Аслӣ

Ёднома

Наворҳо

    Тарҷумаи ҳол

    Шеърҳо

    Осорхона

      Санаҳои ҳаёт

      Аксҳо

      Алоқа бо мо
       Мероси адабӣ

       Cурудаҳо

       Китоби дархостҳо





Ёдномаи Мирзо Турсунзода

Мустай Карим


Пеш рав, дар кӯҳ гардиш кун, рафиқ,
Мисли рӯди шӯх варзиш кун, рафиқ.
Пеш рафтӣ – кор осон мешавад,
Қуллаи нав ҳам намоён мешавад.

Ин мисраъҳоро Мирзо Турсунзода хитобан ба зодагони кӯҳсори тоҷикон гуфтааст. Ва ман ҳамоно оғози сухан аз он мегирам, ки зотан мебоист гуфтори худро бо он ба поён расонам. Ман сухани худро аз тасвири симои шоире сар мекунам, ки ӯ дар дастони боло ва тавонои худ ситораи тобони назми навини зодгоҳаш – Тоҷикистонро баланд бардошта буд. Дар назари ман Турсунзода, шоире, ки шеъру номи вай дар тайи даҳ солу бист сол қисмате аз перӯ ва комёбиҳои маънавии мо гаштааст, ба ҳамин симову сурат нақш бастааст. Оре, ин сарнавишти бузургу баландпоя маҳз насиби шоире шудааст, ки ӯ вассофи баҳору сулҳи ҷаҳон буд.
Шоирон ба қалби хонандагон ба роҳу василаҳои гуногун роҳ меёбанд: якеҳо монанди боде, ки дару равзанаҳоро ба тундиву шиддат боз карда, ба хонаи мо дохил мешаванд, ба як тарзи ногаҳонӣ ва тезпарвозона ба дили мо зуд ҷой мегиранд; дигарон мисли борони орому хомӯшонаи тобистон аз омадани худ ба монанди шуои барқу соиқа муждаву навид дода, ба таъанниву оҳистагӣ ба дили мо роҳ мегиранд.
Ба ман дар нахуст овозаи шӯҳрати Турсунзода мисли тобиши барқи канораҳои дуродури осмон омада расид, сипас ба назми ӯ даст ёфтам. Гӯё ба ман чунин менамуд, ки шоир на аз водии Ҳисор, ки зодгоҳи ӯст, биловосита омадааст, балки дар амал ба гузаштаи дуру қадими чандинҳазорсолаи Шарқи куҳансол роҳ паймуда, сипас, баъд аз тайи қуллаҳои баланди Ҳимолой ба Ғарб рӯ овардааст. Ин шоире, ки дар дили худ ҳам шодиву хурсандии тоҷикон ва ҳам андӯҳу ғами ҳиндувонро ҷой дода тавонист, ба сарҳадду ҳудуди афкору ақидаҳои миллатҳои бегоназабон роҳу манзилҳоро сипарӣ намуд.
Шоир мегӯяд, ки :

Шодам, аммо мехӯрам ғамҳои халқи дигаре…
Ва ӯ чунон ки худ мефармояд, медонад, ки:
Гиря дорад, дӯстам, аз гиря фарқ
Талх бошад гиряи фарзанди Шарқ
Асрҳо бигирист шарқӣ зор-зор,
Шарқ шуд аз гиряи он шӯрзор.

Бахту саодати тозарустаи пурнури Шарқи нав аз ашку сиришкҳои дар дидаву дилҳо хушкмондаи Шарқи куҳан мазмун ва мағзу моҳияти эҷодиёти шоири барҷаста гардид.
Ҳатто мурғҳои баландпарвозтарину тавонотарине, ки дар авҷи фалак ҳукумфармоӣ мекунад, чӯҷаҳои худро дар осмони холиву соф аз тухм намебароранд. Назми олитарине, ки ба мурури замон манзилу масофаҳои дуродурро сипарӣ мекунад, танҳо аз мазраъу киштзори миллату халқи худ об мехӯрад ва нумӯ мекунад. Ҳангоме ки ман ба як мафтунӣ ва дилбохтагӣ садои хуши баргони дарахти шеъри Мирзо Турсунзодаро мешунавам, равшану баралоина эҳсос мекунам, ки решаи ин дарахт аз Қаратоғ, аз Помир, аз замини падарону бобоёни ӯ об мехӯрад. Танҳо ва танҳо ба ҳамин сабаб аст, ки ному назми шоир дар диёри ӯ дар байни мардум шӯҳрату маъруфияти том дорад ва мардум нисбат ба шахси ӯ муҳаббати беандоза ва сипоси беканор намоиш медиҳад. Ба худ тасаввур кардан муҳол аст, ки санъаткору суханваре, бе он ки дар диёри худ бошад, мавриди эътирофу эҳтиром қарор гирад. Бар хилофи ақида ва афкори забонзадаи умум ман ҷуръати бовар дорам, ки паямбарон бешак нахуст дар ватани худ пайдо мешаванд ва дар ватани худ мавриди эътироф мегарданд.
Ба назарам, Мирзо Турсунзода сарнавишти хушбахтонае дорад, ки муҳаббати ҳамдиёронаш нисбат ба шахси ӯ аз тарафи халқҳои дигар низ писандида ва мақбул гаштааст. Инак, фарзанде, ки ақлу хирад, истеъдоду хидматҳои ӯро дигарон низ писандидаву азиз медонанд, барои падар боз ҳам арҷмандтару дилбандтар аст. Маълум аст, ки давоми пойдории зиндагӣ дар рӯи замин ба он вобаста аст, ки ин зиндагиро офтоб гармӣ медиҳанд ва худи зиндагӣ ҳам аз андаруни худ гармӣ дорад. Назму шеъри ин шоири баргузида мисли зиндагии замин ба ҳамин қиёс аз ду сарчашма гармӣ мегирад.
Ба забоне, ки ба эҷозу сеҳри қалами суханварони бузурги худ ба дараҷаи шеър расидааст, назм суфтан шояд чандон душвор набошад. Аммо, аз тарафи дигар, дар назму адабе, ки он ҷо сухани бузургворонаи Рӯдакиву Саъдӣ, Хайёму Ҳофиз – ин баргузидагоне, ки ба розҳои дили одамӣ роҳ ёфта, эҳсоси инсониро пай бурда, дар ақлу хирад мушкофиҳо кардаанд, дар назму адабе, ки садои тоза ва беғубори назми ин шоирон дар гузашти чандин асрҳо шунида мешаванд, шеър гуфтан ҳамоно кори осон нест. Дар сурате, ки шоир ба забони форсиву тоҷикӣ шеър мегӯяд, хоҳ-нохоҳ ба ин шоирон ҳам монанд мешавад ва баробари ин, бе он ки сухану сабки хосаи худро дошта бошад, шоир шудан ҳам натавонад.
Ин муаммои сарбастаро Мирзо Турсунзода ба назму шеъри худ хеле устодона кушоиш дод. Ӯ муқаллиди бебуди шоирони гузашта нашуд ва бо онҳо зӯрозмоиҳои беҳуда накард, балки ӯ дар байни ду давраву замони шеъру шоирӣ ба як тарзи ҳайратовар, ба як ҷасорати шоиста робитаву пайванде бинҳод. Ӯ аз соҳили уқьёнуси гузашта ба сӯи соҳили нав ба шиноварӣ надаромад, ҳатто дар заврақе низ шино накард, балки аз рӯи пули росту мустақим, ки дар пешопеши худи ӯ онро бунёд гузошт, ба оҳистагӣ ва ҷураъту бовар роҳ пеш гирифт. Шоир масъалаҳои муҳимтарини асру замонро ба хубӣ дарк карда тавонист, ба идеалҳои олии ахлоқӣ ва эстетикӣ, ба нуктаву пояҳои афкору тафаккури даврони имрӯза боварии сахту сангин дошт. Ва натиҷа ин буд, ки Мирзо Турсунзода мероси манзуми нобиғаҳои гузаштаашро аз худ карда ва аз ин мерос ба эҳтиёти тому ғамхориву даеттавонои истифода намуд. Ин робитаву алоқамандӣ аз мазмуну мундариҷот ва шаклу услуби ҳар байту мисраи шеъри ӯ намудор аст. Бинобар ин ҷои шигифту тааҷҷуб нест, ки шоир дар чакидаҳои табъи баландаш аз мисрау байт, ҳикмату андарзҳои устодони худ татаббӯъ мекунад. Ин татаббуот на аз он ҷиҳат аст, ки ӯ худ калимоту санъатҳои кофии шеърро надошта бошад. Не, дар назму шеъри Шарқ ба ин тарзи шоистаи татаббуот фақат шоирони баландтабъ ва баландпарвоз руҷӯъ мекунад, то ки ба нисбати онҳое, ки барои ин шоирон осори худро ба мерос гузоштаанд, арзи эҳтирому миннатпазирии худро таъкиду таъйид созанд.
Лирикаи Мирзо Турсунзода ба дили хонанда бо як ростиву ҳақиқати бузург таассурот мебахшад. Дар ашъори ӯ эҳтисоси ошуфтагиву парешонии афкорро намебинем. Дар шеъри ӯ оромиву тамкини ҷиддиву пурмазмун дида мешавад. Аммо дар паси ин тамкину оромии зоҳирӣ ҳушмандиву заковати дидаи дохилии шоир, самимияту кушодагии дили ҳассоси ӯ ниҳон аст. Вагарна оё шоир метавонист чунин мисраъҳои обдор гӯяд:

Агар бо рақс бархезӣ, ҳавои форам ангезӣ,
Зи боғи санъати халқат ба гирди хеш гул резӣ.
Ба ҷунбиш мавҷи дарёӣ, ба лағзиш рег саҳроӣ,
Ҳунарманду ҳунарпеша зи сар то нохуни поӣ!
Сабук чун парниёни ту, беҳ аз оби равони ту,
Ба каф дурри гарони ту, ба тан ҷонӣ ту, ҷонӣ ту!

Дар асарҳои манзуми эпикии шоир, яъне достонҳои ӯ, мо ҳамеша шахсу симои худи муаллифро мебинем, ки ӯ дар тасвири воқеаҳо бевосита ширкат дорад. Ин тарзи иншо достонҳои ӯро боз ҳам ҳассостар ва дилангезтар ва ба ақлу хирад наздиктар сохтааст. Шоир дар «киштизори» шеъри худ озоду бетакаллуфона амал мекунад. Агар хоҳад, ба аробаи қаҳрамони худ Ҳасани аробакаш нишаста аз Душанбе то Термиз меравад; ё агар қасд кунад, ба симои бачаи ҳафтсолаи тоқипӯши побараҳна ба роҳе мебарояд, ки вақтҳо Пратап дар ҷустуҷӯи ҳақиқат аз Ганг то Кремль манзил ба манзил рафта буд: ва агар зарурате афтод, ӯ духтари ҳиндро аз дасташ гирифта ба пойтахти сулҳу саодат ҳидоят мекунад ва агар дар сина сухане гуфтанӣ ва суруданӣ пайдо шавад, ӯ бо садои Осиё сухан мегӯяд. Ва ҳамаи инҳо ростиву ҳақиқат аст. Мирзо Турсунзода, ки худ сарбаланду хуштамкин буд, ба нисбати он воқеаву ҳодисаҳое, ки аз он ҳикоят мекунад, ҳеҷ гоҳ бе эҳсосу хунсард набудааст.
Ҳамаи шоирони бузурги Шарқ дар ситоиши зан шеър гуфтаанд, бе симову ситоиши зан назму шеър мисли ангуштаре бе нигин мебуд. Шоирон дар роҳи зан баргҳои гул рехтаанд, болои сари ӯ ситораҳои тобони ишқро афрӯхтаанд, аммо камтар кас андешаи он мекард, ки оё ин роҳи «пур аз гули лола»–и зан ба куҷо мерасида бошад. Ба куҷо? Шоирон на ҳамешу пай мебурданд, ки оё ситораҳои афрӯхтаашон ба зан гармӣ медода бошад. Гӯё ҳамин басанда буд, ки кас занро дӯст медораду афсуни ӯ гаштааст. Аммо зан? Оё дар дили ӯ чӣ эҳсосу ҳаяҷон бошад!
Ба ин саволҳо шоирони даврони нав ҷавоб доданӣ шуданд. Бинобар ин дар эҷодиёти Турсунзода сарнавишти тақдири зани Шарқ дар бобати зиндагии иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва зиндагии ҳаррӯза мавқеи калоне дорад.Зане, ки ӯ дар шеъри худ сурудааст, занест, ки аз бандагиву асорати гузашта раҳоӣ ёфта, бедор шудааст ва бо ақлу дастранҷи худ барои худ роҳ кушодааст. Дар ин роҳ на ҳамеша барги гулу лолаҳо пошидааст, вале ӯ дар ин роҳ, маънии зиндагиву бахту саодати худро мебинад. Шоир зери пои зан, ки ба зебоиву ғурур ва озодонаву шодона қадам мемонад, гулафшониҳо мекунад. Зеро зани чун офтоб ба атрофиён нурпошӣ карда ва худ низ бо нурҳо равшану мунаввар гашта қадам мегузорад. Ин ҳамон зани Шарқ – ҳамон машъалест, ки аз асорати торикистон раҳоӣ ёфта, ба озодӣ баромадааст. Ин зан дар шеъри Турсунзода пеши назари ман ба ҳамин симо ҷилвагар мешавад.
Ин андешаву фикрҳои на чандон мавзуну мураттаб баъди мутолиаи тарҷумаи русии мунтахоботи дуҷилдаи Мирзо Турсунзода аз нав ба сари ман омаданд. Бо ин ҳама гуфтори худро мехоҳам аз он ки сар гирифта будам, ба охир расонам, бигузор ақлу хирад ва достони шоире, ки ситораи тобони назми нави Точикистонро баланд бардоштааст, ҳамеша гирову тавоно бод.
1973
Ин ёддоштҳоро чанд солҳо пеш дар вақти зиндагии Мирзо Турсунзода навишта будам. Ва ҳоло аз ин навиштаҳо чизеро ихтисор накардаам, зеро ҳам хиради шоиру ҳам дастони ӯ имрӯз ҳам гирову тавоноанд ва мисли пештара ҳамон ситораи назмро баланд медоранд.

Башумо бештар кадом
шеъри Устод маҳкул аст?

Дустонро гум макун
Ошёнаи баланд
Дили мадар
Баҳория
Нонреза


Натиҷа
Дустонро гум макун- 4
Ошёнаи баланд- 5
Дили мадар- 3
Баҳория-
Нонреза- 5

Can't delete old sess