Аслӣ

Ёднома

Наворҳо

    Тарҷумаи ҳол

    Шеърҳо

    Осорхона

      Санаҳои ҳаёт

      Аксҳо

      Алоқа бо мо
       Мероси адабӣ

       Cурудаҳо

       Китоби дархостҳо





Ёдномаи Мирзо Турсунзода

Ҳмаяк Сирас


Ҳмаяк Сирас (1902 – 1982) аз кӯҳансолтарин нависандагони арман буд, ки дар дами пирӣ аз халҚи тоҷику дӯстони ҳамҚалами тоҷикаш бисёр ёд мекард ва чун даҳҳо адибони дигари арманӣ ба халҚ ва адабиёти тоҷик меҳри махсус дошт.
Банда тайи солҳои 1981-1984 дар Ереван таҳсилу таҳҚиҚ доштам ва ба туфайли Сергей Аракеляи – ин дӯсти наздикам – бо ҳмаяк Сирас шиносоӣ пайдо кардам. Нависандаи мӯйсафед аз чунин шиносоӣ хеле хурсанд шуд ва дар худи нахустин вохӯрӣ изҳор дошт, ки ӯ ошиҚи адабиёти тоҷик ва хусусан дилдодаи рубоиёти Хайёму шеъри Мирзо Турсунзода аст. «Мирсаид Миршакар аз дӯстони наздикам буд», - мегуфт ӯ ва ифтихори ҳамяроҚиро бо Сотим Улуғзода ҳеҷ пинҳон дошта наметавонист.
Аз матни хотираҳои нависанда бармеояд, ки ӯ хусусан бо Мирзо Турсунзода шиносоии хуб доштаву лаҳзаҳои ҳар вохӯрӣ – чӣ дар Арманистон ва чӣ дар Тоҷикистон – онҳоро меҳри беандоза ба адабиёту фарҳанг ва иштиёҚи ҳавасангез аз донистани таърихи халҚҳои тоҷику арман наздик мекарданд. ҳамчунин ҳмаяк Сирас аз шаби адабие ёд оварда буд, ки бегоҳи 8 январи соли 1952 ба шарафи ҳузури шоири тоҷик Мирзо Турсунзода дар ИттифоҚи нависандагони Арманистон баргузор гардидаву барҳаҚ ба шаби назми адабиёти тоҷик табдил ёфтааст.
Аксарияти шоиру нависандагони арманӣ бо шоири тоҷик ҳусни дӯстӣ ва Қисме ифтихори ҳамкорӣ ҳам доштанд. Агар Серо Хонзодяну Геворк Эмин бо Мирзо Турсунзода дӯстони наздик бошанд, нависандаи дигар Степан Алаҷаҷян бо ин шоири тоҷик дар бахшҳои Кӯмитаи Шӯравии якдилии халҚҳои мамолики Осиё ва АфриҚо ҳамкорӣ доштааст. Ва агар Сергей Умаряну Силва Капуткян шеърҳои Мирзо Турсунзодаро ба забони арманӣ тарҷума карда бошанд, пас Вардгес Ернҷакяну Левон Мкртчян дар роҳи тадҚиҚу таҳҚиҚи осори Мирзо Турсунзода дар Арманистон саҳм гирифтаанд.
Поси эҳтироми дӯстӣ бо Мирзо Турсунзода ва эҳсоси гарму гуворои муҳаббат ба халҚу адабиёти тоҷик имрӯз ҳам хусусан дар ҳаёти адабии Арманистон боҚист, ки ин дар як силсила тадҚиҚот аз боби ҳаёт ва эҷодиёти Мирзо Турсунзода ба зуҳур меояд.
ҳмаяк Сирас сабоҳи 8 июни соли 1982 телефон кард, ки хонааш – воҚеъ дар касабаи Комитас, кӯчаи Комитас-1, хонаи 125 биёям. Овозаш андаке меларзид.
Дарро ба рӯям духтараш, ки ба аёдати падар омада будааст, кушод. Нависандаро дар бистари беморӣ дидам. Баъди ҳолпурсӣ ман ва Сергей аз паҳлӯяш ҷой гирифтем. «Забони арманиро медонӣ?» пурсид ӯ ва баъди гирифтани ҷавоби тасдиҚ ба хондани ҳамон чанд саҳифа матни хотира, ки навишта будааст, пардохт. Дар ҷараёни хониши ӯ чанд калимаи бароям ношиносро пурсида гирифтам… ҳамин тавр, ӯ дар навбати худ аз ман хоҳиш кард, ки он хотираро ба забони тоҷикӣ тарҷума ва чоп намоям.
Баъдтар идрок намудам, ки ин суханҳо як навъ васияти нависанда ҳам будааст. Тобистони ҳамон сол ӯ аз дунё гузашт ва имрӯз лозим донистам, ки матни хотираҳои ба забони тоҷикӣ баргардонидашудаи ин нависандаи зиндаёдро бо андаке таҳрир, тавзеҳ ва сарсухан маҳз ба хотири бузургдошти шоири тоҷик Мирзо Турсунзода чоп намоям.

Башумо бештар кадом
шеъри Устод маҳкул аст?

Дустонро гум макун
Ошёнаи баланд
Дили мадар
Баҳория
Нонреза
Шумо баҳо додед!!!


Натиҷа
Дустонро гум макун- 4
Ошёнаи баланд- 5
Дили мадар- 3
Баҳория-
Нонреза- 5

Can't delete old sess