Абдувалӣ ДавроновНоми шоири шаҳири тоҷик Мирзо Турсунзодаро ман пеш аз нахустин вохӯриям бо ӯ шунида, тарҷумаи шеърҳояшро дар саҳифаҳои «Литературная газета» хонда будам. Ба ман, хусусан, достонҳои «Садои Осиё» ва «Ман аз ШарҚи озод» писанд афтода буданд, ки муаллиф бо ин асарҳояш, ҳаёти нави мардуми ШарҚ, завҚи халҚи озодидӯсти онро бо маҳорати баланди шоирона ба тасвир кашидааст. Мутолиаи достонҳои мазкур моро бо шоир ва олами зебои ӯ шинос намуда, ҳамдаму ҳамфикри халҚи ШарҚи соҳибистиҚлол месохт. 8 январи соли 1952 Мирзо Турсунзода ба Ереван омад, вале Қабл аз ин ман бо шоир моҳи декабри соли 1949 дар худи Тоҷикистон шахсан шинос шуда будам. Он ваҚт ман дар ҳайати вакилони Арманистон дар тантанаи 20-солагии республикаи ҷавони Тоҷикистон ширкат варзидам. Табиист, ки дар рафти шиносоӣ бо хоҷагии халҚ, санъат, маданият, тарзи зиндагии тоҷикон диҚкати маро сарчашмаи адабиёти ин халҚ бештар ҷалб намуд. Хостам донам, ки назми тоҷик аз куҷо ва кай ибтидо гирифтааст. Охир, тоҷикон ҳам мисли мардуми Арманистон таърих ва адабиёти Қадима доранд! Дар рафти вохӯрӣ ва шиносоиҳо, аввалин шуда дӯсти ҳамяроҚам, нависандаи боистеъдоди тоҷик Сотим Улуғзодаро шинохтам. Он рӯзҳо ба муносибати ин санаи муборак нашриёти давлатии Тоҷикистон силсилаи китобҳоеро дар осори классикони адабиёти тоҷику форс Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Умари Хайём, Саъдӣ, ҳофиз нашр намуд. Чопи ин гуна асарҳо ва дастраси омма гардонидани онҳо дар ҳаҚиҚат нишони эҳтиром ва ғамхорӣ ба мероси бои гузаштагонамон ҳисоб меёфт. Мирзо Турсунзода бо як ҳисси Қаноатмандӣ ва ифтихор асарҳои классиконро ба мо нишон дода мегуфт: «Насли имрӯза бояд бо ин асарҳо шинос шавад ва хуб фаҳмад, ки муборизаи мо дар солҳои мудҳиши ҷанги Бузурги Ватанӣ баҳри чӣ буд. Дар рӯзҳои сахти ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамаи он китобҳои дарсие, ки ба хонандаи тоҷик зарур буд, дар Ленинград, дар вагонҳо хобида буданд, вале он вагонҳоро лозим буд, ки ба фронт хизмат кунанд: бо хӯрокворӣ ва лавозимоти ҷангӣ таъмин намудани ҷанговарон муҳим буд. Бисёриҳо мехостанд вагонҳоро холӣ кунанд, вале чун ин суханҳоро А. А. Жданов шунид, бо Қатъият гуфт: – Ленинград барои мо фронти муҳим аст, вале маърифатнокии халҚи тоҷик низ камтар аз фронт нест. Дар таҳти чунин фоҷиаи мудҳиш, дар зери борони тиру туфанг ин китобҳо то Душанбе омада расиданд ва ба мактаббачагон дастрас шуданд». ҳамаи инро Турсунзода хуб медонист ва дар яке аз ҷамъомадҳои адабӣ суханони Соро Юсуфоваро ба ёд оварда чунин гуфт: – ғамхории бародарона ба якдигар махсусан дар рӯзҳои душвори ҳаёт зоҳир мегардад. Ана ин рӯзҳо халҚи бузурги рус барои мо муттако гардид ва ин китобҳо рамзи нурҳои ҷонбахши офтоб аз самти шимоланд. Ин хотираҳои Тоҷикистонии ман аз нав, аниҚтараш, бегоҳи 8 январи соли 1952 зинда гардиданд. Он рӯз шоир дар хонаи адибони Арманистон бо шоиру нависандагон вохӯрии аҷибе дошт. Толори Хонаи адибон пур буд. Ба ин ҷо онҳое омада буданд, ки шоирро дӯст медоштанду ҳурматаш мекарданд. Бо хоҳиши барандаи вохӯрӣ ман бо дилу ҷон дар бораи М. Турсунзода, таърихи шиносоиамон ва, муҳимтар аз ҳама, дар бораи эҷодиёташ, ки бевосита ба мавзӯъҳои сулҳ ва дӯстии халҚҳо бахшида шудаанд, чанд сухан гуфтам. Қайд кардам, ки адабиёти муосири тоҷик, назми он дар симои шоир М. Турсунзода ва асарҳои ӯ беҳтарин анъанаҳои адабиёти классикии тоҷику форсро мепарварад ва дар шакли боз ҳам зебову рехтааш дастраси хонандагон мегардад. Дар хотимаи суханам як рубоии Хайёмро, ки тарҷумаи арманиаш ба Қалами Арам Чарг мансуб аст, ба забони арманӣ хондам. Аз зал овоз баромад: «Бо забони русӣ хон, то Турсунзода низ фаҳмад, ки чӣ мехонӣ?». Барои ман он ваҚт ба забони русӣ хондани ин рубоӣ душвор буд ва ман чун ба забони тоҷикӣ канда – канда «Асрори азалро на ту дониву на ман» - гӯён ба хондан шурӯъ кардам, Турсунзода аз шодӣ ҷаҳида хест ва матни пурраи рубоиро ба забони шевои тоҷикӣ ба хондан сар кард: Асрори азалро на ту дониву на ман, В-ин ҳарфи муаммо на ту дониву на ман. ҳаст аз паси парда гуфтугӯи ману ту, Чун парда барафтад, на ту мониву на ман. ҳамин тавр, ба туфайли хондани як рубоии Хайём гуфтугӯи аҷибе дар бораи адабиёти тоҷик сар шуд. Баъд шоирон Силва Капутикян, Ашот Граши, Соғомон Таронцин, Наири Зарян, Геғам Сарян, Рачия Ованесян ва дигарон сухан карда, тарҷумаҳои нави худро ба забони арманӣ ба шоир хонданд. Инчунин, ҳамон шаб дар бораи драмаи шоир «Хусрав ва Ширин» суханҳои хуб гуфта шуд, ки мо дар симои – армандухтар Анушро тасаввур кардем. Моҳи декабри соли 1954 дар Москва съезди II нависандагони СССР барпо гардид. Ин ҷо, пеш аз ҳама дӯсти худ, шиноси дерин Мирзо Турсунзодаро дидам. Маърӯзаи ӯро дар съезд гарм истиҚбол намуданд. Вай аз минбари съезд чунин гуфта буд: Коргоҳи ИттифоҚи нависандагон ин на фаҚат маркази эҷодӣ, балки маркази мубориза барои сулҳ, ва дӯстии халҚҳо дар рӯи замин аст. Ин суханон ҳоло ҳам чун ибораи навҷӯёна дар гӯшам садо медиҳанд. Дар аснои танаффус М. Турсунзода, М. Миршакар, Сергей Чилая, ман ва боз якчанд нафари дигар – як гурӯҳ, нависандагон дар назди газетаи деворӣ, ки рӯзҳои съезд нав ба нав мебаромад, истода ҳазлҳои рафиҚонаро мехондем. Ва он ҷо ҳазли рафиҚона дар бораи М. Турсунзода низ буд. ӯ дергоҳ ба газетаи деворӣ нигоҳ кард ва сонӣ, табассумкунон гуфт: «ҳамчунин ки бе намак таом мазза надорад, ба мо ҳам юмор хеле зарур аст». Каме дертар ба наздамон Самад Вурғун омад ва баъди салому алейки расмӣ аз зери дасти Турсунзода дошту «ман бо ту кор дорам» - гӯён ӯро ба дигар тараф бурд. Гуфтугӯи доимии онҳо дар бораи драмаи «Хусрав ва Ширин» хеле тӯл кашид… Ин ваҚт аз куҷое мухбири суратгир пайдо шуд. «Афсӯс, гуфт Мирсаид Миршакар, - Мирзо рафт, вагарна якҷоя расм мегирифтем». Дар танаффуси дигар махсус Турсунзодаро ҷуста ба наздаш рафтам. Гуфтугӯи ҷиддиамон, ки кайҳо боз орзӯяш мекардам, сар шуд. Ба аввалин саволам, ки «Хоҳиши ягон бори дигар ба Арманистон рафтан дорад ё не?» ӯ табассум кард ва чунин ҷавоб дод: – Арманистонро хеле дӯст доштам. Шумоён ба адабиёти классикии мо хуб баҳо дода метавонед. Ман бовар дорам, ки Шумо акнун Хаёмро ба забони арманӣ мутолиа мекунед. Тарҷумаҳои нав ҳастанд. ҳамту не? – Бале, - тасдиҚ кардам ман, - тарҷумаҳои наву хуб ҳастанд, вале ман мехоҳам, ки Хаёмро ба забони модариаш – забони тоҷикӣ хонам. – Вале ман мехостам Асаакяну Чаренцро дар оригинал хонам, - ҳамчунин бо табассуми фаҚат ба худаш хос ҷавоб дод Турсунзода. Агар имконият даст диҳад, мо орзуҳои худро амалӣ мегардонем. Баъди се сол – 27 сентябри соли 1957 60-солагии ҷашни шоир Егише Чаренц барпо гардид, ки дӯсти адабиёт ва халҚи арман Мирзо Турсунзода бо иштирок ва суханони самимии худ дар ин тантана хотири ворисони адабиёти Қадимаи арманро шод гардонд. ӯ бо як ҳисси дилсӯзӣ ва эҳсоси бародарӣ дар ҳаҚҚи адабиёти арман ва намояндаи он – Егише Чаренц суханҳои нек гуфт. Ин охирин вохӯрии ман бо шоир ва инсони комил Мирзо Турсунзода буд. Ва як умр суханҳои ҳангоми хайр гуфтаашро фаромӯш намекунам: – ХалҚи арман адабиёти худро дӯст медорад. Шумо мероси гаронбаҳои адабиёти классикии худро хуб медонед ва асарҳое офаред, ки ба дилу рӯҳи хонанда наздик бошанд. Таҷассумкунандаи рӯҳи замон бояд бошед, ҳамчунон ки инро Егише Чаренц мехост…» Ин суханҳо ба маънои томаш ба худи М. Турсунзода ҳам дахл доштанд, ки ӯ воҚеан барои халҚи тоҷик ҳам шоир ва ҳам фарзанди ифодагари рӯҳи замон буд… Аз забони арманӣ тарҷумаи А. Давронов |