Аслӣ

Ёднома

Наворҳо

    Тарҷумаи ҳол

    Шеърҳо

    Осорхона

      Санаҳои ҳаёт

      Аксҳо

      Алоқа бо мо
       Мероси адабӣ

       Cурудаҳо

       Китоби дархостҳо





Ёдномаи Мирзо Турсунзода

Собири Шоҳонӣ


Ман нахустин бор бо номи устод Мирзо Турсунзода дар мактаби зодгоҳам деҳаи Шоҳон шинос шудам. Хушнудона, як хешованди китобдӯстам рӯзе китоби ашъори «Қиссаи ҳиндустон»-ро овард.
Баъди дарс ва анҷоми корубори рӯзгор ба боғамон рафта дар сояи дарахти себи шоҳусайнӣ танҳо нишаста Қиссаҳоро мехондаму ба ҳоли мардуми мусибатзадаи ҳинд раҳмам меомад. Бахусус шеъри «Сайёҳи ҳинд»-ро борҳо бо ашки ҳасрат хондам.
Баъд, соли 1953, ба шаҳри Душанбе омада муҳассили техникуми савдо шудам. Соли 1954 ба курси дуюм гузаштам. Тирамоҳи ҳамон сол дар хонаи устод Носирҷон Маъсумӣ тӯи арӯсӣ баргузор гардид. Устод ба бародарашон ҳайдархон арӯс оварданд. Ман дар Қатори хешовандону ҳамдиёрон ба ҳайси хидматгузор ширкат варзидам.
Бегоҳӣ базми арӯсиро бесаброна мунтазир будам. Медонистам, ки дар Қатори меҳмонон устод Мирзо Турсунзода иштирок хоҳанд карду ман ба дидорашон мушарраф мешавам.
Мизҳо ороставу хонҳо пероста шуданд. Баъди ғуруби офтоб меҳмонҳо яке аз паси дигар вориди ҳавлӣ мешуданд. Аз дарвоза ду марди нуронӣ даромад, ки яке паҳлавонпайкару дигаре миёнаҚад буд. Аз рӯи расми дар китобҳо дидаам дарёфтам, ки марди миёнаҚад Мирзо Турсунзода мебошад. Баъд донистам, ки он марди бузургҷусса БоҚӣ Раҳимзода будааст.
ҳарду чеҳрахандон ва болидахотир вориди ҳавлӣ гардида, соҳибони тӯй ва бахусус домоди хуштолеъро таҳният гуфтанд. Базми арӯсӣ оғоз гардид. Таклиф шуд, ки Мирзо Турсунзода косагули базм гарданд. Турсунзода таҳти кафкӯбии бардавом аз ҷой хеста, арӯсу домодро ба ин лаҳзаи гуворо ва воҚиаи хотирнишини ҳаёташон самимона табрик гуфта, ба онҳо иҚболи нек ва дар роҳи пурпечутоби зиндагӣ матонату ҷасорат, бахту иҚбол, авҷу барор ва пеш аз ҳама аҳлият ва ҳамдигарфаҳмиро таманно карда, абёти пандомез хонданд.
Баъд устод узр пеш оварданд, ки нав аз сафари дуру тӯлонӣ баргаштаву хеле хастаанд. Азбаски соҚӣ бо БоҚӣ ҳамҚофия аст, хуб мешуд, ки мулло БоҚӣ ин вазифаи пурмасъул ва бошарафро ба зимма гиранду мо аз давлаташон чорта фароғат кунем ва аз сӯҳбаташон ҳаловат барем.
Устод БоҚӣ Раҳимзода бо салобату ҳашамат аз ҷой хеста даст пеши бар ба ҳозирин, арӯсу домод ва устод Турсунзода муаддабона таъзим карда, барои бовариашон изҳори сипос ва ихлос намуданд.
Мардум кайҳо ба хулосае омада буданд, ки устод БоҚӣ Раҳимзода ҳамеша бо лутфу луғз, Қиссаю саргузаштҳои аҷибу ғариб, абёту ашъори ошиҚонаю дилошӯб сухан мегӯянду сомеон, ба Қавле, аз ханда «рӯдакаф» мешаванд. Аз ин лиҳоз, кор ба ҷое расида буд, ки мардум ҳар як сухани оддии устодро низ бо хандаву кафкӯбӣ истиҚбол мекарданд. Он шаби базм ҳам беханда нагузашт.
СоҚӣ ба навбат ба адибону ҳофизон, меҳмонони аз дуру наздик омада, ҳамсояҳо ва аҚрабо сухан медоданд. Қариб ҳамаи меҳмонон ба ман ношинос буданд. Он базм бароям на фаҚат як воҚиаи хотирнишин буд, балки дар пеши назарам як олами ҳайратангезу мафтункунандае кушода гардид.
Чӣ саодате! Чӣ аҷобате! Охир ман устодони каломи бадеъ Мирзо Турсунзода, БоҚӣ Раҳимзода, Абдусалом Деҳотӣ, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Суҳайлӣ ҷавҳаризода, Шарифҷон ҳусайнзода, ХолиҚ Мирзозода, адибону олимони ҷавон Муҳаммадҷон Шукуров, АбдуҚодир Маниёзов, Азиз Каримов, Файзулло Ансорӣ, Пӯлод Толис, Фазлиддин Муҳаммадиев, бастакор Зиёдулло Шаҳидӣ, ҳофизон Барно ИсҳоҚова, Тӯҳфа Фозилова, ҳанифа Мавлонова, Аҳмад БобоҚулов, Рафоэл Толмасов ва бисёр дигаронро, ки баъзеашон дар хотирам намондааст (ин сана соли 1954 буд), бори аввал медидам. Образнок карда гӯем, ман ҳамон лаҳза он деҳҚони камбағалеро мемондам, ки бо гӯё кӯзаи тилло ёфта, якбора бой шуда буд. Он айёми пурфараҳ умре аз хотирам зудуда намешавад.
Баъд Мирзо Турсунзодаро борҳо дидаву дар сӯҳбатҳояшон ширкат доштам. Устод, ба маънои томи калима, шарики шодию ғами мардум буданд. Аз дастовардҳои аҳли ҷомеа, барору бозёфти эҷодии навҚаламон шод мегардиданд. Дар рӯзи азо ғамшарики шахси мусибатзада буданд. Борҳо дар сӯҳбатҳои хосаи дӯстонашон Абдусалом Деҳотӣ, БоҚӣ Раҳимзода, Носирҷон Маъсумӣ (асосан дар сари хони устод Маъсумӣ), дар тӯю маъракаи рафиҚону ҳамдиёрон, дар нашриёти «Ирфон» ва ҷамъомадҳо ширкат варзидаам. Вале дар ҳама ҷо, хусусан дар хонаи устод Маъсумӣ, наҚши шунаванда ва хидматгузорро мебозидам. Чой дам кардаву мева шуста меовардам, харбузаву тарбуз пора мекардам, баъди овардани табаҚи палав ҳам пора кардани гӯшт вазифаи камина буд. Мутаассифона, боре ҳам муяссар нагардид, ки бо устод як ба як мусоҳиб шавам, мубодилаи афкор намоем ва ҳамсафар бошем.
Солҳое, ки дар хонаи устод Носирҷон Маъсумӣ мезистам (1959-1960), як хислати хуби Турсунзодаро мушоҳида кардам. Бо вуҷуди серкорӣ, сафарҳои паёпай, эҷоди ашъори тоза ба тоза ва ташвишҳои дигар он ҳазрат асло дӯстонро аз мадди назар дур намекарданд. ҳамин ки фурсат ёфтанд, ё занг зада ҳолпурсӣ мекарданд ва ё як сари Қадам ба хонаашон даромада, нанишаста аз ҳолашон хабар мегирифтанд. Ин хислаташонро аз бисёр шиносонам низ дониста гирифтам. Хусусан ҳар бор ки аз сафар баргаштанд, албатта ба хонаи Маъсумӣ меомаданд. Устод Маъсумӣ гулпарвари моҳир ва пайвандгари беназир буданд. ҳатто дар як дарахт панҷ навъи себро пайванд карда, ба ҳосил дароварда буданд. Устод Турсунзода ҳар бор омада гулҳои рангоранги саҳни ҳавлӣ ва албатта он дарахти булъаҷаби себро дида муддатҳо тамошо мекарданд.



Ман ҳамеша баъди ҳар сафар дидани Турсунзодаро бесаброна интизор мешудам. Зеро он ҳазрат аз сафар бо як олам таассурот бармегаштанд.
Мегуфтанд, ки:

Аз сафар овардаам савғои хуб,
Ёди ёрон, ёди одамҳои хуб.

Устод ровии ахбор ва ноҚили нотакрор буданд. ҳангоми таассуроти сафар гуфтанашон манзари кишварҳо ва симои одамон чун навори кино дар пеши назари кас ҷилвагар мешуд.
Устодон Абдусалом Деҳотӣ, БоҚӣ Раҳимзода ва Носирҷон Маъсумӣ низ чунин хислат ва маҳорати Қиссагӯиро доштанд. Ман асло аз сӯҳбати он чор бузургмард сер нашудаам.
Аввалин маротиба ҳамгап шуданам бо Мирзо Турсунзода, мутаассифона, як рӯзи нохуш буд. Он рӯз адиби номӣ, муаллифи китобҳои дарсӣ, публисист ва тарҷумони варзида, марди накӯном Абдусалом Деҳотиро ба роҳи охират гуселонидем. Дар он ҷамъомади серодам Турсунзода нутҚи пурсӯзу гудоз эрод карданд. Аз суханҳояшон дидаҳо гирёну синаҳо бирён шуданд.
Ман дар он миён устоди азизам Носирҷон Маъсумиро надидам. Аз шиносҳояшон пурсон шудам. Гуфтанд, ки хабари марги дӯсти ҷониашонро шунида, фишори хунашон баланд гардидаву бемори бистарӣ шудаанд. Аз шунидани ин хабари ҳавлангез танам ба ларза даромаду ихтиёр аз даст додам. Ба рағми ирими кампирҳои хурофотӣ, ки гӯё баъди дафни мурда ба хонаи касон набояд рафт, тозон ба аёдати устод рафтам. Дидам, ки Мирзо Турсунзода хабар ёфта, аз ман пештар ба аёдат омадаву бо чеҳраи ношод дар паҳлӯи устод нишастаанд.
Ман аввал гармида як андоза худро гум кардам. Вале зуд худро ба даст гирифта, бо Турсунзода зиёрат кардам. Баъд аз назди он ҳазрат гузашта, бо бемор вохӯрда, аҳволи саломатиашонро пурсидам.
Маълум шуд, ки Турсунзода ҳозир омадаву ҳанӯз фурсати чой дам кардани янга нарасидааст. Маъсумӣ фармуданд, ки чой биёрам. Ба фикрам, баъди аз дар баромаданам, устод Турсунзода кӣ ва чикора буданамро пурсидаанд.
Баъди чой овардану як пиёлагӣ ба устодон чой доданам, Турсунзода ин дафъа ба рӯям синча карданду боз сӯҳбатро давом доданд.
Зимни сухан Турсунзода бо ҳасрат гуфтанд, ки Абдусалом ба ҷонаш раҳм намекард. Шеъру ҳикоя менавишту китоби дарсӣ мураттаб месохт, асар тарҷума мекарду китоб таҳрир менамуд, маҚолаву фелйетон менавишту суруду тарона иншо мекард. Боз ба хонааш равам, либосҳои корӣ дар тану каланд дар даст дар ҳавлиаш ҷумбуҷӯл дорад. Лаҳзае ором набуд. Борҳо гуфтамаш, ки кор бо истироҳату фароғат хуш аст. Ба гапам гӯш накард. Гумон мекард, ки тамоми бори олам ба дӯши ӯст. Як рӯз аз кор монад, ҷомеа зиёну рӯзгораш осеб мебинад. Охир бузурге фармуда:

Гумон мабар, ки ту чун бигзарӣ, ҷаҳон бигзашт,
ҳазор шамъ бикуштанду анҷуман боҚист.

ҳайфи Абдусалом! ҳайфи чунин марди пуркору покизарӯзгор! – гуфтанд устод. Дар охир ба Маъсумӣ зудтар сиҳат шуда хестанро орзу карданду ба хонаашон рафтанд…
Баъд устод Мирзо Турсунзодаро борҳо дар анҷуману маҳфилҳо, маъракаву маросимҳо дидаву суханашонро шунидам. Боз сухани пурдарду доғашонро рӯзи дафни устод Носирҷон Маъсумӣ низ шунида, ашки сӯзон аз дидаи гирён рехтам. Дар рӯзҳои маъракаву маросими Маъсумӣ Мирзо Турсунзода ҳамроҳи БоҚӣ Раҳимзода ва ҳабибулло Назаров фаъолона ширкат варзиданд. Дар хотимаи ҳар маърака бо дӯстон соатҳо нишаста хотири Маъсумиро пос медоштанду ман хидматашонро ба ҷо меовардам.
Бо гардиши фалак адабиётамон, аҳли ҷомеа, дӯстони худиву хориҷӣ худи устод Мирзо Турсунзодаро ҳам талаф доданд.
Қисмати одамӣ чунин будааст. Аҷал ба шоҳу гадо, хурду бузург, авлиёву анбиё, олиму адиб – хосса ба ҳеҷ кас амон намедодааст.
Рӯзи видои он ҳазрат ҷасади муборакашонро дар бинои театри опера ва балети ба номи устод Айнӣ гузоштанд. Он рӯз гӯё маҳшаре бархост. Одамон на танҳо даста-даста, балки фавҷ-фавҷ барои видоъ меомаданд. Гумон мекардед, ки сели одамӣ ҷорист.
Ману адиби номӣ Абдумалик Баҳорӣ дар миёни издиҳом монда, ба дохили бино даромада натавонистем. Худро ба зӯр аз миёни издиҳом баровардем. Қарор додем, ки то баровардани ҷаноза ба бозори Шоҳмансур рафта як пиёлагӣ чой нӯшем.
Дар бозор Саидмуроди дӯкондори ҳисориро дидем. Вай гуфт, ки чойро дар дӯконаш менӯшем. Ману муаллим Баҳорӣ ба дӯкон даромада нишастем. Дар як лаҳза Саидмурод болои дастархонашро пур аз ангури ҷавзу себу шафтолу кард. Нони гарми кунҷидмол овард. Чой дам кард.
ҳамин ваҚт як воҚиаи аҷоиб рух дод. ҳанӯз нонро нашикаста, аз дур як пайкари боҳашамат падидор шуд. ҳар Қадар, ки он пайкар ба дӯкон наздик мешуд, ҳайрати ман ҳамон андоза меафзуд. Баъд ба Баҳорӣ рӯ овардам:
– Оё Шумо ҳамин мардро мешиносед? Ман ӯро ба як кас монанд кардам.
– Ман ҳам гумон мекунам, ки ин ҳамон одами гуфтагиатон, – ҷавоб доданд Баҳорӣ.
Он мард ба назди пештахтаи дӯкон омада, андаруни онро синчакунон тамошо кард. Ман тоҚатамро гум карда, аз ӯ пурсидам:
– Мебахшед, ман аз Шумо як чизро пурсам, хафа нашавед. Оё Шумо Евгений Моргунов нестед?
Вай хандида гуфт:
– Бале, худи худаш! Ман дуогӯи Шумо, Евгений Моргунов! Маро аз куҷо мешиносед?
– Аз кинои «Бандии КафҚоз» ва филмҳои дигар.
Евгений Моргунов хурсанд шуда гуфт:
– Ба зиракиатон Қоил. Шодам, ки бисёр касон маро мешиносанд. Вале мехоҳам, дар ҷое бошам, ки маро нашиносанд. ҳар сари Қадам боздошта, саволборон мекунанд.
Мо ӯро ба дӯкон, ба сари хон таклиф кардем. Рад кард. Узр пеш овард, ки рафиҚаш ӯро интизор аст. Пас Саидмурод лаълии ангуру себу шафтолу, нонро ба пештахта гузошта, муроот намуд. Аз нон як пора шикаста хӯрд, як пиёла чой нӯшид. Вале ангури ҷавзро нахӯрд. Гуфт, ки фишори хунаш баланду ҷавз басо ширин. Пагоҳӣ аз Помир омадаву вафоти Турсунзодаро шунида ғамгин гардидааст. Хостаст, рафта бо устод видоъ намояд, вале даромада натавонистааст.
Баъд банди дасташро нишон дод, ки каб-кабуд буда, паи сӯзандору дошт. Гуфт, ки дар кӯҳҳои Помир филми навро ба навор мебардоштанд. Вале фишори хунаш баланд гардидаву духтурон маслиҳат додаанд, ки зуд ба Маскав биравад.
Бубинед. На танҳо худи бузургон, балки рӯҳашон низ ба инсонҳо шафоат ва шарофат мекунанд. Рӯҳи поки устод Турсунзода нагузошт, ки мо муддати мадид ғамину маҳзун бошем.

Башумо бештар кадом
шеъри Устод маҳкул аст?

Дустонро гум макун
Ошёнаи баланд
Дили мадар
Баҳория
Нонреза


Натиҷа
Дустонро гум макун- 4
Ошёнаи баланд- 5
Дили мадар- 3
Баҳория-
Нонреза- 5

Can't delete old sess