Абдуҷаббор ҚаҳҳорӣМирзо Турсунзода муддати дароз мариз шуда, дар беморхонаи Кунсевои назди Маскав хобиданд. Аҳли хонавода ва дӯстонаш аз аҳволи саломатии он кас хавотир буданд. ҳар адибе, ки ба Маскав мерафт, Мирзо Турсунзодаро хабар мегирифт. Боре ман ҳам, ки бо кори нашриёт ба Маскав рафта будам, дар Кунсево устодро хабар гирифтам. Мирзо Турсунзодаро дар палатаашон танҳо дарёфтам. Устод ғарҚи хаёле назди тиреза рост истода, ба саҳни ҳавлии беморхона менигаристанд. Дар тан хилъати беморӣ доштанд. Дар рӯи миз дафтар ва Қалам мехобид. Аз афташ, дар ҳамин ҷо ҳам бекор нанишаста, шеър менавиштанд. Дар назди тиреза истоданашон ҳам беҳуда набуд. Шояд дар ҷустуҷӯи мисраи наве буданд. Маро дида беҳад шод шуданд. Ба ранги рӯяшон назар андохта пай бурдам, ки устод сахт мариз шудаанд. Вале он кас ба беморӣ тан намедоданд. Боз ҳамон табассуми ҳалиму суханҳои нарм. Аз ман аҳволи дӯстони душанбегӣ ва кору барои нашриётро пурсон шуданд. – Одам ин ҷо дилгир мешавад, - арз карданд устод. – ҳарчанд дӯстон хабаргирӣ меоянд, боз ҳам Душанбе, оби дарёи Варзобро пазмон мешавам. – Оби дарёи Варзоб, - гуфтам дар омади гап, - дар ҳаҚиҚат ширин аст. – Ширин аст, Мулло Абдуҷаббор, - лекин оби Қаротоғ аз он ҳам ширинтар. Вай монанди абрешим маҳин аст. Ман ҳазл кардам: – Шумо, ки аслан Қаратоғӣ ҳастед, обашро ҳам таъриф мекунед. – Тути балхии Қаротоғро хӯрдаед? – пурсиданд устод аз ман. – Не. – Ин гуна тути бомаза дигар дар ҳеҷ куҷо нест. ФаҚат дар Қаротоғ мерӯяд. Худо хоҳад, баъди сиҳат шуда аз ин ҷо ба Душанбе рафтанам, ҳарду ба Қаратоғ меравем. Ана он ваҚт ба туту обаш худатон Қоил мешавед. – Худо хоҳад, меравем, - гуфтам ман ҳам. Мирзо Турсунзода дафтари рӯи миз хобидаро гирифта, вараҚ заданду гуфтанд: – Ман ин ҷо чанд шеъри нав навиштам, ягонтаашро хонам? – Хонед, - гуфтам хурсанд шуда. Устод чун ҳамешагӣ бо овози на он Қадар баланд, ором ва равон ба шеърхонӣ пардохтанд. Ман ҳамон рӯз яке аз шеърҳои машҳурашро, ки баъдҳо ба он оҳангсозон оҳанг офариданду ҳофизон то имрӯз онро мехонанд, аз забони худи муаллиф шунидам. Шояд ман аввалин шунавандаи ҳамин шеър будам: То тавонӣ, дӯстонро гум макун, Дӯстони меҳрубонро гум макун. Баъди чанд ваҚт Мирзо Турсунзода шифо ёфта, ба Душанбе баргаштанд. Чун маро диданд, ваъдаи худро ба ёд оварданд: – Ба Қаратоғ меравем? – Албатта, меравем, - ҷавоб додам ман. – Кай меравем? – Худи пагоҳ. Рӯзи дигар роҳи Қаротоғро пеш гирифтем. Моро Обидҷон Қаҳҳоров, ки раиси садорати истироҳатгоҳҳои ИттифоҚи касаба буд, дар сафар ҳамроҳӣ кард. Дар истироҳатгоҳи Қаратоғ бинои нави дуҚабата сохта буданд. Дар атрофи кӯл одамон сайругашт доштанд, баъзеҳо дар завраҚҳо шино мекарданд. Аввал мо боғ ва гирду атрофи кӯлро тамошо кардем, бинои нави дуҚабатаро дидем, пас ба соҳили дарёчаи Қаротоғ рафта, об нӯшидем. Дар ҳаҚиҚат, оби дарёи Қаротоғ хуштамъ ва маҳин будааст. Аз оби дарёи Варзоб фарҚе дошт. – Ман гуфта будам-ку, оби Қаротоғ аз оби дарёи Варзоб ширинтар аст, - таъкид карданд устод ба ман рӯ оварда ва суханашонро давом доданд: - Ана акнун худатон нӯшида, бовар кардед? – Бале, оби хушгуворе будааст, кас бо нӯшидан сер намешавад. – Дар водии ҳисор дигар ин хел об нест. Мирзо Турсунзода афсӯс мехӯрданд, ки дар гирду атроф аз он тутҳои балхӣ нишоне намондааст. Пас аз як ҳафтаи аз Қаратоғ баргаштан Турсунзода дар бӯстонсарои ИттифоҚи нависандагон, ки дар дараи Варзоб воҚеъ аст, дӯстони наздики худро гирд оварда зиёфате оростанд. Дар ин дидорбинӣ Мирсаид Миршакар, БоҚӣ Раҳимзода, Фотеҳ Ниёзӣ ҳузур доштанд. Дар Қатори онҳо Мӯъмин Қаноат, Фазлиддин Муҳаммадиев, Юсуфҷон Акобиров, Убайд Раҷаб ва камина низ даъват шуда будем. ҳамон ваҚтҳо Мӯъмин Қаноат силсилаи шеърҳои «Мавҷҳои Днепр», Фазлиддин Муҳаммадиев повести ҳаҷвии «Дар он дунё», Юсуфҷон Акобиров Қиссаи «Баъде ки осиё бозмонд» ва Убайд Раҷаб барои кӯдакон шеърҳои нав иншо карда буданд. Одатан устод Турсунзода Қариб ҳамаи асарҳои адибонро бодиҚҚат мехонданд, фикру мулоҳизаҳояшонро бевосита ба худи муаллиф ва дар матбуот баён мекарданд. Дар ёд дорам, ки боре дар рӯзномаи «Литературная газета» устод ба силсилаи шеърҳои Мӯъмин Қаноат, повести Фазлиддин Муҳаммадиев ва достони камина «Шаби пеш аз марг» баҳои баланд дода буданд. ҳама зери шипанги соҳили дарё ҷамъ омадем. ФаҚат Убайд Раҷаб ба Қассобӣ ва пухтупаз банд буд. Сӯҳбатамон аз адабиёт, асарҳои наву тозаи адибон авҷ гирифт. БоҚӣ Раҳимзода баъзан моро бо наҚлу Қиссаҳои аҷоиб механдонданд ва бо Мирзо Турсунзода ҳазлу шӯхӣ мекарданд. ҷӯрабек Муродов, ки низ ба сӯҳбати онрӯза даъват шуда буд, ҳамроҳи раҚҚосае ба бӯстонсаро омад. Шумораи дӯстони Мирзо Турсунзода гирди миз торафт меафзуд. ВаҚт аз ҳазлу шӯхӣ, сӯҳбати хуш, суруду раҚсҳои ҷолиб тез ва ноаён мегузашт. Магар ҳавои софи берун аз шаҳр ва оби зулолу ширини дарё буд, ки кабоби аз гӯшти гӯсфанд пухтаи Убайд Раҷаб дар андак ваҚт тамом шуд. Фазлиддини шӯхтабиат ба Убайд Раҷаб бо нимтабассум гуфт: – Убайдулло, Шумо дар сари дег нисфи гӯсфандро хӯрдед-мӣ? – Не, - ҷавоб дод Убайдулло, - ҳамааш ҳамин буд. Дар соҳили чапи дарё, дар доманаи кӯҳ чӯпоне рамаи гӯсфандонро мечаронд. – ҳеҷ гап нашудааст, - гуфтанд Турсунзода. – Мо ин ҷо барои сӯҳбату зиёфат ҷамъ омадем. Боз як гӯсфанди дигар мехарем. Баъд ба яке аз рафиҚони наздикашон Мӯҳсин ҳасанов, ки корҳои хоҷагию ташкилиро хуб медонистанду дар сӯҳбат иштирок дошт, фармуданд то ба пуштакӯҳ назди чӯпон рафта, як гӯсфанди дигар харида орад. ҳасанов назди чӯпон рафт ва бегӯсфанд баргашт. – Намефурӯшад, - гуфт ӯ. – Савдо кардед? – пурсиданд Мирзо Турсунзода. – ҳа, зорӣ кардам ҳам, нафурӯхт. – Шояд Шумо ба нархи пурсидааш розӣ нашудед? – Чӯпон умуман савдо кардан нахост. ҳар Қадар, ки нархашро пурсидам, нагуфт. ҷӯрабек Муродов аз ҷо бархост. – Ман наздаш меравам, - гуфт ӯ. ҷӯрабек назди чӯпон рафт. Аз дур ҳама ба он сӯй нигоҳ мекарданд, ки ҷӯрабек ба чӯпон ким-чӣ мегӯянд. Дидем, ки чӯпон аз байни рама як гӯсфандро ҷудо карда болои китфонаш бардошта, ҳамроҳи ҷӯрабек аз доманкӯҳ поён фаромад. Мо саргарми тамошои пуштакӯҳу чаридани рама ва гуфтугӯи ҷӯрабеку чӯпон шуда, аз омадани як нафар меҳмони дигар бехабар мондем. Ин меҳмон раиси Шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ Абдулаҳад Қаҳҳоров буданд. Ногоҳ дидем, ки раис ҳам Қатори мо он манзараро тамошо доранд. Абдулаҳад Қаҳҳоров яке аз дӯстони наздики Мирзо Турсунзода ва ҳамаи мо, марди хоксору фурӯтан буданд, худ кам-кам шеър ҳам менавиштанд, вале ин сирри худро ошкор намекарданд. ҳоло он кас ҳам ба дидорбинии Турсунзода омада буданд. ҷӯрабек Муродов пеш-пеш ва аз Қафояш чӯпон гӯсфанд дар китф омаданд. Мирзо Турсунзода аз ҷой бархоста, сӯи чӯпон рафтанд. Чӯпон гӯсфандро оҳиста ба замин гузошту сӯи Мирзо Турсунзода омад ва дуҚат шуда салом дод. – Ман орзуи Шуморо дидан доштам, - гуфт ӯ. – Акнун ба орзӯям расидам. Барои сиҳат баргашта омаданатон сад ҷон Қурбони Шумо. ҳамон бегоҳ то як поси шаб дар меҳмонии устод Мирзо Турсунзода сӯҳбати гуворое доштем. |