари ҳамон аст, ки нӯшидани он дар гармогармиаш хуб аст
Ба фурӯшандаҳо ва харидороне, ки либосҳои равшану ранги ба ранг ба тан доранд, менигарам. Бисёр занон, кӯдакон либосҳои мувофиҚи мӯд ва аврупоӣ ба бар доранд. Офтоби пурҳарорат ва осмони кабуд. Аз дуриҳо, аз паси боғҳо ва адирҳои сарсабз Қуллаҳои сафеди кӯҳҳо ба назар менамоянд. Эҳсоси тинҷӣ, хушбахтӣ ва миннатдорӣ ба зебоиҳои табиат касро фаро мегирад
Чӣ афсӯс, ки ман шоири ба субут нарасидаам, ҳарчанд, ки аз синни ҳаштсолагӣ шеър навиштаам ва то ҳол муҳаббати гарми худро нисбат ба шеър нигоҳ медорам.
Дар ин замин чӣ шоирони бузурге арзи ҳол кардаанд. Боз ба ёдам «Савганд»–и пурэҳтироси Мирзо Турсунзода меояд:

Партия,
ҳаргиз нагардад ин дили ман,
аз ту дур,
Пеши чашмонат
дурахшон аст монанди булӯр.
Хурраму сарсабз
мисли Тоҷикистон аст он
Дар фазо
паҳлӯ ба паҳлӯи уҚобон аст он,
ҳастии мо, Партия, бо ҳастиат пайванд шуд,
Зери байроҚи ту рафтан,
зистан,
савганд шуд!

Бегоҳ Державину ҳамсарашро ба Тошкент гулсел кардем. Албатта аз нарафтани худ бо онҳо каме зиқ будам. Боз кай насиб мешавад, ки водии Фарғонаву Шоҳимардонро бинам.
Саҳар бошад, хабари нохуш ҳамаи моро мутаассир кард: шаб дар Тошкент заминҷунбии харобиоваре шудааст, Заминҷунбӣ идома дорад. Ин воҚеа 26–уми апрел рӯй дода буд,
Ман аз барканор мондани тасодуфии худ аз ин хатар сабукие ҳис намекардам. ҳама фикр бо ин фалокати ногаҳонӣ рӯйдода банд буд:
Чӣ Қадар андӯҳ якбора омад! Дӯстони нави ман Владимир Василевич ва Тамара дар чӣ ҳол бощанд?. Одамони бехонаву дармондаро дар куҷо ҷой мекунанд? Чанд кас нобуд шуда бошад?
Душанберо сояи сиёҳи ин бадбахтӣ фаро гирифт. ҳатто кӯдакон сукут карданд. Дар ҳама ҷо гуфтугузорҳои пуризтиробу пурҳаяҷон. Анбӯҳи одамон дар назди репродукторҳои радио. Дар ИттифоҚи нависандагон ҳама ғамгин. Бори аввал ман Мирзоро чунин ҷиддӣ, сарду ҷамъ ва ҳатто ифодаи сахтгиронаеро дар рӯи рангпаридааш дидам.
– Ана вай, – табиати маҳбуби мо! – бо Қаҳр дасти худро афшонда гуфт ӯ.
– Бо билетҳои Москва ба аэропорт мерафтем, аммо дар дили ҳама Тошкент.

Башумо бештар кадом
шеъри Устод маҳкул аст?

Дустонро гум макун
Ошёнаи баланд
Дили мадар
Баҳория
Нонреза


Натиҷа
Дустонро гум макун- 4
Ошёнаи баланд- 5
Дили мадар- 3
Баҳория-
Нонреза- 5

Can't delete old sess