Холмурод ШарифовЧанд муддат пештар дар Кумитаи мукофотҳои давлатии ба номи Рӯдакӣ доир ба омодагӣ ба 20- солагии ИстиҚлолияти Тоҷикистони азизамон сӯҳбат доштем. Сухан аз тарғибгарони навин дар арсаи ҷаҳонӣ мерафт, ки шодравон Камол Айнӣ гуфт: - Касе ба мисли устод Турсунзода ба шӯҳарти миллаташ шӯҳрат зам накардааст. Аввало ӯ худ чун рамзи миллат, ҳамчун мунодии сулҳ, дар тамоми Қитъаҳои олам суханафрозӣ намудааст, дуюм, дар куҷое, ки будааст, чун гӯшту нохун бо Ватан будааст, намунаи ҷоннисорию садоҚатро нисбат ба Меҳан намоиш додааст. Суханҳои Камол Айниро гӯш мекардаму сафарам ба Қитъаи АфриҚо, мамлакати Бенин ба хотирам омад. Он замон ҳавопаймо ба фурудгоҳи пойтахти давлати номбурда, шаҳри Бомако фуруд омад, чанд тан моро пешвоз гирифтанд ва аввал даст дароз карда, ман Самӯ Абдулло гуфту пурсон шуд, - рост, аст, ки Шумо аз Тоҷикистонед? - Бале, ман аз Тоҷикистон, - гуфтам. - Чӣ хуш ки Шуморо дидам, Мирзо Турсунзодаро мешиносед? Саломатиаш чӣ тавр бошад? – саволборон намуд. Ана ҳамин тавр дар кадом мамлакати хориҷие, ки будам (Домогея, Афғонистон, Эрон, Булғористон, Канада, Венгрия, Корея аввал аз Турсуунзода ҷӯё мешуданд, ки дар ин хусус ҳикоят хоҳам кард. Боре аз Маҷлиси Кумитаи якдилии халҚҳои Осиё ва АфриҚои Шӯравӣ бармегаштам, ки дар фурудгоҳи Домодедови Москва бо адиби номии Озарбойҷон, ходими намоёни ҷамъиятӣ Мирзо Иброҳимов дучор шудам. - Э, чӣ хуше, ки Шуморо дидам, - гуфт вай. Салому алейк кардем. Мирзо Иброҳимов аввал аз саломатии устод Турсунзода, аҳволи аҳли байташ пурсон шуду маро ба Қаҳванӯшӣ даъват намуд, ки сӯҳбатро сари миз давом диҳем. Мирзо Иброҳимов, ки яке аз дӯсту ҳамҚаламони наздики Мирзо Турсунзода буд, суханро дар атрофи хотираи ӯ гирд мегардонд, аз саҳми вай дар мавриди сулҳ, дӯстии халҚҳо, тарғиби адабиёти оламшумули тоҷик тоб медод. ВаҚти видоъ Иброҳимов гуфт, – мо дар Озарбойҷон ҷашни 70- солагии Мирзо Турсунзодаро васеъ Қайд менамоем, Кумитаи шӯравиии якдилии халҚҳои Осиё ва АфриҚо ҳам дар бораи дар саҳни олам ҷашн гирифтани 70 – солагии устод Турсунзода Қарори дахлдор Қабул кардааст. Бемуҳобот, - гуфт Мирзо Аҷдарович, Турсунзода сазовори он аст, ки аз хизматҳои бузурги ӯ дар роҳи мубориза барои сулҳу амонӣ, озодию истиҚлолияти миллии халҚҳои мазлум ва инкишофи ҳама гӯшаҳои олам арзанда сухан ронем. Бо Мирзо Иброҳимов хушбошӣ кардаму пас аз чанд даҚиҚа вориди ҳавопаймо гардидам. ҳамин, ки курсии худамро ёфта нишастам, беихтиёр хаёлам ба ёди он шахсияти бузург, шоири шаҳиру оташинсухан – Мирзо Турсунзода банд шуд. Суханҳои Мирзо Иброҳимов «ҷашни Турсунзодаро дар Озарбойҷон сазовор Қайд мекунем» ҳисси эҳтиромамро нисбат ба устод Турсунзода афзунтар намуд ва камина дар ҳолати сукуту ғарҚи хаёлот вараҚҳои хотиротамро тӯлонӣ «рӯйгардон» менамудам. Шояд ин боз аз он сабаб бошад, ки ман Мирзо Турсунзодаро дер боз хеле аз наздик мешинохтаму медонистам, ҳамроҳаш сафарҳои зиёд кардаам, бо ҳам чандин сол дар мавзӯъҳои фарҳангӣ – миллӣ мубодилаи афкор доштем, дӯстони Қарин будем. Қарзи дӯстӣ маро водор мекард, ки бахшида ба ӯ чизе нависам. Аммо бароям дар ҳаҚҚи Мирзо Турсунзода барин шхсияти умумиҷаҳонӣ навиштан ҳам осон буду ҳам душвор. Осон барои он буд, ки бо он дӯсти азизу бузургвор солҳои сол ҳамдаму ҳаммасалаку ҳамтабаҚ будем, ки ин худ бароям як мояи саодатмандӣ буд. Аз ин ҷиҳат наҚши рахшони симои ӯ, лафзи шакарбору Қалби фидокор ва тинати накӯкори ӯро фаромӯш кардан бароям имконнопазир буд. Мушкилии кор дар он буд, ки кас ба унвони вай сухан ронданӣ шуда, бидуни ихтиёр ба андеша меафтод. «Он чизе, ки ту мегӯӣ, оё сазовори ӯст? Боз он тавр нашавад, ки наҚли ту образи он марди мутафаккир, сухансарои беҳамто, фарзанди фарзонаи Ватанро хира тасвир намояд. Душвор бароям боз барои он буд, ки мебоист ба унвони вай, ба унвони он дӯсти ҷонӣ ҳамчун шахси марҳум муроҷиат намоям… аҚалан аз таасуротҳоям як шингил партофтан каме сӯзи дилро таскин медиҳад. Охир борҳо ҳамроҳи меҳмонон Юсуф – ас- Сабоӣ, Олес Гончар, Максим Танк, Чингиз Айтматов, Бердӣ Карбобоев, Қайсин Қулиев, Мустай Карим ба Норак, ҳамроҳи адибону санъаткорони тоҷик ба ӯзбекистон, Қирғизистон сафар кардем. Сайри водии Вахшу, ҳисор, Кофарниҳон, сӯҳбатҳои тӯлонӣ дар соҳилҳои Варзоб, Искандаркӯл чун хотираҳои нек лавҳи хотирро пурҷило намудаанд. Сафарҳои бисёракарата ба Москва, хусусан иштироки якҷоя дар анҷуманҳои нависандаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ҳар дафъа ҷиҳатҳои ноаёни наҷобати Мирзо Турсунзодаро аз нав аёнтар месохтанд. Андешаи «нависам ё нанависам» муддатҳо аз ёдам дур намегардид. Ниҳоят рӯзе аз редаксияи «Тоҷикистони советӣ» ба ман супурданд, ки дар бораи устод Мирзо Турсунзода ва мулоҚотҳоям бо ӯ хотирае бинависам. ҳарчанд иҷрои хоҳиши редаксия ба хости дил ҳамсадо буд, ба сабаби тангии фурсате, ки редаксия муайян карда буд, имконе надоштам, ки ҳама мегуфтагии худро бигӯям. Ноилоҷ фаҚат баъзе хотираҳои ҳамсафариҳоямро бо Мирзо Турсунзода мухтасар ба Қалам овардам. Зеро инсон дар сафарҳои якҷоя беҳтар шинохта мешавад. Бори аввал сафари мо бо Мирзо Турсунзода ба Панҷрӯд соли 1958 – ум баргузор шуда буд. Он сол аҳли дунёи тараҚҚипарвар 1100- умии солгарди мавлуди Қофиласолори адабиёти форсу тоҷик Абӯабдулло Рӯдакиро ботантана ҷашн мегирифт. Дар яке аз рӯзҳои тантана Мирзо Турсунзода ҳамроҳи раиси Комитети республикавии ҷашни Рӯдакӣ Абдулаҳад Қаҳҳоров, ходимони барҷастаи адабиёти советӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла, Николай Тихонов, Расул ғамзатов, Гурбахш Синх (ҳиндустон), Саид Нафисӣ (Эрон) ва дигар соҳибҚаламони маъруф ба Панҷакент омаданд. Мирзо Турсунзода меҳмононро роҳбаладӣ мекард. ӯ чун соҳибхона бо як меҳрубонию дилсӯзии фавҚулодда онҳоро пазироӣ менамуд. Николай Тихонов ҷидду ҷаҳди беҳади ӯро пай бурда, хост ки ӯро аз он саъйи зиёд боздорад. Вай ба Николай Тихонов муроҷиат карда гуфт: «Шумо меҳмони мо не, меҳмони одамушшуарои адабиёти форсу тоҷик Рӯдакӣ ҳастед. ҳар миҚдоре, ки шуморо Қадр кунем, ҳамон дараҷа арвоҳи бобокалони адабиётамон бештар шод мешавад». Мирзо Турсунзода ҳар замон бо ифтихор бо меҳмонҳо ва мизбонҳои панҷакентӣ ширингӯиҳо мекард. Ман он ваҚт дар аппарати Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон кор мекардам. Маро барои кӯмак расондан дар гузаронидани ҷашни устод Рӯдакӣ ба он ҷо фиристода буданд. Кӯшиш мекардам, ки наҚшаҳои меҳмонпазироии Мирзо Турсунзода бечунучаро амалӣ гарданд. Ёд дорам. Меҳмонҳо дар ҳаҚҚи Мирзо Турсунзода чӣ суханҳои нек мегуфтанд. Аксари онҳо аз бузургии адабиёти куҳани тоҷику форс, арзиши ҷаҳонии он, адабпарвар будани сарзамини тоҷикон, табиати шоиронаи диёри Рӯдакӣ сухан ронда, ҳатман таъкид мекарданд, ки адабиёти советии тоҷик, ки сарвараш он солҳо Мирзо Турсунзода буд, вориси арзандаи адабиёти классикии тоҷик буда, дар даврони советӣ ба Қуллаҳои баландтарин баромадааст. Расул ғамзатов бо услуби кавказии худ сухани хубе гуфта буд: «Ман барои зеботарин шоири советӣ Мирзо Қадаҳ мебардорам, зеро худаш аз шеърашу шеъраш аз худаш зеботар аст». Баъди ҷашн низ мо бо Мирзо Турсунзодаву Мирсаид Миршакар ба зиёрати маҚбараи устод Рӯдакӣ борҳо сафар кардем. Як бор, дар хотир дорам, соли 1959- ум буд, ки Турсунзодаву Миршакар ва ман ба Панҷрӯд мерафтем. Мошинамон дар роҳ вайрон шуд. То иллати мошинро ёфтани ронанда ваҚти бисёре гузашт. Мирзо Турсунзода нимҷиддиву нимшӯхӣ гуфт: «Биёед, пиёда меравем мисли ҳоҷиёни пиёдагард, ман Қурби маҚбараи устодро аз Маккаву Мадина кам намедонам». Чунин буд ихлосу Қадршиносии ӯ нисбат ба саромадони маданияти халҚамон. Сафари дигари мо бо ин марди шариф соли 1967 – ум ба Қитъаи Америка ба Канада, ба намоишгоҳи умумиҷаҳонии «ЭКСПО- 67» баргузор гардида буд. Он ҷо мо кам якҷоя гаштем, зеро наҚшаҳои сафарамон гуногун буданд. Аммо дар он ҷо низ чанд сӯҳбату мулоҚотҳо доштем. Якеи онҳо дар мавзӯи тарзи зиндагии мардуми он кишвар буд. Дар сӯҳбат шодравон Маҳмудҷон Воҳидов, ҷӯрабек Муродов ҳам ҳузур доштанд. Мирзо Турсунзода «Шаҳбозҳо, таззодҳои зиндагии инҷо–ро бодиҚҚат аз назар гузаронед, фирефтаи ҷилои беруна шуданатон мумкин, капитал хеле маккор аст» - гуфт. ҳаҚ ба ҷониби Турсунзода буд. ВаҚте ки мо ба чанд шаҳри он кишвар, аз ҷумла ба Монреал ва Торонто, ки бо штати Нию- Ёрки ШМА ҳамсарҳад аст, мусофират кардем, бисёр «асрор» - и зиндагии ҷамъиятии капиталистӣ ва тазодҳои онро дарк намудем. Дидем, ки аз як тараф дар ибодатхонаю калисоҳо садҳо занони роҳгум дар кунҷи узлат нишастаанд. Онҳо дар ҷаҳолат ва нодонии асримиёнагӣ монда, тарки дунё кардаанд. Аз тарафи дигар Қсими занҳо бо пойҷомаҳои кӯтоҳи аз линг боло дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар кӯчаҳову бозорҳо нимбараҳна мегаштанд. ДиҚҚати моро Мирзо Турсунзода боз ба як чиз ҷалб намуд: «Агар мо Қадри занро ба осмони ҳафтум барорему манбаи илҳом шуморем, дар шароити ин ҷамъият, яъне ҷамъияти капиталистӣ зан шарафи модарию рафиҚаи ҳаёти мард будани худро гум карда, ба чизу моли шахсии сармоядор мубаддал гаштааст». Дар ҳамаи ҷойҳои серодам, дар кӯчаҳо, метроҳо, дар магазину ресторанҳо расмҳои бешумори занони бараҳнаро часпонда буданд, ки он як воситаи тасфонидани бозори моли капиталистон аст. ҳатто дар тасмаи гардани сагҳо, чархҳои мошин сурати занҳои урёнро медидем. Дар он ҷо ҷамъият, ки доллар ҳукмрон аст, дин ҳам манфиати сармоядоронро ҳимоя мекунад ва аз ин сабаб дар он ҷо бозори бешармию фаҳш тасфон мебошад. ҳамин чиз барои мо аён шуд, ки он ваҚт дар Монреал 1100 ибодатхонаю калисоҳои мазҳабҳои гуногун ва 4100 банки махсуси капиталистони молиявӣ мавҷуд буд, аммо театри касбии доимие, ки ба халҚ хизмат мерасонад, вуҷуд надошт. Хулоса, дар як Қутб бенавоӣ, нодорию ночорӣ, дар Қутби дигар пулмастиву айшу ишрати бедардимиён ҳукмрон буда, дар онҳо ҳама чиз – шараф ва виҷдони инсонӣ низ харидаву фурӯхта мешавад. Мирзо Турсунзодаи тезбину дурбин ин тазодҳоро низ дар назар дошт. Боре дар ҳамон тарафи уҚёнус Мирзо Турсунзода изҳор дошт, ки мафкураи зараноки буржуазӣ, хусусан ишратпарастию молпарастии он гоҳе ба шуури ҷавонони мо ҳам таъсир мерасонад. Парастиши латта- путтаҳои импортӣ ва овехта гаштани тамғаҳои хориҷӣ нишонаи ҳамин аст. ВаҚте ки ҳавсакорони ҷавоне дар сурату либос ба хориҷиҳо таҚлид карда, дар бораи Ватан шеър мегӯяд, ба самимияти он боварии кас намеояд». Яке аз шеърҳои баландғояи ватандӯстонаи Мирзо Турсунзода «Ватан» дар ҳамон сафар эҷод шуда буд ва аз ҳамон ваҚт боз дар иҷрои Артисти ХалҚии СССР ҷӯрабек Муродов доимо садо медиҳад. Он шеър маромномаи эҷодии Мирзо Турсунзода буд, ки бо амри Ватан аз он ҷудоӣ надошт… Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт, Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт. Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам, Агарчи нисфи умри беҳтаринам дар сафар бигзашт. Он гаҳ ман як ҷиҳати эҷодии Мирзо Турсунзодаро дарк намудам, ки илҳоми ӯ худ аз худ эҷод намекунад ва чакидаҳои Қаламаш маҳсули мушоҳидаҳои зиндаи вай буда, диди иҷтимоии ӯро аён инъикос менамояд. ҳатто дар ҳамон сафари дур пай бурда мешуд, ки Мирзо Турсунзода нисбат ба ҷавонони эҷодкор ниҳоят ғамхор, серталаб буд. Агар ба ибораи халҚӣ гӯем, ӯ асло намехост, ки «ба пояшон хоре халад». Аммо дар баҳо додан ба маҳсули эҷодӣ, мазмуни асарҳо ва рафтору гуфтори онҳо мисли падар Қатъӣ, ҷиддӣ ва сахтгир буд. Баъзан коҳишҳои пандомез ҳам мекард. Ба хотирам меояд, ки боре ӯ як адиби ҷавонро сарзаниш карду чунин гуфт: «Дар ваҚташ мо ҳам ҷавон будем, ғурури ҷавонӣ доштем, агар ба гирди миз ё дастархон ҷамъ мешудем, фикру зикрамон ба мавзӯи сӯҳбатҳоямон чӣ тавр хизмати Ватану адабиётро ба ҷо овардан буд, аз даҳонамон калимаю ибораҳои Ватан, Қарзи фарзандӣ, ҷои шеъру достон дар зиндагӣ, санъат, театр канда намешуд. Акнун, ки баъзе ҷавонони мо мошинсавор шудаанд, ҳамин ки бо ҳам вохӯрданд, аксар аз даҳонашон ба ғайр аз калимаҳои Карбюратор, регулятор, вентилятор, стеклоочиститель ва ғайра дигар чизе намебарояд». ҳамин тавр ӯ ба ҳамаи ҷиҳатҳои фаъолияти ҷавонон аҳамият медод ва мегуфт, ки дар кори мураккаби тарбияи наслҳои оянда масъалаҳои майда – чуйда нест, дар ин кор ҳама чиз аҳамият дорад. Дар бораи боз як сафари якҷояамон бо Мирзо Турсунзода, ки моҳи майи соли 1977- ум сурат гирифт, мухтасар ҳикоят карданро воҷиб мешуморам… Дар Ленинобод бо ташабусси ИттифоҚи нависандагони Тоҷикистон курс – конференсияи адибони ҷавон гузарониданӣ буданд… Мирзо Турсунзода, ки ба проблемаҳои тарбияи ҷавонони эҷодкор аҳамияти махсус медод, маро ҳам даъват намуд, ки дар ин чорабинӣ ширкат намоям ва ба ҳалли баъзе масъалаҳо кӯмак расонам. Мо се кас- Мирзо Турсунзода, БоҚӣ Раҳимзода ва камина ба Ленинобод равон шудем. ҳамин, ки ба шаҳр расидем, Мирзо Турсунзода аввал бо тартиби гузаронидани курс- конференсияи адибони ҷавон шинос шуд ва ба он тағйироти муҳим дохил намуд: зиёрат ва гулчамбар гузоштан ба ёдгориҳои таърихӣ, гузаронидани мулоҚотҳо дар коллективҳои коргарӣ, вохӯриҳо бо деҳҚонон ва ғайраро ба он ҳамроҳ кард. ӯ махсус таъкид мекард, ки адиби ҳаҚиҚӣ бояд пеш аз ҳама аз ҳаёти бузургони гузашта ва халҚаш сабаҚ гирад ва барои ба амал татбиҚ намудани наҚшаҳои партияи ленинӣ ҷонбозиҳо кунад. Дар ин бобат эҷодиёти худи ӯ, тарзи зиндагиву меҳнати фидокоронааш дар роҳи бунёд намудани маданияти нави сотсиалистӣ ва устувор гардонидани сулҳу амонӣ барои наслҳои имрӯзаву оянда намунаи ибрат буд. ВаҚте сухан дар бораи ҷавонон мерафт, Мирзо Турсунзода одат дошт, ки суханҳои ҳикматомези бузургонро хотирнишон кунад. Байтҳои зеринро аз забони ӯ шунида будам: ғофил манишин, на ваҚти бозист, ВаҚти ҳунар асту сарфарозист. Дониш талабу бузургӣ омӯз, То беҳ нигаранд рӯзат аз рӯз. (Низомӣ) ё ки: Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ. Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз. То тоҷи наберагони Одам бошӣ. (ҷалолиддини Румӣ) ВоҚеан, Мирзо Турсунзода шеърҳои худро то ҳозирон илтимос намекарданд, намехонд. Дар сӯҳбатҳо бисёр бамавриду табииӣ аз хотираи ғаниаш, ки ганҷинаи ашъору ҳикматҳои олии суханварони пешин буд, дурдонаҳои тобнокеро нисор менамуд. … Дар вилояти Ленинобод мо бо коркунони саноат, деҳҚонон, муаллимон, донишҷӯён ва талабаҳои мактабҳо мулоҚотҳои зиёде доштем. Бояд гуфт, ки дар куҷое, ки Мирзо Турсунзода пайдо мешуд, ӯро фавран одамон гирд мегирифтанд ва хайра маҚдам мегуфтандаш. Мушоҳида мекардем, ки шеърҳои ӯ ва достонҳову асарҳои драматургии вай мағз андар мағзи Қалби мардум ҷойгир шудаанд ва номи ӯ барои хурду калон азизу мӯътабар гардидааст. Чанд лаҳзаро ба хотир оварданиам: аз Хуҷанд ба сӯи Конибодом равон шудем. Дар Қарибиҳои бозори Хуҷанд дӯкони пойафзолтозакуние намудор шуд. Мирзо Турсунзода хост, ки каме истем, ӯ пойафзолашро оро диҳад… Ману БоҚӣ Раҳимзода ӯро назди усто гузошта, ба тамошои бозор даромадем. Баъди 5-10 даҚиҚа баргаштем ва дидем, ки на дӯкон менамояду на Мирзо Турсунзода. Атрофи ӯро дар як лаҳза издиҳоме иҳота кардааст. Маълум шуд, ки ӯро роҳгузарҳо фавран шинохтаанд ва ҳама барои хушбошӣ гуфтан омода шудаанд. Дидем, ки ӯ ба чандин донишҷӯю талабаҳо дар муҚоваҳои китобҳои дарсӣ, дафтарҳои талабагӣ, паспортҳо соядаст медоду бо мардум хушгӯиҳо мекард. Чунин буд хислатҳои ин шоири халҚии мо… Яке аз донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгорӣ хоҳиш кард, ки ин шоир дар дафтари вай хотирае бинависад. Мирзо Турсунзода бо табассуми ба худаш хос розӣ шуд ва бинавишт: Гуфтам: Санамо кай зи ту дил канда кунам, Гуфто, ки ба як ханда туро банда кунам. Гуфтам, ки ба як ханда бимирам, чӣ кунӣ? Гуфто, ки ба як бӯса туро зинда кунам. Мо ҳама бозавҚ хандидем. «офарин, Мирзо», - гуфт БоҚӣ Раҳимзода ва роҳамонро давом додем. Баъди як соат ба Конибодом расидем. Мо ҳар ду аз шаҳри Конибодом депутат будем – Мирзо Турсунзода депутати Совети Олии СССР, ман бошам, депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон. Роҳбарони шаҳр ҳисоботи якҷояи моро дар назди интихобкунандагон шуниданд. Афсӯс, наметавонам он самимият, он тасфу ҳароратеро, ки дар он мулоҚот нисбат ба Мирзо Турсунзодаву БоҚӣ Раҳимзода иброз шуда буд, тасвир намоям. Коргарони оддӣ, бофандаҳо, бинокорон, духтурҳо, муаллимон, талабаҳо ҳама бо як ихлоси хос паи ҳам шеърҳои он шоирону дӯстоштаашонро мехонданду ба онҳо барои назми дилошӯбашон миннатдорӣ мекарданд. Баъд худи Турсунзодаву Раҳимзода шеър хонданд. МулоҚот хеле тӯл кашид. ҳаво гарм буд, аммо тасфи мулоҚот аз он ҳам гармтар. Аз ҳар тори мӯи Мирзо Турсунзода донаҳои араҚ марворидвор мечакиданд. ӯ дар хотима ба хаёли маънидоре рафту шеъри «Шоиро»- ро канда – канда хонд: Шоиро, аз сӯхтан дорӣ хабар, Пас макун аз оташи сӯзон ҳазар. Сӯхтан пӯлоду оҳан офарад, Аз шарорае тоза гулхан офарад… Шеър ҳам бояд занад фавворае Аз танӯри дил чу оташпорае… Ҳангоми хондани шеър шоир ба гулхане оташе монанд буд, ки ба рӯҳу қалби ҳозирон ҳарорат мебахшид, нуру сафо ато мекард ва онҳоро ба некӯкорӣ, фидокорӣ ҳидоят менамуд. Чунин мулоқотҳои файзбахшу фаромӯшнашаванда дар коллективҳои фабрикаи либосдӯзии Конибодом ва Омӯзишгоҳи педагогии он ҷо, ки акнун номи Мирзо Турсунзодаро дорад, низ барпо гардиданд. Саҳарии рӯзи дигар тараддуди сафари аз Конибодом ба Исфара рафтан доштем. Аз мо хоҳиш карданд каме сабр кунем, ки баъд аз 5–10 дақиқа рафиқон Ҷ. Р. Расулов ва Р.Ҳ. Ҳоҷиев меоянд. Хуб мешуд, ки онҳоро ҳамроҳ пешвоз гирем. Мо ин таклифро бо камоли майл пазируфтем. Фурсате нагузашта онҳо омаданд. Сӯҳбати рафиқонаи самимӣ, ки ҳеҷ гоҳ аз хотир фаромӯш нахоҳад шуд, барпо гардид. Мирзо Турсунзода ба Ҷ. Расулов аз мақсади сафарамон, мулоқотҳо бо коллективҳои меҳнатӣ хабар дод. Ҷ. Расулов бо ғамхории ба ӯ хос аз корубор ва вазъи саломатии ҳар ду шоир пурсуҷӯ кард. Баъд зарофатгӯиҳову ҳазҳои Боқӣ Раҳимзода сар шуд, ӯ чанд шеъри шӯхиомези ҳаҷвӣ хонда, аз ҳаёти мардуми кӯҳистони Қаротегину Мастчоҳ нақлҳои шавқовар кард. Рафиқ Расулов дар охир маслиҳат дод, ки чунин мулоқотҳои эҷодӣ дар Исфара низ гузаронида шаванд. Баъди хушбошӣ ба мизбонон мо ба Исфара рафтем. Дар он ҷо ҳам чандин сӯҳбатҳову вохӯриҳои эҷодии Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода ба хонандагон барпо гардиданд. Калонтарин маъракаи вохӯрии онҳо бо меҳнаткашони район дар маркази шаҳри Исфара гузаронида шуд. Дар клуби шаҳрӣ хурду калон, коргару колхозчӣ, зиёиёну фаъолони партиявию давлатӣ ба истиқболи шоирони дӯстоштаашон омада буданд. Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода аз инкишофи адабиёту санъати советӣ, аз комёбиҳои адабиёти тоҷик, аз тараддудҳои гузаронидани 100–солагии зодрӯзи асосгузори адабиёти советии тоҷик , Президенти якуми Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон Садриддин Айнӣ нақлҳои ҳаяҷоновар намуданд, шеърҳо хонданд, ба саволҳои дӯстдорони каломи бадеӣ ҷавобҳои саҳеҳ доданд. Пионерон ва зеботарин духтарони Исфара ба шоирони номӣ гулу гулдастаҳо тақдим намуданд. Мирзо Турсунзода. дар хотима ваъда дод, ки адибони тоҷик дар бораи корнамоиҳои ангишткашони Шӯроб, пешқадамони хоҷагии қишлоқи район, хусусан Суфро Боқиеваи номдор, зардолуву олуҳои асалвори Исфара, мардуми дорои маданияти баланди он ҷо боз асарҳои сазовор меофаранд, чӣ тавре, ки ин корро Раҳим Ҷалилу Абдусалом Деҳотӣ кардаанд. Баъд дар боғи колхози ба номи В. И. Ленин, ки аз канори он дарёи шаффофу шӯхоби Исфара ҷорӣ буд, мулоқоте байни шоирон аз фаъолони району колхоз барпо гардид. Котиби якуми онваҚтаи комитети партиявии шаҳр Умаралӣ Қурбонов ва раиси колхоз Шаҳобиддин Нуриддинов меҳмононро бо корубор ва зиндагии мардуми он ҷо шинос карданд ва таъкид намуданд, ки каломи бадеӣ, суруду мусиқии дилнишин, спектаклу кинофилмҳои шавқовари ҳозиразамон барои пешрафти кори мардум омили муҳим буда, меҳнаткашонро барои корнамоиҳо рӯҳбаланд менамоянд. Дар айни сӯҳбат касе хабар дод, ки Артисткаи Халқии СССР Тӯҳфа Фозилова дар истироҳатгоҳи «Зумрад» аст, чӣ мешавад, ки он касро ҳам даъват кунем. Боқӣ Раҳимзода баробари номи Тӯҳфахонумро шунидан, бо усули ба худаш хос гуфт: «Каромат кардед, тақсир, қоматашон занад, тез Тӯҳфахонумро ҷеғ занед, ба дидори он бонуи сӯҳбаторо расидан худаш як неъмати камёб аст». Тӯҳфахонум ҳам омаданд. Байни Тӯҳфахонуму Боқӣ Раҳимзода аскияву хушгӯиҳо шуд. Дастаи ҳунармандони он ҷо низ бо сардории Мирзоқурбон Солиев ҳозир буданд. Он шаб, бо таъбири Боқӣ Раҳимзода, «Нишасти ҷамшедии осмонкаф» барпо шуда буд. Аввал нақлҳои ҳикматангези Мирзо Турсунзода, баъд латифагӯиҳои Боқӣ Раҳимзода, сипас сурудҳою хурӯшҳои мусиқии «Шашмаком» дар иҷрои навозандагони моҳири Исфара қалбу рӯҳи ҳозиронро бо нишоту сурур пур кард. Ҳар боре, ки Мирзо Турсунзода ё Боқӣ Раҳимзода сухан меронданд, ҳама фаврӣ хомӯш шуда, гӯшу ҳуш мегаштанд. Азбаски сафари мо баъди заминҷунбии Исфара ба вуқӯъ пайваста буд, Мирзо Турсунзода гаштаю баргашта аз аҳволи оилаҳои аз зилзила зарардида пурсупос мекард, миқдори зарари расондаи фалокатро фаҳмида маъюс мегардид. Аммо натиҷаи ёрии давлатро дида ба марҳамати онҳо ташаккур мегуфт. Ҳамчунин, ӯ нақл кард, ки дар заминҷунбии Қаратоғ (1907) падари ӯ оилаи аввал ва фарзандонашро аз даст дода будааст. Заминҷунбӣ он вақт беш аз 70 деҳаи водии Ҳисорро аз байн бурдааст. Ҳокиму ҷоҳилони Ҳисор бошанд, «гуноҳ»–и он офати табииро ба гардани халқ бор карда, бозори зулму хуруфотро боз ҳам гаронтар менамуданд. «Акнун бошад, давлати шӯравӣ ғамхорӣ зоҳир намуда, зарари халқро аз ҳисоби давлат мепардозад. Одамон ба ёрии якдигар мешитобанд. Ин ҳам мӯъҷизаи сохти советист», – мегуфт ӯ. Сӯҳбати оншаба дар калхози ба номи Ленин дар хотири сокинони он нақши хубе баста буд. Акнун ҳар боре, ки ба Исфара равам, ҳама лаззати сӯҳбатҳои гарми Турсунзодаву Раҳимзодаро ба ёд оварда, эътироф мекунанд, ки мо «одамони хушбахт будаем, ки ба мулоқоти чунин одамони наҷиб мушарраф шудаем». Ҳамин тавр, Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода ба куҷое, ки мерафтанд, дар дилу дидаи мардум ҷо гирифта, дар хотираҳо нақш мегузоштанд. Он нақш нақши эҳсосе буд, ки дар замири хурду калон тухми некӣ мепошид, одамонро ба дӯстию рафоқат ва некӯкорию меҳнатдӯстӣ ҳидоят мекард. Ман бо Мирзо Турсунзода боз сафарҳои зиёде кардаам ва бо ӯ мулоқотҳои бешуморе доштам. Дар бораи сафарамон бо Мирзо Турсунзода ба Ӯзбекистон дар китоби худ «Гард дар миҷгон» навиштаам. Ин ҷо ба такрори он ҳоҷат нест. Фақат як лаҳзаро хотирнишон карданӣ ҳастам. Моҳи майи соли 1968 дар Ӯзбекистони бародар Даҳаи маданияти тоҷик мегузашт. Яке аз мулоқотҳои мо пас аз сафари тӯлониву вохӯриҳои бисёр дар савхози «Пахтаарал»–и вилояти Сирдарё баргузор гардид. Ҳаво хеле тасфон буд, аз гармои тоқатшикан аксари ширакткунандагони даҳа хоҳиш мекард, ки онҳоро аз «азоб»-и сухан гуфтан халос кунем. Мирзо Турсунзода он рӯзҳо дардманд буд, вале бар қасди гарданкашиҳои ҳамсафарон ин кори масъулро ба зиммаи худ гирифт: – Ман сухан мегӯям, – гуфту ба минбар баромад. Издиҳоми бисёрҳазора ӯро бо кафкӯбиҳои пурмеҳру дуру дароз истиқбол кард. Чун ӯ ба шеърхонӣ пардохт, ҳозирон ҳушу гӯш гаштанд. Ҳарорати шеъри оташбори устод маҳфили адабии моро гармтар кард. Ӯ бо як ҳисси баланд шеър мехонд, чунон мехонд, ки гумон мекардед чашмаи мусаффое ҷӯш мезанад ва чун фаввора ба сӯи осмон боло мепарад. Вақте ки ӯ мисраъҳои охирини шеърро хонд, сомеон аз ҷой бархоста, дуру дароз кафкӯбӣ карданд, чашмони онҳо аз ҳаяҷон медрахшид, ки нишони сеҳри каломи шоир буд. Таассуф, ки дар бораи ҳамсафариамон бо Мирзо Турсунзода ба Москва, Норак, Қурғонтеппа, водии Ҳисор, Искандаркӯл ва ғайра мувофиқи табъ нақл карда натавонистам. Шояд онро дар мавриди дигар гӯям. Ин ҷо ҳамин кофист. Акнун якчанд ёддошт аз сафари шаҳри Норак, ки Юсуф ас-Сабоӣ- ходими намоёни илму маданияти араб ба мо ҳамроҳ буд: Рӯзе бо чанд меҳмони азиз ба зиёрати шаҳри Норак рафтем. Мизбонҳо, сокинони таҳҷоии шаҳр, моро ба тамошои сарбанди дар олам аз ҳама баландтарин – сарбанди истгоҳи барқӣ – обии Норак хонданд. Ҳангоме бо кӯҳтали печ дар печ гоҳ аз дили шикофтаи кӯҳ ва гоҳе аз домани сангини он тоб хӯрда, ба қуллаи сарбанд мебаромадем, чашмамон ба навиштаҷоти болои тахтасанги сари роҳ афтод: «Одамон сарбандро баланд бардоштанд, сарбанд одамонро». Ибораи оддӣ дар ин ҷо як ҷаҳон маънӣ дошт. Роҳбаладамон Мурод Ёрзода ба фикр фурӯ рафтани моро пай бурда гуфт, ки ин ибора зодаи мушоҳидаи Мирзо Турсунзода аст, ки ошиқи қуллаҳои баланд аст. Ӯ фармудааст: «Ошён гар мегузорӣ, дар баландиҳо гузор». Ҳамон лаҳза сафари якҷояи устод ҳамроҳи Юсуф ас-Сабоӣ ба хотир омад. Он вақт Мирзо Турсунзода иншоотро бо нигоҳи ташнаи шоирона тамошо мекард ва дар фуроварди зиёраташ ба Юсуф ас-Сабоӣ, раиси комиҷроияи Совети депутатҳои халқи шаҳри Норак Боймирзо Шукуров ва дигарон муроҷиат намуда изҳор кард: – Ин иншоот иншооти оддӣ нест, чунин марраи баланди меҳнатиест, ки одамонро низ бо худаш баланд мебардорад. Бинед, ин ҷо фарзандони қариб панҷоҳ миллату халқият бо як мақсаду маром меҳнат мекунанд. Ин иншоот аз аҳромҳои Миср, шаршараи Ниагар, манораи Эйфел, қасри Тоҷмаҳал, ки онҳоро мӯъҷизаҳои ҷаҳонӣ меноманд, волотар аст. Ин муҷассама ёдгории бузургест, ки ба бузургии хирад ва ҳамкорию дӯстии инсонҳо гузошта шудааст. – Ман гумон доштам, ки аз сарбанди Ассвон баландтар сарбанде нест, – бо ҳайрат ба гап ҳамроҳ шуд Юсуф ас-Сабоӣ. – Норакро падари Ассвон гуфтан мумкин аст, – шӯхӣ кард Мирзо Турсунзода ва шарҳ дод: писари муҳандиси Норак инженери рус Свинард тарҳи Ассвонро кашидааст. – Шумо, – ҳолати ҷиддӣ гирифт Мирзо Турсунзода, – бо чашми санҷиш назар кунед, мебинед, ки инсон ин ҷо на фақат намуди зоҳирии водии Норакро тағйир додааст, балки қисмати худро низ. Аввалан, фарзандони миллатҳои гуногун дар меҳнати якҷоя чун фарзанди як хонадон тифоқ гаштанд, обутоби меҳнатӣ мафкураи онҳоро чун мафкураи интернатсионалистони ҳақиқӣ ташаккул додааст. Сониян, мардуми маҳаллӣ, деҳқонзодаҳои дирӯза, ба монанди Муҳаббат Шарифов, Камол Ҳамсариев ва садҳо касони монанди онҳо касбҳои мураккаби бинокориро аз худ карданд. Шоистаи таҳсин аст, ки тоҷик–духтар Зебо Назарова бо ҷуръати мардона кранчии дастгоҳи азим шудааст. Ана инҳоянд Гурдофаридҳою Рустамони даврони мо. Ёд дорам, дар ҳамон сӯҳбат Мирзо Турсунзода бо мароқи кунҷковонаи шоирӣ аз ҳозирон пурсида буд: чаро кӯҳи паҳлӯи сарбанди Норакро кӯҳи «Сандуқ» мегӯянд? – Ривоят мекунанд, – гуфт касе аз мизбонон, – дар давраҳои қадим норакиён ба таҳдиди ғоратгарон афтода, ҳамаи дороияшонро дар як сандуқ ҷой мекунанду дар домани ҳамон кӯҳ руст мекунанд, ки баъд аз байн рафтани ғоратгарон ва фаро расидани амонӣ онро беосеб хоҳанд гирифт. Аз ҳамон вақт онро кӯҳи «Сандуқ» мегуфтагӣ шуданд. Бо мурури замон оби соҳил баланд шуда, боигарии дар «Сандуқ» будаи норакиён зери об мемонад… Мардум орзуҳо карданд, ки кош паҳлавоне пайдо шаваду оби соҳилро раҳо диҳад, ки боигарии норакиён аз кӯҳи «Сандуқ» баргардад… ана чунин баҳодури тавоно дар шахси ҳокимияти шӯравӣ пайдо шуд ва оби кӯҳи «Сандуқ»–ро то қадре сар дод, ки акнун аз кӯҳи «Сандуқ» маҷрои нуқравори Вахш ҳар дақиқа на фақат ба норакиён, балки ба миллионҳо одамони Осиёи Марказӣ мавҷи нур ва оби зулоли ҳаётбахш ҷорӣ гардида, мардумро зиндагию дороӣ мебахшад. – Акнун дидед, халқ чӣ гуна хирадманд аст, чӣ гуна бо образи шоирона воқеияти бунёди ин иншооти азимро тасвир кардааст, – гуфт Мирзо Турсунзода бо қаноатмандӣ. Дар ин ҳолат чашмони ӯ чун барқ медурахшиданд. Аз хусусиятҳои нотакрори шахсияти Мирзо Турсунзода яке он буд, ки ӯ қобилияти фавқулодаи ташкилотчигӣ дошт ва ташабусскори эҷодии республикаамон буд. Ҳамин хислати наҷибаш дар тӯли солҳо ӯро ба сарварии муносиби адибони тоҷик сазовор гардонд. Он ҷо ман ба ду хусусияти услуби роҳбарии ӯ дар ташкилоти бонуфузтарини эҷодии республикаамон Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мухтасар дахолат карданиям: Аввалан, ин услуб дар кӯшишҳои вай барои ба ҳаёти имрӯза пайвастани фаъолияти адибон ва аз кору бори меҳнаткашон онҳоро огоҳ кунондан ифода мешуд. Дар ҷамъомади эҷодӣ ӯ гаштаю баргашта таъкид мекард, ки адибон бояд зиндагии коргарон, колхозчиёнро амиқ омӯзанд, ба сафарҳои эҷодӣ бароянд, агар лозим шавад, дар қатори онҳо истода дар коллективҳои меҳнатӣ кор кунанд. Дар ин бобат таҷрибаи нависанда Муҳиддин Хоҷаев ва дигарон мисоли раднашавандаанд. Мирзо Турсунзода кӯшиш мекард, муҳокимаи масъалаҳои рӯзафзуни эҷодӣ самаранок ва бо мақсад гузаранд. Масалан, дар яке аз пленумҳои Иттифоқи нависандагон бо ташаббуси ӯ ду Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ М. Маҳмадалиев ва В. П. Красичков иштирок намуда, дар баромадҳояшон аз комиёбиҳои меҳнатии мардуми деҳот нақлҳо карданд. Бо ташаббуси ӯ мулоқотҳои адибон дар коллективҳои саноатӣ, колхозӣ ва мактбҳои миёнаву донишкадаҳои олӣ низ мунтазам мегузаштанд. Мирзо Турсунзода ба омӯхтани комиёбиҳои эҷодии халқи рус, дастовардҳои халқҳои дигари ватанамон ва таҷрибаи мардумони ҳамсоя аҳамияти махсус медод. Ӯ яке аз ташаббускорони дар республикаамон гузаронидани даҳаҳои адабиёту санъати РСФСР, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Литва, Қирғизистон, Арманистон ва ғайра буд, ки дар кори наҷиби баҳраманд шудани халқамон аз сарватҳои маънавии дигар миллатҳо ва тарбияи интернатсионалистии меҳнаткашон арзишҳои бебаҳо дошт. Вай бе мақсад эҷод карданро бад медид. Байтсозиҳои маҳрамонаро намеписандид. Сатрҳои шаҳвониро маҳкум мекард. Барои он, ки нависандагон аз корубори мамлакату республика огоҳ бошанд ва бо маълумотҳои зарурии муборизаи идеологӣ мусаллаҳ шаванд, вай мекӯшид, ки дар назди онҳо ходими партиявӣ, давлатӣ, мутахассисони машҳури илму маданият баромадҳо кунанд. Ӯ дар гузаронидани пленумҳои якҷояи Иттифоқҳои нависандагон, рассом, бастакорон, ходимони санъатҳои театру кино иштирок намуда, дар онҳо эҷодкоронро аз нақшаҳои ҳозираву ояндаи сохтмони иқтисодӣ – маъданӣ ва ғайра хабардор карда меистод. Мирзо Турсунзода ҳамчунин кӯшиш мекард, ки дар байни ходимони ҳизбию давлатӣ ва нависандаҳо силсилаҳои сӯҳбатҳои махсус барпо шавад, дар онҳо адибон аз нақшаҳои эҷодиашон нақл кунанд, маслиҳату фикру мулоҳизаҳои дигаронро дар бораи асарҳояшон бишнаванд… Шоҳиди чандин сӯҳбату мулоқотҳои муфиди аъзоёни бюро КМ Партияи Комунистии Тоҷикистон бо гурӯҳҳои соҳибқаламон мебошам, ки дар онҳо тарафайн маълумотҳои ҷолиби диққат дода, аз боби дар адабиёту санъат сазовор тасвир намудани корномаҳои меҳнаткашон дар иншоотҳои Норак, Ёвон, заводи алюминии тоҷик, қаҳрамониҳои пахтакорону боғдорон ва чорводорон дар Вахшу Ленинобод, Кӯлобу Ҳисор, Қаротегину Помир ва ғайраҳо сухан мерафт. Мирзо Турсунзода ба маслиҳатҳову эродҳо ва мулоҳизаҳои Котиби якуми онвақтаи КМ ПК Тоҷикистон Ҷаббор Расулович Расулов диққати махсус медод. Одатан мулоқотҳои Расулов ва Турсунзода хеле самимона ва пурсамар мегузаштанд, ки ин дар кори амалии ташкилоти эҷодии адибон нақши хуб мегузошт. Ман борҳо шоҳиди сӯҳбатҳои дилчаспу кордонона ва ибратбахши онҳо будам ва имрӯз фақат дар хусуси яке аз он сӯҳбатҳо мухтассар таваққуф менамоянд. Арафаи тайёрӣ ба съезди VII нависандагони Тоҷикистон буд. Мирзо Турсунзода бо ҳуҷҷатҳои съезд ва матни маърӯзааш дар съезд ба шӯъбаи маданияти КМ ПК Тоҷикистон омад. Ҳамаи масъалаҳо дуру дароз муҳокима шуданд. Баъд сухан дар хусуси проблемаҳои дар маърӯза бардошта шуда рафт. Дар хотима Мирзо Турсунзода изҳор кард: «Чӣ мешуд, ки баъзе масъалаҳоро бо Ҷаббор Расулович маслиҳат мекардем, он кас доимо фикрҳои олиҷаноб мегӯянд». Воқеан Расулов, ки дар хоксорию ғамхорӣ нисбат ба кадрҳо намунаи ибрат буд, ҳамеша аз вазъи адабиёту санъат огоҳ буд ва дилсӯзона онро ба роҳи дуруст раҳнамун мекард. Мо бо Турсунзода ҳардуямон он рӯз ба қабули Ҷаббор Расулов рафтем. Ҷаббор Расулов бо диққати том ба суханҳои Турсунзода гӯш андохт. Дар ин мулоқот Мирзо Турсунзода се масъалаи муҳими ҷараёни адабиро бардошт – якум, дар адабиёт инъкос намудани корномаҳои бунёдкунандагони комплекси истеҳсоли ҷануби Тоҷикистон; дуюм, проблемаҳои рӯзмарраи драматургияи тоҷик, тадбирҳои ҳарчи тезтар бартараф намудани нуқсонҳои он; сеюм, таҳлили эҷодиёти ҷавонони соҳибқалам. Дар ҳамон сӯҳбат Турсунзода аз зарурати давом додани анъанаҳои устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ дар эҷодиёти шогирдонаш бо ифтихору сарбаландии ғайри оддӣ сухан ронда: «Ҷаббор Расулович, – гуфт ӯ, – Ман асарҳои онҳоро хонда, аз хушнидӣ мехоҳам, ки туппиямро ба осмон ҳаво диҳам». Ин чунин маънӣ дошт, ки ӯ аз эҷодиёти шогирдони имрӯзааш хеле қаноатманд буд ва тайёр аст, ки эстафетаи ояндаи адабиётро ба дасти шогирдонаш бидиҳад. Зимни сӯҳбат Мирзо Турсунзода аз хизматҳои шоистаи Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Муҳиддин Аминзода, Абдусалом Деҳотӣ, Ҷалол Икромӣ, Ғанӣ Абдулло, Раҳим Ҷалил, Сотим Улуғзода, Мирсаид Миршакар, Фотеҳ Ниёзӣ, ки дар инкишофи адабиёти советии тоҷик саҳм гузоштанд ва ҳамчунин аз дараҷаи эҷодии насли умедбахши адибони ҷавон – Фазлиддин Муммадиев, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва дигарон бо завқ нақл мекард. Мирзо Турсунзода бо хислати ба худ хос, монда нашуда дар бораи ояндаи адабиёту санъат ғамхорӣ мекард. Ӯ борҳо ба хотир меовард, ки устод Айнӣ ғамхориро нисбат ба ҳамкорон қарзи гражданӣ шумурда, ин байтро ҳамеша такрор мекардааст: Тарсам, ки ман бимираму ғам бепадар шавад, Ин тифли нозпарвари ман дар ба дар шавад. Худи устод Турсунзода низ чунин буд. Ана ҳамин хислатҳои олии Мирзо Турсунзода – садоқати бемайлон ба идеалҳои партия ленинӣ, хизмати фидокорона ба халқ ба ӯ ҳуқуқ дод, ки вай на фақат сарвари ташкилоти эҷодии адибони тоҷик бошад, балки солҳои зиёд Раиси Комитети муҳофизати сулҳи Тоҷикистон, Раиси Комитети Советии якдилӣ ба мамлакатҳои Осиёву Африқо низ бошад ва дар ин чабҳаҳо низ саҳми зиёде гузорад. Моҳи маи соли 1976–ум дар шаҳри Боку конференсияи IV –уми Комитети Советии якдилӣ бо халҚҳои Осиё ва АфриҚо баргузор шуд, ки ман ҳам дар ҳайати вакилони он будам. Дар як ҳавопаймо аз Душанбе Мирзо Турсунзода, Бобоҷон ғафуров, Розия Қурбонова– Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ , Тамара Абдушукурова, Тоҷинисо Азизова, Зуҳуршоҳ Раҳматуллоев ва дигарон ба Боку раҳсипор шудем. Мирзо Турсунзода хеле хаста буд ва таҳти назорати К. И. Иванова сафар дошт. Дар тамоми роҳ қатъи назар аз хастагиаш, вай бо Бобоҷон Ғафурович ва дигарон масъалаҳои инкишофи адабиёту санъат, ҳаракати якдилии халқҳои Осиёву Африқоро муҳокима мекард. Мо беосеб ба Боку расидем. Рӯзи дигар дар Қасри ба номи Ленин конфренсияи номбурда ба кори худ оғоз кард. Дар толори конференсияи фиристодагони республикаҳои бародарӣ, вакилони ҳаракати якдилии тамоми қитъаҳои олам гирд омада буданд. Маҷлисгоҳ чунон ором буд, ки пашша пар занад, шунида мешуд. Чашми ҳама ба минбар дӯхта шуда буд: кӣ ин оромиро «вайрон» мекунад? Пас аз андак фурсате дар минбар пайкари зебои Мирзо Турсунзода намоён гардид. Ҳозирон ӯро гарму ҷӯшон ва бо кафкӯбиҳои дуру дароз пешвоз гирифтанд. Мирзо Турсунзода гарчанде,ки дардманд буд, бо нутҚи оташбор ба ҳозирон муроҷиат кард… дар давоми суханрониаш ӯ вакилони Комитети Советии якдилии Осиё ва АфриҚоро бо сардории собиҚ Котиби Генералии он Юсуф ас– Сабоӣ, Ташкилоти Давлатҳои Муттаҳида Шӯрои Умумиҷаҳонии Сулҳ дуруд гуфта , фиристодагони Ветнаму Лаос ва намояндагони халҚҳои Ангола, Мозамбик, Гвинея–Бисау,АфриҚои ҷанубӣ,Намибия, Зимбабве ва ғайраро,ки барои истиҚлолияти худ Қаҳрамонона мубориза мебурданд, табрику таҳният гуфт… Азбаски он рӯзҳо ба фаъолияи Комитети Советии якдилӣ бо халҚҳои Осиё ва Африқо бист сол пур шуда буд, нотиҚон ба унвони ин ташкилоти байналхалҚии бонуфуз ва раиси мӯҳтараму боистеъдоди он Мирзо Турсунзода суханҳои таърифӣ зиёд мегуфтанд, хизматҳои ӯро ҳамчун яке аз асосгузорони фаъоли ин ҳаракати обрӯманди дунё махсус Қайд мекарданд, ки ин ба вакилони советӣ, хусусан фиристодагони Тоҷикистон рӯҳбаландии нотакрор мебахшид. Дар сӯҳбатҳои байни маҷлисҳо рафиҚони осиёгиву Африқоӣ чун медонистанд, ки мо аз Тоҷикистонем, самимият ва сипосгузории хешро махсус эътироф менамуданд. «Мизо Турсунзода тимсоли муборизаи халҚҳои Осиё ва АфриҚо барои озодӣ ва истиклолият аст». «Назми оташбори Мирзо Турсунзода чун парчами мубориза барои сулҳ медурахшад». «Мирзо Турсунзода ва шеъраш моро ба муборизаи беамон бар зидди мустамликадорон даъват мекунанд», мегуфтанд онҳо. Ман дар сафарҳои худ ба мамлакатҳои дурдасти АфриҚо шунидаам ва худ мушоҳида кардаам,ки Турсунзодаро дар он Қитъаҳо ба хубӣ мешиносанд ва Қадр мекунанд. Оре, ному ашъори фарзанди диёри мо, ки илҳомбахши муборизаи халҚҳои ШарҚ барои истиҚлолият, сулҳ, якдилӣ ва амонӣ буд, ҳанӯз дар зиндагиаш машҳури оламиён гардида буд. ХалҚ ҳикмате дорад. «Агар бузургии чизе ё воҚеаеро дарк кардан хоҳӣ, аз дуртар назар андоз». Боре ҳангоми сафари АфриҚо, ки ман ба сифати аъзои Комитети Советии якдилии халқҳои Осиё ва АфриҚо ба ин қатъа мерафтам, самолёти мо аз болои Саҳрои Кабир мепариду фикр мекардам, ки дар он мамлакати дурдасти дунё оё дар бораи Тоҷикистону халқи он чизе медонанд? Дар лаҳзаҳои нахустини пазироӣ дар фурудгоҳи пойтахти Мали медонистанд, ки ман аз зодгоҳи Турсунзодаам, дар кошонаи пазироии шаҳр шаби ёдбуди Мирзо Турсунзода барпо шуд. Ҳамсафон, меҳмонони ҳамқалами ӯ паи ҳам сухан мегуфтанд, суханҳои аз ҳаяҷон лабрез, ки ҳамаи онро ба қалам додан ғайриимкон аст. Ҷавҳари он гуфтаҳо ин аст: – Рӯзгору ашъори оташбори Мирзо Турсунзода шафақи субҳеро мемонад, ки ғуруб надорад. Он гаҳ шабона чеҳраи тобони устод Турсунзода ба назарам аён мегардид. Ғами он талафоти азим хоб аз дидагонам рабуд ва то субҳ пайваста аз қисмати зиндагии инсон фикр мекардам, китобҳо варақ мезадам ва дар байни ҳикматҳои бузургон суханҳои Бернард Шоу пеши назарам омаданд: «Ҳаёт барои ман шамъ нест, ки об шавад. Он машъалест, ки лаҳзае ба дастам афтодааст ва ман мехоҳам шӯълаи онро дурахшонтар кунам, то замоне ба дасти наслҳои ҷавон супорам». Ин маънӣ ба моҳияти рӯзгори Мирзо Турсунзода низ наздик аст, Шӯълаи ашъори ӯ то ҷаҳон ҳаст, забона мезанад ва дар дасти наслҳои имрӯзу фардо чароғи меҳру сафо хоҳад гашт. Саъдиё, марди накӯном намирад ҳаргиз, Мурда он аст, ки номаш ба накӯӣ набаранд. Алҳак, шоири номии замон, Раиси Комитети Муҳофизати Сулҳ Николай Тихонов хеле хуб ва ҳаққонӣ гуфтааст: Садои Панҷу Вахш арчанд буррост, Садои шеъри ту бурротар аз он… Ҳисору қуллаи Помир ҳарчанд Намоён нестанд аз Мисру Порис, Намудорӣ ту лекин дар ҳама ҷо, Чу пайки сулҳ, чун марди мубориз… Ба ин сатрҳо чизи дигар илова намудан густохист. Ба назари Николай Тихонов Мирзо Турсунзода, ки қисмати худро бо қисмати халқҳои заҳматкаши олам пайваста, дар роҳи мубориза барои сулҳу амонӣ, истиқлолияти халқҳо ҷонбозиҳо кардааст, чунин таҷассум ёфтааст. Ман дар бораи хислатҳои инсонӣ ва услуби роҳбарии ӯ зиёд сухан гуфтам. Аммо Мирзо Тусунзода пеш аз ҳама шоир буд. Тамоми хислатҳои дигари ӯ аз ҳамин мабдаъ ибтидо мегирифт. Шахсияти наҷиб, самимият, хушсуханӣ, базалгӯӣ, инсондӯстӣ, одамият, меҳрубонӣ, сулхоҳӣ, ватанпарварӣ, шогирдпарварӣ ва тамоми фаъолияти ҷамъиятию давлатии ӯ мазҳари хислатҳои олиҷаноби шоирии ӯ буд. Аз ҳамин ҷиҳат агар дар бораи шоирии Мирзо Турсунзода фикри худамро нагӯям, суханам нотамом ва яктарафа мемонад. Мирзо Турсунзода аз тамоми пешравиҳои инсоният ба ваҷд меомад. Фатҳи коинот чашмаи илҳоми ӯро борҳо ба ҷӯш оварда буд. Вале ӯ фарзанди барӯманди Замин буд ва замин – модари ғамхору ризқдиҳандаи инсониятро мепарастид. Худ мефармояд: Дар фазо парвоз кардам гарчи аз рӯи замин, Чашмро аммо намекандам ман аз сӯи замин. Бо ситора ҳамнишин, бо моҳ гаштам ҳамнафас, Лек будам сархушу сармаст аз бӯи замин. Мирзо Турсунзодаро баъзеҳо фақат сиёсатмадор ва гӯяндаи ашъори иҷтимою рӯзмарра мешуморанд. Ин ҳақ аст, зеро ӯ пайрави фикри солиме буд, ки адабиёт чун тасхиркунандаи ақлу дил қабл аз ҳама бояд масъалаҳои гражданӣ, орзуву умеди халқ барои пешравию беҳбудии инсон, васфи Ватан ва омоли неки аҳли оламро инъикос намояд. Аз он ҷиҳат мағз андар мағзи эҷодиёти амиҚмазмуну баландғояи ӯ ҷанбаи гражданӣ ва обуранги сиёсӣ дорад ва одамонро ба мубориза даъват менамояд. Аммо ин ҳаргиз чунин маънӣ надорад, ки ӯ сиёсатчии «хушк» буду аз лирикаи ишқӣ сарфи назар мекард. Дар асори ӯ чунин сатрҳо бисёранд: Ишқ агар нест, ақл беҷон аст, Дар дилат чиллаи зимистон аст. Шеърҳои ӯ «Ба Дилбар», «Ҳамсоя бошам», «Ситораи ман», «Ҳамин кофист», «Бо чашми ту», «Афсӯс, ки накардӣ имтиҳонам», «Бӯи гул ояд зи ту», «Кокулат» ва амсоли онҳо он қадар ошиқона, самимӣ, намакин ва ҷаззобанд, ки чун моли халқ дар байни мардум интишор ёфта, ошиқон ба дилбарони худ ба василаи онҳо роз мегӯянд. Беҳуда нест, ки ҳамаи онҳо бо оҳангҳои халқӣ суруда мешаванд. Вале бояд махсус қайд кард, ки лирикаи ишқии Мирзо Турсунзода бо лирикаи гражданиаш зич омехта ва алоқаманд буда, ошиқони нигоштаи шоир маъшуқаҳои поктинати ғанимаънавиятро меписанданд. Шоир аз забони ошиқ ба Ҳабиба мегӯяд: Гулистонро гули пурхандаӣ ту, Ба майдон ханҷари буррандаӣ ту. Аз шоирони советии тоҷик ҳеҷ аҳаде ба монанди Мирзо Турсунзода дар васфи зан шеъру достонҳои пуробуранг нанавиштааст гӯем агар, хато нахоҳем кард, зеро ҳар як шеъру достони ба занҳо бахшидаи ӯ пур аз шароби мастибахши ишқу муҳаббат буда, суханҳои поки ӯ ботини софи занро чун оина инъикос намуда, табадуллоти кулии қисмати онҳоро дар даврони шӯравӣ бо ташбеҳҳои баланд ва ифодаҳои ҳаяҷоновар шарҳ медиҳад. Мирзо Турсунзода пеш аз ҳама қобилияту фазилат ва тавоноии онҳоро эътироф ва васф мекунад: «Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд, Мамалакат аз дасти зан гулзор шуд», – мегӯяд ӯ. … Моҳи сентябри соли 1977 ҳангоме дарди марговар аз гиребони ӯ гирифта буд, мо ҳама дӯстони вай дар таҳлука будем. Табибҳо шабу рӯз болини ӯро тарк намекарданд… худи ӯ бошад ду соат пеш аз фавташ ба унвони табибон ва ҳамшираҳои шафқат суханҳои дилсӯзона мегуфт. Дар дами охир каме мадҳуш буд. Во дареғо, ки паймонаи умри ӯ пур шуда будааст. 26 сентябри соли 1977. Офтоб бо ҳама гармиаш издиҳоми одамонро, ки дар майдони «800- солагии Москва» ҷамъ омада буданд, парешон карда наметавонист. Майдон пур аз одам, издиҳом дар ҷунбиш. Одамон ба якдигар ҷафс шуда, барои видоъ бо шоири маҳбуб шитоб доштанд. Он рӯз ин нохушии гаронро дигарон ҳанӯз нашунида буданд, вагарна дар Душанбе роҳ ёфтану гаштан амри маҳол мебуд. – Кист ин марди бузургвор, ки ба маргаш хурду бузург мегиряд? – Шоир аст ӯ, шоирест, ки дар дили халқ ошён гузоштааст ва дигаронро низ ба диёлбиву меҳргустарӣ даъват мекунад: Ошён гар мегузорӣ, дар дили инсон гузор, Аз раҳи меҳру вафову аҳди бепоён гузор. Ҷасади ҷигарбанди халқ Мирзо Турсунзода дар тобути гулпӯш хобидааст. Издиҳоми халқ онро гӯё рӯи даст бародошта, ба митинги мотам омода мегарданд. Дар минбар ходимони намоёни давалӣ, дӯстону ҳамқаламон, шогирдонаш, фиристодагони халқҳои бародари шӯравӣ ва хориҷӣ дар васфи ӯ суханони нек мегуфтанд, ҳамду сано мехонданд. Ҷасади ӯро ҳама посбонӣ мекарданд. Дар қатори мардум офтоби тобон низ нигоҳбон буд. Чунин менамуд, ки гӯё он ба забон омада, бо меҳр хитоб мекард: – Ором бихоб, эй фарзанди азизи халқ, эй ҳабиби пиру барнои диёри нуру сафо. Ту дар паноҳи манӣ. Митинги мотам ба поён расид. Ҳозирин аз бори андӯҳ сархам ҷасади ӯро гӯё бар дӯши худ бардошта, ба сӯи боғи Лучоб раҳсипор гардиданд, ки манзили абадии ӯ қарор ёфтааст. Он баландиро худи шоир гӯё дар зиндагониаш интихоб карда буд, ки гуфтааст: Ошён гар мегузорӣ, дар баландиҳо гузор, Дар баландиҳои кӯҳи сарбаланди мо гузор. Ва ҳамон офтоб – нозиру посбони ҳамешагии шоир низ тобутро якҷоя бо дарёи пурмавҷи одамӣ то ба манзили охиринаш ҳамроҳӣ мекард. Рӯз бегоҳ мешуд ва ҳангоми ба хок супурдани Турсунзода офтоб рӯ ба ғуруб меовард, вале ба назарам шитоб намекард, гӯё чизеро мунтазир буд ва ба рафтан таъхир мекард. Ин дам аз самти шарҚии шаҳр,аз болои маҚбараи устод Айнӣ як даста нури сурхчатобе ба рӯи водии ҳисор таноб кашиду гӯшаи моҳтоб намудор гашт. ШафаҚи офтоб муддате ба нури моҳ омезиш ёфта, шакли тирукамонро гирифт ва чун камарбанди рангин даври осмонро печонд. Хаёлам, нолае дар осмонҳо печид. Гӯё марди бузурге ба мотами дилбандаш миён баста, во ҷигарам мегуфт: Мирзои мо ҳамсафари абадии Шамсу Қамар гашт. |