Холмурод ШарифовФасли тобистон буд. Аз маҷлиси Комитети Советии якдилии халҚҳои Осиё ва АфриҚо бармегаштам, ки дар аэродроми Домодедовои шаҳри Москва бо нависандаи маъруфи Озарбойҷон Мирзо Аждарович Иброҳимов рӯ ба рӯ шудам. – Э, чӣ хуше, шуморо дидам, - гуфт ӯ. Салому алейк кардем. Давоми сӯҳбати мо ин тавр сурат гирифт: - ҳолу аҳволи зану фарзандони Мирзо Турсунзода чӣ тавр? – самимона пурсид Мирзо Аждарович ва маро ба Қаҳванӯшӣ даъват намуд, то сӯҳбатамонро дар сари миз давом диҳем. ӯ, ки яке аз дӯстони деринаву ҳамҚалами Мирзо Турсунзода буд, асосан гапро дар атрофи вай гирд мегардонд ва ҳангоми видоъ хабар дод: «Мо соли оянда ҷашни 70-солагии Мирзо Турсунзодаро дар Озарбойҷон Қайд мекунем. Комитети Советии якдилии халҚҳои Осиёву АфриҚо низ дар бораи васеъ ҷашн гирифтани солонаи ӯ Қарори хубе Қабул кард. Мирзо сазовори он аст, ки аз хизматҳои ӯ дар роҳи муборизаи сулҳу амонӣ, якдилии мардумони ҷаҳон, озодию истиҚлолияти миллии халҚҳои мазлум ва прогресси ҷамъиятӣ бо овози баланд сухан ронем». Мирзо Иброҳимов барои изҳори чунин аҚидаҳо асосу ҳуҚуҚи комил дошт. Зеро вай ҳамчун шахси ҳаммаслаку ҳамкори сазовор бо Мирзо Турсунзода дар ҳаракати ҷамъиятии якдилии халҚҳои Осиёву АфриҚо солҳои зиёде заҳмат кашида, баъди вафоти Мирзо Турсунзода дар вазифаи Раиси Комитети Советии якдилии халҚҳои Осиёву АфриҚо ӯро иваз карда буд. Ёд дорам, рӯзи ба раисии ҳамин Комитет интихоб шуданаш Мирзо Иброҳимов бо як эҳтироми том аз хизматҳои шоёни таҳсини Мирзо Турсунзода сухан меронд. А. С. Дзасохов ҳам, ки солҳои дароз котиби якуми Раиси Комитети Советии якдилӣ ва ҳоло ӯ низ ҳамсӯҳбати мо буд, илова намуд: «Бесабаб нест, ки конференсияи якуми якдилии халҚҳои Осиёву АфриҚо моҳи октябри соли 1960 дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе гузаронида шуда, ҳуҷҷатҳои муҳими программавӣ Қабул карда буд ва Мирзо Турсунзода сарвари сазовори ин Комитети бонуфуз интихоб гардид. Саҳми ӯ дар ривоҷи кори наҷибонаи ҳаракати байналхалҚии мубориза барои озодӣ, сулҳу амонӣ ва таназзулёбии мустамликадорӣ бебаҳост». Ман бо Мирзо Иброҳимов хайрухуш кардаму пас аз чанд даҚиҚа вориди самолёт гардидам. ҳамин ки курсии худамро ёфта нишастам, беихтиёр хаёлам ба ёди он марди бузург, шоири ширинкалому оташинсухан – Мирзо Турсунзода банд шуд… Суханҳои «мо ҷашни Мирзо Турсунзодаро дар Озарбойҷон Қайд мекунем» гуфтани Мирзо Иброҳимов ҳисси ифтихорамро нисбат ба Мирзо Турсунзода дучанд афзунтар намуд ва ман дар ҳолати сукут ва ғарҚи хаёлот дурудароз вараҚҳои хотираро «рӯйгардон» мекардам. Шояд ин боз аз он ҷиҳат бошад, ки ман Мирзо Турсунзодаро солҳои зиёд хеле аз наздик медонистам, ҳамроҳаш сафарҳои зиёд кардаам, бо ҳам чандин сол дар адабиёту санъат мубодилаи афкор доштем, дӯстони Қарин будем. Сабоҳат Наҷмиддинова – ҳамсарашон, Масъуд, Фирӯз, Парвиз – фарзандон дар маъракаҳои мо дар Қатори наздиктарин хешон ширкат меварзиданд. Қарзи дӯстӣ моро водор мекард, ки дар бораи ӯ чизе нависам. Аммо бароям дар ҳаҚҚи Мирзо Турсунзода навиштан ҳам осон буду ҳам душвор. Осон барои он буд, ки бо он дӯсти азизу бузургвор солҳои сол ҳаммаслаку ҳамдаму ҳамтабаҚ будем, ки ин худ бароям мояи саодатмандӣ ва боиси хушбахтӣ буд. Аз ин ҷиҳат наҚши рахшони симои ӯ, лафзи шакарбору Қалби фидокор ва тинати накӯкори ӯро фаромӯш кардан барои ман имконнопазир аст. Душвории кор дар он буд, ки кас ба унвони вай сухан ронданӣ шуда, бидуни ихтиёр ба андеша меафтод: «Он чизе, ки мегӯӣ, оё сазовори ӯст? Боз он тавр нашавад, ки наҚли ту симои барҷастаи он марди мутафаккир, сухансарои беҳамто, фарзанди содиҚи Ватанро хира таҷассум намояд. Душвор бароям боз барои он буд, ки мебоист ба унвони вай – ба унвони он дӯсти ҷонӣ ҳамчун шахси марҳум муроҷиат намояд. Чунин душвориҳои ногувор чанде маҷол намедоданд, ки эҳсоси хешро рӯи коғаз орам. Вале гуноҳи азим мебуд, агар хоҳиши дилро ба эътино нагирифта, дар ҳаҚҚи вай ба каломи дӯстон каломе зам нанамоям… АҚаллан аз таассуроти ҳамсафариамон як шингил партофтан каме сӯзи дилро таскин медиҳад. Охир, борҳо ҳамроҳи меҳмонон Юсуф Сабоӣ, Олес Гончар, Максим Танк, Чингиз Айтматов, Бердӣ Қарбобоев, Қайсин Қулиев, Мустай Карим ба Норак, ҳамроҳи адибону санъаткорони тоҷик ба ӯзбекистон, Қирғизистон сафар кардаем. Сайри Қӯрғонтеппаю ҳисор ва Кофарниҳон, сӯҳбатҳои тӯлонӣ дар соҳилҳои Варзобу Искандаркӯл чун хотираҳои нек лавҳи хотирро пурҷило кардаанд. Сафарҳои бисёркарата ба Москва, хусусан иштироки якҷоя дар анҷумани VI нависандагони СССР ҳар дафъа ҷиҳатҳои ноаёни наҷобати Мирзо Турсунзодаро аз нав ошкор месохтанд. Андешаи «нависам ё нанависам» муддатҳо дар хотирам дур намешуд. Бори аввал сафари мо бо Мирзо Турсунзода ба Панҷрӯд соли 1958-ум баргузор шуда буд. Он сол аҳли дунёи тараҚҚипарвар 1100-умин солгарди мавлуди Қофиласолори адабиёти форсу тоҷик Абӯабдулло Рӯдакиро ботантана ҷашн мегирифт. Дар яке аз рӯзҳои тантана Мирзо Турсунзода ҳамроҳи раиси Комитети республикавии ҷашни Рӯдакӣ Абдулаҳад Қаҳҳоров, ходимони барҷастаи адабиёти советӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла Николай Тихонов, Расул ғамзатов, Гурбахш Сингх (ҳиндустон), Саид Нафисӣ (Эрон) ва дигар соҳибҚаламони маъруф ба Панҷакент омаданд. Мирзо Турсунзода меҳмононро роҳбаладӣ мекард. ӯ чун соҳибхона бо як меҳрубонию дилсӯзии фавҚулодда онҳоро пазироӣ менамуд. Николай Тихонов ҷаҳди беҳадди ӯро пай бурда, хост, ки ӯро аз он сайъи зиёд боздорад. Вай ба Николай Тихонов муроҷиат намуда гуфт: «Шумо меҳмони мо не, меҳмони Одамушшуарои адабиёти форсу тоҷик Рӯдакӣ ҳастед. ҳар Қадар ки шуморо Қадр кунем, ҳамон дараҷа арвоҳи бобокалони адабиётамон бештар шод мешавад». Мирзо Турсунзода ҳар замон бо ифтихор бо меҳмонҳо ва мизбонҳои панҷакентӣ ширингӯиҳо мекард. Ёд дорам, меҳмонҳо дар ҳаҚҚи Мирзо Турсунзода чӣ суханҳои нек мегуфтанд. Аксари онҳо аз бузургии адабиёти кӯҳани тоҷику форс, арзиши ҷаҳонии он, адабпарвар будани сарзамини тоҷикон, табиати шоиронаи диёри Рӯдакӣ сухан ронда, ҳатман таъкид мекарданд, ки адабиёти советии тоҷик, ки сарвараш он солҳо Мирзо Турсунзода буд, вориси арзандаи адабиёти классикони тоҷик буда, дар даврони советӣ ба Қуллаҳои баландтарин баромадааст. Расул ғамзатов бо услуби кавказии худ сухани хубе гуфта буд: «Ман барои зеботарин шоири советӣ Мирзо Қадаҳ мебардорам, зеро худаш аз шеърашу шеъраш аз худаш зеботар аст». Баъди ҷашн низ мо бо Мирзо Турсунзодаву Мирсаид Миршакар ба зиёрати маҚбараи устод Рӯдакӣ борҳо сафар кардем. Як бор, дар хотир дорам, соли 1959-ум буд, Турсунзодаву Миршакар ва ман ба Панҷрӯд мерафтем. Мошинамон дар роҳ вайрон шуд. То иллати мошинро ёфтани ронанда ваҚти бисёре гузашт. Мирзо Турсунзода нимҷиддиву нимшӯхӣ гуфт: «Биёед, пиёда меравем мисли ҳоҷиёни пиёдагард, ман Қурбони маҚбараи устод, Маккаи адабиёти ҷаҳонии мост». Чунин буд ихлоси Қадршиносии ӯ нисбат ба саромадони маданияти халҚамон. Сафари дигари мо бо ин марди шариф соли 1967-ум ба Қитъаи Америка – ба Канада, ба намоишгоҳи умумиҷаҳонии «ЭКСПО – 67» баргузор гардида буд. Он ҷо мо кам якҷоя гаштем, зеро наҚшаҳои сафарамон гуногун буданд. Аммо дар он ҷо низ чанд сӯҳбату мулоҚотҳо доштем. Якеи онҳо дар мавзӯи тарзи зиндагии мардуми он кишвар буд. Дар сӯҳбати шодравон Маҳмудҷон Воҳидов, ҷӯрабек Муродов ҳам ҳузур доштанд. Мирзо Турсунзода «Шоҳбозҳо», тазодҳои зиндагии инҷоро бодиҚҚат аз назар гузаронед, фирефтаи ҷилои беруна шуданатон мумкин, капитан хеле маккор аст» - гуфт. ҳаҚ ба ҷониби Турсунзода буд. ВаҚте ки мо ба чанд шаҳри он кишвар, аз ҷумла ба Монреал ва Торонто, ки бо штати Ню-Йорки ШМА ҳамсарҳад аст, мусофират кардем, бисёр «асрори» зиндагии ҷамъияти капиталистӣ ва тазодҳои онро дарк намудем. Дидем, ки аз як тараф дар ибодатхонаю калисоҳо садҳо занони роҳгум дар кунҷи узлат нишастаанд. Онҳо дар ҷаҳолат ва нодонии асримиёнагӣ монда, тарки дунё кардаанд. Аз тарафи дигар Қисми занҳо бо пойҷомаҳои кӯтоҳи аз линг боло дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар кӯчаю боғҳо нимбараҳна мегаштанд. ДиҚкати моро Мирзо Турсунзода боз ба як чиз ҷалб намуд: «Агар мо Қадри занро ба осмони ҳафтум барорему манбаи илҳом шуморем, дар шароити ин ҷамъият, яъне ҷамъияти капиталистӣ зан шарафи модарию рафиҚаи ҳаёти мард будани худро гум карда, ба чизу моли шахсии сармоядор мубаддал гаштааст». ҳамин низ барои мо аён шуд, ки он ваҚт дар Монреал 1100 ибодатхонаю калисоҳои мазҳабҳои гуногун ва 4100 банки махсуси капиталистони молиявӣ мавҷуд буд, аммо театри касбии доимие, ки ба халҚ хизмат расонад, вуҷуд надошт. Хулоса, дар як Қутб бенавоӣ, нодорию ночорӣ, дар Қутби дигар пулмастиву айшу ишрати бедардимиён буд, дар онҳо ҳама чиз, шараф ва виҷдони инсонӣ низ харидаву фурӯхта мешавад. Мирзо Турсунзода тезбину дурбин ин тазодҳоро низ дар назар дошт. Боре дар ҳамон тарафи уҚёнус Мирзо Турсунзода изҳор дошт, ки мафкураи зарарноки буржуазӣ, хусусан ишратпарастию молпарастии он гоҳе ба шуури ҷавонони ноустувори мо ҳам таъсир мерасонад. Парастиши «латта-путтаҳои импортӣ ва овехта гаштани тамғаҳои хориҷӣ нишонаи ҳамин аст. ВаҚте ки ҳаваскори ҷавоне дар сурату либос ба хориҷиҳо таҚлид карда, дар бораи Ватан шеър мегӯяд, ба самимияти он боварии кас намеояд». Яке аз шеърҳои баландғояи ватандӯстонаи Мирзо Турсунзода «Ватан» дар ҳамон сафар эҷод шуда буд ва аз ҳамон ваҚт боз дар иҷрои Артисти ХалҚии СССР ҷӯрабек Муродов доимо баланд садо медиҳад. Он шеър маромномаи эҷодии Мирзо Турсунзода буд, ки бо амри Ватан борҳо Қитъаҳои оламро паймуда буд, вале чун фарзанди дилбанди Ватан аз он ҷудоӣ надошт: Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт, Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт. Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам, Агарчи нисфи умри беҳтаринам дар сафар бигзашт. Он гаҳ ман як ҷиҳати эҷодиёти Мирзо Турсунзодаро дарк намудам, ки илҳоми ӯ худ аз худ эҷод намекунад ва чакидаҳои Қаламаш маҳсули мушоҳидаҳои зиндаи вай буда, диди иҷтимоии ӯро аён инъикос менамояд. Дар бораи боз як сафари якҷояамон бо Мирзо Турсунзода, ки моҳи маи соли 1977-ум сурат гирифт, мухтасар ҳикоят карданро воҷиб мешуморам. Дар Ленинобод, бо ташаббуси ИттифоҚи нависандагони Тоҷикистон курс-конференсияи адибони ҷавон гузарониданӣ буданд… Мирзо Турсунзода, ки ба масъалаҳои тарбияи ҷавонони эҷодкор аҳамияти махсус медод, маро ҳам даъват намуд, ки дар ин чорабинӣ ширкат намоям ва дар ҳалли баъзе масъалаҳо кӯмак расонам. Мо се кас – Мирзо Турсунзода, БоҚӣ Раҳимзода ва ман ба Ленинобод равон шудем. ҳамин ки ба шаҳр расидем, Мирзо Турсунзода аввал бо тартиби гузаронидани курс-конференсияи адибони ҷавон шинос шуд ва ба он тағйироти муҳим дохил намуд. ВаҚте сухан дар бораи ҷавонон мерафт, Мирзо Турсунзода одат дошт, ки суханҳои ҳикматомези бузургонро хотирнишон кунад. Байтҳои зеринро аз забони ӯ шунида будам: ғофил манишин, на ваҚти бозист, ВаҚти ҳунар асту сарфарозист. Дониш талабу бузургӣ омӯз, То беҳ нигаранд рӯзат аз рӯз. (Низомӣ) ё, ки: Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ. Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи наберагони Одам бошӣ. (ҷалолиддини Румӣ) ВоҚеан, Мирзо Турсунзода шеърҳои худро то ҳозирон илтимос намекарданд, намехонд. Дар сӯҳбатҳо бисёр бомавриду табиӣ аз хотираи ғаниаш, ки ганҷинаи ашъору ҳикматҳои олии суханварони пешин буд, дурдонаҳои тобнокеро нисор менамуд. Дар вилояти Ленинобод мо бо коркунони саноат, деҳҚонон, муаллимон, донишҷӯён ва талабаҳои мактабҳо мулоҚотҳои зиёде доштем. Бояд гуфт, ки дар куҷое, ки Мирзо Турсунзода пайдо мешуд, ӯро фавран одамон гирд мегирифтанд ва хайрамаҚдам мегуфтандаш. Мушоҳида мекардем, ки шеърҳои ӯ ва достонҳову асарҳои драматургии вай мағз андар мағзи Қалби мардум ҷойгир шудаанд ва номи ӯ барои хурду калон азизу мӯътабар гардидааст. Чанд лаҳзаро ба хотир оварданиам: аз Ленинобод ба сӯи Конибодом равон шудем. Дар Қарибиҳои бозори Ленинобод дӯкони пойафзолтозакуние намудор шуд. Мирзо Турсунзода хост, ки каме истем, ӯ пойафзолашро оро диҳад…. Ману БоҚи Раҳимзода ӯро назди усто гузошта, ба тамошои бозор даромадем. Бади 5 – 10 даҚиҚа мо баргаштем ва дидем, ки на дӯкон менамояду на Мирзо Турсунзода. Атрофи ӯро дар як он издиҳоме иҳота кардааст. Маълум шуд, ки ӯро роҳгузарҳо фавран шинохтаанд ва ҳама барои хушбошӣ гуфтан омода шудаанд. Дидем, ки ӯ ба чандин донишҷӯю талабаҳо дар муҚоваҳои китобҳои дарсӣ, дафтарҳои талабагӣ, паспортҳо соядаст медоду бо мардум хушгӯйҳо мекард. Чунин буд хислатҳои ин шоири халҚии мо. Яке аз донишҷӯёни Донишгоҳи омӯзгорӣ хоҳиш кард, ки шоир дар дафтари вай хотирае бинависад. Мирзо Турсунзода бо табассуми ба худаш хос розӣ шуд ва бинавишт: Гуфтам: Санамо, ман зи ту дил канда кунам, Гуфто, ки ба як ханда туро банда кунам. Гуфтам: ки ба як ханда бимирам, чӣ кунам? Гуфто, ки ба як бӯса туро зинда кунам. Мо ҳама бо завҚ хандидем. «Офарин, Мирзо», - гуфт БоҚӣ Раҳимзода ва роҳамонро давом додем. Баъди як соат ба Конибодом расидем. Мо ҳар ду аз шаҳри Конибодом депутат будем – Мирзо Турсунзода депутати Советии Олии СССР, ман бошам, депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон. Роҳбарони шаҳр ҳисоботи якҷояи моро дар назди интихобкунандагон шуниданд. Афсӯс, наметавонам он самимият, он тасфу ҳароратеро, ки дар он мулоҚот нисбат ба Мирзо Турсунзодаву БоҚӣ Раҳимзода иброз шуда буд, тасвир намоям. Коргарони оддӣ, бофандаҳо, бинокорон, духтурҳо, муаллимон, талабаҳо ҳама бо як ихлоси хос пайи ҳам шеърҳои он шоирони дӯстдоштаашонро мехонданду ба онҳо барои назми дилошӯбашон миннатдорӣ мекарданд. Баъд худи Турсунзодаву Раҳимзода шеър хонданд. МулоҚот хеле тӯл кашид. ҳаво гарм буд, аммо тасфи мулоҚот аз он ҳам гармтар. Аз ҳар тори мӯи Мирзо Турсунзода донаҳои араҚ марворидвор мечакиданд. ӯ дар хотима ба хаёли маънидоре рафту шеъри «Шоиро»-и худро канда-канда хонд: Шоиро, аз сӯхтар дорӣ хабар, Пас макун аз оташи сӯзон ҳазар. Сӯхтар пӯлоду оҳан офарад, Аз шароре тоза гулхан офарад… Шеър ҳам бояд занад фавворае, Аз танӯри дил чу оташпорае. ҳангоми хондани шеър шоир гулхани оташеро монанд буд, ки ба рӯҳу Қалби ҳозирон ҳарорат мебахшид, нуру сафо ато мекард ва онҳоро ба некӯкорӣ, фидокорӣ ҳидоят менамуд. Чунин мулоҚотҳои файзбахшу фаромӯшнашаванда дар коллективҳои фабрикаи либосдӯзии Конибодом ва омӯзишгоҳи педагогии он ҷо, ки акнун номи мирзо Турсунзодаро дорад, низ барпо гардиданд. Саҳарии рӯзи дигар тараддуди сафари аз Конибодом ба Исфара рафтан доштем. Аз моён хоҳиш карданд каме сабр кунем, ки баъд аз 5 – 10 даҚиҚа рафиҚон ҷ. Р. Расулов ва Р. ҳ. ҳоҷиев меоянд. Мехоҳанд бо шумоён мулоҚот намоянд. Мо ин таклифро бо камоли майл пазируфтем. Фурсате нагузашта онҳо омаданд. Сӯҳбати рафиҚонаи самимӣ, ки ҳеҷ гоҳ аз хотир фаромӯш нахоҳад шуд, барпо гардид. Мирзо Турсунзода ба ҷ. Расулов аз маҚсади сафарамон, мулоҚотҳо бо коллективҳои меҳнатӣ ахборот дод. ҷ. Р. Расулов бо ғамхории ба ӯ хос аз корубор ва аҳволи саломатии ҳар ду шоир пурсуҷӯ кард. Баъд зарофатгӯиҳову ҳазлҳои БоҚӣ Раҳимзода сар шуд. ӯ чанд шеъри шӯхиомезу ҳаҷвӣ хонда, аз ҳаёти мардумони кӯҳистони Қаротегину Масчоҳ наҚлҳои шавҚовар кард. РафиҚ Расулов дар охир маслиҳат дод, ки чунин мулоҚотҳои эҷодӣ дар Исфара низ гузаронида шаванд. Баъди хушбошӣ бо мизбонон мо ба Исфара рафтем. Дар он ҷо ҳам чандин сӯҳбатҳову вохӯриҳои эҷодии Мирзо Турсунзода ва БоҚӣ Раҳимзода бо хонандагон барпо гардиданд. Калонтарин маъракаи вохӯрии онҳо бо меҳнаткашони район дар маркази шаҳри Исфара гузаронида шуд. дар клуби шаҳрӣ хурду калон, коргару колхозчӣ, зиёиёну фаъолони партиявию давлатӣ ба истиҚболи шоирони дӯстдоштаашон омада буданд. Мирзо Турсунзода ва БоҚӣ Раҳимзода аз инкишофи адабиёту санъати советӣ, аз комёбиҳои адабиёти тоҷик, аз тараддудҳои гузаронидани 100-солагии зодрӯзи асосгузори адабиёти советии тоҷик, Президенти якуми Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон Садриддин Айнӣ наҚлҳои ҳаяҷоновар намуданд, шеърҳо хонданд, ба саволҳои дӯстдорони каломи бадеӣ ҷавобҳои саҳеҳ доданд. Пионерон ва зеботарин духтарони Исфара ба шоирони номӣ гулу гулдастаҳо таҚдим намуданд. Мирзо Турсунзода дар хотима ваъда дод, ки адибони тоҷик дар бораи корнамоиҳои ангиштканони Шӯроб, пешҚадамони хоҷагии ҚишлоҚи район, хусусан Суфро БоҚиеваи номдор, зардолуву олуҳои асалвори Исфара, мардуми дорои маданияти баланди он ҷо боз асарҳои сазовор меофаранд. Чӣ тавре, ки ин корро Раҳим ҷалилу Абдусалом Деҳотӣ кардаанд. Баъди дар боғи колхози ба номи В. И. Ленин, ки аз канори он дарёи шаффофу шӯхоби Исфара ҷорӣ буд, мулоҚоте байни шоирон ва фаъолони району колхоз барпо гардид. Котиби якуми онваҚтаи комитети партиявии шаҳр Умаралӣ Қурбонов ва раиси колхоз Шаҳобиддин Нуриддинов меҳмононро бо корубор ва зиндагии мардуми он ҷо шинос карданд ва таъкид намуданд, ки каломи бадеӣ, суруду мусиҚии дилнишин, спектаклу кинофилмҳои шавҚовари ҳозиразамон барои пешрафти кори мардум омили муҳим буда, меҳнаткашонро барои корнамоиҳо рӯҳбаланд менамояд. Дар айни сӯҳбат касе хабар дод, ки Артисткаи ХалҚии СССР Тӯҳфа Фозилова дар истироҳатхонаи «Зумрад» аст, чӣ мешавад, ки он касро ҳам даъват кунем. БоҚӣ Раимзода баробари номи Тӯҳфахонумро шунидан, бо услуби ба худаш хос гуфт: «Каромат кардед, таҚсир, Қомататон занад, тез Тӯҳфахонумро ҷеғ занед, ба дидори он бонуи сӯҳбаторо расидан худаш як неъмати камёб аст». Тӯҳфахонум ҳам омаданд. Байни Тӯҳфахону БоҚӣ Раҳимзода аскияву хушгӯиҳо шуд. Дастаи ҳунармандони он ҷо низ бо сардории Мирзо Қурбон Солиев ҳозир буданд. Он шаб, бо таъбири БоҚӣ Раҳимзода, «нишасти ҷамшедии осмонкаф» барпо шуда буд. Аввал наҚлҳои ҳикматангези Мирзо Турсунзода, баъд латифагӯиҳои БоҚӣ Раҳимзода, сипас сурудҳою хурӯшҳои мусиҚии «ШашмаҚом» дар иҷрои навозандагони моҳири Исафра Қалбу рӯҳи ҳозиронро бо нишоту сурур пур кард. Инҳо дам ба дам иваз шуда меистод. ҳар боре, ки Мирзо Турсунзода ё БоҚӣ Раҳимзода сухан меронданд, ҳама фаврӣ хомӯш шуда, гӯшу ҳуш мегаштанд. Азбаски сафари мо баъди заминҷунбии Исфара ба вуҚӯъ пайваста буд, Мирзо Турсунзода гаштаю баргашта аз аҳволи оилаҳои аз зилзила зарардида пурсупос мекард, миҚдори зарари расондаи фалокатро фаҳмида маъюс мегардид. Аммо натиҷаи ёрии халҚу партияро дида, ба марҳамати онҳо ташаккур мегуфт. ҳамчунин, ӯ наҚл кард, ки дар заминҷунбии Қаратоғ (1907) падари ӯ оилаи аввал ва фарзандонашро аз даст дода будааст. Заминҷунбӣ он ваҚт беш аз 70 деҳаи водии ҳисорро аз байн бурдааст. ҳокиму рӯҳониёни ҳисор бошанд, «гуноҳи» он офати табииро ба гардани халҚ бор карда, бозори зулму хурофотро боз ҳам гаронтар менамуданд. «Акнун бошад, партияи Коммунистӣ ғамхорӣ зоҳир намуда, зарари халҚро аз ҳисоби давлат мепардозад. Одамон ба ёрии якдигар мешитобанд. Ин ҳам мӯъҷизаи сохти советист», - мегуфт ӯ. Сӯҳбати оншаба дар колхози ба номи Ленин дар хотири сокинони он сахт наҚш баста буд. Акнун ҳар боре, ки ба Исфара равам, ҳама лаззати сӯҳбатҳои гарми Турсунзодаву Раҳимзодаро ба ёд оварда эътироф мекунам, ки мо «одамони хушбахт будем, ки ба мулоҚоти чунин одамони наҷиб мушарраф шудем». ҳамин тавр, Мирзо Турсунзода ва БоҚӣ Раҳимзода ба куҷое, ки мерафтанд, дар дилу дидаи мардум ҷо гирифта, дар хотирҳо наҚш мегузоштанд. Он наҚш, наҚши эҳсосе буд, ки дар замири хурду калон тухми некӣ мепошид, одамонро ба дӯстию рафоҚат ва некӯкорию меҳнатдӯстӣ ҳидоят мекард. Ман бо Мирзо Турсунзода боз сафарҳои зиёде кардаам ва бо ӯ мулоҚотҳои бешуморе доштам. Дар бораи сафарамон бо М. Турсунзода ба ӯзбекистон дар китоби худ «Гард дар миҷгон» навиштаам. Ин ҷо ба такрори он ҳоҷат нест. ФаҚат як лаҳзаро хотирнишин карданӣ ҳастам. Моҳи майи соли 1968 дар ӯзбекистони бародар Даҳаи маданияти тоҷик мегузашт. Яке аз мулоҚотҳои мо аз сафари тӯлониву вохӯриҳои бисёре дар совхози «Пахта Арал»-и вилояти Сирдарё баргузор гардид. ҳаво хеле тафсон буд, аз гармои тоҚатшикан аксари ширкаткунандагони даҳа хоҳиш мекарданд, ки онҳоро аз «азоби» сухан гуфтан халос кунем. Мирзо Турсунзода он рӯзҳо дардманд буд, вале бар Қасди гарданкашиҳои ҳамсафарон ин кори масъулро ба зиммаи худ гирифт: -- Ман сухан мегӯям, - гуфту ба минбар баромад. Издиҳоми бисёрҳазора ӯро бо кафкӯбиҳои пурмеҳри дуру дароз истиҚбол кард. Чун ӯ ба шеърхонӣ пардохт, ҳозирон ҳушу гӯш гаштанд. ҳарорати шеъри оташбори устод маҳфили адабии моро гармтар кард. ӯ бо як эҳтироси баланд шеър мехонд, чунон шеър мехонд, ки гумон мекардед чашмаи мусаффое ҷӯш мезанад ва чун фаввора ба сӯи осмон боло мепарад. ВаҚте ки ӯ мисраъҳои охирин шеърро хонд, сомеон аз ҷой бархоста, дуру дароз кафкӯбӣ карданд, чашмони онҳо аз ҳаяҷон медурахшид, ки нишони саҳри каломи шоир буд. Акнун якчанд ёддоштҳо аз сафари шаҳри Норак, ки Юсуф Сабоӣ – ходими намоёни илму маданияти араб ба мо ҳамроҳ буд. Рӯзе бо чанд меҳмони азиз ба зиёрати шаҳри Норак рафтем. Мизбонҳо, сокинони таҳҷоии шаҳр, моро ба тамошои сарбанди дар олам аз ҳама баландтарин – сарбанди истгоҳи барҚӣ – обии Норак хонданд. ҳангоме ба кӯтали печ дар печ гоҳ аз дили шикофтаи кӯҳ ва гоҳе аз домани сангини он тоб хӯрда, ба Қуллаи сарбанд мебаромадем, чашмон ба навиштаҷоти болои тахтасанги сари роҳ афтод: «Одамон сарбандро баланд бардоштанд, сарбанд одамонро». Ибораи оддӣ дар ин ҷо як ҷаҳон маънӣ дошт. Роҳбаладамон Мурод Ёрзода ба фикр фурӯ рафтани моро пай бурда, гуфт, ки ин ибора зодаи мушоҳидаи Мирзо Турсунзода аст, ки ошиҚи Қуллаҳои баланд буд. ӯ фармудааст: «Ошён гар мегузорӣ, дар баландиҳо гузор». ҳамон лаҳза сафари якҷояи устод ҳамроҳи Юсуф ас-Сабоӣ ба хотир омад. Он ваҚт М. Турсунзода иншоотро бо нигоҳи ташнаи шоирона тамошо мекард ва дар фуроварди зиёраташ ба Юсуф ас-Сабоӣ, раиси комиҷроияи Совети депутатҳои халҚи шаҳри Норак Боймирзо Шукуров ва дигарон муроҷиат намуда, изҳор кард: -- Ин иншоот иншооти оддӣ нест, вай чунин як марраи баланди меҳнатиест, ки одамонро низ бо худаш баланд мебардорад. Бинед, ин ҷо фарзандони Қариб панҷоҳ миллату халҚият бо як маҚсаду маром меҳнат мекунанд. Ин иншоот аз аҳромҳои Миср, шаршараи Ниагар, манораи Эйфел, Қасри Тоҷмаҳал, ки онҳоро мӯъҷизаҳои ҷаҳонӣ меноманд, волотар аст. Ин муҷассамаи ёдгории бузургест, ки ба бузургии хирад ва ҳамкорию дӯстии инсонҳо гузошта шудааст. -- Ман гумон доштам, ки аз сарбанди Ассвон баландтар сарбанде нест, - бо ҳайрат ба гап ҳамроҳ шуд Юсуф ас-Сабоӣ. -- Норакро падари Ассвон гуфтан мумкин аст, - шӯхӣ кард Мирзо Турсунзода ва шарҳ дод: Писари муҳандиси Норак инженери рус Севенард тарҳи Ассвонро кашидааст. -- Шумо, - ҳолати ҷиддӣ гирифт Мирзо Турсунзода, - бо чашми санҷиш назар кунед, мебинед, ки инсон ин ҷо на фаҚат намуди зоҳирии водии Норакро тағйир додааст, балки Қисмати худро низ. Аввалан, фарзандони миллатҳои гуногун дар меҳнати якҷоя чун фарзанди як хонадон тифоҚ гаштанд, обутоби меҳнатӣ мафкураи онҳоро чун мафкураи интернатсионалистони ҳаҚиҚӣ ташаккул додааст. Сониян, мардуми маҳаллӣ, деҳҚонзодаҳои дирӯза, ба монанди Муҳаббат Шарифов, Камол ҳамсариев ва садҳо касони монанди онҳо касбҳои мураккаби бинокориро аз худ карданд. Шоистаи таҳсин аст, ки тоҷикдухтар Зебо Назарова бо ҷуръати мардона кранчии дастгоҳи азим шудааст. Ана инҳоанд Гурдофаридҳою Рустамони даврони мо. Ёд дорам, дар ҳамон сӯҳбат Мирзо Турсунзода бо мароҚи кунҷковонаи шоирӣ аз ҳозирон пурсида буд: Чаро кӯҳи паҳлӯи сарбанди Норакро кӯҳи «СандуҚ» мегӯянд? -- Ривоят мекунанд, - гуфт касе аз мизбонон, -- ки дар давраи Қадим норакиён ба таҳдиди ғоратгарон афтода ҳамаи дороиашонро дар як сандуҚ ҷой мекунанду дар домани ҳамон кӯҳ руст мекунанд, ки баъди аз байн рафтани ғоратгарон ва фаро расидани амонӣ онро беосеб хоҳанд гирифт. Аз ҳамон ваҚт онро кӯҳи «СандуҚ» мегуфтагӣ шуданд. Бо мурури замон оби соҳил баланд шуда, боигарии дар сандуҚ будаи норакиён зери об мемонад… Мардум орзуҳо кардаанд, ки кош паҳлавоне пайдо шаваду оби соҳилро раҳо диҳад, ки боигарии норакиён аз кӯҳи сандуҚ баргардад… Ана чунин баҳодури тавоно дар шахси ҳокимияти шӯравӣ пайдо шуд ва оби кӯҳи СандуҚро то Қадре сар дод, ки акнун аз кӯҳи «СандуҚ» маҷрои нуҚравори Вахш ҳар даҚиҚа на фаҚат ба норакиён, балки миллионҳо одамони советӣ мавҷи нур ва оби зулоли ҳаётбахш ҷорӣ гардида, мардумро зиндагию дороӣ мебахшад. -- Ана дидед, халҚ чӣ гуна хирадманд аст, чӣ гуна бо образи шоирона воҚеияти бунёди ин иншооти азимро тасвир кардааст, - гуфт Мирзо Турсунзода бо Қаноатмандӣ. Дар ин ҳолат чашмони ӯ чун барҚ медурахшиданд. Аз хусусиятҳои нотакрори шахсияти Мирзо Турсунзода яке он буд, ки ӯ Қобилияти фавҚулъодаи ташкилотчигӣ дошт ва ташаббускори эҷодии ҷумҳуриамон буд. ҳамин хислати наҷибаш дар тӯли солҳо ӯро бо сарварии муносиби адибони тоҷик сазовор гардонд. Ин ҷо ба ду хусусияти услуби роҳбарии ӯ дар ташкилоти бонуфузтарини эҷодии ҷумҳуриамон – ИттифоҚи нависандагони Тоҷикистон мухтасар дахолат карданиям. Аввалан, ин услуб дар кӯшишҳои вай барои бо ҳаёти имрӯза пайвастани фаъолияти адибон ва аз корубори меҳнаткашон онҳоро огоҳ кунондан ифода мешуд. Дар ҳар ҷамъомади эҷодӣ ӯ гаштаю баргашта таъкид мекард, ки адибон бояд зиндагии коргарон, колхозчиёнро амиҚ омӯзанд, ба сафарҳои эҷодӣ бароянд, агар лозим шавад, дар Қатори онҳо истода, дар коллективҳои меҳнатӣ кор кунанд. Дар ин бобат таҷрибаи нависанда Муҳиддин Хоҷаев ва дигарон мисоли раднашавандаанд. Мирзо Турсунзода кӯшиш мекард, ки муҳокимаҳои масъалаҳои рӯзафзуни эҷодӣ самаранок ва бомаҚсад гузаранд. Масалан, дар яке аз пленумҳои ИттифоҚи нависандагон бо ташаббуси ӯ ду Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ М. Маҳмадалиев ва В. П. Красичков иштирок намуда, дар баромадҳояшон аз комёбиҳои меҳнатии мардуми деҳот наҚлҳо карданд. Бо ташаббуси ӯ мулоҚотҳои адибон дар коллективҳои саноатӣ, колхозӣ ва мактабҳои миёнаву донишкадаҳои олӣ низ мунтазам мегузаштанд. Мирзо Турсунзода ба омӯхтани комёбиҳои эҷодии халҚи рус, дастовардҳои халҚҳои дигари Ватанамон ва таҷрибаи мардумони ҳамсоя аҳамияти махсус медод. ӯ яке аз ташаббускорони дар республикаамон гузаронидани даҳаҳои адабиёту санъати РСФСР, ӯзбекистон, Озарбойҷон, Литва, Қирғизистон, Арманистон ва ғайра буд, ки дар кори наҷиби баҳраманд шудани халҚамон аз сарватҳои маънавии дигар миллатҳо ва тарбияи интернатсионалистии меҳнаткашон арзиши бебаҳо дошт. Акнун ин услуби омӯзиши таҷрибаи эҷодӣ ва тарғиби санъату адабиёти республикаҳои бародар ба ҳукми анъана даромадааст. Одатан мулоҚотҳои Расулов ва Турсунзода хеле самимона ва пурсамар мегузаштанд, ки ин дар кори амалии ташкилоти эҷодии адибон наҚши хуб мегузошт. Ман борҳо шоҳиди сӯҳбатҳои дилчаспу кордонона ва ибратбахши онҳо будам ва имрӯз фаҚат дар хусуси яке аз он сӯҳбатҳо мухтасар таваҚҚуф менамоям. Арафаи тайёрӣ ба съезди VII нависандагони Тоҷикистон буд. Мирзо Турсунзода бо ҳуҷҷатҳои съезд ва матни маърӯзааш дар съезд ба шӯъбаи маданияти КМ ПК Тоҷикистон омад. ҳамаи масъалаҳо дуру дароз муҳокима шуданд. Баъд сухан дар хусуси проблемаҳои дар маърӯза бардошташуда рафт. Дар хотима М. Турсунзода изҳор кард: «Чӣ мешуд, ки баъзе масъалаҳоро бо ҷаббор Расулов маслиҳат мекардем, он кас доим фикрҳои олиҷаноб мегӯянд». ВрҚеан Расулов, ки дар хоксорию ғамхорӣ нисбат ба кадрҳо намунаи ибрат буд, ҳамеша аз вазъи адабиёту санъат огоҳ буд ва дилсӯзона онро ба роҳи дуруст раҳнамун мекард. Мо бо Турсунзода ҳардуямон он рӯз ба Қабули ҷаббор Расулов рафтем. ҷаббор Расулов бо диҚҚати том ба суханҳои Турсунзода гӯш андохт. Дар ин мулоҚот Мирзо Турсунзода се масъалаи муҳими ҷараёни адабиро бардошт – якум, дар адабиёт инъикос намудани корнамоиҳои бунёдкунандагони комплекси истеҳсолии ҷануби Тоҷикистон; дуюм, проблемаҳои рӯзмарраи драматургияи тоҷик, тадбирҳои ҳарчӣ тезтар бартараф намудани нуҚсонҳои он; сеюм, таҳлили эҷодиёти ҷавонони соҳибҚалам. Дар ҳамин сӯҳбат Турсунзода аз зарурати давом додани анъанаҳои устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ дар эҷодиёти шогирдонаш бо ифтихору сарбаландии ғайриоддӣ сухан ронда: «ҷаббор Расулович, - гуфт ӯ, - ман асарҳои онҳоро хонда, аз хушнудӣ мехоҳам, ки тӯппиамро ба осмон ҳаво диҳам». Ин чунин маънӣ дошт, ки ӯ аз эҷодиёти шогирдони онрӯзааш хеле Қаноатманд буд ва тайёр аст, ки эстафетаи ояндаи адабиётро ба дасти шогирдонаш бидиҳад. Зимни сӯҳбат Мирзо Турсунзода аз хизматҳои шоистаи Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Муҳиддин Аминзода, Абдусалом Деҳотӣ, ҷалол Икромӣ, ғанӣ Абдулло, Раҳим ҷалил, Сотим Улуғзода, Мирсаид Миршакар, Фотеҳ Ниёзӣ, ки дар инкишофи адабиёти советии тоҷик саҳм гузоштаанд ва ҳамчунин аз дараҷаи эҷодии насли хеле умедбахш адибони ҷавон – Фазлиддин Муҳаммадиев, Мӯъмин Қаноат, ЛоиҚ Шералӣ ва дигарон бо завҚ наҚл мекард. Мирзо Турсунзода бо хислати ба худ хос, монда нашуда, дар бораи ояндаи адабиёту санъат ғамхорӣ мекард. ӯ борҳо ба хотир меовард, ки устод Айнӣ ғамхориро нисбат ба ҳамкорон Қарзи гражданӣ шумурда, ин байтро ҳамеша такрор мекардааст: Тарсам, ки ман бимираму ғам бепадар шавад, Ин тифли нозпарвари ман дар ба дар шавад. Худи устод Турсунзода низ чунин буд. Ана ҳамин хислатҳои олии Мирзо Турсунзода – садоҚати бемайлон ба идеалҳои партияи ленинӣ, хизматҳои фидокорона ба халҚ, ба ӯ ҳуҚуҚ дод, ки вай на фаҚат сарвари ташкилоти эҷодии адибони тоҷик бошад, балки солҳои зиёд Раиси Комитети муҳофизати сулҳи Тоҷикистон, Раиси Комитети Советии якдилӣ бо мамлакатҳои Осиёву АфриҚо низ бошад ва дар ин ҷабҳаҳо низ саҳми зиёде гузорад. Моҳи майи соли 1976-ум дар шаҳри Боку Конференсия IV-уми Комитети Советии якдилӣ ба халҚҳои Осиё ва АфриҚо баргузор шуд, ки ман ҳам дар ҳайати вакилони он будам. Дар як ҳавопаймо аз Душанбе Мирзо Турсунзода, Бобоҷон ғафуров, Розия Қурбонова – Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, Тамара Абдушукурова, Тоҷинисо Азизова, Зуҳуршоҳ Раҳматуллоев ва дигарон ба Боку раҳсипор шудем. Мирзо Турсунзода хеле хаста буд ва таҳти назорати духтур К. И. Иванова сафар дошт. Дар тамоми роҳ Қатъи назар аз хастагиаш, вай бо Бобоҷон ғафурович ва дигарон масъалаҳои инкишофи адабиёту санъат, ҳаракати якдилии халҚҳои Осиёву АфриҚоро муҳокима мекард. Мо беосеб ба Боку расидем. Рӯзи дигар дар Қасри ба номи Ленин конференсияи номбурда ба кори худ оғоз кард. Дар толори конференсия фиристодагони республикаҳои бародарӣ, вакилони ҳаракати якдилии тамоми Қитъаҳои олам гирд омада буданд. Маҷлисгоҳ чунон ором буд, ки пашша пар занад, шунида мешуд. Чашми ҳама ба минбар дӯхта шуда буд: кӣ ин оромиро «вайрон» мекунад? Пас аз андак фурсате дар минбар пайкари зебои М. Турсунзода намоён гардид. ҳозирон ӯро гарму ҷӯшон ва бо кафкӯбиҳои дуру дароз пешвоз гирифтанд. Мирзо Турсунзода гарчанде, ки дардманд буд, бо нутҚи оташбор ба ҳозирон муроҷиат кард… Дар давоми суханонаш ӯ вакилони Комитети Советии якдилии Осиё ва АфриҚоро бо сардории собиҚ Котиби Генералии он марҳум Юсуф ас-Сабоӣ, Ташкилоти Давлатҳои Муттаҳида (ООН), Шӯрои Умумиҷаҳонии Сулҳ дуруд гуфта, фиристодагони Вйетнаму Лаос ва намояндагони халҚҳои Ангола, Мозамбик, Гвинея – Бисау, АфриҚои ҷанубӣ, Намибия, Зимбабве ва ғайраро, ки барои истҚлолияти худ Қаҳрамонона мубориза мебаранд, табрику таҳният гуфт….. Азбаски он рӯзҳо ба фаъолияти Комитети Советии якдилӣ бо халҚҳои Осиё ва АфриҚо бист сол пур шуда буд, нотиҚон ба унвони ин ташкилоти байналхалҚии бонуфуз ва раиси мӯҳтараму боистеъдоди он Мирзо Турсунзода суханҳои таърифӣ зиёд мегуфтанд, хизматҳои ӯро ҳамчун яке аз асосгузорони фаъоли ин ҳаракати обрӯманди дунё махсус Қайд мекарданд, ки ин ба вакилони советӣ, хусусан фиристодагони Тоҷикистон рӯҳбаландии нотакрор мебахшид. Дар сӯҳбатҳои байни маҷлисҳо рафиҚони осиёгиву африҚоӣ чун медонистанд, ки мо аз Тоҷикистонем, самимият ва сипосгузории хешро махсус эътироф менамуданд. «Мирзо Турсунзода тимсоли муборизаи халҚҳои Осиё ва АфриҚо барои озодӣ ва истиҚлолият аст». «Назми оташбори Мирзо Турсунзода чун парчами мубориза барои сулҳ медурахшад». «Мирзо Турсунзода ва шеъраш моро ба муборизаи беамон бар зидди мустамликадорон даъват мекунанд», - мегуфтанд онҳо. Ман дар сафарҳои худ ба мамлакатҳои дурдасти АфриҚо аз забони фаъолони ҳаракати якдилии халҚҳои Осиёву АфриҚо шунидаам ва худ мушоҳида кардаам, ки Турсунзодаро дар он Қитъаҳо ба хубӣ мешиносанд ва Қадр мекунанд. Оре, ному ашъори фарзанди диёри мо, ки илҳомбахши муборизаи халҚҳои ШарҚ барои истиҚлолият, сулҳ, якдилӣ ва амонӣ буд, ҳанӯз дар зиндагиаш машҳури оламиён гардида буд. ХалҚ ҳимате дорад, ки мегӯяд: «Агар бузургии чизе ё воҚеаро дарк кардан хоҳӣ, аз дуртар назар андоз». Боре ҳангоми сафари АфриҚо, ки ман ба сифати узви Комитети Советии якдилии халҚҳои Осиё ва АфриҚо ба ин Қитъа мерафтам, самолёти мо аз болои Саҳрои Кабир мепариду фикр мекардам, ки дар он мамлакати дурдасти дунё оё дар бораи Тоҷикистону халҚи он чизе медонанд? Дар лаҳзаҳои нахустини пазироӣ дар фурудгоҳи шаҳри Бамако (пойтахти Мали) яке аз фаъолони намоёни ҳаракати ҳамдилии мамлакатҳои Осиё ва АфриҚо – Саму Абдулло фаҳмид, ки ман аз Тоҷикистон, саволборонам кард. Аввалин саволаш ин буд: – Аз аҳволи Турсунзода чӣ хабар доред? Дар кошонаи пазироии шаҳр шаби ёдбуди Мирзо Турсунзода барпо шуд. ҳамсафон, меҳмонони ҳамҚалами ӯ пайи ҳам сухан мегуфтанд, суханҳои аз ҳаяҷон лабрез, ки ҳамаи онро ба Қалам додан ғайриимкон аст. ҷавҳари он гуфтаҳо ин аст: – Рӯзгору ашъори оташбори Мирзо Турсунзода шафаҚи субҳеро мемонад, ки ғуруб надорад. ғами он талафоти азим хоб аз дидагонам рабуд ва то субҳ пайваста аз Қимати инсон фикр мекардам, китобҳо вараҚ мезадам ва дар байни ҳикматҳои бузургон суханҳои Бернард Шоу пеши назарам омаданд: «ҳаёт барои ман шамъ нест, ки об шавад. Он машъалест, ки лаҳзае ба дастам афтодааст ва ман мехоҳам шӯълаи онро дурахшонтар кунам, то замоне ба дасти наслҳои ҷавон супорам». Ин маънӣ ба моҳияти рӯзгори Мирзо Турсунзода низ наздик аст. Шӯълаи ашъори ӯ то ҷаҳон ҳаст, забона мезанад ва дар дасти наслҳои имрӯзу фардо чароғи меҳру вафо хоҳад гашт. Саъдии бузургвор мефармояд: Саъдиё, марди накӯном намирад ҳаргиз, Мурда он аст, ки номаш ба накӯӣ набаранд. АлҳаҚ, шоири маъруф, Раиси Комитети Муҳофизати Сулҳ марҳум Николай Тихонов хеле хуб ва ҳаҚҚонӣ гуфтааст: Садои Панҷу Вахш арчанд буррост, Садои шеъри ту бурротар аз он… ҳисору Қуллаи Помир ҳарчанд Намоён нестанд аз Мисру Порис Намудорӣ ту, лекин дар ҳама ҷо Чу пайки сулҳ, чу марди мубориз… Барои ин сатрҳо чизи дигар илова намудан густохист. Ба назари Николай Тихонов Мирзо Турсунзода, ки Қисмати худро бо Қисмати халҚҳои заҳматкаши олам пайваста, дар роҳи мубориза барои сулҳу амонӣ, истиҚлолияти халҚҳо ҷонбозиҳо кардааст, чунин таҷассум ёфтааст. Ман дар бораи хислатҳои инсонӣ ва услуби роҳбарии ӯ зиёд сухан гуфтам. Аммо Мирзо Турсунзода пеш аз ҳама шоир буд. Тамоми хислатҳои дигари ӯ аз ҳамин мабдаъ ибтидо мегирифт. Шахсияти наҷиб, самимият, хушсуханӣ, базлагӯӣ, инсондӯстӣ, одамият, меҳрубонӣ, сулҳхоҳӣ, ватанпарварӣ, шогирдрасонӣ ва тамоми фаъолияти ҷамъиятию хислатҳои олиҷаноби шоирии ӯ буд. Аз ҳамин ҷиҳат агар дар бораи шоирии Мирзо Турсунзода фикри худамро нагӯям, суханам нотамом ва яктарафа мемонад. Мирзо Турсунзода аз тамоми пешравиҳои инсоният ба ваҷд меомад. Фатҳи коинот чашмаи илҳоми ӯро борҳо ба ҷӯш оварда буд. Вале ӯ фарзанди барӯманди замин буд ва замин – модари ғамхору ризҚдиҳандаи инсониятро мепарастид. Худ мефармояд: Дар фазо парвоз кардам гарчӣ аз рӯи замин, Чашмро аммо намекандам ман аз сӯи замин. Бо ситора ҳамнишин, бо моҳ гаштам ҳамнафас, Лек будам сархушу сармаст аз бӯи замин. Мирзо Турсунзодаро баъзеҳо фаҚат шоири сиёсатмадор ва гӯяндаи ашъори иҷтимоию рӯзмарра мешумурданд. Ин ҳаҚ аст, зеро ӯ пайрави фикри солиме буд, ки адабиёт чун тасхиркунандаи аҚлу дил Қабл аз ҳама бояд масъалаҳои гражданӣ, орзуву умеди халҚ барои пешравию беҳбудии инсон, васфи Ватан ва омоли неки аҳли оламро инъикос намояд. Аз ин ҷиҳат мағз андар мағз эҷодиёти амиҚмазмуну баландғояи ӯ ҷанбаи гражданӣ ва обуранги сиёсӣ дорад ва одамонро ба мубориза даъват менамояд. Аммо ин ҳаргиз чунин маънӣ надорад, ки ӯ сиёсатчии «хушк» буду аз лирикаи ишҚӣ сарфи назар мекард. Дар осори ӯ чунин сатрҳо бисёранд: ИшҚ агар нест, аҚл беҷон аст, Дар дилат чиллаи зимистон аст. Шеърҳои ӯ «Ба дилбар», «ҳамсоя бошам», «Ситораи ман», «ҳамин кофист», «Бо чашми ту», «Афсӯс, ки накардӣ як бор имтиҳонам», «Бӯи гул ояд зи ту», «Кокулат» ва амсоли онҳо он Қадар ошиҚона, самимӣ, намакин ва ҷаззобанд, ки чун моли халҚ дар байни мардум интишор ёфта, ошиҚон ба дилбарони худ ба василаи онҳо роз мегӯянд. Беҳуда нест, ки ҳамаи онҳо бо оҳангҳои халҚӣ суруда мешаванд. Вале бояд махсус Қайд кунем, ки лирикаи ошиҚии Мирзо Турсунзода бо лирикаи гражданиаш зич омехта ва алоҚаманд буда, ошиҚони нигоштаи шоир маъшуҚаҳои поктинати ғанимаънавиятро меписанданд. Шоир аз забони ошиҚ ба ҳабиба мегӯяд: Гулистонро гули пурхандаӣ ту, Ба майдон ханҷари буррандаӣ ту. Аз шоирони советии тоҷик ҳеҷ кас ба монанди Мирзо Турсунзода дар васфи зан шеъру достонҳои пуробуранг нанавиштааст, гӯем, хато нахоҳем кард, зеро ҳар як шеъру достони ба занҳо бахшидаи ӯ пур аз шароби мастибахши ишҚу муҳаббат буда, суханҳои ӯ ботини софи занро чун оина инъикос намуда, табадуллоти куллии Қисмати онҳоро дар давраи советӣ бо ташбеҳҳои баланд ва ифодаҳои ҳаяҷоновар шарҳ медиҳад. ӯ занонро чунин тасвир мекунад, ки шахсияташонро маънои нав медиҳад. М. Турсунзода пеш аз ҳама Қобилияту фазилат ва тавоноии онҳоро эътироф ва васф мекунад. «Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд, Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд», - мегӯяд ӯ. Моҳи сентябри соли 1977 ҳангоме дарди марговар аз гиребони ӯ гирифта буд, мо ҳама дӯстони вай дар таҳлука будем. Табибҳо шабу рӯз сари болини ӯро тарк намекарданд… Худи ӯ бошад, ду соат пеш аз фавташ ба унвони табибон ва ҳамшираҳои шафҚат суханҳои дилсӯзона мегуфт. Дар дами охир каме мадҳуш буд. Во дареғо, ки паймонаи умри ӯ пур шуда будааст. 26 сентябри соли 1977. Офтоб бо ҳама гармиаш издиҳоми одамонро, ки дар майдони «800-солагии Москва» ҷамъ омада буданд, парешон карда наметавонист. Майдон пур аз одам, издиҳом дар ҷунбиш. Одамон ба якдигар ҷафс шуда, барои видоъ бо шоири маҳбуб шитоб доштанд. Он рӯз ин нохушии гаронро ҳамагон ҳанӯз нашунида буданд, вагарна дар Душанбе роҳ ёфтану гаштан амри маҳол мебуд. – Кист ин марди бузургвор, ки ба маргаш хурду бузург мегирянд? – Шоир аст ӯ, шоирест, ки дар дили халҚ ошён гузоштааст ва дигаронро низ ба дилёбиву меҳргустарӣ даъват мекунад: Ошён гар мегузорӣ, дар дили инсон гузор, Аз раҳи меҳру вафову аҳди бепоён гузор. ҷасади ҷигарбанди халҚ Мирзо Турсунзода дар тобути гулпӯш хобидааст. Издиҳоми халҚ онро гӯё рӯи даст бардошта, ба митинги мотам омода мегардонанд. Дар минбар ходимони намоёни давлатӣ, дӯстону ҳамҚаламон, шогирдонаш, фиристодагони халҚҳои бародари советӣ ва хориҷӣ дар васфи ӯ суханҳои нек мегуфтанд, ҳамду сано мехонданд. ҷасади ӯро ҳама посбонӣ мекарданд. Дар Қатори мардум офтоби тобон низ нигоҳбон буд. Чунин менамуд, ки гӯё он ба забон омада, бо меҳр хитоб мекард: - Ором бихоб, эй фарзанди азизи халҚ, эй ҳабиби пиру барнои диёри нуру сафо. Ту дар паноҳи манӣ. Митинги мотам ба поён расид. ҳозирони аз бори андӯҳ сархам ҷасади ӯро гӯё бар дӯши худ бардошта, ба сӯи боғи Лучоб раҳсипор гардиданд, ки манзили абадии ӯ Қарор ёфтааст. Он баландиро худи шоир гӯё дар зиндагиаш интихоб карда буд, ки гуфтааст: Ошён гар мегузорӣ, дар баландиҳо гузор, Дар баландиҳои кӯҳи сарбаланди мо гузор. Ва ҳамин офтоб – нозиру посбони ҳамешагии шоир низ тобутро якҷоя бо дарёи пурмавҷи одамӣ то ба манзили охиринаш ҳамроҳӣ мекард. Рӯз бегоҳ мешуд ва ҳангоми ба хок супурдани Турсунзода офтоб рӯ ба ғуруб меовард, вале ба назарам шитоб намекард, гӯё чизеро мунтазир буд ва ба рафтан таъхир мекард. Ин дам аз самти шарҚии шаҳр, аз болои маҚбараи устод Айнӣ як дастаи нури сурхчатобе ба рӯи водии ҳисор таноб кашиду гӯшаи моҳтоб намудор гашт. ШафаҚи офтоб муддате ба нури моҳ омезиш ёфта, шакли тирукамонро гирифт ва чун камарбанди рангин даври осмонро печонд. Хаёлам, нолае дар осмонҳо печид. гӯё марди бузурге ба мотами дилбандаш миён баста, во ҷигарам мегуфт. Мирзои мо ҳамсафари абадии шамсу Қамар гашт. Саҳар омад, баро Ситораи ман, Саҳари пурсафо, Ситораи ман. Замоне, ки дили Мирзо Турсунзода аз тапидан монд, аз ҳамаи гӯшаю канорҳои дунё таъзияномаҳо ва телеграммаҳои мотамӣ паси ҳамдигар меоманданд: Ромеш Чандра: «Марги ӯ бохти шахсии ман мебошад, зеро ӯ дӯсти наздиктарини ман буд» (Президенти ташкилоти умумиҷаҳонии сулҳ). Юсуф ас-Сабоӣ: «… аз ин талафоти бузург хеле ғамгин буда, хотираи ӯро абадӣ ёд мекунем» (Котиби Генералии Ташкилоти якдилии халҚҳои Осиёву АфриҚо), Мирослав Вичек: «Марги ӯ барои дӯстон ва ҳамкоронаш бохти бузургест», Расул ғамзатов: «ғаму ғуссаамро ҳадду канор нест», Чингиз Айтматов: «Ашки ҳасрату андӯҳ мерезам», Ираклий Абашидзе: «ҳамдардии …. маро ба сабаби марги бемаҳали дӯсти дерин ва бародари ҷониам Мирзо Турсунзода Қабул фармоед», Мирзо Иброҳимов: «Дар ин рӯзи вазнин ҳамдарди Шумо ҳастам», Қайсин Қулиев: «Ба назди хотираи дурахшони ӯ сари таъзим мефурорам». Чунин номаҳоро шумурдан имкон надорад. ҳамаи онҳо ҷавоби некӯкориҳои азими Мирзо Турсунзода буд, ки умри азизашро ваҚфи хизмати халҚу Ватан карда буд. |