Аслӣ

Ёднома

Наворҳо

    Тарҷумаи ҳол

    Шеърҳо

    Осорхона

      Санаҳои ҳаёт

      Аксҳо

      Алоқа бо мо
       Мероси адабӣ

       Cурудаҳо

       Китоби дархостҳо





Ёдномаи Мирзо Турсунзода

Абдулҳамид Самад


Айёми донишҷӯӣ, таҚрибан соле як-ду маротиба, авҷи баҳор ё оғози соли нави таҳсил дар маҳфилу базмҳои шеър, ки таҳти сарварии устод Мирзо Турсунзода дар толорҳои донишкадаи омӯзгорӣ ё донишгоҳи давлатии ҷумҳурӣ мегузаштанд, ширкат варзида, аз тарзи шеърхонӣ, сӯҳбати ширин ва ҳазлҳои намакини эшон бо муаллим БоҚӣ Раҳимзода завҚ мебурдем. Он лаҳзаҳои барои мо, ҷавонон, ки бо акси устод, зиндагинома ва эҷодиёташ танҳо аз китобҳо ошно будем, афсона менамуданд. Баъдан даврони рӯзноманигорӣ ҳам, ки идораи «Тоҷикистони Советӣ» (ҳоло «ҷумҳурият») дар шафати ИттифоҚи нависандагон ҷой дошт, аз сӯҳбатҳои хосаи устод гоҳ-гоҳ баҳра бардоштаам, бо вуҷуд дар бораи он марди мӯътабар ҳаргиз нияти хотира навиштан гирди сарам намегашт. Ба ростӣ, ҳанӯз ҳам бузургии шахсияти устод мисли Қуллаҳои осмонбӯс дастнорас метобад, аз ҷониби дигар ин амал васияти ҳазрати ҳофизро ёдам меорад: «Бо бузургони ҷаҳон густох будан хуб нест». ВаҚеан, устод аз бузургони миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон буд ва ҷозибаи шахсияташ дар Қалби ҷавонони солҳои шастуму ҳафтодум, алалхусус онҳое, ки каму беш ба ҳарфу ҳиҷо ва килку Қоғаз сари кор доштанд, ончунон буд, ки ҳангоми пеши рӯ овардани вуҷуди пурҷозибаи эшон ва дар хусуси шахсияту мартабаи ӯ андеша рондан ё сатре навиштан кас худро ноҳинҷору мулзам меёфт. Вале ҳаҚиҚат он аст, ки шукӯҳу шаҳомат ва маъниву манфиати ҷаласаҳо аз ҳузури устод Мирзо Турсунзода даҳчанд меафзуд. ҳатто дидани чеҳраи гарму нуронӣ, табассуми нарму хандаи беғаш, андешаманду пурсалобат, дар ҳалҚаи дӯстону шогирдон Қадам ниҳоданаш шабеҳи мӯъҷизае ба мо як ҷаҳон таассурот, шодиву ҳаловат мебахшид. Бе муҳобот устод ҳамрадифи бузургтарин шоирону фозилони замон буд, балки аз рӯи вазифаву масъулият корвонкашу машъалбардори ҳаракати сулҳу истиҚлолхоҳӣ дар саросари Осиёву АфриҚо ба шумор мерафт: ҳар ҷое ҳозир мешуд, рӯи даст мегардонданаш. Ва ҳангоме аз минбари бузургтарин кунгураҳои дунё аз ҷониби як мамлакати бузург овози марғуладори ӯ аз хусуси озодӣ, инсоф, меҳру шафҚат, зарурати истиҚлоли халҚҳои олам баланд мешуд ва дар байни ин суханрониҳои пурҳарорат ӯ калимаи тоҷик ё панду андарзеро аз классикони адабиётамон ба забон оварда, аз фазилату хирад ё фалсафаи инсонпарваронаи онҳо ёд меовард, сари мо аз ифтихор ба осмон мерасид. Охир, ҳар тоҷики худогоҳ ҳаҚ дошт ифтихору шукр бикунад, ки миллаташ чунин фарзанди бохирад, гарданфароз, шердилу тавоно дорад ва ӯ байни намояндагони давлатҳои абарҚудрати дунё бо ҷилои истеъдоду заковат, бо ҷасорату нангу ори баланд гули сари сабад аст, анъана ва маслаки башардӯстонаи нобиғаҳои илму адаби тоҷикро идома дода, барои аз асорату разолат раҳидани мазлумин талош меварзад. ВоҚеан он замон на ҳар каси соҳибмансаб ҷуръати аз минбарҳои баланд бо ифтихор аз бартарии хираду фарҳанги зотии хеш ҳарф заданро дошт. Панҷаи пурнаштари сиёсат ин падидаро бо фишори бераҳмона бӯғӣ мекард ва тамғаҳои сӯзоне аз Қабили миллатгароиву кӯҳанпарастӣ гӯяндаро таҳдид менамуд. Ин хел фазои сиёсӣ барои мардони эҷодкори он айём даҳшат буд, зеро худо накарда агар пояш мелағжид, ё бахташ наметофт, нотавонбинон мисли мӯру малах ба ӯ ҳамла карда, бо ин «ҷурм» муттаҳам, бадному сиёҳаш менамуданд, сипас ба ҳазор дарди таъҚибу сарзаниш гирифтор мешуд. Вале фаросату заковати олии худододи Мирзо Турсунзода ба ӯ даст медод, ки ҳамеша ном, шахсияти фарзона ва панду ҳикмати волои бузургони миллатро ончунон бамаврид, зебову устокорона ситояд, аҳамияти афкори ин ё он шоири шаҳирро ончунон нозук хотирнишон кунад, ки ҳам лаъл ба каф ояду ҳам ёр наранҷад, балки сазовори таҳсину офарин шавад. Магар чунин пуштибону номбардори миллат барои мардуми тоҷик, ки умре дар коми аждаҳо, зери фишору таҳҚири аҷнабиён зиста, заминҳои паҳновар, шаҳрҳои ободу азимашро низ дар табартаҚсими баъди инҚилоби Октябр бохта, акнун дар як гӯшаи ноободи хоки бобоӣ чун ҷумҳурӣ арзи ҳастӣ мекард, шоистаи ифтихор набуд? Оре, бунёди ҳар як иншооту корхона, ободии шаҳрҳо, ривоҷу равнаҚи илму маориф, сарсабзиву ҳосилхезии киштзорон, Қомат афрохтану эътироф пайдо кардани ҳар шахсияти сиёсӣ, илмиву фарҳангӣ барои миллати тоҷик комёбӣ, ҳатто ғалабаи бузург ба шумор рафта, мушти обдоре низ ба даҳани бадхоҳони миллат буд. Ва дар он марҳила, ки муборизаҳои ниҳонии бераҳмона ҳанӯз ҳам алайҳи фарҳанги Қадимаи мо номардона идома меёфт, баъди сари устодони зиндаёду таҳамтан С. Айнӣ ва А. Лоҳутӣ миллати тоҷик натанҳо ятим намонд, балки дар шахсияти ду ҷигарбанди вафодору ҷоннисор – Мирзо Турсунзода ва Бобоҷон ғафуров муҳофизи Қавии манфиатҳои мардуми ШарҚро пайдо кард.
Устод Мирзо Турсунзода низҳати сулҳу адолатхоҳиро барномаи якумрии хеш донист ва ба ҳамагон эълом дошт: «Дил мехоҳад бар зидди беадолатӣ ва ноинсофиҳое, ки ҳанӯз дар рӯи замин вуҷуд дорад, бар зидди мустамликадороне, ки миллионҳо одамонро гирифтори занҷиру завлонаҳои ғуломӣ кардаанд, овози худро баланд намояд». «Академик Б. ғафуров ба ковиш, пажӯҳиш ва исботи даҚиҚи ҳаҚиҚати таърихи миллати тоҷик ва миллатҳои ҳамсоя камар баста ба ибораи хоҷаи Шероз дар айёме, ки «… ҳамчун чашми суроҳӣ замона хунрез» буд, бо нашри китоби «Тоҷикон» донишмандони оламро ҳушдор дод: аз рӯи таърихи фоҷеаангез, лек пурифтихори миллати тоҷик бетафовут ва сарсарӣ нагузаранд, зеро дар ҳар саҳифаи зарду фарсуда, дар дил ҳар сатри аранге хонои таърих сарнавиш, фалсафаи муборизаи ин миллат, дарду армон, фарёдҳои додхоҳона, даврони шукуфоӣ ё шикаст, ҷабру зулми бераҳмонаи ғосибон, авҷи фарҳанг ё фурӯравии он ниҳон аст. Аз ҷониби дигар, Б. ғафуров бо ин иҚдоми боҷуръатона дар Қалби хаставу синаи хомӯши ҳаммиллатон ҳисси рӯ овардан ба таърихи бостонӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллиро ангезиш дод.
Устод Мирзо Турсунзода ин шери ватан, ки ҳанӯз соли 1974 ба оламиён ҷавонмардона иброз дошт:

Шодам, аммо мехӯрам ғамҳои халҚи дигаре,
Дар назар меоварам тороҷгашта кишваре.

то нафаси охирин, ба рағми ҷабру ситам, тороҷгарону ғосибон, мустамликадорону «дуздони бахти инсон» дар саросари ҷаҳон муборизаи беамон бурда чун тарғибгари тавонои «ваҳдати халҚи ҷаҳон» соҳиби шӯҳрату номи нек гардид. Нафрати беинтиҳои устод ба истилогарон, таҳҚиру фишори муштзӯрон ба мазлумон шояд аз он буд, ки заҳри ҳалоилро дар тӯли таърих миллати тоҷик дар ҳар шакл: гоҳе мудҳишу афзун, баъзан андак-андак чашида фарҷоми талхи онро медонист, балки сӯзиши захмҳои носури фоҷиаҳои миллатро дар мағз-мағзи устухон эҳсос мекард. Устод ҳанӯз соли 1941 дар манзумаи «Барои ватан» бо дарду алами беинтиҳо менолад:

Тохт араб мисли вабо сӯи мо,
Сохт зи хуни дили мо ҷӯи мо…
Урдуи Чингизи ҷаҳонсӯз низ,
Тохт ба ин мулки чу модар азиз,
Кушт басе хурду калон бегуноҳ,
Кард зи дуди алам олам сиёҳ…

Бале, устод Мирзо Турсунзода чун як фарзанди боғурури соҳибкаломи миллат аз рӯи дили нарму фаросати зотӣ дардошнову ғамшарики мазлумони олам буд ва дифои шараф, манфиатҳои ватанро ҳамеша аз ҳама чиз муҚаддам мешумурд. Меҳан мисли модар, падар, шабеҳи шараф ва номусу нанг барои шоир муҚаддас аст. ӯ чун ҷигарбанди шарафманд хеле бармаҳал (1942) аз дили пок эълом дошт:


Ту зинда бош эй Ватан – хонаи умеди халҚ,
Ки бе ту нест дилу ҷони шодмон ҳаргиз.
Даме ки мешумурам пурбаҳо суханҳоро,
Баландтар зи Ватан нест дар забон ҳаргиз.

Сипас ин ҳиссиёти наҷиб ва бузургу муҚаддаси шоир, яъне садоҚати меҳанпарастӣ савганди фарзандони баору нанги миллат шуд.

Мо, ки писарҳои туем, эй Ватан,
ҳозири ҳар рои туем, эй Ватан.
ҳифзи ту мардона ба охир барем,
Гар талабӣ ҷон ту, зи ҷон бигзарем.

Бо ҳамин андешаҳои волои меҳанпарастона устод Мирзо Турсунзода чун шахсияти адабӣ ибтидо дар Тоҷикистони азиз, сипас ба ҳайси муборизи тавонои роҳи сулҳ дар мамлакати паҳновари шӯроӣ, пасон дар аҚсои олам пазироӣ ёфт, эътироф гардид. Албатта шинохти шахсияти устод аз ҷониби бузургтарин шоирону нависандагон, фозилону сиёсатмадорони замон комёбӣ ва шарафи миллати тоҷик ба ҳисоб мерафт, зеро дӯстони ҷонии Мирзо Турсунзода хайрхоҳони миллати Қадимаи мо ва ҷумҳурии Тоҷикистон буданд. Онҳо бо ҳидоят ва хотири устод ба ин ё он муносибат ба диёри хушманзари мо омада дар ғаму шодии мардум шарик шуда, аз расму оин, меҳмоннавозиву хислатҳои наҷиб, истеъдоду созандагии халҚи тоҷик, шукӯҳу зебоии Тоҷикистон бо меҳру самимият асарҳо навиштаанд. Ва ин ҳам пӯшида нест, ки устод Мирзо Турсунзода дар амалӣ шудани корҳои хайр ба манфиати халҚу давлатҳои тараҚҚихоҳ дурахши аҚлу фазилати тоҷикро дар дипломатияи шӯравӣ ва ҷаҳонӣ ифода мекард. Яъне дар шахси донишмандони оламшумуле чун устодон Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода ва Б. ғафуров тухмаи поки ниёкони нексиришту хирадманди тоҷик аз устод Рӯдакӣ сар карда то аллома Аҳмади Дониш сабзу поянда буд. Магар бахти як миллати зоҳиран кӯчак набуд, ки агар дар ҳар мамолике перомуни масъалаҳои шарҚ оташи низо аланга мезад ё ихтилофи назар тезу тунд мегардид, аз ҷониби давлати абарҚудрати шӯравӣ маҳз фарзанди миллати тоҷик Мирзо Турсунзода чун сарвари ҳайат ба он ҷо фиристода мешуд ва баъди баҳсу талошҳо ҳусни тафоҳум ва тинҷиву оромӣ ба миён меомад. Дар ин маврид ҳаҚ ба ҷониби устоди равоншод, нависандаи забардасти тоҷик Сотим Улуғзода аст, ки Мирзо Турсунзодаро як болу пари халҚи тоҷик ва Б. ғафуровро болу пари дигари он мешуморид: «ӯ буд, ки (Мирзо Турсунзода – А. С.) тоҷиконро бо ном ва корҳои худаш, - гуфтааст, С. Улуғзода, - ба ҷаҳон машҳур мекард, ба туфайли ӯ тоҷиконро ҷаҳон мешинохт ва эътироф мекард. Миллат бе фарзанди бузургаш бе болу пар аст» (ниг: М. Наҷмиддинов. «Сурати башарию сирати малакӣ» Садои ШарҚ. 2000, ш. 7 – 12,).
Албатта, шарофат, ҳусни шахсият ва рангини паҳлӯву сифатҳои эҷодиёти устод Мирзо Турсунзода бешуморанд: то имрӯз ёрони ҳамҚалам, ҳамсафони донишманд ва муҳаҚҚиҚони нуктасанҷ бахшида ба шахсияту эҷодиёташ китобу маҚолаҳои бешумор чоп кардаанд, оянда низ пажӯҳишҳое ба назари тоза иншо хоҳанд шуд. Бо вуҷуд банда хотирот навиштанро аз гӯшаи хаёл намегузарондам, ба шарте, ки…
Чанде пеш, дурустараш даҳаи аввали моҳи марти соли 2001 дар соҳили ИсиҚкӯли афсонавию овозадор намояндагони илму адаби ҚазоҚистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва ӯзбекистон гирд омада, перомуни барҚарор кардани робитаҳои неки адабӣ дар остонаи Қарн ва ҳазораи нав маҷлис оростанд. ҳама ташнаи дидор буданд ва аз анъанаҳои неки дӯстӣ, дастгирии маънавӣ, тарҷумаи асарҳо ҳарф зада, аз ҷудоии азиятовари беш аз даҳсола, бехабарӣ аз раванди эҷодӣ ва офаридаҳои солҳои охири ҳамдигар изҳори ташвиш намудаанд. Нависандаи забардаст, классики зиндаи адабиёти ҚазоҚ Абдумаҷид Нурпеисови мӯйсафед зимни сӯҳбатҳо пайваста номи устод Мирзо Турсунзодаро бо ихлосу эҳтироми бузург ба забон меовард. Мегуфт, ки имрӯз ба мо мисли шоири ширинкаломи тоҷик Мирзо Турсунзода шахсияти некдилу хайрхоҳ лозим аст, ки истеъдодҳоро муттаҳид созад, барои дар замони истиҚлол боло бардоштани адабиёти минтаҚа саъю талош варзад, ҷавонони болаёҚатро кашф намояд, дастгирӣ бикунад. Имрӯз, ки мо соҳиби истиҚлол шудем, бо сари худ танҳо зистан, аз асарҳои нав офаридаи ҳамдигар ғизои маънавӣ нагирифтан аламовар аст. Ин аҳвол то ба кай идома меёбад?
Дар ин лаҳза диламро ифтихори фараҳмандӣ лабрез кард ва боз пеши назарам чеҳраи гарм, нигоҳи хирадмандонаи устод Мирзо Турсунзода падидор шуд, ки тамоми умр барои тантанаи ҳаҚиҚат, саодату оромии дигарон зисту часпу талош варзид. Ва маҳз дардошноию самимияти бузург, ҷавонмардиву идеалҳои инсонпарварияш ӯро дар тамоми олам азизу мӯътабар гардонд.
Пӯшида нест, ки ҳаёту фаъолияти хешро ба манфиати инсонҳо бахшидан ё дар ин ҷабҳа пайваста мубориза бурдан шахсияти эҷодкорро аз касби асосияш ва ҳатто зиндагии оилавияш, навозишу машғулият бо фарзандон каму беш дур месозад. Ба ин ҳолат инсонҳои фидоӣ, ки нафсу манфиатҳои шахсиро талоҚ медиҳанд, сар мефуроранд. Вале устод то нафаси охирин аз килку шеър ҷудоӣ надошт ва чунин саҳифаҳои рангини умрашро дар достони «ҷони ширин» басо нозуку пурзарофат ба риштаи назм кашидааст.
Баъди бозгашт аз Қирғизистон авсофу суханҳои неки ҳамсафону ихлосмандони Мирзо Турсунзода дар гӯш, банда хотираҳои адибони маъруфи дунёро, ки ба муносибати ҷашнҳои 70-80 солагии устод дар маҷаллаи «Садои ШарҚ» дар бораи эшон чоп шудаанд, аз нав мутолиа кардам. Николай Тихонов, Файз Аҳмади Файз, Ярослав Смеляков, Чингиз Айтматов, Давид Кугултинов, Расул ғамзатов, Нодири Нодирпур… пайваста таъкид кардаанд: «Мирзо Турсунзода шахсияти нотакрор буд». Ин ситоиш ва эътирофи абармардони адабиёт боиси хушӣ ва ифтихори ҳар як тоҷик бояд бошад.
Мирзо Турсунзода дар солҳои мушкили баъди ҷанги дуюми ҷаҳон, ки беҳтарин шоирону нависандагон дар майдони набард ҷони худро нисор карда буданд ва майдони адабиёт холӣ буд, бо фотиҳаи устод Айнӣ сарварии ИттифоҚи нависандагони Тоҷикистонро ба ӯҳда гирифта, зиёда аз сӣ сол барои пурҚувват шудани муҳити адабӣ, шоистаи маҚом ва пояи баланди каломи ҳазорсолаи тоҷик, баланд гардондани мартабаи ИттифоҚи нависандагон, кафшу гирд овардани истеъдодҳои ҷавон, пайдо шудани асарҳои шоиставу арзишманд талош варзид. Вай дар кору фаъолият шогирду пайрави устод Айнӣ буд. ВоҚеан, дар солҳои пурошӯби бистуму сиюм, ки пиру барно ба бунёди ҷумҳурии навтаъсиси Тоҷикистон камар баста буданд, устод Айнӣ аз шаҳрҳои бостонии Бухорову СамарҚанд, Хуҷанду саросари Тоҷикистон навҚаламони умедбахш: М. Турсунзода, М. Миршакар, ҳ. Юсуфӣ, ҷ. Икромӣ, С. Улуғзода, Р. ҷалил, Ф. Ниёзӣ, А. Деҳотӣ ва П. Толис чанде дигаронро дар атрофи худ гирд оварда, роҳи онҳоро дар адабиёт кушода, ба таърифи асарҳои баландғоя ҳидояташон намуд. Бале, Айнӣ на танҳо нависанда ва донишманди забардаст, балки беҳтарин омӯзгори ғамхору сахтгири адибон буд. Пӯшида нест, ки фазилат ё ҳунари омӯзгорӣ, яъне тарбияи ҳамҚаламони ҷавон ба ҳар шоир ё нависандаи тавоно низ муяссар намегардад, барои дар ин ҷода комёб шудан дили васеъ, иродаву саховати хоса, ҳунару Қобилияти махсуси омӯзгорӣ лозим аст.
Тамоми хислатҳои наҷиб, санъату фазилатҳои беҳамтои муаллимии устод Айниро дар бахши тарбияи адибони ҷавон Мирзо Турсунзода омӯхта, дар худ ҳифз карда, билохира муҳити адабии зебое сохт ва адабиётро зина ба зина равнаҚ дод, шӯҳрат ва обрӯи ИттифоҚи нависандагонро баланд бардошт. Ва боз тавонист, ки барои адибони ояндаи тоҷик дар маркази пойтахт як бинои мӯҳташаму зебо, бо толору утоҚҳои зиёд ба ёдгор гузорад. Устоди зиндаёд БоҚӣ Раҳимзода зимни сӯҳбатҳо ҳамеша ба мо гӯшрас мекард: «Мирзоҷон як гул буду сад харидор дошт, ҳамеша пурташвиш, мудом дар сафар вале дар ҳама ҳолат фикру зикраш побанди боло бардоштани адабиёт, тарҷумаи асарҳо, тарғиби осори адибони соҳибистеъдод буд. Вай аз ду чиз болу пар мебаровард: аз пайдо шудани ягон истеъдоди нағз ё асари хонданибоб. Эҳа, дар ин маврид дар шаҳр намеғунҷид Мирзоҷон. ӯ моро, албатта дараи Варзоб ё Қаратоғу Алмосӣ бурда, ба муносибати кашфиёту дастовардҳои нав хони зиёфат кушода, маҳфил меорост».
– Ба ростӣ муаллим Мирзо Турсунзода моро аз кӯчаҳо ҷамъ карда, ба ИттифоҚи нависандагон овард, пушту паноҳ шуд, ба шеърнависиву хидмати адабиёт дилпур кард, - дар ҷаласае гуфт шоир ғаффор Мирзо.
ҳамин хушбинии устодро адабиётшинос Шавкат Ниёзӣ, ки солиёни зиёд бо эшон ҳусни ҳамкорӣ дошт, дар сӯҳбате (рӯзномаи «Паём», № 5-1 2000с) хеле даҚиҚ баён мекунад: «– Ин маротиба ба табъи ниҳоят хуш ба Маскав омадам, - гуфт Мирзо Турсунзода. – Ман пеш аз сафар ҳамаи шоирон, нависандагон ва мунаҚҚидони ҷавонро дар бӯстонсарои дараи Варзоб гирд овардам. Медонед, баъди сӯҳбат бо онҳо дилам ба ояндаи хуби адабиётамон пур шуд. Хайрият мо ҷавонони умедбахши зиёд доштаем. ҳо, ду навҚалами бисёр хушистеъдод, яке ЛоиҚ Шералӣ, дигаре Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ба ман ниҳоят писанд афтодаанд. Аҷиб, тарзи навишт, андеша, интихоби мавзӯъ, ҳадафи шеъри онҳо билкул тоза, дигар хел аст. Ишораҳои аҷибу серпаҳлӯ, руҷӯъ ба таърих, ғуруру ифтихор, ҷуръатмандӣ дар шеъри онҳо маро дар ҳайрат гузошт. Чашм нарасад, ин бачаҳо дар оянда шоирони тавонои мо хоҳанд шуд…»
Оре, устод Мирзо Турсунзода бештар аз сӣ сол боғбони ботадбири адабиёти тоҷик буд. ӯ навниҳолонро босаброна мисли фарзанд мепарварид, аз нумӯъ ва сабзиши мӯътадили ҳар нахл ҳаловат мебурд, аз меваҳои навгонии боғи адабиёт, - ашъори навҷӯёна, достонҳои пуробу ранг, роман, Қисса ва ҳикояҳое дар сабку таҳҚиҚи бадеии тоза, таҳлилу чашмандози боҷуръатона дар очерку публисистика лаззат бурда мефахрид. Лек аз ноомади кори эҷодӣ, каҷ Қадам ниҳодан, ҳодисаҳои нохуш ё тасодуфе агар хатар ба ҳастиву ояндаи ҷавонадиб таҳдид намояд, устод ба ташвиш меафтод ва хуни дил низ мехӯрд ва бо чӣ заҳмат, даводаву часпу талошҳо ӯро аз гирдоби моҷаро, аз вартаи бадномӣ мераҳонид. Бешубҳа ин сифати мардони дарёдил, покниҳод ва матиниродаву дилсӯзи миллат аст. Устод ҳамеша дар маҳфилҳо аз одобу фарҳанги бузурги Қадима, ҳикмату ҷавонмардии ҳотамонаи мардумашон ҳарф заданро дӯст медошт ва пайваста ин шоҳбайтро такрор мекард:

ҳиммат баланд дор, ки мардони рӯзгор,
Аз ҳиммати баланд ба ҷое расидаанд.

Дар ҳаҚиҚат муносибати Мирзо Турсунзода ба муҳити адабӣ ва фардҳои эҷодкор ҷавонмардона, падарона буд. Вай ба ҳар як суханвар бо чашми умед менигарист, чун устоди хушбин аз шоирону нависандагон эҷоди шоҳкор ё асари хуби замонавиро интизор буд ва аз дилу ҷон мехост, ки сатҳи офаридаҳои адибони тоҷик аз офаридаи суханварони ҷумҳурии дигар бо бадеият, ғояву мазмун бартарӣ дошта бошад. Ба ин хотир ҳар як шоир, нависанда ё публисистро бо таълифи асарҳои ҳунармандона ҳидоят карда ҳатто мавзӯъ медод ё ба сафари эҷодӣ мефиристод. Маҳз чунин муносибати хайрхоҳонаи устод будааст, ки анҚариб тамоми шоирону нависандагони маъруф чун арзи сипос ҷиҳати меҳру шафҚати падарона эшонро бо меҳру ихлоси бепоён ёд карда гуфтаанд, ки беҳтарин асарашонро бо хоҳишу даъвати Мирзо Турсунзода навиштаанд. Ин бахт низ насиби на ҳар шахсияти тавонои адабӣ мегардад.
Инсон тӯли асрҳо баъди мушоҳида ва санҷидани рафтору кирдор ва хилҚати аҷдоду авлодҳои хеш ба чунин хулосаи ҳакимона омада: «Танҳо худи парвардигор бегуноҳ аст». Бо вуҷуд, ба назарам, шахсиятҳое чун устодон М. Турсунзода, Н. Маъсумӣ, Б. Раҳимзода, М. Миршакар ва Ф. Муҳаммадиев дили чун булӯр пок, иродаи устувор ва ҳиммати мисли кӯҳ баланд доштанд. Баъди аз сари мо гузаштани он мардони худо, ки аз чашмаи меҳру шафҚаташон шодоб мешудем ва дидану санҷидани ҳамҚаламони зиёд дар пасту баландиҳои ҳаёт, чашидани талху шӯрии воҚеаҳои номатлуб ба чунин хулоса омадам: Он марду мардони фариштахӯ мудом аз андеша, кирдор ва амалу ҳукми ғуборолуд, ҳавобаландӣ, кибру ғурур, баднафсӣ, тангназарӣ, маҳалгароӣ, фишору Қассосгирӣ, палидӣ ва ё бетафовутӣ ба сарнавишти кас мепарҳезиданд. Бешубҳа, як сабаби маҳбубияти он фардҳои шарафманди миллат ва амсоли онҳо дар байни халҚ аз покиву некназарии эшон ва хидматҳои беминнаташон ба нафъи ҷомеа аст.
Сари иншои ин сатрҳо сӯҳбати як дӯсти ҳунарманд ба ёд омад. Устод Мирзо Турсунзода, ки бештари умраш дар сафар, ҷаласаҳои шаҳри Маскав мегузашт, аз аҳвол ва таҳсили донишҷӯёни тоҷик гоҳ-гоҳ воҚиф мешуд. Соли 1970 ҳамин зайл меҳмониву сӯҳбат бо донишҷӯёни донишгоҳи театрии шаҳри Маскав сурат мегирад. Албатта, барои донишҷӯёни тоҷик шарафи бузург ва саодату лаҳзаи фаромӯшнашуданӣ буд, ки шоири шаҳиру ифтихори миллати худ Мирзо Турсунзодаро чун мизбон пазируфтаанд. ӯ дар минбар не, дар ҳалҚаи онҳо сари дастархони хоксорона нишаста, нигоҳи гарму меҳрбори падаронааш ҳар якеро менавозад, аз нону чой, зиёфати «шоҳона»-и фарзандони раҳдури диёр мисли худи онҳо гоҳ-гоҳ чошнӣ мегирад, ҷавонҳоро ба ҳазлу шӯхӣ мекашад, ки худро озод ҳис бикунанд, пандашон медиҳад, ки сазовори ному фарҳанги волои тоҷик дар шаҳри Маскав сарбаландона бизиянду бештар аз пайи таҳсилу ҳунарандӯзӣ бишаванд. Устод аз спектаклҳои барои ҳимояи диплом таҳия намудаи донишҷӯён бо адибон Камол Айнӣ ва Шавкат Ниёзӣ пораҳо тамошо карда, касби пешгирифтаашонро меситояд, ки рӯҳу неру бигиранд ва ба ояндаи неки хеш бовар дошта бошанд. «Фарзандонам, - мегуфт устод, - аз донишманду соҳибҳунарон бештар биомӯзед. Касби пешгирифтаи шумо заҳмату ҷустуҷӯи пайвастаро таҚозо мекунад. ҳо, шумо худро дар баҳри беканори ҳунар афкандаед, дигар роҳи бозгашт нест, фаҚат шиновари тавоно шудан шуморо ба соҳили мурод мерасонад. ВаҚтро беҳуда сарф накунед, ки ноаён, вале тез мегузарад. Ба Қавле, «чун киштие дар об истода намояду чун тир бигзарад…» Дӯстёбӣ низ ҳунар аст. Бо инсонҳои наҷибу боистеъдод дӯсту бародар шавед. Дӯстони ҷонӣ, бохираду ҳунарманд Қуввати дил мешаванд. Ба воситаи шумо онҳо тоҷику Тоҷикистони азизро дӯст медоранд, эҳтиром мекунанд… Як чизро ҳаргиз фаромӯш накунед, халҚу ватан бо умеди зиёд шуморо ба таҳсил фиристодааст. Оянда шумо аз саҳна ба воситаи ҳунаратон ба мардум маърифату завҚ мебахшед. Ин масъулият ва бахти бузург аст».
Донишҷӯён – ҳунармандони оянда, фарзандони саросари Тоҷикистон аз ин лаҳзаи мӯъҷизанамо, яъне сӯҳбати рӯ ба рӯ бо устод дар банди ҳаяҷони беинтиҳо, вале чашмаконашон рахшон, моту мабҳут, ба ӯ менигаристанд. Лаҳзаяке хомӯшӣ ба миён меояд. Аслан ҳар яке мехоҳад ҳарфе бигӯяд, аз устод чизеро бипурсад ё бо изҳори ихлосу эҳтиром бо шеърхонӣ, иҷрои боҳунаронаи наҚш ӯро шод, ҳатто мафтуну Қоил созад. Аммо ку ҷуръат? Туғёни ҳаяҷон пайкарашонро мефишораду бозӣ ва тап-тапи дилашонро дучанд мекунад. Не, Қаҳрамони нахустин – духтараки ситорагарм аз ангезаи изтироб бо овози ларзон лаб ба гуфтор мекушояд.
– Муаллим, ман ҳамшаҳрии шумо… аз Қаратоғ…
Ваҷоҳати устод ҳамоно дигар мешавад, сар ба сукут ба пешонияш мавҷи чинҳо наҚш мегузоранд ва ба лабонаш табассуми нарму роздор медавад. ҷавонҳо ба ҳамкурси хушбахти худ бо ҳасад чашм медавонанду ба устод кунҷковона. ҳазл не, ҳамшаҳри Мирзо Турсунзода аст. Устод, аз эҳсоси нохуш чун одат бо нӯги ангуштон холи лабашро пӯчидаву палмосида аз андеша якбора сар бардошта, бо овози нарму ҷиддӣ мегӯяд:
– Фарзандонам, тамоми тоҷикистониҳо ҳамшаҳри ман ҳастанд…
ҷавонҳо нафаси осуда мекашанд. ҳо, Мирзо Турсунзода шоири миллат, азизи хонадони ҳар як тоҷик аст. Аз ӯ бояд ҳамин посухро мешуниданд ва хушбахтона шуниданд.
– Азизон, - овози марғуладори устод онҳоро ба худ меорад, - ҳамеша бикӯшед, ки дилатон аз ифтихори тоҷику тоҷикистонӣ будан саршор бошад. Ин беҳтар, балки саодати мову шумост…
Табиист, ки андешаву мафкураи шахсияте чун устод Мирзо Турсунзода шабеҳи уҚобони кӯҳсорон дар фазои баланд маъво дошт. Вай ҳаргиз худро ба доираи танги назар ва ё ҳиссиёти чиркину бадбӯйи маҳалгароӣ намеафканд, зеро ҳадафу мафкураи ӯ ва ҳаммаслаконаш эҳёгарӣ, ҳамбастагӣ, миллатсозӣ, пайвандгарӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдат, баланд бардоштани маърифати халҚ буд, на ҷудоиандозӣ, низоъангезӣ.
Солҳои охир аз ҷониби ҳар касу нокас ба осор ва шахсияти устод Мирзо Турсунзода ҳукму баҳоҳои дурушт ва ғаразноке дар матбуот нашр шуданд. Ин носипосӣ низ як ҷинбоди даврони гузариш буд, ки ба ришханду нафрат дучор гардид. Ва ба таъбири халҚ ин амал ба ҷуз ҳуҷуми пашша ба… фил чизе набуд. Агар аз сари ҳаҚ нагузарему ба ёд биорем, ки маҳз ҷуръату талошҳои устод Турсунзода ва ёронаш боис шуданд, ки ҷашнҳои бузургтарин шоиронамон дар миҚёси мамлакати шӯравӣ таҷлил ёбад ва пайкараҳои мӯҳташами чанде аз эшон дар Душанбе Қомат афрозанд ва боз иҚрор бикунем, ки маҳз ӯ тавонист симпозиуми шеъри форсиро дар пойтахт гузаронад ва беҳтарин истеъдодҳои олами форсро ба ин кунгура ба шаҳри Душанбе биорад, Қимат ва шаҳомати шахсияти устод даҳчанд меафзояд.
Сари иншои ин маҚола бо амри таҚдир ба ҳиндустони афсонавӣ сафари кӯтоҳе сурат гирифт ва тӯли ду – се рӯз дар шаҳри Деҳлӣ пеши назарам симои мардуми ҳинд ва устод Мирзо Турсунзода буд. Ба гумонам, дарду алам, нигоҳи маҳзун, талошу муборизаи мардуми ҳиндустонро барои расидан ба истиҚлол ҳеҷ як шоире мисли устоди мо Мирзо Турсунзода доманадор, аҷибу ҳадафрас ва зебою дилнишин тараннум накардааст. Силсилаи «Қиссаи ҳиндустон» бешубҳа аз шоҳкорҳои устод ба шумор меравад ва халҚҳои мазлуму азияткашидаро то абад ба худогоҳӣ, мубориза, аз рӯйи замин руфтани тухми ғосибон даъват намуда, аз ғалабаи бузурги мардуми ҳинд ботантана башорат медиҳад:

Гарчи дусад сол дар ин хона монд,
Боз ба ин оила бегона монд!

Ва ҳатто ин мисраи устод: «ҳар нафас, ҳар Қатра хун, ҳар тори мӯям коммунист» алҳаҚ аз дили поки шоир баромада. Албатта, Қаҳрамони устод тимсоли худаш аст ва аз он афроде, ки барои манфиату маҚсадҳои ифлоси худ имонро чун ниҚоб истифода бурда, ба хиёнати ватан ва ғорати халҚ даст задаанд, аз замин то осмон тавофут дорад. Армони шоир озодии меҳану халҚ, шукуфоии ватану беҳбудии рӯзгори мардум, рушди илму фарҳанг, эҳёи суннатҳои волои Қадима, соҳибмаърифат шудани фарзандони миллат, мустаҳкам ва баланд гардидани мавҚеъ ва обрӯи Тоҷикистони азиз буд. Ва ҷонкоҳониву муборизаи якумраи устод ҳамин ҷабҳаро сабзу обод нигоҳ медошт. ӯ зебоии Тоҷикистон, хулҚу атвори мардумро бо тамоми ҷузъиёташ тараннум мекард ва дар дифои манфиатҳои фарҳанги миллӣ мисли устод Айнӣ алайҳи бадхоҳон оштинопазир буд. Ва шоистаи таҳсин аст, ки Президенти мамлакат ҷаноби Олӣ Э. Ш. Раҳмонов бо ташаббуси хирадмандонаи худ фарзанди барӯманди миллат устод Мирзо Турсунзодаро «Барои хидматҳои бузург ва матонат дар бунёди пояҳои адабиёт ва тарғиби Тоҷикистон, инкишофи адабиёт ва тарғиби ғояҳои сулҳ, дӯстии халҚҳо ва густариши нуфузи байналхалҚии Тоҷикистон» бо унвони олӣ – «Қаҳрамони Тоҷикистон» сарфароз гардонд. Ин тантанаи адолат, баҳои одилона ва Қадршиносии сарвари давлат ба заҳмати шоиру фарзанди шарафманди миллат аст, ки «ба мисли гӯшту нохун… ҳамеша бо ватан» буд.
Душанбе – Бишкек – Деҳлӣ

Башумо бештар кадом
шеъри Устод маҳкул аст?

Дустонро гум макун
Ошёнаи баланд
Дили мадар
Баҳория
Нонреза


Натиҷа
Дустонро гум макун- 4
Ошёнаи баланд- 5
Дили мадар- 3
Баҳория-
Нонреза- 5

Can't delete old sess